Мавзўи Предмети омӯзиш ва вазифаҳои фан. Мавќеи геополитикї ва таќсимоти маъмурию сиёсии Љумњурии Тољикистон Наќша



Download 1,42 Mb.
bet53/70
Sana25.06.2022
Hajmi1,42 Mb.
#704195
1   ...   49   50   51   52   53   54   55   56   ...   70
Bog'liq
ктм (1)

Саноати шир ва маҳсулоти ширӣ. Шир ва маҳсулоти ширӣ яке аз соҳаҳои саноати хўрокворӣ буда, дар онҷо шир, маҳсулотҳои ширӣ: равғани зард (маска), қатиқ, йогурт, сметана, панир, чакка, ҷурғот, консерваи шир, бринза, дўғҳои парҳезӣ, яхмос ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.
Аввалин корхонаи шир ва маҳсулоти ширӣ дар солҳои 1946 – 1952 дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд, ки иқтидори шабонарўзии он 10 тонна бор буд. Соли 1952 дар шаҳри Хуҷанд (бо иқтидори шабонарўзии 15 тонна), пас аз Ҷанги бузурги Ватанӣ корхонаҳои коркарди шир дар Истаравшан, Исфара, Бохтар, Кўлоб, Панҷакент, Хоруғ фаъолият мебурданд.
Соли 1957 дар шаҳри Душанбе комбинатҳои калонтарин сохта ба истифода дода мешавад, ки иқтидори шабонарўзӣ 40 тонна шир ва маҳсулотҳои ширӣ буд. Соли 1984 дар ноҳияи Шаҳритуз (бо иқтидори коркарди 10 тонна шир), соли 1986 дар Истаравшан (бо иқтидори 15 тонна), соли 1988 дар Кўлоб (бо иқтидори 30 тонна шири холис ва 3 тонна шири хушк) истеҳсол мекарданд.
Соли 1970 комбинати ширу гўшти Қўрғонтеппа (Бохтар) ба кор даромад, ки истеҳсоли аввалини он 14 тонна панир буд.Соли 1982 дар Душанбе комбинати алоҳидаи панирпазӣ ба кор оғоз намуд. Соли 1990 истеҳсоли шир дар ҷумҳурӣ ба 640 000 тонна расонида шудааст.
Новобаста ба ин ТоҷикистоназчиҳатиистеҳсолимаҳсулотигуштуширбаҳарсариаҳолӣдарсобиқИттиҳодиШуравӣваҳолоҳамдар ҷойҳоиохирин қарор дорад. Бинобар ин махсулоти гушту ширӣаксараз дигар давлатҳо оварда мешаванд.
Пас аз истиқлолият дар ҷумҳурӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо корхонаҳоихурд–хурдихусусӣ, саҳҳомӣ ташкил шуданд, ки маҳсулотҳои ширӣ, панир, равғани маска, бринза ва хелҳои гуногуни яхмос истеҳсол мекунанд ва аҳолиро бо шир ва маҳсулоти ширӣ таъмин мекунанд.
Дар бисёр хоҷагиҳои шахсӣ дар деҳоту шаҳрҳо худро бо шир ва маҳсулотҳои шири худӣ таъмин мекунанд ва изофагиашонро ба бозори деҳқонӣ ва муассисаҳои хўроки умумӣ месупориданд.
Комбинатҳои гўшт ва маҳсулотҳои гўштӣ. Муассисаи саноати гўшт барои куштани ҳайвонот, инчунин тайёр кардани маҳсулоти гуногуни гўштӣ бунёд мегардад. Комбинати гўштро дар ҷойи ҳамвори оби зеризаминиаш паст ва аз муассисаҳои саноатӣ дур месозанд.Ҳудуди комбинати гўштро ба қисматҳои гуногун, чунончӣ захираи чорво, биноҳои ёрирасон, биноҳои истеҳсолӣ ва ғайраҳо ҷудо мекунанд. Дар мавзеи якум барои васоити нақлиёт ва фаровардани чорво ҷойи махсус ҷудо мекунанд, оғилҷой, ҷойи карантин, силлосхонаи санитарӣ, анбори хўроки чорво месозанд.Силлосхонаи санитариро, ки барои карантини чорвои касал ва таҳвили гўшти ин пешбинӣ шудааст, аз ҳудуди асосии комбинати гўшт ба давраҳо ҷудо мекунанд.
Дар мавзеи биноҳои ёрирасон подстансияҳои электрикӣ, дегхона, истгоҳи компрессорӣ ва яхдон иншооти таъмини об ва канализация устохонаҳои таъмиру сохтмон, таъмири механики биноҳои санитарию маишӣ (душ, ҷойи либоспўшӣ ва ғайраҳо) асбобу олоти сўхторхомўшкунӣ ва ғайраҳо ҷой дода мешаванд.
Ҷузъи асосии истеҳсолии комбинати гўшт сех мебошад. Сех аз якчанд шўъбаҳо иборат аст: маҳсулоти нимтайёр ва тайёр, молкушӣ ва тақсим кардани гўштҳои алоҳида: гов, бузу гўсфанд.
Сехҳо аз ҷойҳои махсус: гўшти равғанӣ, яхдони ҳасиб, маҳсулоти барои пухту паз, гўшти нимтайёр, каллапоча иборатанд.
Дар Ҷумҳурӣ дар солҳои 1988 дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб, Исфара, Панҷакент, Хоруғ чунин комбинатҳо буд, танҳо комбинати гўшти шаҳри Душанбе соле 17 000 тонна гўшт, 19,9 000 тонна маҳсулотҳои ҳасибӣ, 5,4 000 тонна маҳсулоти гўшти нимтайёр 7,6 муб. консерва 2,4 000 тонна баркашидаи қоғазпеч ва комбинати гўшти шаҳри Хуҷанд соле 12,2 000 тонна гўшт (аз он ҷумла 4,2 000 тонна гўшти парранда ва дигар маҳсулоти гўштӣ истеҳсол мекарданд.)
Дар солҳои охир ҳамаи комбинатҳои гўшти ҷумҳурӣ бо пуррагӣ кор накунанд ҳам, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, шахсӣ, корхонаҳои махсуси бўрдоқипарварӣ мавҷуд аст, ки бо гўшт дўконҳои гўштфурўшии марказҳои савдо ва бозорҳоро бо гўшти моли нав кушташуда таъмин мекунанд.
Корхонаҳоихусусӣвасаҳҳомӣмаҳсулотигӯштӣазқабилиҳасибҳоигуногунистеҳсолкардабабозоридохилӣмебарорад. Инсоҳааҳамиятисодиротӣнадорад.

Download 1,42 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   49   50   51   52   53   54   55   56   ...   70




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish