Мавзӯъ Ақидаи зардуштӣ ва китоби «Авасто»



Download 24,23 Kb.
bet1/2
Sana05.06.2022
Hajmi24,23 Kb.
#639095
  1   2
Bog'liq
Маърӯза. Ақидаи зардуштӣ ва китоби «Авасто» (1)


Мавзӯъ
Ақидаи зардуштӣ ва китоби «Авасто»
Ақидаи зардуштӣ аз номи Зардушт, ки уро асосгузори ин таълимот медонанд гирифта шудааст. Дар «Авасто» номи Зардушт дар шакли Заратуштра кайд шудааст. Дар осори хаттии баъдина ин ном дар шакли Зардухишт, Зардухушт, Зардушт навишта мешавад. Зардуштро пайғамбари бузург ва таълимоти ўро дини зардуштӣ номидаанд. Дар бораи шахси таърихӣ будан ё набудани Зардушт олимон фикрҳои гуногун доранд. Дар илми муосир Зардушт шахси таърихӣ эътироф шуда муаллифи «Гот»-ҳо қисми қадимтарини «Авасто» дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Зардушт тақрибан солҳои 630-553 ё 628-551 то мелод зиндагӣ кардааст. Тахмин мекунанд, ки Зардушт дар ғарбии Эрон таваллуд шуда, баъд ба Шарқ хиҷрат намуда, таълимоти худро дар минтақаҳои шарқӣ – Осиёи Миёна ва Хуросон тарғиб кардааст. Аз рўи маълумотҳо Зардушт таълимоти худро дар давраи ҳукмронии Виштасп (Гуштасп) ба вуҷуд овардааст. Виштасп бо муқаррабони худ ин дини навро қабул карда ба интишори он кўмак расонидааст. Минбаъд сулолаи Хаҳоманишиён таълимоти Зардуштро ҳамчун аслихаи идеологии ҷамъияти ғуломдорӣ истифода намудааст.
Дар хусуси он ки зардушт дини худро дар давраи ҳукмронии Гуштасп тарғиб кардааст дар «Шохнома» -и Дақиқӣ тахти унвони «Пайдо шудани Зардушт ва пазируфтани Гуштасп дини ў» чунин оварда мешавад:
Хуҷастапою номи ў Зардухушт,
Ки Аҳримани бадкунишро бикушт.
Ба шохи ҷаҳон гуфт пайғамбарам,
Туро сўи яздон ҳаме рахбарам.
Яке миҷмар оташ биёвард боз.
Бигуфт аз биҳишт оваридам фароз.
Биёмўз оини дини бехӣ.
Ки бе дин на хуб аст шоҳаншоҳӣ.
Чу бишнид аз у шоҳи беҳ дини беҳ.
Пазируфт аз у дину оини беҳ.
Тарғиботи Зардушт бо муқобили ҳокимияти пешвоёни қабилавию авлодӣ ва кохинони кўҳна инчунин худоҳои динҳои аввала нигаронида шуда буд. Зардушт бар зидди ҳолати бодиянинишинӣ баромада ҳокимияти пуриқтидори муқимӣ ва ҳаёти осоиштаро дар рўи замин тарғиб мекард. Зеро ин таълимот дар замонае пайдо шуда буд, ки мардум аз ҳолати бодиянишинӣ ба муқимӣ мегузаштанд ва дар дини зардуштӣ ҳамин ҷихати ҳаёти мардумони давраи қадим ифодаи худро ёфта буд. Ин маъниро аз саволҳои Зардушт ба Худои олӣ – Хурмузд ва ҷавобҳои ў фахмидан мумкин аст. Зардушт ба Хурмузд муроҷиат карда мепурсад: «Аз ту мепурсам ба ростӣ ба ман бифармо эй парвардигори олами ҷисмонӣ Ахурамаздо куҷост он макон, ки боиси шодӣ ва зебоии замин гардидааст?».
Ахурамаздо ҷавоб медиҳад: «Ин ҳамон ҷост, ки бандагон барои худ маскан, оташкада ва барои ҳайвонот ҷое сохта соҳиби зану фарзанд ва дорои дастаҳои ҷангии нағз бошанд. Он вақт дар макони онҳо ҳайвоноти бисёр хайру баракот чарогоҳ, зан ҷавонмардон оташ ва ҳама гуна нозу неъмат мухайё ҳохад шуд».
Дар таълимоти зардуштӣ меҳнат кардан деҳқонӣ ва чорводориро ривоҷ додан тарғиб карда мешавад. Дар он гуфта мешавад ки «Замин дар он ҷой ва аз он касон шод аст, ки аз ҳама бисёртар ғалла алаф дарахтони мевадор рўёнида, заминҳои хушк обёрӣ ва ботлоқҳо ба киштзор мубаддал карда шудаанд». Замин мегуяд: «Эй одам ки ту маро бо дасти чапу рост ва росту чап меронӣ ва кишт мекунӣ, ман ба тарзи доимӣ ба ту ёри мерасонам, хўрокворӣ ва ғалладона ва ҳар чизе, ки тавонам биҳоҳам дод. Он кассе, ки ғалла мекорад кори муқаддас баҷо меорад».
Таълимоти зардуштӣ дар заминаи оинҳои пешинаи динӣ ба вуҷуд омада аст. Вале дар айни ҳол Зардушт ақидаҳои пешинаи бисёрхудоиро, ки аз рўи он ҳар як ҳодисаю воқеа ва предметҳои табиат чун худо тасаввур карда мешуданд барҳам дода ғояи якхудоӣ (ваҳдат)-ро пеш меронад. Ғояи якхудоӣ ҳаракат ва кўшишҳои муттаҳидшавии халқҳои эрониро, ки аввалҳо дар Эрони Шарқӣ – Осиёи Миёна (Ориёно, Бохтар Суғд, Марв, Хоразм, Хуросон) ба вуҷуд омада буд акс кунонидааст.
Аввалин маркази динӣ ва давлатии халқҳои эронии заМонӣ Зардушт шаҳри Балх буд, ки онро зардуштӣёни қадим мисли Каъбаи мусулмонон муқаддас медонистанд. Дар Балх бузургтарин оташкадаи зардуштиён вуҷуд дошт. Ҳар подшоҳе, ки аз зардуштиён ба тахт мебаромад аввало ба ҳонаи муқаддас – оташкадаи «Навбаҳор» рафта дар назди оташи муқаддас ба худои оли Аҳурамаздо қасамёд мекард. Ин ҳолро Дақиқӣ дар боби «Рафтани Луҳрасп ба Балх ба парастиши Яздон ва бар тахт нишастани Гуштасп» - и «Шоҳнома»- и худ чунин баён кардааст:

Download 24,23 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish