3. 2. Мори чипори кундаланграх – Coluber corelina (Brandt.,1838)
Ин мор на он қадар калони хушсурат мебошад дарозиаш 75 – 90 см вазнаш то 110 гр аст. Аз гардан ҷудошавии қисми сар нағз намоён нест. Фуки борик дорад. Гавҳараки чашмаш доирашакл мебошад. Пулакчаҳои баданаш суфта буда, қиррача надорад. Ҳар як пулакча дуто чуқараки апикалӣ дорад. Болои тахтапушташ хокистарранг буда, тобиши зардча ё ҷигарранг медиҳад. Дар тахтапушташ рахи якторраи арзии сиёҳва ё сиёҳчатоб ҷой гирифтааст, ки дар ду паҳлўи танаш, байни ин рахҳо як қатор доғҳои сиёҳ мавҷуд аст . Дар охири танаш миқдори ин рахҳо кам шуда, дар қисми думи баъзе фардҳо мавҷуд нест. Аз рўи маълумотҳо ин намуди мор дар ҳамвориҳои шимолӣ Тоҷикистон паҳн шудааст (расми 3).
Расми 3. Намуди зоҳирии мори чипори кундаланграх Coluber corelina (Brandt.,1838)
Олимон ин намуди чипорро дар водиҳои Сирдарё, атрофи Хуҷанд, Истаравшан ва дар водиҳои Вахшу Ҳисор мушоҳида кардаанд. Ҷойҳои паҳншавии ин морҳо дар баландии 800 – 1200 м аз сатҳи баҳр мебошад. Мори чипори кундаланграх дар Афғонистон ва қисми шарқии Эрон паҳн шудааст.
Ин мор дар регзорҳо, регтеппаҳо ва шўрзаминҳое, ки растаниҳои эфемери ва янтоқ, саксавул, мимоза мерўяд вомехўрад. Ин чипор дар сурохиҳо, холигиҳои байни сангҳо, ғорҳо ва дар лонаҳои хояндагон аз душман ва аз ҳарорати баланди рўз пинҳон мешаванд. Ҷойҳое, ки дар боло зикр гардид хоби зимистонаро аз сар мегузаронанд. Аввалҳои моҳи март, дар ҷануб бошад, охири моҳи феврал аз хоби зимистонаи худ бедор мешавад. Баъд аз бедоршави дар ҷойҳои офтобрўя рўзона хоб мекунад, шабона бошад, дар лонаҳои хояндагон пинҳон мешавад. Дар давоми моҳҳои март, апрел ва нимаи якуми май ба шикор факат рўзона, вакте ки ҳарорати ҳаво 16 – 21 0 С шуд мебарояд. Локин аз нимаи дуюми май, моҳҳои июн, июл ва август бошад ба шикор факат шому саҳар мебарояд, чун ки дар ин моҳҳо ҳарорат бисёр баланд шуда, аз гармӣ мори кундаланграх тоқат карда наметавонад ва рўзона дар паноҳгоҳҳо пинҳон мешавад. Охирҳои октябр ва баъзан солҳо миёнаи моҳҳои ноябр алоҳида (моногамӣ) ва баъзан бо мори обӣ ба хоби зимистона меравад.
Бордоршавӣ моҳҳои апрел – май мегузарад ва дар давоми моҳҳои июн – июл модинаҳо аз 4 то 6 тухмродар кафидаҳои замин, зери рег ё сангу кулухҳо мегузоранд ва моҳҳои август сентябр аз тухм морбача мебарояд. Дарозии морбача то вакти хобби зимистона ба 220 – 250 мм расида, вазнашон 300 – 500 мг мерасад.
Хўрокаш хазандагон ба монанди калтакалосҳои гуногун, морҳои фишору ҳашаротҳои калон ва намудҳои хурди хояндагон иборат аст. Ин намуди мор тўъмаи худро мисли мори фишор яклухт фурў мебарад.
Пўстпартоиаш аввалҳои моҳи май сар шуда охирҳои август давом мекунад.Пусти худро ҳангоми пустпартои ба ягон ҷои танги гузашта пусти худро мепартоянд Дар тобистон 2 – 3 маротиба пуст мепартояд. Душманаш хорпушт, рўбох, парандагони даранда ва морҳои калон мебошанд. Дар вакти шикори шабона хангоми ба роҳҳо баромадан дар зери чархҳои мошинҳо нобуд мешаванд.
Чипори кундаланграх дар Тоҷикистони Шимолӣ яке аз морхои камёфт аст. Солҳои охир дар натиҷаи васеъ аз худ шудани дашту биёбонҳо мори кундаланграх чун дигар намудҳои морҳою калтакалосҳо, миқдоран хело кам шудаанд. Агар солҳои 1958 – 1959 дар дашту биёбонҳои ҷанубу – ғарбии Ҷумҳури дар тўли 7 – 10 км дар давоми 5 – 6 соати кофтуков аз 1 то 3 фарди ин ҷонварро дида мешуд, дар солҳои охир дар тўли 50 – 60 км дар давоми 5 – 6 рўзи кофтуков танҳо якто дуто баъзан шудааст вонамехурӣ.
Do'stlaringiz bilan baham: |