Мавзӯъ Ақидаи зардуштӣ ва китоби «Авасто»



Download 24,23 Kb.
bet2/2
Sana05.06.2022
Hajmi24,23 Kb.
#639095
1   2
Bog'liq
Маърӯза. Ақидаи зардуштӣ ва китоби «Авасто» (1)

Чу Гуштаспро Лухрасп дод тахт,
Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.
Ба Балхи гузин шуд бар он Навбаҳор.
Ки яздонпарастон бад-он рўзгор.
Мар он ҳонаро доштанди чунон.
Ки мар Маккаро тозиён ин замон.
Дини зардуштӣ аз аввалҳои пайдоиши худ характери умумиллоҳӣ ва давлатӣ касб кардааст ва давлати шоҳӣ барои паҳншавии он кўмак расонидааст. Дар айни замон дини зардуштӣ барои барҳам додани хукуматҳои майдаи қабилаҳо барои ташкили давлати марказӣ ва подшоҳи ягонаи эрониёни қадим ҳамчун аслиҳаи мафкуравӣ хизмат карда аст.
Дар хусуси вобастагии дин ва давлат Фирдавсӣ навишта буд:
Чунон дину давлат ба якдигаранд,
Ту гўӣ, ки дар зери як чодаранд.
Чунон дину давлат ба якдигаранд,
Ту гўӣ, ки дар зери як чодаранд.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,
На бе дин бувад шахриёрӣ ба ҷой
Ҳамин тариқ оини зардуштӣ ҷараёни муттаҳидшавии эрониёни қадим кўшишҳои барҳам додани давлатҳои майда ташкили давлати ягонаи шаҳаншоҳиро акс менамояд.
Таълимоти зардуштӣ таълимоти динӣ – фалсафӣ мебошад. Хусусияти ҳоси ахкоми зардуштиро дуализми мутлақ, яъне имом ба ду ҳолиқ – худои хайру нур Ахура Маздо ва худои шарру зулмат Ангро Маню ташкил менамояд. Ахура Маздо аз ҷавҳари пок ва хубиҳо иборат буда, Ангро Маню аз ҷавҳари палид иборат аст, ки офаридгори бадиҳо мебошад. Нур офтоб равшани об оташ фаровонҳосилӣ, сиҳати меваҳо ҳайвоноти фоидабахш, осоиштагӣ ва ғайра офаридаҳои Ахура Маздо буда, торикӣ, марг, хунукӣ, касалӣ, вабо, ҷанг, зулму золимӣ ва ғайра эҷоди Аҳриман аст. Мазмуни оламро, ки дар шаш давр офарида шудааст муборизаи ин ду қувваи ба ҳам муқобил ташкил медихад. Дар муборизаи зидди зулмат ва бадӣ ба Ахура Маздо шаш фариштаи ҷовид (Амшаспенда) ёрӣ мерасонанд. Доираи амалиёти ҳар як аз ин фариштаҳо чунин муайян шуда аст:
Вохумана – фариштаи андешаи нек. 2. Ашаваҳишт – ростӣ ва дурустӣ. 3.Хшатриявайра – қудрат ва салтанати комил. 4. Спента армайти – ибодат ва судбахш, духтари Аҳура Маздо 5. Ҳоурватат – камолот, балоғат ва тандурустӣ. 6. Амератат – бақо, абадият ва ҳаёти ҷовидонӣ. Баъди «фариштаҳои ҷовид» эзидҳо (арвоҳи пок) ба Аҳура Маздо ёрӣ мерасонанд. Эзиди аввалин худои офтоб ва ғалаба мебошад, ки Митра ном дорад. Баъди эзидҳо гурўҳи сеюми мавҷудоти муқаддас – фравашайҳо (руҳи мурдагон ва зиндаҳо) ҷой гирифтаанд. Фравашай бо одам аз ибтидо махлут шуда, ўро ҳифз менамояд. Ҳама мавҷудоти зинда эзидҳо ва ҳатто Ахура Маздо фравашайи худро доранд.
Дар навбати худ аз рўи таълимоти зардуштӣ Аҳриман низ ба муқобили махлуқоти Ахура Маздо арвоҳони бадро офарид, ки онҳо Акомано, Андра Саура, Наонгантия Таура ва аз Заири иборат буда, афкори бад ғаму андўҳ, бадбахтӣ, истибдод, дуздӣ, одамкушӣ, касалӣ зараррасонӣ барин хислатҳоро доро мебошанд ва зидди амшаспентаҳо мубориза мебаранд. Инчунин Аҳриман бар зидди эзидҳо девҳо – иблисҳои сершуморро офаридааст, ки таҷассуми бадӣ ва бадкирдорианд.
Дар дини зардуштӣ замин об ва оташ ҳамчун чизҳои муқаддас парастиш карда мешуданд. Парастиши оташ ҳамчун рамзи нур дар замин ҳамчун ҳамсафи пур иқтидори Аҳура Маздо хеле эътибор дошт ва боиси «оташпараст» ном гирифтани зардуштиён гардида буд. Ба ҳомўшшавии оташ роҳ додан, онро ифлос кардан қатъиян манъ буд. Аз рўи ақидаи зардуштӣ макрўҳ сохтани яке аз унсурҳои муқаддас – об, оташ ва замин гуноҳи азим хисоб меёфт. Онҳоро ҳамеша озода ва пок нигох доштан талаб карда мешуд. Бинобар ҳамин ҳам ҷасади мурдаро ба ҳок дафн кардан, дар оташ афкандан, дар об ғарқ кардан қатъиян манъ буд. Ҷасади мурдагонро ба дахмаҳои махсус гузошта, пас устуҳонҳоро дар тобутчаи сафолин андохта гўр кардан расми зардуштиён аст.
Дини зардуштӣ ҳам ба монанди динҳои дигар одамонро бо азоби он дунё метарсонд онҳоро ба мутеъ ва фармонбардор шудан даъват мекард. Ин дин таълим медод ки баъд аз марг ҷасади одам фано шуда вале руҳаш абадӣ мемонад. Вай мувофиқи корҳои дар ин дунё кардаи одам дар он дунё дар азоб ё ки дар роҳат мемонад. Фариштагон корҳои дар зиндагӣ кардаи одамонро ба ҳисоб мегиранд. Агар корҳои неки одам нисбат ба аъмоли бадаш зиёда бошад ба осонӣ аз пули Чинвод гузашта ба олами Ахура Маздо меравад ва агар баръакс бошад дар олами дўзахи Ахриман месўзад. Одами гарчи зодаи Ахура Маздо аст, вале вай дар интиҳоби кирдор озод аст. Ў метавонад мувофиқи иродаи худ ба муборизаи байни олами нуру зулмат ширкат намояд. Вай метавонад бо се хислати асосиаш – кирдори нек, гуфтори нек ва андешаи нек ба Худои оли Хурмузд дар муборизаи зидди Аҳриман ёрӣ расонад. Инчунин меҳнати ҳалол чорводорӣ, деҳқонӣ ва хусусан истеҳсоли гандум накукории бузург хисоб меёбад.
Дини зардуштӣ дар тули асрҳо дар натиҷаи тағйири шароити иҷтимоӣ мазмунан дигаргун шудааст. Ин дин дар давраи ҳукмронии сосониён ба дараҷаи дини давлатӣ бардошта мешавад ва баъди истилои араб ҳам чанд муддат нуфузи худро нигоҳ медорад. Ҳоло ҳам дар шаҳри Бомбайи Ҳиндустон ва Язду Кирмони Эрон зардуштиён мавҷуд буда, расму оини қадимаи худро нигох медоранд.
«Авасто». «Авасто» китоби муқаддаси дини зардуштӣ аст. «Авасто» аз калимаи «апастак», ки маънои асос матнро дорад гирифта шудааст. «Авасто» аз ёдгориҳои давраи вайроншавии сохти ибтидоӣ ва пайдоиши давраи ғуломдорӣ ҳисоб меёбад. Давраи пайдоиши «Авасто» ба мобайнҳои ҳазорсолаи пеш аз мелод рост меояд. Дар хусуси ҷои пайдоиши «Авасто» олимон ақидаҳои гуногун доранд. Баъзеҳо ватани «Авасто»-ро Эрони Ғарбӣ – Мидия, баъзеҳо Сиистон донанд, қисми бештари олимон аз ҷумла В.В.Струве, К.В.Тревер С.Н.Толстов дар асоси санадҳои зиёде исбот кардаанд, ки пайдоиши ин китоб бо территорияи Осиёи Миёна ва шимоли Хуросон алоқаманд аст. Аммо «Авасто»-ро танҳо бо территорияи як мамлакат маҳдуд кардан мумкин нест, зеро вай таърихи тараққиёти дуру дарозеро аз сар гузаронидааст ва дар тахаввулу такмили он дар қатори мардумони Осиёи Миёна гузаштагони халқҳои Эрон, Афғонистон низ сахми бузурге доранд. Аз ин сабаб «Авасто» ёдгории хаттии муштараки халқҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ҳисоб мешавад. Аз рўи маълумотҳо «Гот» (гимн)-ҳои «Авасто» қисмати қадимтарини он буда, аз тарафи Зардушт навишта шудааст. «Авасто» дар асл аз 21 наск (китоб) иборат буда 350 000 калимаро дар бар мегирифтааст. Ҳар як китоб маром ва максади муайянеро доро буда аз масъалаҳои муайяни динӣ – ахлоқӣ ва илмӣ баҳс кардааст. Ин китобҳо ғайр аз фароизоти маросимию мазҳабӣ аз назари ғоявӣ унсурҳои ибтидоии илми тиббӣ, қонунгузорӣ, ахлоқӣ ва эстетикиро низ дарбар гирифтааст. Аз 21 китоби «Авасто» танҳо 5 китоби он ба мо расидаанд:

  1. Вандидот – маънояш ба муқобили девҳо гуфтан аст. Ин қисм аз 22 боб иборат буда, маҷмўи фароизоти диниро дар бар мегирад ва дар шакли саволу ҷавоби Хурмузд бо Зардушт иншо шудааст.

  2. Виспарад – оид ба худоҳо буда, асосан аз сурудҳои гуногуни ибодатӣ иборат аст.

  3. Ясно – ҷашн гуфтан аст. Аз рўи мундариҷа ва забон қисми қадимтарини «Авасто» мебошад ва аз 72 боб иборат аст, ки 17 боби онро готҳо – муноҷот сурудҳо ташкил мекунанд.

  4. Яшт – аз ҷихати мазмун ба «Ясно» наздик буда 22 сурудро, ки дар мадҳи худои зардуштӣ ва маъбудаҳои он гуфта шудаанд дар бар мегирад.

  5. Хурд- Авасто (Хвартак апастак) – ин қисм аз текстҳои хурди ибодатӣ дар хаққи худои офтоб, моҳ ва ғайра иборат аст.

Ҳамин тариқ китоби «Авасто» маҷмўи ақидаҳои дини зардуштӣ хисоб меёбад.
«Авасто» дар ду вариант (таҳрир) маъмул аст. Варианти аввал танҳо матни «Авасто»-ро дар бар мегирад. Варианти дуюм бошад якҷоя бо матн тарҷима бо забони пахлавӣ дар ахди сосониён карда шудаи онро дар бар мегирад ва онро «Занд Авасто» меноманд.
«Авасто» дар баробари китоби динӣ будан аҳамияти калони таърихӣ ва адабиро доро мебошад. Ин асар барои омўхтани таърих, маънавият, эътикоди динӣ, фолклор ва анъанаҳои адабию эстетикии халқҳои Осиёи Миёна Эрон ва Хуросони қадима аҳамияти бузургеро доро аст.
«Авасто» бисёр порчаҳои адабиро дорост, ки онҳо ҷанбаи асотирӣ, дошта намунаҳои фолклори эрониёни кадимаанд. Дар ин порчаҳо бисёр санъатҳои бадеӣ ифода ва ибораҳои образнок ҷой доранд. Готҳо саросар вазн ва унсурҳои қофия дорад ва дар он панҷ вазни ҳиҷоӣ дида мешаванд. «Авасто» дорои аҳамияти бадеиӣ буда дар он таваҷҷўҳ нисбат ба сухан баръалоина намоён аст.
Download 24,23 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish