Тоҷикистони Шимолӣ яке аз мамлакати офтобрӯя, хушманзара, бойтарин ва зеботарин ба шумор мераванд. Олами растаниҳо ва ҳайвоноти ҷумҳурӣ хусусан хазандаҳо хело гуногунранг ва бой мебошанд. Хазандагон яке аз гурўҳи гуногун, паҳншуда, қадим ва диққатҷалбкунандаи сутунмўҳрадори Тоҷикистон ба шумор мераванд. Бинобар ин, омўзиши онҳо ба аҳамияти калони илмӣ, амалӣ соҳиб мебошанд ва диққати олимонро ба худ ҷалб намудааст.
Аз руи маълумотҳои хазандашиносон (герпетологхо) дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 намуди хазандаҳо паҳн шудаанд. Тибқи маълумотҳои Т. Сатторов (1993) дар ҷумҳурӣ 15-намуди морҳо ва дар Тоҷикистонӣ Шимолӣ 6 намуди морҳо зиндагӣ мекунанд.
Мо намуди морҳоеро, ки дар ин рисола ҷой додем дар қаламрави Вилояти Суғд зиндагони мекунанд. Имрўзҳо миқдори онҳо хело кам шудаанд, баъзе намудҳои онҳо хатари аз байн рафтан таҳдид карда истодааст.
Дар водиҳои Тоҷикистонӣ Шимолӣ солҳои охир шумораи аҳолӣ хело зиёд шуда истодааст аз ин лиҳоз регзорҳои ҳамворӣ ва доманакўҳҳои водиҳои шимолии Тоҷикистонро бо суръати тез аз худ шуда истодаанд. Дар натиҷаи пошидани заҳрхимикатҳо аз худкунии ҷойҳои бекорхобидаи кўҳна, нобуд кардани ҷонварон сабаби камёфт ва нодир шудани морҳои вилояти Суғд гашта истодааст. Онҳо ҳамчун аъзои системаи экологӣ ва генофонди пурқиммати табиати Тоҷикистон бояд ҳифз ва нигоҳ дошта шаванд.
Тақдири ояндаи ҳайвоноти нодир ва нестшудаистодаи ҷумҳурӣ хусусан морҳо ба ҳар як фарди ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Аз ин сабаб дар фаунаи ҷумҳурӣ хусусан хазандаҳо тағйиротҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Миқдори фардҳои популятсияи бисёр намудҳо кам шуда, ареалашон кўтоҳ шуда истодаанд. Бинобар он мо барои омўхтани хусусиятҳои биологӣ, экологӣ ва ҳифзи морҳои регзорҳои ҷумҳуриамон камар бастем.
Фаунаи намояндагони морҳои регзорҳои ҷумҳурӣ, оид ба ҳар як намуд, маълумотҳои морфологӣ, биологӣ, экологӣ, паҳншавӣ ва ҳифзи онҳо оварда шудааст.
Дар солҳои охир шумораи аҳолии ҷумҳуриамон рўз аз рўз зиёд шуда истодааст, бинобар ин, регзорҳо ва соҳилҳои дарёҳои водиҳо бо суръати тез аз худ шуда истодааст. Ҳамаи ин ба муҳити зист, шумораи фардҳои популятсияҳои аксарияти намудҳои хазандагони дар регзорҳо ҳаёт ба сар мебаранд таъсир расонида истодааст. Аз 6 намуди морҳои регзорҳои вилояти Суғд 3 намуд: аз он ҷумла (мори печони шарқӣ, мори чипори кундаланграх, доғдор,) ба «Китоби сурх»-и Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Аксарияти намудҳои морҳои қайд гардида миқдоран хело кам шуданд, ба зиндагии пинҳонӣ гузаштаанд. Намудҳои гуногуни мори чипор, ки онҳо безаҳр мебошанд дар ҷойҳои аҳолинишин, хонаҳои истиқоматӣ, боғу полизҳо низ зиндаги мекунанд. Лекин аксарияти одамон бинобар сабаби надоштани маълумот оид ба аҳамияти морҳо онҳоро дар вақти дучор шудан кушта нобуд мекунанд.
Ҳамаи намудҳои морҳое,ки дар ин рисола ҷой додаем, имрўзҳо миқдоран хело кам шуда хатари аз байн рафтан таҳдид карда истодааст.
Дар натиҷаи истифодаи заҳрхимикатҳо, аз худкунии ҷойҳои буду боши онҳо, нобуд кардани ҷонварон сабаби камёфт ва нодир шудани хазандаҳо гардидааст.
Хазандаҳо ҳамчун аъзои системаи экологӣ ва генофонди пурқимати табиати Тоҷикистон бояд ҳифз ва нигоҳ дошта шаванд. Тақдири ояндаи ҳайвоноти нодир ва нестшудаистодаи Ҷумҳурӣ хусусан хазандаҳо ба ҳар як фарди ҷомеаи мо вобастагӣ калон дорад. Аз ин сабаб дар фаунаи ҷумҳурӣ хусусан хазандаҳо тағйиротҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Миқдори фардҳои популятсияи бисёр намудҳои морҳо кам шуда ареалашон кўтоҳ шуда истодаанд. Бинобар ин, мо барои омўхтани хусусиятҳои биологӣ, экологӣ ва паҳншавии регзорҳои морҳои ҷумҳуримон маълумотҳои дақиқ ҷамъ овардем.
Дар оянда дар бораи хазандаҳои Тоҷикистони Шимолӣ тадқиқотҳои илмӣ бурда, ба дўстдорони табиати диёрамон маълумоти илмии мушахасарро оид ба табиат пешниҳод кунам, то ки дар оянда дўстдорони табиати ҷумҳурӣ зиёд шаванд ва дар масъалаи ҳифзи табиату олами ҳайвоноти Тоҷикистон хусусан морҳо ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Олимони Тоҷик барои нест нашудани фаунаи хазандагони Тоҷикистони Шимоли корҳои илми тадқиқоти бурда истодаанд,ки ин боиси пойдор мондани илми герпетология дар Тоҷикистон мебошад.
Do'stlaringiz bilan baham: |