1. Мукаддима маълумот дар бораи фан


АСОСҲОИ ТАЪРИХИИ НОРМАИ ЗАБОНИ АДАБ



Download 0,85 Mb.
bet31/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

128.АСОСҲОИ ТАЪРИХИИ НОРМАИ ЗАБОНИ АДАБӢ.
Ташаккули нормаи забони адабӣ чандин асосҳои территориявй ва базаи сосиоливу функсионалй дорад. Аммо нормаи забони адабӣ бо нормаи забони территориявй баъзе умумиятҳо дошта бошад ҳам. мувофиқат намекунад. Барои ташаккули нормаи забони адабӣ забонҳои территориян :. ҷараёнҳои марказии мамлакат рол ва вазифаи муҳим дорад. Масалан чунин аст роли забонҳои Москва, Пекин, Париж, Лондон. Тошкенд ё худ чунин буд роли лаҳчаи (забони территориявии) Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар фасли дар борааш гуфтем. Барои хусусият оммавй гирифтани нормаи забони территориявй забони хаттй (илмй, идоравй) ва пеш аз ҳама забони адабиёти бадеӣ роли ҳадкунанда дорад. Дар асос ёфтани просесси нормаи забонп адабӣ инкишофи таърихии забон (дар ҳама соҳаҳои инкишофи таърихи забон) низ мушкил мешавад. Аммо ин масъала дар забоншиносии умумй кам омўхта шудааст.

129.НАМУДҲОИ ТАҒЙИРОТИ НОРМАТИВЙ.
Намудҳои инкишоф ва тағйироти нормативии забонҳо гуногунанд. Масалан, тағйирот дар характер ва дараҷаи нормаи устуворй, тағйирот дар намудҳои гуногуни норма дар дохили забони адабӣ, тағйирот дар шакл ва вазифаи тартиби нормаи ҷорй... Барои муайян кардани тағйири нормаи забони адабӣ инкишофи мувофиқати намудҳои гуногун ва гуногунии нормаҳои забони адабиро ба ҳисоб гирифтан лозим. Просесси робитаи забони хаттй ва гуфтугўй сабаби вариантнокии калимаҳои забон мегардад: китф-кифт, маҳсй-масҳй, уштур-шутур, ишкам-шикам, тамға-тағма... Агар як забони адабӣ дар ҷамъияти сермиллат ё территорияи ҷудогона инкишоф ёбад, баъзан тарзи талаффуз ва шакли калима тағйир меёбад: jung (немисй), hungel (австрияш), рўз (точ), руз (форсй). Дар просесси муайяни таърихй барои ба система даровардани забони адабӣ ва соҳаҳои ҷудогонаи он (аз тарафи намояндагони ҷудогонаи он) кўшише карда мешавад. Дар забони русй дар асрҳои Х1Х-ХХ нормаи фонетика ва грамматика ба тартиб дароварда шуд. Дар забони ҳозираи тоҷик со.лҳои 1929-30 ва со.ли 1940 фонетика ба тартиб дароварда шуд; солҳои 1928-30 лексика ва грамматика ба нормаи муайян дароварда шуд. Ҳама намудҳои тағйироти нормативие, ки номбар шуд воситаҳои маълуманд, ки дар просесси инкишофи забон ба амал меоянд ё сар заданашон мумкин аст. Баъзан дар вайрон шудани сохт ва системаи забони адабӣ ҷараёни пуризмўҳнапарастй) ва кўшиши аз забон баровардани калимаҳои бегона (заруру нозарур) днда мешавад. Чунин кўшиши зараровар дар забони тоҷикй дар со.лҳои 20-ум, дар Россия солҳои аввали баъди революсия (дар шакли забони интелегенсия ва забони деҳқонон) рўй дода буд. Ин ҷараён бо шоири «барои маданият нутқ» баром карда, ба система ва нормаи забони адабӣ таъсири бад расониданй буд. Аммо пуризм баъзан ба забон фоида ҳам дорад. Масалан, дар асрҳои ХVII-ХVIII дар Германия ба муқобили калимаҳои бегона мубориза сар шуда натиҷаи мусбат овард. Зеро дар ин асрҳо забонҳои франсузй ва лотинй ба забони немисй таъсири зиёд дошт ва хавфи мағлуб шудани забони миллии немисй ба миён омада буд. Аммо дар Россия ва дар мо солҳои аввали баъди революсия мафҳуми маданият нутқро нодуруст фаҳмидаанд. «Маданияти забони адабӣ забони аз ҷиҳати назариявй бошуурона коркардашудаи адабӣ мебошад»-мегўяд Б.Гавринек.
130. МУНОСИБАТИ ЗАБОН БО ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛ
Олими машҳури Россия Г.Алермяков дуруст масъала мегузорад, ки зарбулмасал ҳам ҳодисаи забон, ҳам мантиқу фалсафа ва ҳам фолклору адабиёт аст. Аз ин рў, ба он чиз бояд эътибор дод, ки зарбулмасалро ҳам забоншиносон ҳам фолклоршнносон ва ҳам файласуфҳо меомўзанд. Вазъи инкишофи паремиология зарбулмасал мантиқан ба ҳамин оварда расонид, ки соли 1964 бо ташаббуси ҷамъияти Адабии Финландия дар шаҳри Хелсинки маҷаллаи байналхалқии «Провербиум» «Зарбулмасал» таъсис ёфт. Ин маҷалла то соли 1974 соле ду маротиба ба забонҳои англисй, франсавй, русй ва немисй нашр гардидааст, ки дар атрофи ин мачалла паремиологҳои намоёни ҷаҳон муттаҳид шуда буданд. Бо шарофати мачалпаи «Провербиум» ахбори илмй нағз ба роҳ монда шуда буд, ки ҳама гуна навигариҳои соҳаи паремиология ва паремиография нашри зарбулмасал дар саҳифаҳои «Провербиум» чоп шуда, дастраси мутахассисон гардидаанд. Зарбулмасал аз рўи нишонаҳои муайян ба фразеология қаробат дорад. Ҳам зарбулмасал ва ҳам ибораҳои фразеологии рехта устувор маҷозй буда, вирди забон ҳастанд ва дар қолабҳои рехтаи худ истеъмол мешаванд. Вале ибораҳои фразеологй воҳиди луғавй буда, мафҳумро мефаҳмонад ва аз ҷиҳати сохт ибора асту халос. Зарбулмасал бсшад, жанри бадеист, фикри томро ифода мекунад ва аз ҷиҳати сохт ҷумла аст. Зарбулмасал ҷумлаи рехтаю суфтаи мўъҷазест, ки маъниҳои амиқи ҳакимона дорад, тобишҳои гуногуни маҷозй мегирад ва дар нутк ба таври тайёр истеъмол мешавад. Зарбулмасалҳо ҳачман аз 2 то 10 калима ва аз 4 то 30 ҳиҷо таркиб меёбад. Ҳачми миёнаи зарбулмасал 6 калима ва 12 ҳиҷо аст. Ҳоло ҳамин кадар гуфта метавонем, ки дар репертуари имрўзаи гуфтугўии зарбулмасалҳои тоҷикон зарбулмасалҳои ғайритоҷикй туркй-ўзбекй, арабй, русй, забонҳои помирй 9 фоиз ба зарбулмасалҳои аслан китобй, ки муаллиф дорад, 12 фоизро ташкил мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки байни тоҷикон ҳар зарбулмасали 11-ум ба забони ғайритоҷикй ва ҳар зарбулмасали 9-ум аз ҳисоби афоризмҳои китобй маъмул гардидааст.


131. Таърихи пайдоиши хат.
Пеш аз он ки оид ба пайдоишу такомул ва навъҳои хат сухан равад, донистани он, ки хат чист ва хусусияту вазифаҳои он аз чиҳо иборатанд, аз аҳамият холӣ нест. Овардаанд, хат воситаи сабти нутқ буда, ин ё он ҷузъи нутқро бо ёрии аломатҳои тасвири ифода мекунад, барои аз як ҷо ба ҷои дигар фиристодан ва дар вақти муайян воқеъ шудани онро сабт кардан имконият медиҳад, яъне сабт мегардад. Хат бо таърихи башар алоқаи узвӣ дорад, вай баробари пешравию тараққии ҷамъият такмил ёфт, суфта шуд ва дар шакли имрўзааш то ба мо омада расид. Инсони ибтидоӣ на забон дошту на хат. Вақте ки байни инсонҳо барои фикри худро ба дигарон фаҳмондан ва аз фикри дигарон бохабар шудан талаботе зуҳур ёфт, забон ба вуҷуд омад. Пайдоиши забон ҳодисаи ниҳоят мураккаб буда, равнақи дуру дарозро дар бар мегирад. Инсони ибтидоӣ тараққӣ кард, пеш рафт. Ба ҷои гуруҳҳои хурд-хурди авлодӣ қабилаҳо ва иттифоқи қабилаҳо ташкил ёфт. Акнун инсони ибтидоиро лозим меомад, ки на танҳо ба авлоду қавми худ, балки бо қавму қабилаҳои дигар робитаю алоқа ба миён орад, мақсадашро ба онҳо низ фаҳмонида тавонад. Аммо нутқи овозй дар ин шароити таърихӣ тамоми эҳтиёҷи ўро қонеъ кунонда наметавонист, чунки нутқи овозиро аз як ҷо ба ҷои дигар фиристодан мумкин набуд. Барои рафъи ин эҳтиёҷ хат ихтироъ гардид. Асоситарин фарқи хат аз нутқи овозӣ дар он аст, ки агар хат ҳамчун ашёи аёнӣ ба воситаи қувваи босира (биноӣ) дарк карда шавад, нутқи овозӣ бо ёрии кувваи сомеа (шунавоӣ) эҳсос мегардад. Хат дар ибтидо чун воситаи иловагии мададрасоне барои муҳовира (гуфтугў) ба вуҷуд омад ва бештар барои ба масофаи дур расонидани нутқ хизмат мекард. Ин худ як хусусияти муҳимми хат аст. Ҳамин тариқ, инсоният бо кашфиёти бузурге ноил гардид. Акнун вай метавонист, ки фикрашро сабт карда, на танҳо ба атрофиён, балки ба шахсони дур фиристад ё ба ояндагон мерос гузорад. Донишмандон хатро, аз руи он ки нутқро чӣ тавр ифода кардааст, ба чаҳор гурўҳи асосӣ ҷудо мекунад:

Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish