Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мдт “Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров”


Боби - III. Тавсифи биологӣ, экологӣ, паҳншавӣ ва ҳивзи морҳои регзорҳои вилояти Суғд



Download 371,28 Kb.
bet10/18
Sana01.06.2022
Hajmi371,28 Kb.
#628986
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   18
Bog'liq
морхо наваш

Боби - III. Тавсифи биологӣ, экологӣ, паҳншавӣ ва ҳивзи морҳои регзорҳои вилояти Суғд


Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хоса Тоҷикистонӣ Шимолӣ хело бою рангоранг аст. Онҳо дар ҳама талу теппаҳо, водиҳо, кулу дарёҳо, ва дигар мавзеъҳои Тоҷикистонӣ Шимолӣ паҳн гардидаанд. Дар солҳои охир бо сабабу омилҳои гуногун ва таъсироти антропогенӣ аз байн рафта истодаанд.Дар байни фаунаи Тоҷикистонӣ Шимолӣ хазандагон низ мавқеи хосаро ишғол мекунанд. Хазандагон хайвоноте мебошанд, ки бо аломатҳои хоси худ аз дигар олами ҳайвоноти муҳрадор тафовут доранд. Морҳо мансубияти синфи хазандаҳо дохил мешаванд. Морҳое, ки дар Тоҷикистонӣ Шимолӣ зиндагӣ мекунанд баъзеашон морҳои калонтарини Тоҷикистон ба шумор мераванд. Онҳо бештар дар соҳилҳо ва мавзеъҳои регзори Тоҷикистони Шимолӣ хусусан водиҳои дарёи Сир, обанбори Қайроққум сукунат доранд.


3. 1. Мори печони шарқӣ – Eryx tataricus (Licht., 1823)

Яке аз морҳои калони Тоҷикистони Шимолӣ ба ҳисоб меравад. Вазни зиёди фардҳои ба балоғатрасида 40 г, ноболиғ 7,5 г мебошанд. Пулакчаҳои зериҷоғӣ ки бо мобайни бинӣ дохил мешавад, онро мепӯшонад. Руяшон каме барҷаста аст. Дар гирди чашмон 9-11 пулакча ҳастанд. Пулакчаҳое, ки дар болои тана мебошанд, қабурғамонанданд. Қисми болои бадан ранги хокистарранги баланд ё регии ҷигарӣ ё сиёҳи баланд бо доғҳои шакли нодуруст пушонида шудааст, доранд. Инчунин доғҳои бо чунин ранг доғҳои сершумор дар паҳлуҳои сар низ дида мешавад. Дар шикам доғҳои сиёҳи торик ва ё равшан дида мешавад. Рангҳое, ки дар фардҳои ҷавон аст нисбат ба фардҳои солхӯрда равшантар аст (расми 2).



Расми 2. Намуди зоҳири мори печони шарқи - Eryx tataricus
Мори печони шарқӣ 3- зернамуд дорад: 1) Eryx tataricus speciosis Tzarevsku., 1915 2) Eryx tataricus vittatus Cernov., 1945 3) Eryx tataricus licht., 1803. Аз инҳо зернамуди аввалаш дар қисми шимоли Тоҷикистон вомехурад. Eryx tataricus licht аз дигар зернамудҳо бо шакли хурд доштанаш ва бо миқдори пулакча дар миёни бадан, шикам ва зеридумӣ фарқ мекунад.
С.А. Чернов (1959) тахмин кардааст, ки ин мор бояд дар водиҳои Фарғонаи қисми шимолии Тоҷикистон бошад, чунки Дубинин (1954) дар ин мавзеъҳо онро дарёфт карда буд. Дар қисмати шимоли Тоҷикистон мори печони шарқӣ дар регзорҳо, ҳамвориҳои регию гилӣ ва доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунад.
Ҷои зисти ин морҳо гуногун аст. Дар водии Фарғона мори печони шарқӣ дар адирҳои офтобӣ зиндагӣ мекунад ва инчунин дар биёбонҳои регӣ васеъ паҳн шудаанд. Аз рӯи маълумоти И.Д. Яковлева (1964) ин морҳо дар регзорҳои баланду ҳамвори сахт, биёбонҳои регию гилӣ ва баландиҳои гилӣ, ки растаниҳои шутурхор, полинҳо ва эфемерҳо меруянд, вомехурад. Т.С. Сатторов қайд мекунад, ки мори печони шарқӣ дар доманакӯҳи Туркистони шимолӣ, дар гирду атрофи Ӯротеппа ва Зафаробод, дар хокҳои гилӣ, дар баландҷойҳои регию гилӣ, ки баъзан бо эфемерҳо полин ва шутурхор рӯйпуш шудааст, вомехурад.
Дар поёноби водии дарёиСирдарё (гирду атрофи шаҳри Конибодом, Қайроқум ва ноҳияи Ашт) мори печон дар теппаҳои регии нарму сахт ва теппаҳои на он қадар колони регии гилӣ, ки баъзан бо растаниҳои тамарикс, саксаули сафед, лоха, турангӣ, шутурхор ва ғайра вомехурад. Аммо дар ин мавзеъҳо миқдори мори печони шарқӣ хело кам ба назар мерасад.
Мори печони шарқӣ аз хоби зимистона ҳангоми ҳарорати ҳаво ба +20-22 дараҷа ва хок ба +18 дараҷа расидан, ба ҷустуҷуи хурок ва афзоиш шуруъ мекунад. Ҳангоми ҳарорат ба +30 дараҷа расидан, мушоҳида мешаванд. Ҳарорати оптималӣ барои фаъолияти онҳо +24-28 дараҷа мебошад. Мори печони шарқӣ дар ҳавои абрнок ва пастшавии ҳарорат то +19 дараҷа низ вомехурад ва аз вай пасттар пинҳон мешавад.
Мори печони шарқӣ дар моҳҳои апрел ва май аз соати 1030 1100 ба берун баромада то соати 1400 рӯз фаъол аст. Дар моҳҳои июн, июл ва август морҳои печон танҳо саҳаргоҳ соати 730 - 800 ва шабона соати 2000 то 2100 фаъол мешаванд. Дар моҳи сентябр дар соати 1100-1500 низ вохурданашон мумкин аст.
С.А. Чернов (1959) дар санаи 16-18 моҳи апрел морҳои барвақттарин бархоста ва 12-ноябр дер бархестанашонро мушоҳида кардааст. С.А. Саид-Алиев (1979) мори печони шарқири дар санаи 10-15 моҳи март ҳангоми дар хоби зимистона буданаш мушоҳида кардааст. Дар қисми шимолӣ Тоҷикистон моҳи 21-26-март онҳо дар паноҳгоҳи зимистонаашон дарёфт ва мушоҳида карда шуданд. Фарди барвақттарин бедоршудаи онҳо дар аввалҳои моҳи -апрел ва дер бедоршудаашон бошад, то 10-октябр ба назар мерасанд.
И.Д. Якоовлева (1964) морҳои печони хобрафтаро 10-14 май ва 5 июн дар Ҷумҳурии Қирғизистон мушоҳида кардааст. Дар водии Фарғона бошад, морҳои печони шарқӣ 13-26 июл хоб мераванд. Дар гирду атрофи ш.Қайроқум фардҳо бо аломатҳои карахтӣ дар 6- май ва 2- июн дарёфт шуданд.
Аз рӯи адабиётҳо ба таркиби ғизои мори печони шарқӣ хояндаҳо, калтакалосҳо, парандаҳо ва ҳашаротҳои калонҷусса дохил мешаванд. Дар меъдаи мори наринае, ки андозааш 430-450 мм мерасид ва аз регзори ш.Конибодом дарёфт шудааст, калтакалоси чобук ва катакалоси ало ё регӣ мушоҳида карда шудааст.
Аз рӯи маълумотҳои И.Д. Яковлева (1964) ҷуфтшавии ин морҳо дар авалҳои моҳи май сурат мегирад ва аз давраи ҷуфтшавӣ то пайдо шудани мори навҷавон на камтар аз 2-моҳ яъне то охир ва аввалҳои моҳи июн - июл мегузарад. В.Б. Дутинин (1954) дар тухмдонҳои модинаҳо 6-8 фоллекулаи диаметраш ба 6-7 мм баробарро пайдо кардааст.
Наринаҳо бо наслдонҳои инкишофёфта дар охири моҳи май ба назар мерасад. Наринаҳое, ки андозаи баданаш 400 мм аст ҳаҷми наслдонҳояшон ба 11-12х5 мм мерасад. Модинаҳои ба балоғатрасида дарозии 460 мм доранд, дар тухмдонҳояшон 10 фоллекулаи сафеди инкишофёфта, ки бо диаметри 13-15 мм доранд. Дар моҳи август морҳои печони навзод бо андозаи 160-190 мм, вазнаш 5200-5900мг ба назар мерасанд.
Аз рӯи маълумотҳои Т.С. Сатторов дар моҳи декабр соли 1979 ин морҳо дар паноҳгоҳи зимистона, ки дарозии бадан ба 190-200 мм мерасад, дарёфт кардааст. Дар давоми 5-5,5 моҳ дарозии баданаш то 3-4 мм калон шуд. Дар моҳи июл фардҳои ҷавонашон ба андозаи 260мм вомехуранд. Эҳтимол мори печони шарқӣ ҳангоми андозаи бадани модинаҳо ба 400мм ва наринаҳо ба 300 мм расидан, ба балоғат мерасанд.
Мори печони шарқиро паррандаҳои даррандаи шабона ва рӯзона ба монанди зоғҳо, бумҳо, парандаҳои даранда ва ҷайраҳо мехуранд. Дар қисми шимолӣ Тоҷикистон одамон мори печони шарқиро курмор гумон карда дар тибби халқӣ истифода мебаранд, ки ин амал ба нестшавии онҳо оварда мерасад. Сабаби асосии ба нестшавӣ оварда расонидани ин мори печони шарқиро дар соҳаи тиби халқи истифода бурданашон мебошад.
Мори печони шарқӣ нисбат ба дигар морҳои вилояти Суғд сусттар ҳаракат мекунанд. Субҳгоҳ ин мор якчанд вақт худро аз офтоб энергия ва сипас ба ҷустуҷӯи хӯрок мебароянд. Дар ҳолати ҳис кардани хатар ба зери рег медарояд. Бинобар инро мори печони реги ё шарқи меноманд. Мори печони шарқӣ баъди борон ба берун мебарояд. Онҳо сайди худро бо ҳаракати тез аз гардан ё калла дошта, баъд бо бадани ҳалқамонандаш дар гирди он тоб мехуранд. Баъди якчанд дақиқаи ҳолокшавии сайд мор онро одатан аз калааш фурӯ мебарад. Ин морҳо хеле зуд ба одамон одат мекунанд.
Аз рӯи мушоҳида Т. С. Сатторов ва шогирдонашон маълум гардид, ки паноҳгоҳи мори печони шарқӣ ғорҳои хояндаҳо ва чуқуриҳои гуногун ва инчунин зери рег ба ҳисоб меравад. Моҳи охирҳои моҳи декабр дар гирду атрофи ш.Конибодом дарёфт карда шуд. Дарозии паноҳгоҳ ба 85 см мерасид, ки дар он ҷо панҷ фарди ноболиғ, ки ҳавои паноҳгоҳ ба +13, хок ба +9 ва бадани морҳо ба +8-10 дараҷа баробар буд, мушоҳида шуданд. Фардҳои баболиғрасида дар чуқурии 120 см дарёфт шуд.
Аз рӯи гуфтаи тадқиқотчиёни зиёд мори печони шарқӣ хеле фоидаоваранд, чунки хояндаҳое, ки барандаи касалиҳои гуногун ва зараррасонҳои хоҷагии қишлоқанд, хӯрда фоидаи калон меоварад. Ба ғайр аз ин онҳо ба таркиби хуроки ҳайвонҳои фоидаовар ва боарзиш дохил мешаванд. Аз ин рӯ, мори печони шарқиро муҳофизат кардан лозим аст. Ин мори печони шарқи солҳои охир аз сабаби кам будани ғизо ва дигар омилҳо хело кам мондааст.
Солҳои охир ин омилҳо сабаби камшавии мори печони гардидааст.

  1. Шикор аз тарафи инсон.

  2. Зиёд шудани аҳолӣ.

  3. Ба киштзор табдил додани заминҳои бекорхобида.

  4. Таъсири омилҳои антропогенӣ.

Барои ҳивз ва нигоҳдории мори печон чунин тавсияҳо дода мешавад.

  1. Шикори ин намуди мор манъ карда шавад.

  2. Намуди нодири мори печонро аз назорати литсензиони гузаронидан лозим, то ҳамагон донанд,ки ин дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад.

  3. Ташкил намудани регзорҳо ва парваришгоҳҳо барои зиндагонии мори печон.




Download 371,28 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   18




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish