18.Таснифи методҳои асосии лиигвистй.
Яке аз проблемаҳои методологияи лингвистӣ таснифи метод ва тарзу усулҳои (приём) лингвистӣ, кор карда баромадани методикаи таҳлилҳои лингвистӣ ва инчунин масъалаҳои татбиқи тарзу усулҳои лингвистӣ ва методҳои муштараквазифа мебошад. Азбаски вазифаи асосии забоншиносй омўзиши забонҳои конкретист, таснифи методҳои лингвистӣ ҳам вобаста ба объекти омўзиш муайян карда мешавад. Забоншиносй низ ба мисли илмҳои дигар маҷмўи илмҳои лингвистиро дар бар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни система ва нормаи забон ва инчунин инкишофу вазифадории онҳоро тадқиқ мекунад. Кўшиши олимоне, ки барои тадқиқоти лингвистӣ методи ягона (универсалӣ) сохтанй буданд, ба мисли олимоне, ки методи философия, аниқтараш методи диалектикаи материалистиро методи махсуси лингвистӣ гуфта маҷмўи аспектҳо ва методҳои илмй- тадқиқотиро меноманд, ки мумкин аст қонуну қоидаҳои умумй дошта бошад ва ё бо методикаи тадқиқот ва роҳҳои тасвир фарқ кунад. Тарзу усул ва методҳои лингвистиро вобаста ба мактабҳо ва ё ҷиҳатҳои гуногуни забон тасниф кардан мумкин аст. Ҳамаи воҳидҳои забон бо як тарзу усул ва ё роҳ тадқиқ карда намешавад. Дар тадқиқи овозҳои забон аз аппаратҳои махсус ва ё аз приёмҳои оппозисиониву мавқеъгй истифода баранд, дар омўзиши синтаксис аз приёмхои гуногуни синтаксисй ба мисли мантиқӣ-грамматикй, таҷзияи актуалӣ, трансформаторӣ ва ғайра истифода мебаранд. Ба методҳои асосии лингвистӣ методҳои тасвирй, муқоисавй ва нормативй-услубй дохил мешаванд. Ин методҳо вобаста ба ҷараёнҳои забоншиносй, вобаста ба қисматҳои забоншиносй бо тарзу роҳҳои гуногун, инчунин бо методикаю приёмҳои гуногун истифода мешаванд. Ҳар яке аз ин методҳо функцияву вазифаҳои худро доранд ва тарзу тариқи истифода ва кор фармудани онҳо ҳам як хел нест.
20.Методҳои суратгирй ва кимография
Дар вақтҳои охир методи суратгирй ё киногирй барои таҳқиқи кори лабҳо дар тавлиди таснифи овозҳои нутқ истифода мешавад. Барои инъикоси кору ҳолати лабҳо дар ҷараёни овозсозй аз дастгоҳи киногирй (кинофотоапарат), ки дар як сония 32-48 кадр медиҳад, истифода мешавад. Бо асбоби махсус (оинача) муттаҳид будани ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки ҳолати кори лабҳо хам аз пеш (нафас) ва ҳам аз бар (профиль) суратгирй шавад. Муҳаққиқ вобаста ба талаби худ муҳимтарин ва маъмултарини онҳоро мавриди та.ҳқиқ қарор диҳад. Истифодаи ин метод имконият медиҳад, ки на танҳо лабй ё ғайрилабй будани овоз, балки дараҷаҳои мухталифи лабишавй ва делбабилизасияи овозҳо (артикулясияи овозҳо) ошкор карда шавад. Аз ин рў, ҳамаи кўшишҳои фонетикаи озмуниро эксперементалй - таҷрибавй аз илми забоншиносй ҷудо карда, ба фанҳои табий нисбат додан ҳамеша бенатиҷа буданд ва бемувафақият хоҳад монд. Зарурати истифодаи методҳои озмуниро моҳияти биологию физикии забон пеш меорад.
Do'stlaringiz bilan baham: |