1.Мукаддима маълумот дар бораи фан
Фане, ки дар бораи забошиносй баҳс мекунад, илм дар бораи забон ё лингвистика ном дорад. Калимаи лингивистика истилоҳи умумиҷаҳонй буда, дар баъзе забонҳо бо тағьироти фонетикй [дар забонҳои франсузй -latingustigue:анлисӣ- linguisties; немисй- die linguistik] дучор шавад ҳам, ба як маъно истеъмол мешавад. Лингвистика аз чиҳапш донистани нормаҳои амалии забон, дарк кардани қонуниятҳои он ва муайян намудани соҳаҳои назарявии забон мебошад. Барои лингвистика забон объекти асосии тадқиқот мебошад. Лингвистика сохти забон, функсия, тарақкиёти он ва инчунин муносибат ва алоқаи онро бо ҷамъият, шуур, тафаккур ва маданият меомўзад.
Забоншиносй ба ду қисм ҷудо мешавад:
Забоншиносии тасвирй - синҳронй;
Забоншиносии таърихй - диахронй.
Забошиносии тасвирй қонуниятҳои мавҷудаи забонро дар як давраи таърихй меомўзад. 2.Забоншиносии таърихй бошад, аз сарчашмахои таърихй ғизо гирифта, ягон қонунияти забонро аз нуқтаи назари таърихй дар мукоиса бо забонҳои бо хам хеш меомўзад. Дар солҳои охир фанни нав бо номи забоншиносй ва фанҳои табий пайдо шуд, яъне забоншиносй ва фанҳои табий бо илмҳои дигар, аз ҷумла, бо философия, мантиқ. таърих, этнография. археология ва ғайра алоқаи зич дорад. Дар асоси философия базаи забошиносии илмй сохта мешавад, ки бо ин роҳ муаммоҳои принсипиалии забоншиносй, монанди масъалаи мавҷудияти забон', роли он дар ҷамъият, ба вуҷуд омадани тараққиёти забон ва ғайраро дар бар мегирад. Ҷараёни нутқ танҳо ҳолати психологӣ набуда, балки ҷараёни физиологй низ мебошад, зеро ба вуҷуд овардану аз худ намудани овозҳои нутқ танҳо ба фаъолияти органҳои махсуси инсон хос аст.
2.Максад ва вазифаи асосии фан
Вазифаи курси «забоншиносй ва фанҳои табий» иборат аз он аст, ки талабагонро, ки асосҳои илми забошиносиро аз худ кардаанд, назарияву таърихи забонро хондаанд, бо забоншиносии ҳозира, бо равияҳои навтарини он, бо муаммоҳои асосй, идеяву методология ва методикаи омўхтани ин фанро меомўзад, шинос мекунад. Курси забоншиносй ва фанҳои табий хусусиятҳои хоси худро дорад. Якум ин ки ин курс мураккаб ва васеътар аст. Соатҳое, ки ба ин фан ҷудо карда шудааст, хеле зиёд буда, монанди дигар фанхо дастури махсус надорад. Дуюм ин ки ин курс ду нақшаи махсус дорад: аз як тараф, ин курс бояд дониши лингвистии талабагонро ҷамъбаст намояд, аз тарафи дигар, вай бояд донишчўёнро ба мустақилона ҳал карда тавонистани муносибати фани забоншиносй бо фанҳои ҷамъиятй ва фанҳои дақиқ чӣ гуна аст, омода намояд. Забоншиносй ба таври илмй омўхтани забонҳои ҷудогона е гурўҳи забонҳо, бо роҳи ҷамъбасти тадқиқоти илмй тартиб дода мешавад. Вазифаи забоншиносй аз таъин намудани масъалаҳои зерин иборат аст:
Забон чист? Моҳият ва тараққиёти вай аз чй иборат аст? Забон чй тавр тараққй мекунад?2.Методҳои асосие, ки бо ёрии онҳо забон, асоси он, таърихи тараққиёт, муносибати вай бо забонҳои дигар омўхта мешавад, кадомҳоянд?
3.Таркиб ва сохти забоншиносии гуногуни вай фонетика, морфология, синтаксис, лексикология, стилистика ва муносибати байни онҳо чи гуна аст?
4.Мавқеи забошиносй дар байни системаи илмҳо чи гуна аст? Вай ба кадом системаи илмҳои табий-таърихй ё ба илмҳои ҷамъиятй дохил мешавад?
Ба ин саволҳо забоншиносй чавоб медиҳад.
Забон муҳимтарин воситаи алоқаи одамон мебошад. Бе забон муомилоти инсонй ва бе муомилот ҷамъият ва худи инсон ҳам вуҷуд надорад, зеро бе забон фаҳмидани воқеият аз имкон берун аст.
3.Алокаи фанни мазкур бо фанхои дигар
4.Предмети фанни забоншиноси бо фанхои дигар
Дар солҳои охир фанни нав бо номи забоншиносй ва фанҳои табий пайдо шуд, яъне забоншиносй ва фанҳои табий бо илмҳои дигар, аз ҷумла, бо философия, мантиқ. таърих, этнография. археология ва ғайра алоқаи зич дорад. Дар асоси философия базаи забошиносии илмй сохта мешавад, ки бо ин роҳ муаммоҳои принсипиалии забоншиносй, монанди масъалаи мавҷудияти забон', роли он дар ҷамъият, ба вуҷуд омадани тараққиёти забон ва ғайраро дар бар мегирад. Ҷараёни нутқ танҳо ҳолати психологӣ набуда, балки ҷараёни физиологй низ мебошад, зеро ба вуҷуд овардану аз худ намудани овозҳои нутқ танҳо ба фаъолияти органҳои махсуси инсон хос аст. Ба ҳамин сабаб, омўхтани ҳолатҳои фонетикй лингвистикаро бо акустика наздик мекунад.
Маълумоги топонимй ҳам дар илми забоншиносй аҳамияти ниҳоят калон дорад. Бо омўхтани номҳои географй мо метавонем ҳудуди паҳншавии ин ё он забонро муайян кунем. Маълум аст, ки дар солҳои охир ба соҳа қаробатй соҳаҳои нави илм: математика, кибернетика ва монанди инҳо дида мешавад. Соҳаи асосии кибернетика муносибати назарияи ахборот мебошад. Ин бо калимаҳои махсус равона кардани маълумот аст, ки онро мошинаи электронӣ анҷом медиҳад.
5.ПСИХОЛИНВИСТИКА ВА НАЗАРИЯИ СИГНАЛҲОИ АКАДЕМИК ИлПАВЛОВ
Дар тадқиқоти академик Иллавлов масъалаҳои забоншиносй ва назарияи сигналҳо аз ҷиҳати назариявй дуруст ҳал шуд. Ў менависад: «...одамони ибтидой то он вақте ки ба дараҷаи одамони ҳозира тараққй карда нарасида ва ба вазъияти мо наздик намуда буданд, ба дунёи воқей танҳо бо ёрии ҳар як мутаассиршавии ҷудогона, дар асоси ҳар гуна эҳсосот - биной, шунавой ва ғайра наздик мешуданд». ИлПавлов таълим медиҳад, ки дунёи воқеие, ки моро иҳота кардааст, ба одамон таъсир мерасонад. Онҳо ба воситаи органҳои гуногуни ҳисси биной, шунавой, ҳарорат ва ғайра дунёи ҳақикиро дарк менамояд, ки он ба инсон эҳсосот ва тасаввурот ба вуҷуд меоварад.
«Таассурот, эҳсосот ва тасаввурот, ки аз муҳити берунӣ ҳосил мешаванд, чй умумитабий ва чй иҷтимой ба истиснои калима, ки шунида ва фаҳмида мешавад, системаи якуми сигнали ҳақиқат буда, ... ва ҳайвонот умумист».
Системаи дуюми сигналӣ ба тафаккури абстракт ва ба калима вобаста мебошад. Мувофиқи ақидаи ИлПавлов: «Афзалияти куллии инсон нисбат ба ҳайвонот аз он иборат аст, ки инсон дорои мафҳумҳои умумие мебошад, ки онҳо бо ёрии калимаҳо ташкил ёфтаанд... Калима системаи дуюми махсуси сигнали ҳақиқати моро ташкил дода, сигнали сигналҳои якум шудааст»1. Иллавлов. Тадқиқотҳои Иллавлов ва шогирдони ў ба таври эътимоднок нишон медиҳанд, ки маймунҳои одамшакл қобилияти рафтори интеллектуалй дорад. Масалан: Дар назди маймун дар рўи столи паси панчара себ гузошта шудааст, аммо дасти маймун ба себ намерасад. Ҳайвон хўрокро бо ёрии чўбе, ки дар дасташ буд, мегирад. Бо маймуни дигар таҷрибаи мураккабтаре гузаронида шудааст. Дар столи дар масофаи аз панчара як метр дуртар себ гузошта шудааст. Маймун фавран чўбро ба ҳамон тараф дароз мекунад, аммо чўб кўтоҳ аст. Чўби дигарро мегирад, аммо он ғафсй мекунад. Он гоҳ маймун чўбро мехояд ва боз себро гирифтанй мешавад, вале ин дафъа ҳам кўшишаш бемуваффақият мебарояд. Хулоса, 15 чўбро санчида мебинад. Маймун ба натиҷае муваффақ нашуда, бар маркази катак давида меравад ва аз чўби овезон химчаи 1,5 - 2 см ғафси ва 75 см дарозй доштаро бо дандонаш шикаста мегирад, баъд ба назди панчара баргашта, себро бо химча ба тарафаш мекашад.
Do'stlaringiz bilan baham: |