1. Мукаддима маълумот дар бораи фан


Роҳҳои асосии методи муқоисавй-таърихй



Download 0,85 Mb.
bet20/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

103. Роҳҳои асосии методи муқоисавй-таърихй кадомхоянд.
Роҳҳои асосии методи муқоисавй-таърихй ннҳо мебошанд:
а) Муқаррар намудани айнияти генетикй;
б) Азнавсозии шакли қадима;
в) Муқаррар кардани хронологияи пурра ва нисбй:
1.Муқаррар намудани айнияти генетикӣ. Роҳҳои муқаррар намудани айнияти генетикии овозҳо ва шаклҳои грамматикии забонҳои хеш фактҳои забониро предмети тадкики методи муқоисавй-таърихй гардонидааст. Дар забоншиносии муқоисавй- таърихй ҳамон гуна мувофиқии овозҳо, морфемаҳо, калимаҳо ва ибораҳоро айният меноманд, ки пайдоиши умумй доранд, яъне ба хам монандии генетикй доранд. 2. Азнавсозии шакли қадима. Ҳаминро ҳам қайд кардан лозим аст, ки ҳамаи овозҳо, морфемаҳо ва калимаҳои ҳозира шакли қадима, шакли нахуст забони худро надоранд. Ба ин калимаҳои решагии ифодакунандаи он мафҳумҳое дохил мешаванд, ки дар кадим низ дучор мешуданд. Муқоисаи калимаҳои бародар, падар, хоҳар ва ғайра дар забонҳои гуногун ба ин шаҳодат медиҳад. 3.Муқаррар намудани хронологияи пурра ва нисбй. Забонҳои хеш на танҳо шакли қадимро нигоҳ медоранд, балки ба ҳамон монанд калимаҳо ҳам месозанд. Дар давраи нахустзабон ҳам диалектҳо буд. Диалектҳои хеш дар давраи таракқиёти забон муттаҳид шуда, забони ягонаро инкишоф додаанд ва баробари забони ҷудогонаи мустақил ҳам гардидаанд. Барои муайян намудани шакли қадима муқаррар кардани он, ки аввалин бор он дар кучо ва кай зикр шудааст, аҳамияти калон дорад. Осори боқимондаи хаттии забонҳо як хел нест. Осори хаттии забони хетй ба асри Х1У-Х111 пеш аз милод тааллуқ дошта бошад, забони қадимаи юнонй аз асри Х-1У, форсии қадим аз асри У1-111, санскрит Ш, вале забони ботй аз асри У-У1, арманй қадим У-1Х, словянии қадим 1Х-Х1, литовй аз асри ХУ1 ба мо омада расидаанд. Усули хронологияи нисбй аз он иборат аст, ки бо роҳи омўзиши пахншавй ва аҳамиятнокй аз ду ҳодисаи системаи забони қадимй будани яке аз онҳо нисбат ба дигараш муайян карда мешавад.

104.ВАЗИФАИ ЗАБОН ДАР ҶАМЪИЯТ
Забон ба ҷамъият ва аъзоёни он бетафовут хизмат мекунад. Ба ҳамин сабаб забонро аз қабили ҳодисаҳои ҷамъиятй медонанд. Аммо хизмати забон ба ҷамъият аз хизмати дигар ҳодисаҳои ҷамъиятй (базис, настройка, идеология) фарқ мекунад. Ба ҷамъият хизмат кардани забон ҳоло маҳаки ҳодисаҳои ҷамъиятй донистани он намешавад. Масалан, баъзе ҳодисаҳои табий (гидротурбинаро ба ҳаракат даровардани қувваи об), ҳатто машина, поезд, самолёт ва ғайра ба ҷамъият хизмат мерасонанд, аммо бо ин онҳо ҳодисаи ҷамъиятй дониста намешавад. Ҷиҳати асосии базис аз он иборат аст, ки вай ба ҷамъият аз ҷиҳати иқтисодй хизмат мекунад. Надстройка бошад, бо хизмати сиёсй, юридикй, эстетикй ва дигарҳо нормаҳои ҷаҳонбинии ҷамъиятро муайян менамояд. Яке аз ҷиҳатҳои асосй ва фарқкунандаи забон дар он аст, ки забон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти инсонй бетафовут ба ҷамъият ва аъзоёни он хизмат мекунад. Ба ҳамин сабаб забон бо ҳодисаҳои дигарм ҷамъиятй пурра баробар шуда наметавонад.

105.ЗАБОН ВОСИТАИ ИФОДАИ ШУУРИ ҶАМЪИЯТЙ
Яке аз аломатҳои асосии забон чун ҳодисаи ҷамъиятй инъикос ва ифодакунии шуури ҷамъият (тафаккури ҷамъиятй) мебошад. Инъикос ва ифодаи фикр дар сурати авзат сабаби асосй менамояд, зеро машинаҳо ҳам то андозаи ин вазифаро иҷро карда метавонанд. Аммо набояд фаромўш кард, ки худи он машинаҳо маҳсули инкишофи тафаккур ва шуури инсон мебошанд. Ба ҳамин сабаб ҷиҳати асосй ва фарқкунандаи забон аз дигар ҳодисаҳои ҷамъиятй дар он аст, ки танҳо забон қобилияти пурра дарк карда ва ифода намуданн шуури ҷамъиятро доранд. Чунон ки мебинем, шуури ҷамъиятй инъикоси бевосита ва дурусти ҳаёти материалии ҷамъият будааст ва дарку ифодаи он танҳо ба воситаи забон (забони ҷамъиятй) имконпазир аст.
Баъзе элементҳои шуури ҷамъиятй (аз қабили ҷаҳонбинии снёсй, юридикй, динй, философй) ба настройка дохил мешаванд, баъзеашон (масалан, илмҳои табий, техника) ба настройка дохил намешаванд, вале ин ба инкишоф, инъикос ва ифодаи шуури ҷамъиятй будани забон халал намерасонад. Забон маҳсули ҷамъияти одамон аст, вай барои ҷамъияти одамон хизмати бевосита мекунад. Психология шуурро яке аз хосиятҳои олии майна медонад, ки он танҳо ба инсон хос буда, бо забон алоқа дорад. Вай ҳакиқатро дарк ва ҷамъбаст карда метавонанд. Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятй бо ҳамин хусусиятҳояш аз ҳодисаҳои дигари ҷамъиятй фарқ мекунад. Ба сабаби характери умумиҷамъиятй доштани забон, тафаккур ҳам хусусияти умумиҷамъиятй мегирад. Забон яке аз шартҳои асосии мавҷудияти ҷамъият аст. Забон хусусиятхои аломатии худро муддатҳои зиёд нигоҳ доштааст ва он яке аз воситаҳои асосию аввалини мавҷуди ҷамъият мебошад. Ин масъаларо дар забоншиносии ғарб ба тарзҳои гуногун маънидод мекунанд. Чунон ки пеш гуфта будем, ик масъаларо дар мактабҳои забоншиносии ғарб ба таври дигар эзоҳ медиҳанд. Масалан, Гумболд гуфта буд: Забон чун тасвири ҳақиқати реади, ки шуури одамонро ба шакл дарорад, ба вуҷуд омадааст. Шогирдону тарафдорони неогумболдчиён), ҳатто гуногунии забонҳоро сабаби гуногунии дин меноманд. Ин ақида аз нуқтаи назари марксистй нодуруст аст, зеро забон маҳсули ғояҳои динй - иқтисодй набуда, балки воситаи ифодаи фикр бетафовут барои ҳама мебошад.


106.БА ЗАБОН ТАЪСИР РАСОНИДАНИ СОХТИ ҶАМЪИЯТ
Сохти ҷамъият ба забон ва инкишофи он бевосита таъсир мерасонад. Масалан, дар давраи феодализм халқи ба як забон гап мезада ба гурўхҳои зиёд ҷудо мешавад ва онҳо забони ягон: давлатй надоранд. Ин ҳодиса бешубҳа ба инкишофи забон таъсир мерасонад. Дар натиҷа дар як забон шеваю лаҳчаҳои гуногуни аз ҳам то андозае фарқкунанда ба амал меояд. Ҳар гурўҳ (шеваю лаҳчаҳо) терминҳои аз гурўҳи дигар фарқкунанда эҷод мекунад. Агар ин ҳолат муддати зиёд давом кунад, забони он гурўҳҳо бештар фарқ кардан мегирад (масанан, дар мо забонҳои помирй, забонҳои Доғистон ҳамин проссесро аз сар гузаронидаанд). Баъзан дар натиҷаи муттаҳидшавии халқҳо дар таркиби як давлат ва ё миллат барои он миллат забони аз истеъмол баромадаи (мурдаи) он халқро зинда кардан мехоҳанд, ки дар натиҷа бисёр калимаҳои дар истеъмол буда аз истеъмол мсбароянд, системаи забон тағйир меёбад. Масалан, забони ҳиндуи қадим дар Исроил. Ё худ пеш аз Револусия бисёр шева ва лаҳчаҳои тоҷикон то дараҷае фарқ чарда буд, аммо ба сабаби ташкил шудани давлати ягонаи миллии тоҷикон, забони ягонаи миллй - давлатй чои худро гирифта тавонист. (Аз ҷумла мурда рафтани забонҳои эронй: суғдй, хоразмй...)

Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish