Саноатӣ равғани эфир ва тамоку соҳаи нисбатан нав мебошанд. Корхонаҳои ин соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ чандон зиёд нестанд.
Тавре дар боло қайд кардем, истеҳсол ва коркарди анҷибар дар ду хоҷагиҳои ноҳияҳои Турсунзода ва Ҷайҳун ҷой дода шудаанд. Равғани анҷибарро дар атриёт, қаннодй ва ветеринария васеъ истифода мебаранд.
Корхонаҳои тамоку дар шаҳрҳои Панҷакент (заводи ферментонии тамоку) ва Душанбе (фабрикаи тамоку) ҷойгир шудаанд. Ба ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ боз якчанд корхонаҳои хурди коркарди нахустини тамоку вуҷуд доранд. Тамокуи тозаферментонидаро ба фабрикаи тамокуи Душанбе ва дигар ҷумҳурихо мефиристанд.
Савол ва супориш:
1. 1. СоҳаисаноатҳоисабукухӯрокворӣкадомқисматиКАС–роташкилмедиҳанд?
2. Саноатҳоисабукухӯрокворӣдарасосиашёихомикадомсоҳаҳофаъолиятмекунанд?
3. Чанд фоизи пахтаи истеҳсолмешудадар Тоҷикистонкоркард карда мешавад?
4. СоҳаҳоимахсусгардидаисаноатҳоисабукухӯрокворииТоҷикистонрономбаркунед.
5. Саҳмикорхонаҳоимуштаракро дар пешрафти соҳамуайянкуне
Мавзўи 14. Географияи соњањои ѓайриистењсолї
Ҳаёти ҳар кишвар, давлат, шаҳру ноҳияҳоро бе хизматрасонии муздию ройгон тасаввур кардан душвор аст.
Маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, алоқа, почта, хизмати санитарӣ, эпидемиологӣ, хизматрасонии бонкӣ ва фаъолияти ташкилотҳои онҳо, андоз ва андозбандӣ, савдо ва тиҷорат, суғуртаҳои миллию иҷтимоӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат аст.
Пешравии ин соҳа инъикоскунандаи тарзи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ – меҳнатии мардум аст. Дар аксарияти давлатҳои муттараққӣ ва тараққикардаи ҷаҳон фоизи географияи хизматрасонӣ, соҳаи ғайриистеҳсолӣ нисбат ба саноат, хоҷагии кишоварзӣ, нақлиёт зиёдтар аст. Қисми зиёди аҳолӣ дар хизматрасонии нақлиётҳои обӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан, сайру саёҳат, дар сохторҳои академияҳои фанҳо, марориф, тандурустӣ фаъолият мекунанд.
Маориф.Давлате, ки ба рушди соҳаи илм, махсусан илмҳои техникӣ ва технологияҳои муосир диққати зарурӣ намедиҳад- мегўяд, сарвари давлат Э.Раҳмон (с.1991) ба пешравӣ ноил намегардад. Бо назардошти ин ҳукумати Тоҷикистон оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ додаст. Пешрафти илм, маориф, маданият, фарҳанг падидаи бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърих, густариши асосии ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
Дар ин самт ҳукумат оид ба ҷорӣ намудани низоми нав таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намудааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |