1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet23/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

109.РОЛИ ҶАМЪИЯТ ДАР ЭҶОД ВА БА
ШАКЛ ДАРОВАРДАНИ ЗАБОН
Ҷамъият забонро чун ҳодисаи ҷамъиятй эҷод менамояд, ба шакл медароварад, ба нормаҳои истеъмоли он назорат мекунад ва онро чун робитаи байни одамон мустаҳкам мекунад. Баъзан одамони ҷудогона калимаҳои нодуруст месозанд, кн онҳо қабули умум намешаванд ва зуд аз забон мебароянд. Баъзан калимаҳо аз як забон ба забони дигар ба маънои нодуруст иқтибос шаванд ҳам, ба зуддй дар истеъмол умумият пайдо мекунанд. (таклифгдаъват-таклиф) Таклиф ба маънои пешниҳод аст. Баъзан аз ибора калима пайдо мешавад ва дар забон мустаҳкам ҷой мегирад. Масалан, дар асри ХУ1 дар Россия аз ибораи копейная денга- копейка пайдо шудааст. Аз ибораи кўҳу тал - кўтал... Дар рўзҳои мо терминологияи умумии байни миллатҳо инкишоф ёфта истодааст. Баъзе терминҳои андозаашон махдуд ба амал меоянд. Масалан, Ереванит - минераде, ки дар Арманистон пайдо шудааст, Анзоб - оби минералй, Шоҳанбарй - оби минералй... Ҳамаи ин тағйиротҳо дар ҷамъияти мо дар таҳти назорати халқ мебошанд, зеро забон аз қабили ҳодисаҳои ҷамъиятй буда, эҷодкор ва инкишофдиҳандаи он халқ мебошад. Ҷиҳати ҷамъиятии забон иеш аз ҳама мубодилаи афкорро таъмин намудани он мебошад. Ҳар як воҳиди забони аз овоз то ҷумла дорои ҷиҳати табии ба ҷамъиятй аст. Масалан, проссеси ҳосил шудани овоз - ҷиҳати табиии он ва хусусияти шаклу маъно ҷудокунии овоз дар муомила ҷиҳати ҷамъиятии он мебошад.

110.МУНОСИБАТИ МАЪНОИИ ЗАБОН ВА МАНТИҚ
Муносибати маъноии забон ва мантиқ ба ҳам наздик аст. Зеро калимаи мантиқ (ба маънои васеи он) синонимй тафаккур мебошад. Маълум, ки тафаккур дар асоси калимаҳои забон ҳақиқати реалии воқеиро инъикос мекунад. Нутқи мантикй ҳам дар асоси материаш мавҷудаи забон инкишоф меёбад. Ин намуди мантиқи қонунй (диалектикй) мебошад. «Мантиқ - илм дар бораи қонун ва шаклҳои дурусти нутқ аст. Тафаккури дуруст бояд муайян, беихтилоф, пайдарҳам ва исботшуда бошад. Мантиқ қонуни айният, шакли тафаккури мафҳум, муҳокима ва хулоса баровардан мсбошад». (Луғати энциклопедй, ҷ.2 1954, саҳ. 277). Чунон ки аз ин таъриф маълум мегардад, вазифаи тафаккур ва мантиқ баробар аст. Материали асосй ва асоси ҳар дуяшон ҳам хизмати забон аст. Аммо як ҷиҳати фарқкунандаи тафаккур ва мантиқ дар он аст, ки мантиқ бо маъно ва мундариҷаи маълум сару кор дорад. Мантиқ мафҳуми инъикос гардида (дарк шуда) муҳокима ва муайян шударо меомўзад. Аз тарафи дигар, барои ба шакл даровардан, муайян намудани мафҳуми даркшуда мантиқ роли муҳим мебозад. Ниҳоят, мафҳуми мантиқӣ ва грамматикй ҳам (ба маънои танги он) умумият доранд.


111.АЛОҚАИ ЗАБОНҲО
Муносибати забонҳо ҳодисаи ҳатмии таърихист. Намудҳои муносибати байни забонҳоро ба таври зерин муайян кардаанд:

    1. Адстрат - робитаи забонҳои ҳамсарҳад.

    2. Суперстрат - ҳамроҳ шудани забони бегона ба забони халқи маҳаллй ва ба таркиби он омехта шуда рафтани он.

    3. Субстрат - ин ҳодиса акси суперстрат аст. Ба забони бегона ҳамроҳ шудани забони маҳаллй ва ба таркиби забони бегона ҳал шудани он. Дар омехташавии забонҳо роли халқй ба он забон гап мезадагй калон аст. Ҷамъияти инсонй ва рўҳияи одамон воситаи алоқаи забонҳо мебошад. Забон, ки бе тафовут ба ҳаммаи аъзоёни ҷамъият хизмат мекунад, робитаҳои номбурда дар сурате умумй шуда метавонанд, ки ҳамаи ҷамъият ё кисми зиёди он онҳоро аз худ кунад, фаҳмад. Баъди аз забони асос ҷудо шудани забонҳо ва дар чавқеъҳои гунотун зиндагонй кардани халқҳои ба он забон гаи зананда, дар забонҳои ҳамреша дигаргуниҳои муайяни фонетикй, -гксикй, фамматикй бо мурури замон пойдор шуда, ниҳоят он ьабонҳо аз ҳам дур шудан мегирад ва оҳиста-оҳиста онҳо ба гурўҳи -исбатан наздики аз гурўҳи дигар бештар фарқ мекардагй ҷамъ мешаванд. Он гурўҳҳо ҳам. ки аз ҳамдигар дур ва дар мавқеъҳои гуногуни географй зиндагй мекунанд, забонашон оҳиста-оҳиста ҳам аз ҷиҳати тексикй, ҳам фонетикй ва ҳам грамматикй аз ҳам фарқ кардан чегирад. Дар сурати муқоисаи таърихй, ба ҳисоб гирифтани дигаргуниҳои таърихан дар калимаҳо ба амал омада асоси кашмаҳои ас.диро муайян кардан мумкин аст. Ба ҳамин сабаб имрўз оила, гурўҳ ва ба кадом гурўҳ ё оила таадуқ доштани забонҳои алоҳидаро муайян кардаанд. Дар сурати аз як забон (забони аз оилаҳои гуногун) ба забони дигари ҳамсарҳад иқтибос шудани калима, бояд асли калима таъин гардад. Робитаи суперстратии забон чунин аст, ки як хадқ ба халқи дигар ҳучум оварда ғолиб мебарояд ва оҳиста-оҳиста забони он хадқро қабул менамояд. Забони хадқи ғолиб дар таркиби забони халқи мағлуб ҳат шуда меравад. Масалан, дар асри XI (с. 1066) еврейҳо ба хоки Англия омада забони англисиро қабул кардан; Пеш аз ин норманҳо ба Франция ҳучум оварда ғолиб баромаданд ва забонашон (забони скандинавй) оҳиста-оҳиста ба таркиби забонп франсузй омехта шуда рафт, яъне забони франсузиро қабул карданд. Ҳамин тавр аст, ҳучуми арабҳо ба Осиёи Миёна. Субстрат ҳодисяи баръакси суперстрат мебошад. Субстрат дар забонҳои апоҳидаи, гуногун низ ба амал меояд. Мафҳуми субстрат ба иқтибос баробар аст, яъне аз як забон ба забони дигар гузаштани адементҳои забонӣ мебошад. Микдори калимаҳои иқтибосй каму зиёд шуда меистад, аммо ин ба фонди асосии забон таъсир намерасонад.

112.ЗАБОН ЧУН СИСТЕМА
Забон системаи мураккаб буда воҳидҳои гуногуни ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад. Воҳидҳои забон - кадима, морфема. фонема ва ҷумла дар якчоягй системаи забонро ташкил медиҳанд. Системаи забон роҳҳои инкишоф ва тараққиёти онро муайян мекунад. Забоншиносон кайҳо боз системаи овозҳо, таркиби луғавй ва сохти грамматикии забонро фарқ мекунанд. Албатта, аввалҳо ин фарқ ва он воҳидҳо танҳо ҷиҳати амалй дошт, вале баъдтар, аз асри XX сар карда, фонологияю лексикология ва инчунин грамматика ва қисматҳои он морфема, шакли калима (словоформа), ибора ва ҷумлаҳоро назариявй фарқ мекардагй шуданд. Дар давраҳои гуногуни ҷамъият қисматҳои ҷудогонаи забоншиносй диққати олимонро ба худ чалб намудааст. Дар як давра фонология ва ё морфология, вале дар давраи дигар синтаксис ва ё лексикология дар маркази баҳсу мунозираи забоншинос буд. Ин имконият дод, ки тасниф ва тадқиқи қисматҳои ҷудогона ҳаматарафа гардад ва ба пайдоиши қабатҳои (ярусҳои) забоншиносй асос гардад. Ҳар яке аз ин қабатҳо воҳидҳои худ, категорияҳо ва структураи дохилии худро доранд, ки бо ҳам алоқаи зич доранд. Албатта, системаи фонологии забон аз лексика ва он бошад, аз грамматика ба куллй фарқ мекунад, вале ҳам аз рўи структураи забон ва ҳам аз рўи функсняи худ онҳо бо ҳам сахт алоқаманд мебошанд.



Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish