Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мдт “Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров”



Download 371,28 Kb.
bet8/18
Sana01.06.2022
Hajmi371,28 Kb.
#628986
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   18
Bog'liq
морхо наваш

Боби II. Тавсифи умумии морҳо


Морҳо- гурўҳи сохтори махсусдоштаи пулакчадоронро ташкил мекунанд. Онҳо дар давоми эволютсияи дурударози биологи пойҳои худро гум кардаанд ва қобилияти дар байни алафу буттаҳо ва болои дарахтону дохили об озодона хазиданро пайдо намудаанд. Морҳо тўъмаи худро нахоида якбора озод фурў мебаранд. Морҳо аз дигар хазандагон,калтакалосҳо ва намояндаҳои бе пойи онҳо, бо як қатор аломатҳои хоси худ фарқ мекунанд:
1.Тарафи рост ва чапи дастгоҳи ҷоғи поён бо таври ҳаракаткунанда ҷоғи боло беҳаракат пайваста шудааст.
2.Пилкҳои чашм дар онҳо нест шудааст, онҳо ба ҳамдигар сабзида пардаи шоффофро пайдо намудаанд.
3.Сўрохии берунаи гўш ва пардаи нақорагӣ надоранд.
4. Чанбари китф дар онҳо дида намешавад.
5. Пойҳои ҷуфт ва устухонҳо дида намешаванд. Фақат дар морҳои печон ва кўрморҳо боқимондаи устухони рони пой ва соқ боқӣ мондаанд. Андозаи танаи онҳо аз 8 см то 10 м (морҳои печон) мерасад.
Танаи морҳо бо пулакчаҳои шохин ва зиреҳҳо пўшида шудаанд. Ғадудҳои пустӣ надоранд (ғайр аз баъзе морҳои обӣ) ба намуди калтакалосҳо ва морҳо пустпартоӣ хос мебошад, ки он бо таври махсус мегузарад. Қабати кўҳнаи пўст аз қисми ҷоғ cap карда, ҷудо мешавад ва оҳиста-оҳиста то тарафи дум давом мекунад. Мор ба ягон ҷойи тангӣ, байни санг ё сўрохиҳо сари худро дохил намуда аз дохили пўсти кўҳна, чун дастро аз дастпушак баровардан баромада меравад. Пўсти кўҳнаи морҳоро дар табиат вохўрдан мумкин аст, ки аз руйи он ҳам намуди морро муайян мекунанд. Дар вақти пўстпартоӣ қабати тунуки руйи чашми мор низ ҷудо мешавад, бинобар ин, баъди пўстпартоӣ чашми морҳо равшану ҷилонок мешаванд.
Вобаста ба ҳаракати ба худ хос доштани морҳо миқдори мўҳраҳо зиёд аст, яъне миқдори онҳо ба 140-160 то мерасад. Мўҳраҳо якхела ва ба ҳамдигар монанд буда, дар камонаки болоӣ баромадҳо доранд, ки ин ба сутунмўҳра мустаҳкамӣ медиҳад. Ҳар як мўҳра якҷуфти қабурғаи озод дорад, ки ҳар яки он тавассути мушакҳо бо пулакчаҳои шикамӣ васл шудааст. Ҳаракати қабурғаҳо ҳаракати хосаи танаро таъмин мекунад.
Морҳо сохти косахонаи сари ба худ хос ва мутобиқшударо доранд. Дастгоҳи ҷоғ бо таври ҳаракаткунанда васл шудааст ва бо онҳо устухони ком, болшакл ва пулакчашакл алоқа дорад. Ин сохти дастгоҳи ҷоғ яклухт фуру бурдани тўъмаи калонро таъмин мекунад. Фурўбарии тўъма аз ҳисоби бо навбат ҳаракат кардани устухони чап ва рости ҷоғи поён ба амал меояд. Фурўбарии тўъмаи калонро луҳоби зиёди даҳон осон мегардонад. Аксарияти морҳо бе заҳр мебошанд, барои ҳамин тўъмаи худро тавассути дандонҳо, ё ба танаи худ печонида буғӣ карда мекушанд.
Вобаста ба дарозрўя будани танаи морҳо ба онҳо аломатҳои зерин хос мебошанд:
1.Фақат дар тарафи рости онҳо шуш инкишоф ёфтааст, тарафи чапи шуш дар ҳолати рудиментарӣ вуҷуд дорад:
2.Пуфаки пешоб дар морҳо вуҷуд надоранд:
3.Гурда ва ғадудҳои ҷинсӣ бо таври дарозрўя сохта шудаанд:
4 .Ғадудхои ҷинсашон пеш аз гурда чойгир шудаанд.
Дар замони ҳозира зиёда аз 3000 намуди морҳо дар тамоми рўйи замин паҳн шудаанд, ки 16 -намуди онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва 6 – намудашон дар регзорҳои вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд. Лекин миқдори зиёди намудҳои онҳо дар мамлакатҳои гарми тропикӣ дучор мешаванд. Морҳо танҳо дар Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Полинезия дида намешаванд. Морҳо дар муҳитҳои гуногуни экологӣ: ҷангалҳо, даштҳо, биёбонҳо, кўҳҳо, зери замин ва об паҳн шудаанд. Морҳо бо роҳи тухмгузорӣ ва тухмзиндазой ва зиндазой афзоиш мекунанд. Ба таркиби хўроки морҳо фақат ҳайвонҳои зинда аз ширхўри хурд то хояндагон ва ҳашаротҳо дохил мешаванд. Аксарияти морҳо тўъмаи худро таъқиб намуда, якбора дарафтида бо дандонҳо ё ки бо танаи худ печонида мекушанд ва фурў мебаранд. Морҳо ба одам ҳуҷум намекунанд, лекин дар вақти ба ҳаяҷон овардан, ногаҳон доштан, ё пахш кардан ба одам дармеафтанд ва мегазанд.

Download 371,28 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   18




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish