Гуфтори чилу саввум Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1921-1924 аз диди имрӯз
Нақша:
-
Сабабҳои ба амал омадани ҳаракати зиддишӯравӣ ва оғози он.
-
Иғвои Анварпошо ва оқибатҳои он.
-
Барбод рафтани моҷарои Салимпошо ва шикасти Фузайл Махсум.
-
Гузариш ба ҳаёти осоишта.
Ҳангоми сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва бунёди тартиботи нав, чй дар Бухорои Марказй (Ғарбй) ва чӣ дар Бухорои Шарқӣ мардум аз як тараф ба чунин тагйиротҳои ҷиддй ҳанӯз омода набуданд. Аз тарафи дигар ҳангоми амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх урфу одат ва махсусан эътиқоди динии мардуми маҳаллй ба эътибор гирифта нашуд. Ин ҳама баръакс халқро аз тартиботи нав ба канор мекашид. Илова бар ҳамаи ин аз вазъият истифода бурда гурӯҳҳои гуногун ба горати молу мулки мардум машгул мешуданд.
Дар маҳалҳо ҳокимиятҳои нав ҳанӯз пурра барпо нагардида он ба муқобилияти сахт дучор мешуд. Гӯё дар тамоми мулкҳои ҷумҳурй қувваҳои зидди тартиботи нав сабзида мерасиданд. Мардум дар симои аскарони сурх танҳо забткорон ва поймолкунандагони дин ва урфу одатҳои худро дида, баҳри озодии мулкашон мудофиаи дин ва урфу одатҳои худ ба мубориза бархеста буданд. Аз ин рӯ, ба қавли баъзе муҳаққиқон ин ҷанг дар солҳои 1920-1923 ҷанги ҳамватанӣ набуда, балки ҷанги миллию озодихоҳӣ мебошад, ки дурустии он шубҳанок аст. Собиқ амалдорону саркардаҳои амирӣ, бою муллоҳо ва дигар унсурони зидди шӯравй норозигии мардумро нисбати тартиботи нав ба фоидаи худ истифода бурда сарварии онҳоро ба даст гирифта буданд. Масалан, Иброҳимбек писари амалдори амир саркардаи тӯдаи горатгарон, ки ҳанӯз пеш аз инқилоб аҳолиро талаву тороҷ мекард, Фузайл Махсум собиқ беки Қаротегин, Эшони Султон яке аз эшонҳои Ғарм, Давлатмандбий аз Балҷувон ва дигарон сардорони дастаҳои босмачиён гардида буданд. Ҳаракати босмачигарӣ аз охири моҳи апрел то охири моҳи майи соли 1921 қариб тамоми сарзамини собиқ Бухорои Шарқиро фаро гирифт. Ҳамон лаҳзаҳо дар атрофии Иброҳимбек тақрибан 10 ҳазор нафар мардум ҷамъ омаданд. Дар нимаи дуюми моҳи май дар самти Кӯлобу Балҷувон аскарони сурх ба Иброҳимбек зарба заданд ва ӯ ба тарафи Ҳисор ақиб нишаст. Охири моҳи май ва аввали июни соли 1921 водии Қаротегинро низ ҳаракати босмачигарӣ (ё ин ки зиддишӯравӣ) фаро гирифт, ки ба он Фузайл Махсум ва Эшони Султон сарварӣ мекарданд. Дар ноҳияҳои Кӯлобу Балҷувон бошад, қувваҳои зиддишӯравй минбаъд дар атрофи Давлатмандбий ҷамъ омаданд.
160
Иброҳимбек баъди шикастхурӣ дар самти Кӯлобу Балҷувон дастаҳои худро аз ҳисоби лақайҳо зиёд намуда барои ба по хезонидани боқимонда мардуми лақай ва мардуми водии Ҳисор мекӯшад. У якчанд вақт дар Султонобод истода баъд. ба суи деҳаи Мавлоно ҳаракат кард ва ин манзилро «пойтахти давлат»-и худ эълон кард. 22 сентябри соли 1921 дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек ба муҳосираи Душанбе сар карданд. 13 октябри соли 1921 аскарони сурх Иброҳимбекро шикаст доданд ва Мавлоноро ишгол карданд.
Дар чунин вазъият иғвои Анварпошо ба амал омад. Дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ ӯ ҷонишини вазири ҳарбии Туркия дар ҳукумати ҷавонтуркон буд. Дар натиҷаи инқилоб ҳукумати ҷавонтуркон сарнагун карда шуд. Ба сари ҳокимият Камолпошо (Отатурк) омад. Халқи турк Анварпошоро ҳамчун ҷосуси империализми немис аз мамлакат ронданд. Баъдан ӯ моҳи октябри соли 1921 ба Бухоро омад. Сарварони Ҷумҳурии Бухоро ӯро хуш қабул карданд. Анварпошо эшонро бовар кунонид, ки барои ором намудани вазъи Бухорои Шарқӣ кӯмак хоҳад кард. Албатта аз мақсади асосии ин игвогар на ҳамаи аъзоён ва сарварони бонуфузи ҳукумати Бухоро хабардор буданд. Вале аз эҳтимол дур нест, ки сарварони баландпояи ҶХШБ раиси КИМ Шуроҳо - Усмонхуҷа Пӯлодхоҷаев, нозири маъмурияти милитсия полковники турк Али Ризо ва дигарон аз нақшаҳои ӯ ба хуби хабар доштанд. Бинобар ин ба вай як даста саворагони мусаллаҳи содиқро дода ба Бухорои Шарқӣ ( ноябри с. 1921) гусел карданд. Амир Олимхон Анварпошоро сарфармондеҳи «лашкари ислом» таъин намуд.
Дар охирҳои моҳи декабри соли 1921 якчанд ҳазор нафар босмачиён бо фармони Анварпошо Душанберо ба иҳота гирифта онро қариб ду моҳ дар муҳосира нигоҳ доштанд. Хуҷумҳои пай дар паи бомачиёни сершумор, тамомшавии хӯрока аҳволи гарнизонро хеле душвор намуд.
Ҳайати фармондеҳии Шӯравӣ бинобар душвор гардидани вазъияти ҳарбию сиёсиро ба инобат гирифта аз охири моҳи январи соли 1922 сар карда қушунҳоро ба суи Термизу Бойсун равона кардан гирифт. Қисмҳои полки 7- уми тирандоз, ки Душанберо мудофиа мекарданд 14 феврал шаҳрро тарк карда, ба сӯи Бойсун ақиб нишастанд. Ҳамин тариқ қисми зиёди Бухорои Шарқӣ ба дасти босмачиёни Анварпошо гузашт.
Анварпошо ва шариконаш дар ҷойҳои ишғол кардаашон тартиботи давраи амириро ҷорӣ карданд ба ҳамон касоне ки ба аскарони сурх ёри мерасониданду хайрхоҳи Ҳокимияти Шӯравй буданд, ваҳшиёна ҷазо медоданд.
Дар Бухорои Шарқӣ аз сари нав бекиҳо - бекигарии Балҷувон бо сардории Давлатмандбий, бекигарии Дарвоз бо сардории Эшони Султон, бекигарии Душанбе бо сардории Иброҳимбек ташкил карда
161
шуданд. 19 майи соли 1922 Анварпошо ба Хукумати Шӯравӣ ултиматум (талабнома) фиристода талаб кард, ки давлати монархистии дар Осиёи Миёна ташкил карда истодаи вайро эътироф намояд ва дар давоми 15 рӯз қисмҳои аскарони сурхро аз хоки ҶХШБ, ҶХШХ ва ҶМШС Туркистон барорад.
Моҷарои Анварпошо хавфи калон дошт ва барои барҳам додани он чораҳои таъҷилию қатъӣ дидан зарур буд.
Бо қарори КМ ҲК (болшевикии) Россия ва ҳукумат арбоби намоёни ҳизби Орҷонкидзе ва сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбии Россия С.С.Каменев ба Бухоро фиристода шуданд. Қисмҳои аскарони сурх низ фаристода мешаванд. Роҳбарии ^мумии мубориза ба муқобили қӯшунҳои Анварпошо ба зиммаи Каменев гузошта шуд. Ниҳоят, 15 июни соли 1922 ҳуҷуми васеи қисмҳои аскарони сурх ба муқобили Анварпошо сар шуд. Онҳо ба қанотҳо тақсим гардида қаноти чап бо сардорни Мелкумов аз Бойсун ба сӯи Деҳнав, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон, Файзобод ва қаноти рост бо сардории Богданов аз Тнрмиз ба сӯи Қубодиён, Қӯргонтеппа, Кӯлоб, Балҷувон ҳаракат карданд. Дар худи ҳамон рӯз дар маҳалли Бойсун работ бо қисмҳои Анварпошо ҷанги сахт ба амал омад. Дар ин ҷанг Анвар на танҳо таяафоти зиёд дод, ҳатто посбонони шахсии вай ба қисмҳои аскарони сурх асир афтоданд. Қисмҳои боқимондаи Анвар роҳи гурезро пеш гирифтанд. Қисмҳои аскарони сурх аз қафои аскарони гурезаи Анварпошо думболгир шуданд. Онҳо дар натиҷаи ҷангҳои шадид Деҳнав, Юрчй, Регар, Қаротог, Ҳисор ва 14 июл Душанберо аз сари нав ба даст дароварданд. Баъди шикастхӯрӣ дар ҷанги шадиди назди Душанбе дастаҳои Анварпошо ба ҳар сӯ пароканда гардиданд. Аз ҷумла, дастаи Мастчоҳ бо сардории Раҳмондодхоҳ ба қаторкӯҳҳои Ҳисор, дастаи Қаротегину Дарвоз бо сардории Фузайл Махсум ва Эшони Султон ба сӯи Янгибозор қисмҳои ба худи Аиварпошо содиқ ба воситаи Кӯктош ба водии Лақай гурехтанд.
Дар як вақт қисми дигари аскарони сурх (қаноти рост) Ҷилликӯл, Қӯрғонтеппа ва 17 июл Кӯлобро гирифта гузаргоҳи дарёи Панҷро аз Чубек то Баҳорак ишғол карданд. Дар натиҷа пеши роҳи Анварпошо барои ба Афгонистон гурехтан баста шуд. Анварпошо аз ин воқеа огоҳ гардида аз Қӯргонтеппа ба сӯи Сангтуда ҳаракат кард. Бо ҳамроҳии ӯ дастаи Балҷувон бо сардории Давлатманбий низ буд. Дар назди сангтуда ҷанги сахтарин ба амал омад. Анварпошо шикаст хурда ба сӯи Балҷувон гурехт. 17-20 июл дар Балҷувон ҷанги шадиде руй дод. Анварпошо тақрибан бо 500 нафар аскарони содиқаш ба сӯи деҳаи Обдара ақиб гашт. 4 август дар наздикии ин деҳа бо Анвар ҷанги шадиди охирин ба амал омад. Дар ҳамин ҷанг Анварпошо ҳалок гардид. Бо ҳамин муборизаи шадид «иғвои Анварпошо» барояш ба тарзи фоҷиавӣ анҷом ёфт.
162
Давраи иғвои Анварпошо (ноябри 1921 августи соли 1922) нуқтаи баландтарини ҳаракати зиддишуравӣ (босмачигарй) дар сарзамини Пухорои Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Баъди маҳви Анвар ин харақат рӯ Сг.\ пастравӣ ниҳод. Яъне дастаҳои босмачиён дар сарзамини Бухорои Шарқӣ пурра маҳв нашуда, балки аксарашон пароканда гардида буданд. Инак, августи соли 1922 амир Олимхон игвогари дигар, афсари ҷпгари турк Салимпошоро вориси Анварпошо эълон карда ба Бухорои Шарқӣ фиристод.
Тирамоҳи соли 1922 Салимпошо аз дарёи Панҷ гузашта ба қалъаи Хумб дохил шуд. У аз ин ҷо бо кӯмаки эшони Султон ба назди Фузайл Махсум ба Ғарм омад. Дар ин ҷо вай аз муборизаи байни Эшони Султон ва Фузайл Махсум барои ҳокимият воқиф гардида, онро ба фоидаи худ истифода бурд. Фузайл бо дастгирии Салим Эшони ('ултонро шикаст дода, ӯро ба дор кашонд. Кӯри Шерматро низ, ки ин ҷо буд, шикаст дод. Вале Кӯри Шермат аз чанголи Фузайл халос хӯрда ба водии Олой гурехт. Баъд аз ин Фузайл Махсум тамоми босмачиёни Дарвозу Қаротегинро ба итоаташ дароварда, худро амир эълон кард. Вай Салимпошоро ба ивази дастгирӣ ва кӯмакаш вориси Анварпошо н.тирофкард.
Салимпошо моҳи декабри соли 1922 бо отряди 500-600 нафара ба Кӯлоб омада баъди муҳорибаи шадид шаҳрро ба даст даровард. Вале кпсмҳои аскарони сурх ба зудӣ Кӯлобро аз Салимпошо баргардонида | нрнфтанд. Баъди чунин нобарорӣ Салимпошо ба водии Ҳисор рафт. Фсврали соли 1923 вай ба соҳили рости дарёи Вахш гузашта бо сарварони отрядҳои гуногуни босмачиён вохӯрда ба онҳо супориш дода худ бо қушунҳои тахминан 4 ҳазор нафара ба сӯи Ғузору Қаршӣ \аракат кард. Иброҳимбек, ки нисбат ба Салимпошо ҳам чандон содиқ иабуд бо қушуни 2 ҳазор нафарааш дар Бухорои Шарқӣ монд. < алимпошои иғвогар ният дошт, ки бо ҳаракат ба суи Ғузору Қаршӣ иа гапҳо қувваҳои аксулинқилоби Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), балки мардуми тамоми Ҷумҳурии Туркистонро низ ба муқобили тартиботи пан бармехезонад9. 13 марти соли 1923 қисмҳои асосии қушунҳои Салимпошо дар Ғузор иҳота ва маҳв гардиданд. Баъди ин муҳориба (алимпошо бо отряди начандон зиёд ба кӯххои Ҳисор гурехт. Акнун •иддияти байни Салим ва Иброҳимбек хеле боло гирифта буд. ИПроҳимбек ба Салимпошо на танҳо итоат карданро нахост, балки аз Саппмпошо талаб мекард, ки ба ӯ итоат кунад. Чунин рақобат боиси инрокандагии дастаҳои ҷудогонаи онҳо ва маҳви онҳо аз тарафи қисмҳои аскарони сурх гардид. Баъди ин ҳама ноумедиҳо Салимпошо би огряди ба худ содиқ 15 июли соли 1923 аз дарёи Панҷ гузашта ба
* Кйлс дар наздикии Қарши.
163
Афғонистой гурехт. Бо ҳамин иғвои Салимпошо ҳам бенатиҷа анҷом ёфт.
Тобистони соли 1923 қисмҳои асосии асқарони сурх барои маҳви босмачиёни Фузайл Махсум нигаронида шуданд. Ҳалли ин масъаларо маҳви босмачиёни Мастчоҳ осон гардонид. Зеро ки ба муқобили босмачиёни Фузайл Махсум ҳам аз болои Мастчоҳ отряди эъзомияи Самарқанд ва ҳам аз тарафи Оби Гарм ҳуҷум карданд. Дар деҳаҳои водии Қаротегин ҷангҳои шадид идома доштанд. Фузайл Махсум ба сӯи Дарвоз ақиб гашт. Миёнаи моҳи август дар Дарвоз ҳам ба ӯ шикаст доданд. Фузайл Махсум бошад аз дарё гузашта ба Афгонистон гурехт. Иттифоқчии вай собиқ беки Дарвоз Диловаршо дар ҷанг ҳалок гардид. Ниҳоят, дар водии Қаротегин ва Дарвоз ҳокимияти Шӯравӣ аз сари нав барқарор карда шуд.
Ба ҳамин тариқ, тобистони соли 1923 дар бобати барҳам додани дастаҳои калони босмачиён муваффақиятҳои беназир ба даст дароварда шуданд.
Баъди барҳам додани моҷарои Салимпошо ва Фузайл Махсум тӯдаҳои босмачиён дар солҳои 1923-1924 асосан дар атрофи Иброҳимбек ҷамъ шуданд. Вай дар моҳи сентябри соли 1923 аз дарёи Вахш гузашта боз дар Лақай пайдо шуд.
Иброҳимбек Лақайро ба такягоҳи аксулинқилобчиён табдил дода, дастаҳои босмачиёни дар дигар маҳалҳо сарбардоштаро ба зери фармондеҳии худ дароварда, дар Бухорои Шарқӣ муборизаро ба муқобили Ҳукумати Шӯравӣ давом медиҳад. Вале нақшаҳои худро амалӣ карда наметавонад ва пай дар пай ба маглубият дучор мешавад. Қисмҳои аскарони сурх 25 сентябри соли 1923 дар Ятимтоғ ном маҳалли Лақай ба муқобили қуваҳои асосии Иброҳимбек задухӯрди калон сар карданд. Иброҳимбек дар рафти ин муҳориба 500 касро талаф дода аввал ба Боботоғ ва сони аз он ҷо ба тарафи Сурхандарё гузашта рафт.
Дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек аз водии Сурхандарё ба тарафи Шарқ равон шуданд. Баҳори соли 1924 Иброҳимбек ба Лақай гашта омада, ташаббусро ба дасти худ дароварданй шуд. Аммо ин ба вай муяссар нагардид. Моҳи майи соли 1925 дар назди қишлоқи Санггӯда дар гузаргоҳи дарёи Вахш қисмҳои аскарони сурх ба Иброҳимбек зарба заданд ва босмачиёнаш роҳи гурезро пеш гирифтанд. Он гоҳ Иброҳимбек тӯдаи босмачиёни худро ба гурӯҳҳои хурд-хурди иборат аз 10 нафар тақсим кард, ки онҳо аз ҳар ҷо ҳар ҷои постгоҳҳои аскарони сурх гузашта ба Балҷувон омада расиданд. Иброҳимбек дар ин ҷо тамоми тобистон пинҳон шуда гашт.
Иброҳимбек аз хориҷа одамони нав оварда аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ гирифта, тӯдаи босмачиёни худро ба чор ҳазор наффар расонид ва дар охири тобистон амалиёти фаъолона сар кард. Баҳори соли 1926
164
дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек дар кӯҳҳои Балҷувон қарор гирифта буданд. Боз Сар бардошта кӯшиш карданд, ки дар тамоми вилояти Кӯлоб амал кунанд. Аммо Иброҳимбек дар назди Ховалинг шикаст хӯрда дар аввалҳои моҳи апрели соли 1926 ба соҳили рости дарёи Вахш гузашта, ба кӯҳҳои Қаротог гурехт.
Ниҳоят, қисмҳои аскарони сурх якҷоя бо дастаҳои милитсияи гайримунтазам аз 18 то 21-уми июни соли 1926 кӯҳҳои Чилтог, Қаротог ва Боботогро, яъне маҳалҳоеро, ки такягоҳи асосии Иброҳимбек буданд аз босмачиён озод карданд. Шаби 21-уми июн Иброҳимбек т дарёи Панҷ гузашта ба Афгонистон гурехт.
Ҳамин тавр, то соли 1926 қувваҳои асосии аксулинқилобчиён аз ҷониби армияи сурх ва отрядҳои ихтиёриён комилан барҳам дода шуд.
165
Гуфтори чилу чаҳорум
Тақсимоти миллӣ - марзии Осиёи Миёна ва ташкилёбии
ҶМШС Тоҷикистон
Нақша:
-
Зарурияти тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна.
-
Аввалин пешниҳодҳо перомуни тақсимоти ҳудуди миллӣ- марзии Осиёи Миёна.
-
Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он.
Дар ҳудуди Осиёи Миёна аз барпо гардидани ҳокимияти Шӯравӣ то тақсимоти миллӣ - марзии соли 1924 се ҷумҳурӣ: ҶМШС Туркистон (дар ҳайати ҶФШС Россия) ва ҷумҳуриҳои халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм арзи ҳастӣ менамуданд. Барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар ин ҷумҳуриҳо пеш аз ҳама ҳал намудани масъалаи миллӣ зарур шуморида мешуд. Ҳалли масъалаи миллй бошад, чуноне ки В.И. Ленин тавсия ва асоснок карда буд, ин ба ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Россия додани ҳуқуқи худмуайянкунии миллӣ, то ин ки онҳо озодона шакли давлатдории миллии худро бунёд намоянд, ба ҳисоб мерафт. В.И. Ленин таъкид карда буд: 10 "Мо исроркорона мегуфтем, ки аз ҷорӣ кардани ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо дар замони сотсиализм даст кашидан ба кори сотсиализм хиёнат кардан мебуд".
Албатта В.И. Ленин дар ин ҷо мақсади онро надошт, ки Россияи сермиллатро ба давлатчаҳои хурди миллӣ тақсим намояд. Аз ин рӯ, ӯ соли 1915 дар ҷои дигар таъкид мекунад, ки мо худшиносии озодро талаб мекунем. Мо мақсади ҷудоии иқтисодии миллатҳо ва ба давлатчаҳои хурд тақсим шудани онҳоро надорем. Баръакс мо дар асосҳои ҳақиқатан демократӣ, ҳақиқатан интернатсионалистӣ, бунёди давлати бузург, наздикшавии миллатҳо ва ҳатто якшавии онҳоро мехоҳем.11 Ин гуфтаҳои Ленин барои тамоми коммунистон, аз он ҷумла комунистони Осиёи Миёна, ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм дар навбати худ ҷумҳуриҳои миллй набуда, балки ҷумҳуриҳои сермиллат ба шумор мерафтанд. Чунончи, дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон - ӯзбекҳо, тоҷикҳо, қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо; дар ҷумҳурии Бухоро -тоҷикҳо, узбекҳо, туркманҳо; дар ҷумҳурии Хоразм - ӯзбекҳо, туркманҳо ва гайра асрҳо боз зиндагӣ карда, талхию ширинии замонро бо ҳам чашидаанд. Аммо бо сабаби он, ки ҳамаи он халқҳо зинаи
10 Ленин В.И. Асарҳо. Нашри тоҷики. Ҷилди 22, - С. 349
11 Ленин В.И. Асарҳо. Нашри тоҷикӣ. Ҷилди 22, - С. 438.
166
тарақиёти ҷамъияти капиталистиро пурра аз сар нагузаронидаанд, бинобар ин онҳо ҳанӯз то ба дараҷаи миллат ташаккул наёфта буданд. Махсусан худшиносии миллии тоҷикон нисбатан ба дараҷаи паст буд. Яъне, он солҳо тоҷиконро бештар на аз рӯи миллат ва ҳатто забон, балки аз рӯи маҳал: бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, намангонӣ, тошкандӣ, кӯлобӣ, қаротегинй, ҳисорӣ ва гайра фарк мекарданд.
Ҳамин тавр, ба миён омадани масъалаи бунёди давлатдории миллии тоҷикон ва узбекон натиҷаи талаби худи ин халқҳо набуда, балки натиҷаи сиёсати миллии ҲК (большавикони) Россия ба ҳисоб мерафт.
Бояд қайд намоем, ки дар доираи сиёсатмадорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз бунёди тартиботи Шуравй то маҳви иғвои Анварпошо (тобистони соли 1922) ақидаи туркпарастӣ (пантуркизм) ҳукмфармо буд. Фоҷиовар он аст, ки дар он солҳо на танҳо аз ҷумлаи намояндагони халқҳои туркзабони ин кишвар, балки аз ҷумлаи тоҷикон низ бисёре аз ҳомиён ва ташвиқотгарони ин ақида ба вуҷуд омаданд.
Дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро яке аз самтҳои асосии муборизаи туркпарастон ба муқобили эътирофи мавҷудияти тоҷикон равона гардида буд. Бинобар ин дар ин ҷумҳуриҳо бе ягон калавиш махз мавҷудияти тоҷикон чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор карда мешуд. Андешаи гайрилмии "Аслан туркнажод будани тоҷикон" „, дарёфти "илмӣ" ба ҳисоб мерафт. Чунончй, яке аз шахсони асосии дар маъракаи марзбандии ҳудудй - миллии Осиёи Миёна аз аввал то ба охир фаъолона ширкат варзида - Ф. Хӯҷаев, раиси ШНХ ҶШХ Бухоро мебошад. Он лаҳза на танҳо Ф. Хӯҷаев, балки дигар сарвару аъзоёни ҳукуматии чй Бухоро ва чӣ Туркистон аксаран ақидаи ягона доштанд, ки "тоҷикон Аслан турканд". Дар ин асос баъзеашон тавсия мекарданд, ки " тоҷиконро бояд ба асл - мансубияти турқ" баргардонем. Минбаъд ҳамин Ф. Хуҷаев чун сарвари Ҳукумати Бухоро бо ҳамфикронаш барои туркгардонии тоҷикон тамоми имкониятҳоро фароҳам овард. Хӯҷаев яке аз он тоҷиконе буд, ки аз мансубияти миллии худ даст кашида сараввал ба туркпарасти ашаддӣ ва сипас ба ӯзбекпарасти ҷанговар табдил ёфтааст.
Анҷумани XII ҲК (б) Россия (апрели соли 1923, ки масъалаи миллиро муҳокима карда буд, дар навбати худ диққати сарварони ҳизбҳои комунистии Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро низ ба ҳалли ин масъала ҷалб намуд. Дар натиҷа баъди анҷуман аз номи ташкилотҳои ҳизбии ҲК Туркистон ба номи КМҲК (б) Россия оиди дар Осиёи Миёна ташкил додани ҷумҳуриҳои нави миллӣ фикру дархостҳо фиристода шуданд.
167
25 феврали соли 1924 пленуми КМ ХК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси ШНХ ҷумҳурӣ Ф. Хӯҷаев аз рӯи масъалаи "Дар бораи аз рӯи нишонаҳои миллӣ ба ҷумҳуриҳо тақсим намудани Осиёи Миёнаи Шӯравй" маърӯза кард. Дар маърӯза ва қарори Пленум тақсимоти миллӣ - марзии Осиёи Миёна ва ташкили ҷумҳуриҳои нави миллӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таклиф пешниҳод карда шуд, ки дар асоси Ҷумҳурии Бухоро, бо ба он ҳамроҳ намудани сарзамини ҷумҳурии Хоразм (ба ҷуз вилояти Ташоуз, ки аҳолиаш асосан туркманҳо мебошанд), Вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи ҷумҳурии Туркистон Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии Сотсиалистии Узбекистон ташкил карда шавад. Пленум боз тавсия намуд, ки аз ҳисоби вилояти Чорчӯи Ҷумҳурии Бухоро, Ташаузи Ҷумҳурии Хоразм ва вилояти Моварои Каспии Ҷумҳурии Туркистон Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Туркманистонро ташкил намоянд. Оиди тоҷикон бошад, он пленум тавсия намуд, ки "аз ҳисоби Мастчоҳу Қаротегину Ғарм" вилояти мухтори Тоҷикистонро бунёд кунанд ва он бояд дар ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон бошад", бояд таъкид намуд, ки ин аввалин пешниҳодот оиди ташкил намудани вилояти мухтори тоҷикон, вале фақат дар ноҳияҳои санглоҳи кӯҳӣ мебошад.
Умуман аз моҳи феврал то майи соли 1924 дар ташкилотҳои гуногун, махсусан ҳизбӣ, масъалаи тақсимоти миллӣ - марзии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна муҳокима гардид, ки дар қарорҳои қабул кардаи онҳо, ба тоҷикон ҳуқуқи ташкил кардани вилояти мухтор дода мешуду халос.
Яке аз арбобони барҷастаи шӯравии он давр, Камисарии Халқии корҳои хориҷӣ Г. Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус (В.В. Бартолд, М.С.Андреев ва дигарон) такя карда ба муқобили лоиҳаҳои ҳозиргардида лоиҳаеро пешниҳод намуд, ки он дар таърих бо номи "лоиҳаи Чичерин" маълум аст ва мувофиқи он дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳайати он чумҳурии мухтори Узбекистон бунед мегардид. Вале бо сабаби дар ҳайати мутасадиёни масъалаи марзбандии Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон "Лоиҳаи Чичерин" қабул нагардид.
Ниҳоят, 12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Россия дар асоси ҳуҷҷату таклифҳои пешниҳодшуда "Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм) қарор қабул кард. Дар асоси он пешниҳод карда шуд, ки ҷумҳуриҳои иттифоқии сотеиадистии Туркманистон ва Узбекистон ташкил карда шавад. Тоҷикистон ҳамчун вилояти автаномӣ дар ҳайати Узбекистон қарор мегирифт.
21 августи соли 1924 дар маҷлиси Комиссияи тақсимоти миллй -марзӣ масъала "Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он" шунида шуд. Дар ин маҷлис А. Ҳоҷибоев, чун раиси комиссияи тоҷикӣ
168
баромад карда изҳор дошт, ки тоҷикони Бухорои Ғарбй ва вилоятҳои дигари Туркистон " ҳам аз ҷиҳати хоҷагй, ҳам аз ҷиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқй таъсис хоҳад ёфт ҳамроҳ шуда наметавонанд". Дар Хуҷанд тоҷикон бартарӣ доранд, аммо ба вилояти Тоҷикистон роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранду халос. Бинобар ин дар Ҷумҳурии Узбекистон мемонад; Самарқанд ҳам дар ҳайати Узбекистон мемонад.
Аз ин фактҳои оварда шуда барало равшан аст, ки А. Ҳоҷибоев ҳамон лаҳза 24 сола аз қолаби тавсиякардаи комиссияи узбекӣ берун баромада натавонистааст. У намедонист, ки чунин саховатмандиҳо нисбат ба халқи худ ҷинояти сахтарин содир кардааст.
24 августи соли 1924 комиссияи марказии ҳудудӣ аз комиссияи миллии тоҷшсӣ хоҳиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лаҳза ҳам комиссияи тоҷикӣ ақалан ҷуръат накард, ки масъалаи соҳибшудан ба яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба миён гузорад. Ҷавони ва дуруст надонистани масъала, ба аъзоёни ин комиссия имконият намедод, ки мавқеи худро дуруст сарфаҳм раванд. Ниҳоят, онҳо саховатмандона аз чунин шаҳрҳои машҳури қадимаи тоҷикон - Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Хуҷанд ҳам даст кашида, як деҳаи назарногири дурдаст - Душанберо чун маркази вилояти мухтори тоҷикон пешниҳод карданд. 6 сентябр он комиссияи марказӣ лоиҳаи ҳудуди вилояти мухтори Тоҷиконро тасдиқ намуд.
Сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти ҳудудӣ - миллй дар карорҳои органҳои болоии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шаклиқонун даромад. Чунончӣ 15-16 сентябри соли 1924 сессияи фавқулоддаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар ҳуқуқ дод, ки аз ҳайати ҷумҳурӣ баромада, ҷумҳурй ва ё вилоятҳои миллии худро ташкил диҳанд. 20 сентябр анҷумани Умумибухороии Шӯроҳо ҳамин гуна ҳуқуқро ба мардуми ҷумҳурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад анҷумани Умумихоразмии Шӯроҳо ҳам ҳамин тавр қарор қабул кард.
11 октябри соли 1924 бюрои сиёсии КМҲК(б) Россия маърӯзаи сардори Комиссияи худ В.В. Куйбишевро оиди тақсимоти миллӣ -марзии Осиёи Миёна шунида қарорҳои қатъӣ қабул кард. Бюрои сиёсӣ ба масъалаи тоҷикон таваққуф намуда, дар ҳамин ҷамъомад зарур шуморид. ки ба чои вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтории Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии иттифоқии шуравии сотсиалистии Узбекистон ташкил дода шавад.
14 октябри соли 1924 сессияи II КИМ Умумироссиягй қарори Ким Туркистонро "Дар бораи ба мухториҳои алоҳида тақсим намудани ҶМШС Туркистон маъқул шуморид. Ин сессия низ ба тоҷикон ҳуқук дод, ки ба ҷои вилояти мухтор (ташкил додани вилояти мухтори Тоҷикистон - ин пешниҳоди КИМ Туркистон ва қарори анҷумани V
169
Умумибухорой буд), ҷумҳурии мухторро ташкил диҳанд. Дар натиҷа Узбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Узбекистон, вилояти мухтори Қиргизҳо дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон ташкил ёфтаанд. Аз ин ру, 14 октябр рӯзи тавлиди Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 27 октябр сессияи II Ким ИҶШС қарорро оиди тақсимоти миллӣ - марзии Осиёи Миёна маъкул шуморид.
Ҳангоми ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати он аз ҶХШ Бухоро Вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қургонтеппа; аз ҶМШС Туркистон вилоятҳои Панҷакент ва Уротеппа дохил шуданд. Ҳамон лаҳза масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор км2 буда, аҳолияш 739,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тоҷикон иборат буд.
26 ноябри соли 1924 дар Тошкант Кумитаи инқилобии ҶМШС Точикистон бо сардории Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ташкил ёфт. 6 декабри ҳамон сол бюрои Осиёимиёнагӣ роҳбарияти мувақатии ҳизбӣ бюрои ташкилии ҲК (б) Узбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон барпо намуд. 3 феврали соли 1925 Ҳукумат ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба Душанбе омад. Рӯзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдиҳамоии серодам барпо гардид. Дар он Эъзомияи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд.
Баъди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ноҳияҳои Исфара Конибодом, ки ба уезди Хӯқанди вилояти Фаргона дохил мешуданд ва ноҳияи Ашт, ки ба уезди Намангони вилояти Фаргона дохил мешуд, бевосита дар ҳайати Узбекистон монданд. Бадахшони кӯҳӣ аз соли 1923 чун вилояти мустақил аввал дар ҳайати ҶМШС Туркистон, баъд дар ҳайати ҶШС Узбекистон монда буд. 2 январи соли 1925 вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ба вилояти Мухтори Бадахшон табдил дода шуд ва худи ҳамон рӯз бо қарори садорати КИМ ИҶШС ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил карда шуд.
Ҳамин тавр, халқи тоҷик ба муқобилияти сахти дар аввал туркпарастону баъд ӯзбекпарастон соҳиби ақалан ҷумҳурии мухтории худ гардид, ки он барои ин халқи қадима аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт. Вале ин ҷумҳурй дар гӯшаи қафомондатарини кишвар -Бухорои Шарқӣ, ки аз собиқ марказҳои машҳуру мадании халқи тоҷик - Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд хеле дар канор буд, бунед гардид. Яъне миллатгароён ба ин халқи азияткашида имконият надоданд, ки ҳамон лаҳза ақалан яке аз он марказҳоро пойтахти ҷумҳурии мухтори худ эълон намоянд. Аз ҳамин сабаб ҳам халқи тоҷик бо бунёди ҷумҳурияташ деҳаи хурди назарногири Душанберо пойтахти худ қарор дода, минбаъд бо кӯмаки бародаронаи ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқ, онро ба яке аз шаҳрҳои зебою саноатии замон табдил дод.
170
Тавре, ки дар боло зикр гардид раиси ШНХ Бухоро Ф. Хӯҷаев аввалин шуда пешниҳод карда буд, ки аз ҷумлаи ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва Қаротегин вилояти Мухтори Тоҷикистон бунёд карда шавад. Амалдорони ҷумҳурии Бухоро ҳангоми гузаронидани маъракаи таксимоти миллӣ - марзӣ аз рӯи ҳамин нақша амал карданд. Онҳо дар байни мардуми шаҳру деҳот ташвиқ кардаанд, ки "аз ҳисоби сарзамини ҷумҳурии Бухоро ҷумҳуриҳои Узбекистон ва вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд мегардад". Бо сабаби он ки вилояти мухтори Тоҷикистон дар ноҳияҳои кӯҳистон барпо мегардад. Бинобар ин ҳар касе худро дар рӯйхат "Узбек" нависад, дар манзили худ озодона истиқоматро идома дода метавонад. Ҳар касе ки худро "тоҷик" сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, баъд ба ҳамон мулкҳое, ки барои вилояти мухтори тоҷикон муайян шудаанд, раванд ва ё онҳо ё маҷбуран фиристода мешаванд".
Дар асоси ин ташвиқот қисме аз тоҷикони на танҳо Бухоро ва атрофи он, ҳатто тоҷикони дигар вилоятҳои Осиёи Миёна ҳам баҳри дар манзили худ оромона мондан ба рӯйхат худро ҳамчун "ӯзбек" номнавис намуданд. Зеро, барои эшон Қаротегину Мастчоҳ ҳамчун гӯшаи қафомондатарин ва мардуми он бечоратарин маълум буд, ҳангоми маъракаи ба рӯйхаткунӣ, баъзе аз амалдорон бо дастаҳои силоҳбадаст дар гузару маҳаллаҳои тоҷикнишин ва ҳатто масҷиду мадрасаҳо мардумро "ташвиқ" намудаанд, ки дар руйхат худро ҳатман "ӯзбек" нависанд. Чунин шахсони силоҳдор баъзан шабона ба хонаи тоҷикон даромада, онҳоро гӯё бори дигар "огоҳ" намудаанд, ки "узбек" будани худро фаромӯш накунанд.
Як нуқтаи дигарро низ хотирнишон карданием, ки дар замони бунёди ҷумҳуриҳои миллӣ ва баъди он ҳам, баъзе тоҷикони ҳаваси мансаб намуда, маҳз сиёсати туркпарастй, баъд ӯзбекпарастии ҳукуматдорони сар аввал ҷумҳуриҳои Бухорою Туркистон, сипас Узбекистонро ба инобат гирифта, баҳри мансаб аз асли хеш даст кашида барои "исботи" туркнажодии худро ҳатто аз авлодони "яссавӣ" ё худ "чағатоӣ" ба қалам медоданд. Минбаъд тоҷикони "ӯзбек" номнавис шуда, худро баргалат "ӯзбекони тоҷикзабон" меҳисобиданд, ки чунин шахсон хеле бисёр буданд.
Дар охир бори дигар таъкид намуданием, ки дар марҳилаи гузаронидани тақсимоти миллӣ - марзии Осиёи Миёна беадолатиро нисбати халқи тоҷик на аз тарафи халқи ӯзбек, туркман, қиргиз, қазоқ ва ғайра, балки дар натиҷаи бемасъулиятию бераҳмӣ ва мавқеи нодурустро ишгол намудани арбобони масъули чи ҳизбию шӯравии маҳаллӣ ва чи марказӣ содир гардидааст.
171
Гуфтори чилу панҷум
Ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии
Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он
Нақша:
-
Ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ (солҳои 1924-1929).
-
Омилҳои асосии ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ва аҳамияти он,
I декабри соли 1926 дар пойтахти Ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе
Анҷумани 1-уми муассисони шӯроҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Анҷуман ҳисоботи Кумитаи инқилобй (ҳукумати муваққатии ҶМШС
Тоҷикистон) - ро шунид ва қарорҳои дахддор қабул кард, ки дар онҳо
барномаи тараққиёти ҷумҳурӣ дар шароити гузаштан ба сохтмони
осоишта пешбинй гардида буд.
Анҷуман ба зарурияти тараққӣ додани хоҷагии халқи Тоҷикистон, зиёд кардани ёрии пулиро ба деҳқонон ба мақсади харидани чорвои корӣ ва асбобу анҷоми хоҷагии қишлоқ ва гайра диққати махсус дод.
Анҷумани муассисони Шӯроҳо дар бораи ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон, дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумӣ, созмон додани қисмҳои миллии Артиши Сурхи коргару деҳқони тоҷик, дар бораи аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум кардани унсурони аз ҷиҳати баромадашон бегона ва гайра як қатор Декларатсияҳо (қарор) қабул кард.
Анҷуман 10 декабр дар бораи миллй кунонидани замин, об, сарватҳои зеризаминй ва ҷангал Декларатсия қабул кард, ки тибқи он тамоми замин ва об моликияти давлат эълон гардид ва ба деҳқонон бе ҳеҷ як фидия замин дода мешуданд. Ҳар гуна хариду фуруши замин, об, сарватҳои зеризаминӣ ва ҷангал манъ гардид.
II декабр анҷуман дар бораи озодии занон Декларатсия қабул
кард. Мувофиқи он ҳуқуқи занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлатӣ,
ҷамъиятию сиёсӣ, хоҷагӣ ва маданӣ баробари мардон ҳисоб карда
шуда, барои маҷбуран ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, додан ва
гирифтани қалин ва ҳар гуна поймол кардани ҳуқуқи занон ҷазоҳои
сахт пешбинӣ гардида буд.
Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Анҷумани муассисони Шӯроҳоро даъват намуда, ваколатҳояшро аз сари худ соқит кард. 12 декабр Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) - органи олии ҳокимияти ҷумҳуриро бо раисии Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) интихоб кард. Ба КИМ -и нав интихобшуда супурда шуд, ки дар асоси Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶШС Узбекистон Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон кор карда баромада, онро ба муҳокима ва тасдиқи анҷумани ояндаи Шӯроҳои гамоми Тоҷикистон пешниҳод кунад.
Анҷуман ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон Шӯрои Комиссарони халқ (ШКХ) - и ҷумҳуриро бо раисии Абдураҳим Хоҷибоев ташкил кард.
172
Ҳамин тавр дар соли 1926 дар ҳаёти сиёсй ва хоҷагии ҷумҳурӣ тагйироти калон ба амал омад. Маъракаи интихоботии Шӯроҳои соли 1926 кори аз системаи Кумитаҳои инқилобй ба Шуроҳо гузаштанро дар ҶМШС Тоҷикистон комилан ба анҷом расонд.
Хулоса, акнун ки ҳаракати аксулинқилобӣ торумор карда шуда буд, масъалаи тараққӣ додани хоҷагй масъалаи асосӣ гардид. Давлати Шӯравӣ ба кори аз нав барқарор кардан ва дигаргун сохтани хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ маблагҳои калон ҷудо кард. Қисми зиёди маблагҳоро ҳукумати СССР дода буд. Дар айни замон, деҳқонони камбагал аз андоз тамоман озод буданд, касони ба дигар мамлакатҳо кӯчида рафтаву боз гашта омада дар давоми панҷ сол ва муҳоҷирон аз як сол то панҷ сол аз додани андоз озод карда мешуданд. Инчунин ба корҳои обёрӣ ҳам давлат маблағи калон сарф мекард, ба муҳоҷирони аз маҳалҳои кӯҳии Тоҷикистон ва водии Фарғона омада замин дода мешуд ба онҳо барои хоҷагиашонро ба роҳ мондан давлат ёрӣ мерасонд.
Дар солҳои азнавбарқароркунии хоҷагии қишлоқ дар соҳаи азнавсозии он ҳам, яъне дар роҳи коллективонии он ҳам қадамҳои аввалин гузошта шуда буданд. То 1 октябри соли 1928 дар ҶМШС Тоҷикистон 55 колхоз - 26 артели хоҷагии қишлоқ ва 29 ширкати якҷоякоркунии замин вуҷуд дошт, ки ин хеле кам буд.
Аввалин тракторҳо ҳам дар киштзорҳои ҷумҳурӣ дар ҳамин солҳо пайдо мешаванд. Бар хилофи ташвиқоти унсурони зиддишӯравй -бойҳо, муллоҳо ва дигар душманон, ки деҳқононро намегузоштанд заминро бо трактор шудгор кунанд, талабот ба трактор ва механизаторҳо меафзуд. Заводҳои пахтатозакунӣ аввалин корхонаҳои саноатии Тоҷикистони худмухтор буданд ва шумораи он тадриҷан меафзуд. Ғайр аз заводҳои пахтатозакунӣ дар ҶМШС Тоҷикистон 2 корхонаи начандон калони саноатӣ - осиёб, заводи равган ва дар Душанбе истгоҳи барқии на чандон калон вуҷуд дошт.
Дар тараққиёти нақлиёт ва алоқа ҳам Тоҷикистон муваффақиятҳои намоён ба даст дароварда буд. Ҳол он ки дар арафаи ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон қисми зиёди роҳҳо барои ҳаракати нақлиёти чархдор тамоман кор намеомаданд.
Ба ҳамин тариқ, дар натиҷаи тараққиёти хоҷагии ҶМШС Тоҷикистон, ки ба он ноҳияҳои марказии саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ бевосита ва фаъолона таъсир мерасонанд, хоҷагии халқи Тоҷикистон ва пеш аз ҳама хоҷагии қишлоқ аз нав барқарор гардид. Дар ҷумҳурӣ марказҳои на чандон калони саноатӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқа ба вуҷуд омаданд. Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мавқеи сотсиализм ба як андоза мустаҳкам гардид.
Дар солҳои азнавбарқароркунӣ ба сохтмони маданй ҳам дкққати калон дода мешуд. Он ақидае, ки гуё тоҷикон дар арафаи Инқилоби
173
Октябр аз 0,5 то 3 фоиз саводнок буданд шубҳанок аст. Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки саводноки дар байни тоҷикон на кам аз 15 фоизро ташкил медоданд.
Аввалин мактабҳои шӯравӣ дар соли 1918 дар шимоли Тоҷикистон ва соли 1923 дар собиқ Бухорои Шарқӣ кушода шуданд. Равиши омӯзиши мактабҳои кӯҳна дар ҶМШС Тоҷикистон то соли 1929 давом кард ва ба вазифаю талаботи замон мутобиқ шуда буд. Аз соли 1921 дар тамоми Тоҷикистон мактабҳо ва курсҳои маҳви бесаводӣ амал мекарданд. Дар Бухорои Шарқӣ биноҳои мактабӣ аз ҳисоби хонаҳои бойҳо ва масҷидҳо ташкил ёфта буданд. Солҳои 1925 - 1929 дар Тоҷикистон ба тариқи ҳашари ҳумумихалқӣ биноҳои мактаб сохта мешуданд. Мактаб - интернатҳо ба фаъолият сар мекунанд. Соли 1924 дар Бухорои Шарқӣ аввалин 4 мактаб - интернат: дар Душанбе, Қаратоғ, Ғарм ва Кӯлоб кушода шуд. Тадриҷан таълими ҳатмӣ низ ба амал бароварда мешуд.
Муассисаҳои маданй - марифатӣ: китобхона, клубҳо, чойхонаҳои сурх, муассисаҳои табу нашр дар маҳви бесаводй саҳми худро гузаштаанд.
Солҳои 20 - ум раванди ташаккули адабиёти нави тоҷик идома дошт. Дар саргаҳи он С. Айни, А. Лоҳутй, С. Ҷавҳаризода ва дигарон меистоданд. Асарҳои С. Айнӣ "Одина", "намунаи адабиёти тоҷик", "материалҳо доир ба инқилоби Бухоро, намунаи шеърҳои А. Лоҳутӣ ва дигарон ҳаёти халқи тоҷикро таранум мекарданд. Дар соҳаи матбуот ҳам қадамҳои нахустин гузошта шудан. Аз моҳи ноябри соли 1929 сар карда рӯзномаҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистони сурх", "Коммунист Таджикистана", "Қизил Тоҷикистон" ба забонҳои тоҷики, русӣ ва ӯзбекй ба табъ расиданд.
21 апрели соли 1929 анҷумани дуюми Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон кушода шуд. Анҷуман масъалаи тараққиёти минбаъдаи хоҷагии халқи ҷумҳуриро муҳокима карда, зарурияти ҳарҷониба тараққӣ додани пахтакориро таъкид намуд.
Дар байни масъалаҳои рӯзномаи анҷуман инчунин масъалаи ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани округи Хуҷанди ҶШС Узбекистон, ки аксарити аҳолиаш тоҷикон буданд, меистод.
Бояд гуфт, ки пеш аз ин дар маҷлисҳои коргарон, деҳқонон ва хизматчиёни округи Хуҷанд ба тарафдории дохил шудани округи Хуҷанд ба ҳайати Тоҷикистон қарор қабул карда шуда буданд. Органҳои ҳизбию шӯравии Узбекистон ва бюрои осиёимиёнагии КМВКП (б) ҳам ин масъаларо муҳокима карда, қарорҳои дахддор қабул карда буданд.
Анҷумани дуюми Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон 28 апрел қарор кард, ки қарори анҷумани Шӯроҳои округи Хуҷанд дар бораи ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шудани округи Хуҷанд маъқул
174
дониста шуда, ба анҷумани 3 - юми Шӯроҳои ҶШС Узбекистон муроҷиат карда, аз вай хоҳиш карда шавад, ки ҳамин қарорро тасдиқ намояд. Анҷумани 3 - юми Шӯроҳои ҶШС Узбекистон 10 маи соли 1929 ин қарори анҷумани Шӯроҳои умумитоҷикро тасдиқ кард ва 4 сентябри худи ҳамон сол ҳуҷҷати ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон додани округи Хуҷанди Узбекистон имзо карда шуд. Бо ҳамин раванди дар як давлати миллии Шӯравй муттаҳид шудани хоки тоҷикон гӯё ба итмом расид.
Қайд намудан зарур аст, ки ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шудани округи Хуҷанд, ки аз ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ашт ва Исфара иборат буд, дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурй воқеъаи таърихй буд.
Округи Хуҷанд зиёда аз 250 ҳазор аҳолӣ дошт, ки аксарияти онҳо тоҷикон буданд ва нисбати ноҳияҳои Марказӣ ва Ҷанубӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққӣ карда буд. Бо ҳамроҳ шудани Хуҷанд ба Тоҷикистон микдори аҳолй ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расид. Округи Хуҷанд дар тараққиёти иқтисодй ва мадании Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст.
Дар таърихи халқи тоҷик бори аввал дар анҷумани 2 - юми Шӯроҳои Тоҷикистон (28 апрели соли 1929) Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Он дигаргуниҳои сиёсй, иқтисодӣ, иҷтимой ва фарҳангие, ки дар Тоҷикистон ба амал омада буданд дар Конститутсия сабт гардиданд.
Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон мустаҳкам шудани давлатдории Шуравии тоҷик ва муваффақиятҳои сохтмони ҳаёти навро ба назар гирифта, орзую умедҳои халқи тоҷикро ба амал бароварда дар назди Ҳукумати Иттифоқ масъала гузошт, ки Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил дода шаванд.
Ҳукумати Иттифоқ таклифи ҳукумати Тоҷикистонро тарафдорӣ намуд. 12 июни соли 1929 Президиуми КИМ СССР ҳам таклифи Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирй намуд ва зарур донист, ки ин масъала дар анҷумани Шӯроҳои Тоҷикистон ва дар анҷумани Шӯроҳо ё ҷаласаи КИМ Узбекистон муҳокима карда шавад. 13 июли соли 1929 Президиуми КИМ ҶШС Узбекистон қарори КИМ СССР - ро маъқул донист^ Меҳнаткашони Тоҷикистон қарори Ҳукумати Иттифоқ ва ҶШС Узбекистонро бо қаноатмандй пешвоз гирифтанд.
Сессияи 2 -юми даъвати дуйуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон, ки 10 -11 сентябри соли 1929 шуда гузашт, дар бораи сохтмони хоҷагӣ ва маданй дар Тоҷикистон ва дурнамои тараққиёти хоҷагии халқи вай маърӯза шунавид. Сессия қарор кард, ки барои комилан ҳал кардани масъалаи ба ҷумҳурии иттифоқй табдил додани ҶМШС Тоҷикистон анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои Тоҷикистон даъват карда шавад.
Ниҳоят, 16 октябри соли 1929 дар таърихи чандинасраи халқи тоҷик воқеаи таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳамон рӯз анҷумани Ш-юми
175
фавқуллодаи Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон аз боби ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон Эъломия қабул кард ва аз номи меҳнаткашони тоҷик изҳор намуд, ки Ҷумҳурй ихтиёрӣ ба ҳайати ИҶШС дохил мешавад ва узви комилҳуқуқи он ба ҳисоб меравад.
Тавлиди ҷумҳурии ҳафтум, яъне ҶШС Тоҷикистон воқеъаи такдирсози аҳамияти калони таърихӣ дошта ба ҳисоб меравад. Халқи тоҷик хабари ташкили давлати мустақили Тоҷикистонро бо қаноатмандй ва хушнудӣ истиқбол намуд.
Он замон ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон округҳои Хуҷанду Уротеппа, Ҳисору Ғарм, Қӯргонтеппаю Кӯлоб, Панҷакент ва вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дохил мешуданд. Душанбеаз соли 1929 то соли 1961 номи Сталинободро дошт (соли 1929 ҳамон замон Сталинобод пойтахти ҶШС Тоҷикистон эълон карда шуда буд).
6 ноябри соли 1929 иҷлосияи 3 -юми фавқуллодаи КИМ ҶШС Езбекистон шуда гузашт, ки вай қарори анҷумани Ш-юми фавқуллодаи Шӯроҳои Тоҷикистонро дар бораи аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон баромадани ҶМШС Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфтани он бо як овоз тасдиқ кард.
Иҷлосияи 2 - ми КИМ ИҶШС 5 декабри соли 1929 қарор кард, ки "амали шартнома дар бораи ташкилёбии ИҶШС" ҳамчун ҷумҳурии ҳафтуми Иттифоқй тадбиқ карда шавад. Анҷумани VI Шӯроҳои ИҶШС ки дар моҳи Марти соли 1931 ҷамъ омада буд, қарори иҷлосияи 2 - ми КИМ ИҶШС - ро тасдиқ кард ва бо ҳамин ба ҳайати ИҶШС қабул карда шудани ҶШС Тоҷикистонро комилан ба расмият даровард.
Хулоса, аз Ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил шудани Тоҷикистон дар роҳи тараққиёти давлатдории Шӯравии халқи тоҷик марҳилаи муҳим буд.
КМ ВКП (б) ба муносибати аз ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил дода шудани Тоҷикистон 25 ноябри соли 1929 дар бораи ба Ҳизби Коммунистии (б) Тоҷикистон табдил додани ташкилоти вилоятии Тоҷикистонии ҲК (б) Узбекистон қарор қабул кард. 10 декабри ҳамон сол ин қарор амалӣ гардид.
176
Do'stlaringiz bilan baham: |