1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet18/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   14   15   16   17   18   19   20   21   ...   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

97. Роҳҳои артикулясионй-акустикӣ.
Роҳҳои артикулясионй-акустикӣ. Овозҳо, ҳиҷоҳо ва интонасня воҳиди материалии забон буда, ба ҷиҳати табиии забон, ба ҳодисаи ортикулясионй-физиологй ва акустикӣ-физиологй алоқаманд мебошад. Аз ин ҷиҳат овозҳои нутқ хусусияти физикивй биологй доранд, баробари ин онҳо ҳамчун маҳсули фаъолияти дараҷаи олии асаби инсон ҳодисаи психикй низ мебошанд.


98. Хусусияти физикй ва физиологии овозҳои нутк.
Хусусияти физикй ва физиологии овозҳои нутк бо ёрии мушоҳидаи бевосита ва роҳҳои методи таҷрибавй-фонетикй омўхта мешавад. Хусусиятҳои артикулясионй-психологӣ ва акустикй психологии овозҳои нутқ ба воситаи методи классификасионй таҳлили конпонентии артикулясияи овозҳо ва кори артикулясионй омўхта мешавад. Конпонентҳои артикулясия ба воситаи таблисаҳои классификасионй, ки барои садонокҳову ҳамсадоҳо ҷудогона сохта мешавад, тасвир карда мешавад. Масалан, ҳамсадоҳои забони тоҷикй аз рўи љои талаффуз, тарзи талаффуз ва иштироки садо тасниф карда мешаванд, садонокҳо аз рўи катор, бардошт, ки ба ҳаракати забон вобаста мебошад, иштироки лаб ва устуворию ноустуворй тасниф карда мешаванд. Дар забонҳои полякй ва франсузй дар таснифи садонокҳо боз хусусиятҳои димоғии онҳо, дар немисии дарозиву кўтаҳии садонокҳо низ ба эътибор гирифта мешавад.


99.Методи дистрибутивй.
Методи дистрибутивй. Воҳидҳои забон дар матн ба ҳамдигар наздик ва пахдў ба паҳлў чой мегиранд. Синтагматика ба ин масъала муносибати наздик дорад, зеро вай назарияи синтагма ва алоқамандии воҳидҳон забонро меомўзад. Дар байни усулҳои омўзиши алоқамандкунй роҳҳои мавқеъгй ва дистрибутивиро қайд мекунанд. Роҳи мавқеъгй ба мавқеи воҳидҳои забон асос карда шудааст. Бо ёрии методикаи дистрибутивй доираи воҳидҳои забонӣ, контексти онҳо омўхта мешавад. Яке аз роҳҳои методикаи дистрибутивй валентият ( валентность - бо ҳам алоқамандона омада тавонистани калимаҳо) мебошад. Дар вақти бо роҳи валентият омўхтан муносибати калимаи асосию тобеъ ба назар гирифта мешавад. Калимаро ба кадом калима хоҳед, алоқаманд карда наметавонед. Масалан, калимаи омадан бо калимаҳои имрўз, тез, аспакй, бо рафиқ ба хона ... алоқаманд шуда метавонад, вале бо китобро муносибат пайдо карда наметавонад чунки феъли монда аст. Ё ки ҷумлаи «Мо омадем» баъди худ ҷумлахои пайрави мақсад, замон, сабаб гирифта метавонад, вале ҷумлаҳои пайрави мубтадо, пуркунанда, хабар ва муайянкунанда гирифта наметавонад. Сабаби ин гуна ҷумлаҳои пайравро қабул карда натавонистани сарҷумлаи «Мо омадем» он аст, ки ҷумлаи пайрави мубтадо ва муайянкунанда бар эзоҳи предмет меоянд, дар ин сарчумла бошад, ии гуна предмети эзоҳталаб нест. Сабаби чумлаи пайрави хабар нагирифтанаш он аст, ки чум.лаи пайрави хабар танҳо ба хабаре тобеъ мешавад, ки бо чокишини ишорати ифода гардидааст. Сабаби ҷумлаи пайрави пуркунанда нагирифтанаш он аст, ки хабар омадем, бо феъли монда ифода шудааст, ин гуна хабар љумлаи пайрави пуркунанда қабул карда наметавонад.
Намудҳои контекст низ ба воҳидҳои забон таъсир мерасонад. Масалан, ибораи «дандон ба дандон мондан»-ро дар ҳама гуна магн овардан мумкин нест. Пас яке аз роҳҳои методикаи дистрибутивй ихотаи воҳидҳои забон нисбат ба якдигар будааст. Чй андоза маънои калима ва ё ҷумла васеъ бошад, ҳамон дараҷа алоқамандии он бо калимаҳои дигар ва иҳотаи он мураккабтар мешавад.


100.Роҳҳои маънидоди дохилй.
Воҳидҳои забон сохти дохилии худро доранд. Омўзиши структураи воҳидҳои забон ва категорияҳои онҳо ба мавҷудияти маънидоди хоси онҳо далолат мекунад. Роҳҳои маънидоди дохилиро ба ду намуд ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Роҳҳои тасниф ва мураттаб намудан. Ин ба ҷудо намудани гурўҳҳои гуногун, навъҳо ва классҳои воҳидҳои забон нигаронида шудааст.

  2. Роҳҳои азнавсозй, аз ҷумла методикаи трансформасионй. Роҳҳои тасниф ва мураттаб намудан. Предметҳо ва ҳодисаҳои гуногунро аз ҷумла ҳодисаҳои забониро аз рўи умумият ва фарқашон ба гурўҳҳо ва ё классҳои ҷудогона тақсим мекунад, ки хаминро тасниф мегўянд. Дар забоншиносй дар асоси ҷинсу намуд ва дихотомия ба ду ҷудо намудани мафҳумҳо таснифот гузаронидан васеъ истифода бурда мешавад. Дихотомия, ки хоси мантиқ аст, мафҳумҳоро ба ду намуди ба ҳам зид ҷудо менамояд: намуди мутлақу давомдор, падежи бевоситаву бавосита, танҳову ҷамъ, камию зиёдии аломат ва ғайра. Ба таснифоти лингвистӣ калимаҳоро ба ҳиссаҳои нутқ, ҷумлаҳоро ба соддаву мураккаб, овозҳоро ба садоноку ҳамсадо ҷудо намудан хос аст. Аз нуктаи назари мантиқ, таснифот бояд ба қонунҳо ҷудо намудани мафҳумро риоя кунад. Дар лингвисгика аксар ба ин қонун риоя накарда, танҳо аз рўи система, яъне бе асосҳои мантиқӣ кардан мушоҳида карда мешавад. Вале баъзе ҷараёнҳо ва мактабҳои мантиқӣ ва мантиқӣ-математикй ба қонунҳои мантиқ риоя карданро татаб мекунад. Роҳҳои азнавсозй ва методикаи трансформасионй. Роҳҳои азнавсозй фаҳмиши забон чун проссес, чун структураи динамикй бо воҳидҳои ҷудогона, ки ба ҳамдигар алоқаманданд, ба забоншиносии муқоисавй-таърихй, аз тарафи дигар, бо лингвистикаи мантиқӣ ва таҳлили услубии матни бадей вобаста мебошад. Дар забоншиносии муқоисавй-таърихй роҳи азнавсозй барои муайян намудани пайдарҳамии хронологии воҳидҳои забонӣ, барои шаклҳои қадима истифода мешавад. Дар лингвистикаи мантиқӣ ин роҳ барои таҳлили хусусиятҳои синтаксисии сохти синтаксисй истифода бурда мешавад. Масалан, забоншиноси рус Ф.И.Буслаев методикаи трансформаториро барои ихтисор ва ё кўтоҳ кардани ҷумлаҳои пайрав истифода кардааст.



101.МЕТОДИ МУҚОИСАВЙ ВА ХУСУСИЯТҲОИ БА ХУД ХОСИ ОН

Муқоиса яке аз тарзу усулҳои илмй буда, дар тамоми соҳаҳо ба кор бурда мешавад. Ин усулро дар забоншиносй низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар муқоиса бо забони дигар омўхтани забони модарй ё ки бо роҳи муқоиса муайян намудани хусусияти хоси худи хар як забон ниҳоят мувофиқ ва аҳамиятнок аст. Факту далелҳои як забон ва ё чанд забон муқоиса шуданаш мумкин аст. Ҳангоми муқоиса ходисаҳои умумй ва хоси як забон ва ё забонҳои гуногун мукаррар ва муайян карда мешавад. Ин аст, ки муқоиса ҳамчун амалиёти умумиилмии тафаккур дар тамоми методҳои таҳлили пингвистй иштирок мекунад. Одатан дар методикаи тадқиқотҳои лингвистӣ муқоисаи дохилизабонӣ ва байнизабониро ба куллй фарқ мекунанд, зеро дар муқоисаи дохилизабонӣ категория ва ходисаҳои забонии ин ё он забони ҷудогона, вале дар муқоисаи байнизабонӣ забонҳои гуногун тадқиқ карда мешаванд. Аз ин рў, методи муқоисавй зидди методи тасвирй меистанд, зеро дар он чо (тасвирй) муқоиса вуҷуд надорад. Ба таври муқоиса омўхтани ду ва ё зиёда забон хеле машхур аст. Муқоисаи байнизабонӣ, аз як тараф, дар натиҷаи омўхтани забони бегона ва аз тарафи дигар, ҳангоми омўхтани забонҳои хеш ба амал омад. Ин метод дар забоншиносй пештар ҳам дучор мешуд, вале он аз аввали асри XIX машҳур гардид, зеро дар ин вақт забоншиносии муқоисавй-таърихй ба амал омад. Методи муқоисавй дар ду намуд - муқоисавй-таърихй ва муқоисавй-тақкоскунй зоҳир мегардад. Ин методҳо ҳам аз рўи мақсаду вазифа, ҳам материали тадқиқоту ҳудуди истифодаи он ва ҳам роҳу методикаи тадқиқи и.лмй аз ҳам фарқ мекунанд. Методи муқоисавй-таърихй на танҳо мукоисаи ду забон ва ходисаҳои онҳоро нишон медиҳад, балки инкишофи забонҳои хешро ошкор менамояд. Мақсади методи муқоисавй-таққоскунй тасвир кардани ходисаи муқоисашавандаи ду ва ё зиёда забонҳо, муқаррар намудани умумият ва фарқи ин ходисаҳо бе муқоиса бо гузаштаи онҳост. Методи муқоисавй-таърихй ба умумияти генетикаи забонҳо такя кунад, методи муқоисавй-таққоскунй ба мафҳуми ҳодисаи муқоисашавандаи ду забон такья мекунад, ки онҳо мумкин аст, умумияти таърихй надошта бошанд. Бо методи муқоисавй-таърихй ҳам забонҳои хеш ва ҳам вариантҳои таърихии худи.як забонро омўхтан мумкин аст.



Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   14   15   16   17   18   19   20   21   ...   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish