Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мдт “Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров”



Download 371,28 Kb.
bet5/18
Sana01.06.2022
Hajmi371,28 Kb.
#628986
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   18
Bog'liq
морхо наваш

Сохтори рисола. Рисолаи хатми мазкур аз муқаддима, 4 боб, хулоса ва феҳристи адабиёт иборат буда 40 саҳифаи чопи компютери таҳия шудааст. Дар рисолаи мазкур 7 расм ҷой дода шуда аз адабиётҳои илмӣ методӣ, иловаги аз қонун ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқи истифода шудааст. Муаллифи рисола дар бораи 6 намуди морҳои регзорҳои Тоҷикистони Шимолӣ доир ба биология, экология, паҳншавӣ ва ҳифзи онҳо маълумоти кофи додааст. Ин рисола дар таҳти роҳбарии муаллима: Бобоҷонова М.О. иҷро гардида ва омодаи чоп шудааст, бинобар ин, барои раҳнамоии илмиашон изҳори минатдори менамоям.


Боби-I. Тавсифи умумии табии физико - географии Тоҷикистон.


Ҷумҳурии Точикистон бо масоҳти 143,1 ҳазор км2 дар байни 36°40 ва 41°05 арзи шимолӣ, 67°31 ва 75° 14 тўли шарқӣ дар Осиёи Марказӣ воқеъ гардидааст. (расми 1) Қаламрави Тоҷикистон аз шарқ ба ғарб ба масофаи 700 км бо Узбекистону Афғонистон ва аз ҷануб ба шимол 500 км бо Қирғизистону Хитой тўл кашида, бо кишварҳои Афғонистон, Ўзбекистон, Чин, Қирғизистон ҳамсарҳад ва равобити иктисоди, иҷтимои, тиҷорати дорад.

Расми 1.Харитаи Тоҷикистон
Хусусиятҳои асосии иқлими Тоҷикистон аз ҳад зиёд будани ҳавои гарм ва хушки континенти субтропикӣ. Дар водию ҳамвориҳои наздикўҳӣ то баландии 500 м аз сатҳи баҳр ҳарорати миёнаи моҳи июл 23-30° С, моҳи январ аз -1 то 3°С, боришоти солона 150-300мм мебошад. Дар доманаю қаторкўҳҳои Ҳисору Олой ва ноҳияҳои ҷанубу ғарб то баландии 500-1500 м ҳарорати миёнаи моҳи июл 23-28°С, моҳи январ то 1-5°С, боришоти солона 300-700 мм аст. Дар қаторкўҳҳои Тоҷикистони Маркази ва Помири Ғарбӣ то баландии 1500-3000 м ҳарорати миёнаи моҳи июл 10-20°С, моҳи январ -5 то 15°С, дар баландиҳои зиёда аз 3000 м сардӣ ҳукмфармост. Иқлими Помири Шарқӣ биёбони баландкуҳӣ буда, ҳарорати миёнаи моҳи июл 5-10°С, моҳи январ аз -15 то -20°С, боришоти солона ба 100-150 мм мерасад. Гармтарин нуқтаи Тоҷикистон Айваҷ ва сардтарин нуқтаи он Булункўл мебошад. Қаламрави Тоҷикистон дар зери таъсири ду маркази анбўҳи ҳавои атмосферӣ мебошад: наму нарми атлантикӣ ва хушку сарди арктикӣ. Релефи Тоҷикистон ноҳамвор буда,93% ҳудуди онро куҳҳо фаро гирифтанд, ки ба силсилакўҳҳои Тиёншон, Ҳисору Олой ва Помир мансубанд. Дар Шимоли ҷумҳуриро қаторкўҳи Қурама нуқтаи (баландиаш 3679 м, қуллаи болоиоб) ва куҳҳои Муғул (1624 м), инчунин қисми ғарбиро бошад водии Фарғона ишғол намудааст. Дар қисми марказии Тоҷикистон силсила қаторкўҳҳои Ҳисору Олой (нуқтаи қуллаи Чимтарқа), Қаротегин (4643 м., қуллаи Дукдон) воқеанд. Дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон (ҷанубтар аз кўҳои Ҳисору Олой ва ғарбтар аз Помир) кўҳҳои начандон баланди Боботоғ, Сурхкўҳ, Қаратоғ, Рангон, Тераклитоғ, Сарсарак, Вахш, Ҷилонтау ва ғайраҳо ҷой гирифта, дар байни ин кўҳҳо водию ҳамвориҳои Вахш, Кофарниҳони Поён, Фархор, Кулоб, Ёвон, Данғара доман паҳн кардаанд.
Қисми шарқии Тоҷикистонро қаторкўҳҳои Дарвозу Помир ишғол менамоянд. Қаторкўҳи Академияи Илмҳоро маркази ин силсилакўҳҳо меҳисобанд. Баландии миёнаи ин қаторкуҳ зиёда аз 5000 м аст. Қуллаи баландтарини он Исмоили Сомонӣ (7495 м) мебошад. Дар самти Помири қарбӣ боз қаторкуўҳҳои Пётри 1, Ванҷ, Язгулом, Рушон, Шохдара ҷойгир шудаанд. Помири шарҷӣ релефи нисбатан ҳамвор дорад. Қаторкўҳҳои он Сарикўл, Зумрад, Музкўл, Алигур, Вахон, Боздара аз сатҳи баҳр то 5000-6000 м баланд мебошанд. Водиҳои байникўҳӣ васеъ ва нисбатан ҳамворанд.
Кўҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин маркази яхбандии доимӣ дар минтаҷаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар Осиёи миёна аз 60% пиряхҳои Осиёи Миёна ба ҳудуди Тоҷикистон рост меояд. Ҳамагӣ дар мамлакат 8492 пирях вуҷуд дорад (6 фоизи қаламрави кишвар он ), ки дар қаторкўҳҳои Помир, Ҳисор, Олой ва Туркистону Зарафшон ҷойгир шудаанд. Миқдори пиряхҳои Помир 1085 ададро ташкил менамояд. Аз ҷумла 7-тои он зиёда аз 20 км дарозӣ дорад.
Пиряхҳои калонтарини Помир пиряхи Федченко (651,7 км2, туллаш 77 км, бараш 1700 - 3100 метр ва ғафсии қисми мобайниаш 1000 метр), Грум - Гржимайло (160 км2, 36,7 км) Бивачий (197 км2, 27,8 км), Гармо дар саргаҳи дарёи Хингоб (153,3 км2, 27,5 км), Савуқдараи Калон (69 км2, 25,2 км), Ҷамъияти географӣ (81,8 км2, 21,5 км), Гандо (55 км2, 22,5 км) ва ғайра ба ҳисоб мераванд.
Дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой масоҳати умумии пиряхҳо ба 1495 км мураббаъ расида, бузургтарини онҳо Янгидаван ва Яманқирқин буда, дар нишебиҳои ҳанубии кўҳи Олой воқеъ гардидаанд. Калотарин пиряхи қаторкўҳи Ҳисор пиряхи Мура
мебошад. Дар қаторкўҳи : Зарафшон пиряхи Зарафшон 25 км дарозӣ ва 41,0 км мураббаъ масоҳат дорад. Ҳаҷми умумии захираи оби пирияхҳои Тоҷикистон ба 460 км3 баробар аст, ки он нисбати захираи оби дарёҳои кишвар 13 маротиба зиёд мебошад.

Download 371,28 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   18




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish