Ҷадвали 81.
НишондиҳандаҳоимаорифдарТоҷикистон
|
2015/2016
|
2016/2017
|
2017/2018
|
Муассисаҳоимаълумотиумумӣ
|
Муассисаҳоирӯзона, адад
|
3846
|
3865
|
3870
|
Шумораи талабагон, нафар
|
1784,4
|
1837,8
|
1906,3
|
Аз он ҷумладухтарон, нафар
|
851,2
|
878,0
|
914,5
|
Муассисаҳоимиёнаикасбӣ
|
Шумораи муассисаҳо, адад
|
661
|
671
|
671
|
Шумораи хонандагон
|
68,9
|
76,7
|
82,4
|
Аз он ҷумладухтарон
|
41,3
|
45,0
|
49,5
|
Қабул шуданд
|
24,6
|
24,1
|
25,3
|
Аз он ҷумладухтарон
|
13,4
|
13,6
|
15,3
|
Мутахассисон хатм карданд
|
11,7
|
14,0
|
17,8
|
Аз он ҷумладухтарон
|
7,7
|
9,9
|
11,4
|
Муассисаҳои олии касбӣ
|
Шумораи муассисаҳо, адад
|
381
|
391
|
391
|
Шумораи донишҷӯён
|
176,5
|
186,9
|
195,7
|
Аз он ҷумладухтарон
|
59,0
|
65,9
|
70,4
|
Донишҷӯёнқабулшуданд
|
38,5
|
42,7
|
46,6
|
Аз он ҷумладухтарон
|
12,8
|
13,6
|
15,4
|
Мутахассисон хатм карданд
|
29,5
|
33,2
|
38,5
|
Аз он ҷумладухтарон
|
8,5
|
10,2
|
12,9
|
Фарҳанг. Алҳол дар қайди шўъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ 2020 адад ёдгорӣқарор дорад, ки аз ин миқдор 1278 - бостонӣ, 300 меъморӣ ва 442 таърихӣ – монументалӣ (аз он ҷумла, 160 ҳайкалу нимпайкараҳо) мебошанд.
Ёдгории асри VII – Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш, меъмории қадимаи мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳртуз, яке аз нодиртарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ёдгории таърихии Саразми шаҳри Панҷакент ба феҳрасти ҷаҳонии фарҳангии Юнэско ворид гардидааст. Инчунин 8 ёдгории нодири шаҳраки Бунҷикати қадим (асри VI-IХ) ва ноҳияҳои Шаҳристон, Қалаъи ҳисор (асри V то мелод –ХIХ мелодӣ), Дайри будоии Аҷинатеппа (асри VIII), шаҳраки Тахти Сангин (асри IY то мелод – III мелодӣ) дар ноҳияи Қабодиён, шаҳри Ҳулбук (асри IХ-Х) ноҳияи Восеъ, Қалъаи Ямчун (асри II то мелод – VII мелодӣ) ноҳияи Ишкошим ёдгориҳоинодиритаърихӣмебошанд
Дар ҷумҳурӣ мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангии Ҳисор, мамнўнъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, Осорхона - мамнўъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Макони таърихӣ- фарҳангии Панҷрўди шаҳри Панҷакент таъсис ёфтааст. Онҳо макони тамошои туристони ҷаҳон мебошад.
Дар ҷумҳурӣ 15 театр, 1030 клубҳо ва 39 музейҳо фаъолият мебаранд. Музейи таърихӣ- кишваршиносии Милли Ҷумҳурӣ ба номи Беҳзод аз ҷумлаи онҳост.
Дар Тоҷикистон миқдори китобхонаҳои оммавӣ ба 1152 адад расидааст. Хурсандиовар аст, ки бо иқдоми Президенти мамлакат дар шаҳри Душанбе Китобхонаи Миллӣ дар муддати хело кўтоҳ сохта ба истифодабарӣ дода шудааст. Китобхонаи Миллӣ дорои 25 толори хониш, 1,5 000 ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлисӣ аст. Барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст.
Академияи Илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази пешбурди тадқиқоти илмӣ соли 1951 таъсис дода шуд. Арзи вуҷуд намудани чунин маркази бузурги илмӣ минбаъд ба рушди илму маориф дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид. Саҳми Академияи илмҳо дар тадқиқи муаммоҳои илмӣқариб оиди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, биология, геология, ситорашиносӣ, риёзиёт, физикаи таҷрибавӣ ва назариявӣ, сохтмони ба зилзила тобовар, физиология ва биофизикаи растаниҳо, таърих, фалсафа ва шарқшиносӣ хело назаррас аст.
Самти асосии фаъолиятҳои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмини нафақагирону пиронсолон бо нафақаву кўмакпулиҳо мебошад. Яъне таъминот ба нафақа маҳаки асосии таъминоти иҷтимоӣ буда, сиёсат ва муносибати давлату ҳукуматро нисбат ба пиронсолон, маҷрўҳон муайян менамояд. Оид ба беҳтаршавӣ ва дар сари вақт гирифтани нафақапулӣҳукумати Ҷумҳурӣ якчанд қарордоду фармонҳо ба имзо расонид.
Ҳоло дар аксарияти шаҳрҳо, маркази вилоятҳо ва пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе хонаи бачагона, интернатҳои махсуси кўдакони нуқсондор, пирони барҷоймонда вуҷуд дорад. Хатмкунандагони мактаб-интернатҳо бо квотаи Президентӣ ба мактаби олӣ берун аз озмун дохил мегарданд ва бо идрорпулӣ таъмин мегарданд.
Тандурустӣ. Сол то сол муассисаҳои табобатӣ, дармонгоҳҳо, амбулаторияҳо, диспансерҳо ва миқдори беморхонаҳои шакли мухталифи моликият дар Тоҷикистон афзуда истодааст. Зиёд гаштани миқдоримуассисаҳоитиббӣбоисикам шудани беморӣ, фавт ва зиёд шудани давомнокии миёнаи назардошти умр мегардад.
Do'stlaringiz bilan baham: |