Наботот. Дар Тоҷикистон тақрибан 6-6,5 ҳазор навъи растанӣ мерўяд, ки аксари онҳо гиёҳ ва нимбутта мебошанд. Қариб нисфи бешаҳои кишвар арчазор аст. Гиёҳҳои доруи низ фаровонанд.
Олами набототи Тоҷикистон аз шибоғ, санҷит, най, қамиш, сарнай, хорўбак, гандумак, чормағз, фарк, чинор, себ, олуча, писта, бодоми талхак, гелос, дулона, бед, сафедор, ангат, настаран, зирк ва ғайра, иборатанд.
Олами хайвоноти Точикистон. Дар Тоҷикистон бештар аз 531 намудои ҳайвоноти мўҳрадор ва қариб 10 ҳазор бемўҳра, аз он ҷумла, 84- намуди ҳайвоноти ширхўр (гург, хирс, гуроз, қашқалдоқ, заргўш, нахчир, архар, шерпаланг, хонгул, кафтор, ғизол ва ғайра), 346 намуди парранда (ҷўр, гунчишки саксавулзор, мурғи туғдор, тазарв, бедона, мурғобӣ, кабк, мусича, кабутар, кабки ҳилол, мурғи ҳумой, пашшахур, бургут, уқоб ва ғайа), 49 намуди хазанда (сусмор, кубро, мори афъӣ, печон, сангпушт ва ғайра), 3- намуди обхокиҳо, (қурбоқаи ҳавзӣ, ғуки сабз ва ғуки ҷанубӣ) 10 ҳазор намуди ҳашаротро дар бар мегирад. Дар дарёҳо ва кўлу обанборҳои кишвар ҳудуди 64 намуди морӣ вуҷуд дорад. Дар солҳои охир аз таъсири зиёди омилҳои антропогенӣ шумораи бисёр намудҳои ҳайвонҳои мўҳрадор ва бемўҳра кам шуданд, ё ин ки нодир гардидаанд. Аксарияти хазандагон дар ноҳияҳои гарми Ҷумҳурӣ паҳн шудаанд. Аз 15 намудҳои гунонуни морҳои ҷумҳури 6 намудашон дар регзорҳои ҷумҳури паҳн шудааст, ки қариб 12 %-и хазандаҳои умумии Тоҷикистонро дарбар мегиранд.
1.1 Таърихи омузиши ҳайвонотҳои сутунмўҳрадор дар
Тоҷикистони Шимолӣ
Олами ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ аз рўи хусусияти хоси худ (гуногунрангии намудҳо, эндемикӣ ва нодир (релекти)-ии зиёд, гуногунии шаклҳои ҳаётӣ ва унсурои зоогеографияи худ) аз фаунаи дигар давлатҳои Осиёи Миёна ба кулли қариб фарқ мекунанд. Бинобар ин барои таҳқиқи олами ҳайвоноти Тоҷикистонӣ Шимолӣ низ аз замонҳои хело пеш қисми зиёди олимони берун аз дохилӣ ҷумҳури ширкат варзиданд. Омўзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистонӣ Шимолӣ аз «Экспедицияи паразитологии Осиёи Миёна», ки бо иқдоми академики рус Е. Н. Павловский дар соли 1928 бо даъвати Ҳукумати ҷавони худмухтори Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, cap шудааст. Як қатор олимон герпетологҳо ва сайёҳони машҳури рус ба монанди Н. А. Северсов (1827 - 1885), А.П.Федченко (1884 - 1873), Г. Е. Грум - Грижимайло (1860 - 1936), В.Ф.Ошанин (1844 - 1917) ва дигарон ба ноҳияҳои марказӣ барои инкишофи минбаъдаи илми зоология заминаи хубе фароҳам овард. Дар соли 1932 бо кўшиши олими рус Е.Н.Павловский дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳат намуда, маводҳои гаронбаҳои илмӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки маркази паразитологӣ ташкил карда шуд, ки дар соли 1934 бо шўъбаи «Зоология ва паразитология табдил» дода шуд. Ба ин марказ бисёр олимону мутахассисон: Г.Я. Змеев , И.Г. Галузо ,Б.В. Лототский, А.И.Иванов ва дигаро ба кор даъват карда шудаанд. Дар давоми 5 соли аввали фаъолияти «Маркази паразитологӣ» ,аз тарафи олимон як катор асараҳои илмӣ ба монанди «Ҳайвонҳои муфтхўр ва баъзе ҳайвонҳои муфтхўри касалии инсон дар Тоҷикистон», «Дарандаҳои Тоҷикистон» ва ғайра нашр карда шуданд.
Дар соли 1938 асари Г.В. Никольский «Моҳиҳои Тоҷикистон» ва соли 1940 асари А.И.Иванов «Парандаҳои Тоҷикистон» ба табъ расонида шуданд. Дар моҳи январи соли 1941 «Маркази паразитологӣ» ба пажуҳишгоҳи мустаҳқили «Зоология ва паразитология» табдил дода шуд, ки сарварии он ба зимаи Б.В.Лототский гузошта шуда буд. Олимони ин пажўҳишгоҳ солҳои тўлонӣ дар равияҳои гуногуни зоологӣ дар марказӣ Ҷумхурии Тоҷикистон корҳои илмии зиёде ба сомон расонданд, ки имруз дасраси дусторони табиат гаштааст.
Аз соли 1946 В.И.Чернищев ба омўзиши фауна ва биологияи ширхўрони туқайзорҳои Тоҷикистони Шимолӣ шўруъ намуданд. Бо иҷдоми ў саги обӣ (нутрия) бори аввал дар соли 1959 дар қисми ҷанубу қарбии Тоҷикистонӣ Шимолӣ мутобиқ карда шуд. Натиҷаи тадқиқотҳои В. И. Чернищев дар асари «Фауна ва экологияи ширхурони туқайзорҳои Тоҷикистон» (1958) ҷамъбаст карда шуд. Омўзиши дарандаҳои Тоҷикистон аз тарафи А.И. Соков давом дода шуд.
Аз соли 1947 cap карда Г.С.Давидов ба омўзиши фаунаи хояндагони Тоҷикистон камар баст. Вай то солҳои 1985 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ хусусиятҳои хояндагонро омўхта, маводҳои худро дар шакли асарҳои илмӣ ба монанди «Маводҳо оид ба экологияи хояндагони чарогоҳҳои ҷанубӣ- ғарбии Тоҷикистон» (1954) «Хояндагони Шимолии Тоҷикистон» (1964) «Фаунаи Тоҷикистон ва хояндаҳо» (1974) ва ғайраҳо ҷамъбаст карда шуданд. Омўзиши хояндаҳои Тоҷикистон аз тарафи олимони тоҷик шодравон Д.Исматов, А.К.Тураев, С.И.Исоков ва айни замон А.Саидов ва дигарон давом дода истодаанд.
Дар соли 1947 А.В.Попов натиҷаи тадқиқотҳои худро оид ба фауна ва биологияи парандаҳо дар асари худ «Парандаҳои Ҳисору Қаротегин» нашр намуд. Дар соли 1980 аз тарафи олим Е.Н.Павловский китоби «Ҳайвоноти заҳрноки Осиёи Миёна» ба табъ расонида шуда буд, ки дар он баъзе намуди морҳои регзори вилояти Суғд низ ҷой дода шудаанд. Аз соли 1949 олимони соҳаи ихтиолог В.Е.Ожегова ва В.А.Максунов ба омўзиши моҳиҳои Тоҷикистон cap карданд. Онҳо моҳиҳои обанборҳо ва дарёҳои Тоҷикистонро тадқиқ намуданд. Натиҷаи тадқиқотҳои илмиашонро дар асари илмии худ «Моҳиҳои обанбори Фарҳод» (1950) дарёфтааст. Тадқиқотҳо оид ба моҳиҳои шикоршавандаи Тоҷикистон аз тарафи Ф.А.Аҳроров, Еришенко Е.М, У.Д.Халилов, А.Расулов ва дигарон давом дода шуданд. Аз соли 1935 то 1959 яке аз синфҳои омўхтанашуда ва хело аҷиби ҳайвоноти муҳрадори Тоҷикистони Шимолӣ - хазандаҳо ба шумор мераванд, ки аз тарафи С.А.Чернов таҳқиқ карда шуданд. Натиҷаи тадқиқотҳои ў дар мақолаҳои сершумор ва асари ў «Фаунаи Тоҷикистон, хазандаҳо» (1959) «Ящерицы Таджикистана» (1935) ва «Эколого фауннетичиский особоности присмикающихя Гиссаркой долины (1945) зикр ёфтанд. Аз соли 1953 то 1979 таҳқиқи хазандаҳоро Саид - Алиев давом дод. Дар соли 1979 асари ў«Обхокиҳо ва хазандаҳои Тоҷикистони Шимолӣ» нашр карда шуд.
Омўзиши хазандаҳои Тоҷикистон чун гурўҳи диққатҷалбкунандаи ҳайвонҳои мўҳрадор аз соли 1869 дар баробари ба Тоҷикистон сафар намудани олими рус А.П.Федченко сар шудааст. Баъдтар дар қаламрави Тоҷикистон А.А.Кушакиевич, А.Н.Северсов, А.Э. Регель, С.А. Лидский тадқиқотҳои герпетологӣ бурдаанд ва хазандаҳоро ҷамъоварӣ намудаанд.
Дар солҳои 1914 -1916 ба қисми ҷануби ғарбии Тоҷикистон, аз он ҷумла водии Ҳисор олимони рус Л.А.Малчанов, Н.А.Бабринский, В.Я.Лаздин сафарҳои илмӣ кардаанд ва маводҳои герпетологӣ ҷамъоварӣ намудаанд. Дар соли 1934 – 1935 дар водии Ҳисор ва Зарафшон олимони рус В.Н.Антипин, С.А.Чернов, С.К.Далл, М.В. Калужина тадқиқотҳои махсуси герпетологи гузаронида буданд. Дар соли 1976 дар қисми ҷануби ғарбӣ ва водии Ҳисор бо роҳбарии профессор Н.Н.Шербак кормандони Институти Зоологияи академияи илмҳои Украина тадқиқотҳои герпетологӣ бурдаанд. Маҳсули кори онҳо дар мақолаи маълумотҳои нави «Оид ба паҳншавии калтакалосҳо ва морҳо дар қаламрави Осиёи миёна» (соли 1978) чоп шудааст.
Дар солҳои 1980-1985 дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор В.Т.Режепаковский, А.И.Симаков ва А.Г.Баутин маводҳои герпетологӣ ҷамъоварӣ карда буданд.
Аз соли 1976 то ҳозир таҳқиқи хусусиятҳои фаунаи хазандаҳои Тоҷикистонро тадқиқотҳои олими герпитологи тоҷик Сатторов Т. давом дода истодааст. Натиҷаи илмии ў дар мақолаҳои сершумораш ва асари ў «Хазандаҳои Тоҷикистони шимолӣ» (1993), рисолаи докторӣ 1994) ва ғайра дарҷ ёфтаанд.
Дар соли 1955 ба пажўҳишгоҳи «Зоология ва паразитология» олим, орнитологӣ ҷавон И.А.Абдусаломов даъват карда шуд. И.А.Абдусаломов тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро барои омўиши хусусиятҳои фаунаи парандаҳои водиҳову баландкўҳҳо аз Зарафшону Ҳисор то Помир бахшидааст. Натиҷаи заҳматҳои илмии бисёрсолаи И.А.Абдусаломов дар мақолаҳои илмиву асарҳои сершумори ў ба монанди «Парандаҳои водии Рангкўл дар Помир»(1961); «Парандаҳои Зарафшони кўҳӣ» (1969); «Фаунаи Тоҷикистон», «Парандаҳо» 1971 -1973, қисми 1-2; «Мигратсияи парандаҳо» (1985) ва ғайраҳо нашр гардидаанд.Аз соли 1976 то ҳозир хусусиятҳои биологию экологии фаунаи кўршабпаракҳои Тоҷикистонро Т.К.Хабилов омўхта истодааст. Дастовардҳои илмии дар марҳилаҳои гуногун ва асари илмияш «Дастболони Тоҷикистон» (1988) ба табъ расонида шуда буд ва қайд намудан ҷоиз аст, ки дар солҳои охир таъсири фаъолияти инсон ба фаунаи ҳайвоноти мўҳрадори ҷумҳуриамон хело ҳам зиёдтар шуда истодааст ва ин боиси ташвиши олимон гардидааст. Аз 531 намуди ҳайвоноти сутунмўҳрадори Тоҷикистон 92- намуди онҳо ё, ки 17,4% фауна камёфт ва нодир шудаанд. Аз ҳама бештар хатари камшавӣ ва нестшавии намудҳо дар синфи хазандаҳо ва ширхўрон зоҳир шуда истодааст. Бинобар он зиёда аз 50 фоизи онҳо ба намудҳои нодир ва нестшудаистода табдил ёфтанд. Аз ин рў, олимони ҷумҳурӣ оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд. Дар асоси пешниҳоди олимон ҳайвоноти нодир ва нестшудаи Тоҷикистон дар соли 2015 дар нашри 2-юми «Китоби Сурх»-и Тоҷикистон чоп карда шуд, ки дар он боз 60 намудҳои ҳайвонот ва 41 намудҳои растаниҳо дохил карда шуданд.
Do'stlaringiz bilan baham: |