Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков



Download 1,67 Mb.
bet11/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   20
Гуфтори чиҳилу якум
Вожгун намудани аморати Бухоро ва ташкилёбии
Ҷумҳурии Халқии Щӯравии Бухоро
Нақша:

  1. Сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ.

  2. Забти шаҳри Бухорои кӯҳна ва аввалин чорабиниҳои ҳукумати нави Бухоро.

  3. Ташкилёбии Ҷумхурии Халқии Шӯравни Бухоро ва органҳои он.

Аморати Бухоро давлати феодалии аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсй ақибмонда ба ҳисоб рафта тобеи Россияи подшоҳӣ буд. Пеш аз Инқилоб дар хоки аморат ҳамагӣ 60 корхонаҳои на чандон калони саноатӣ мавҷуд буд, ки дар онҳо намояндагони мардуми маҳаллй-тоҷикон, ӯзбекон, туркманҳо ва русҳо кор мекарданд.
Зиёда аз 90 фоизи тамоми аҳоли дар хоҷагии қишлоқ машгул буда, амир, амалдорони вай, бойҳо ва рӯҳониён ба қисми зиёди замин ва чорво соҳибй мекарданд. Мардикорон, чорякорҳо ва деҳқонони камзамин қисми асосии аҳолии деҳотро ташкил медоданд. Бухорои Шарқӣ, ки аҳолии он асосан тоҷикон буданд, вилояти ниҳоят ақибмондаи аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дар Бухорои Шарқӣ монанди тамоми аморат ҳамаи ҳокимият дар дасти феодалҳою рӯҳониён буд, ки ба онҳо амири Бухоро сарварӣ мекард. Порахӯрӣ ва авомфиребӣ дар байни амалдорони аморат ҳодисаи муқаррарӣ буданд, ки ин боиси норозигии мардуми заҳматкаш мегардид. Аҳолии бечораи аморат аз ҷумла, Бухорои Шарқӣ ӯҳдадор буданд, ки андозҳои гуногуни сершумор диҳанд. Қисми зиёди аҳолии Бухорои Шарқӣ ва пеш аз ҳама аҳолии маҳалҳои баландкӯҳ ҳар сол ба муддати якчанд моҳ дар ҷустуҷӯи қути лоямут ба шаҳрҳои кишвари Туркистон ва шаҳрҳои марказии аморат мерафтанд, ки аҳволи онҳо ҳам хуб набуд.
Бояд қайд намуд, ки дар Бухоро пролетариати муташаккил ниҳоят камшумор буда, аҳолии меҳнаткаши он аз ҷиҳати сиёсй ва маданӣ дар дараҷаи паст қарор дошт.
Қисми асосии қувваҳои инқилобии Бухороро коргарони камшумори корхонаҳои саноатӣ ва роҳиоҳанчиён ташкил медоданд. Оҳиста-оҳиста дар атрофи онҳо мардикорон, чоряккорон, табақаҳои нимпролетарии аҳолии шаҳрҳо ва оммаи деҳқонони меҳнаткаш, ки аз зулму ситами амир аз камзаминй ва истисмори феодалӣ азоб мекашиданд, муттаҳид шудан гирифтанд. Ба ин қувваҳои инқилобӣ, ҳизби коммунистии Бухоро, ки дар моҳи сентябри соли 1918 дар Тошкант ташкил ёфта буд, сардорӣ менамуд.
Ҳизби коммунисти Бухоро дар байни меҳнаткашон кори ташвиқотй-оммавиро вусъат дода, онҳоро ба муборизаи зидди- аморат
150
бармехезонд. Вай ба нашри маҷаллаи «Тонг» («Шафақ») ва рӯзномаи «Кутулиш» («Озодӣ») ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикй сар кард. Ба гайр аз , ин коммунистон дар. байни заҳматкашони . Бухоро варақаҳои инқилобӣ паҳн мекарданд.
Ҳаркати инқилобй бар зидди амир дар шароити мураккаби дохилӣ инкишоф меёфт. Ҳукумати амир бо империалистони англис ва дар Руссия бо Колчак ва Деникин алоқа баста дар давоми солҳои 1918-1919 ба муқобили Туркистони Шӯравӣ ва Федерастсияи Руссия як қатор хурӯҷҳои душманона ташкил кард.
Ҳукумати амир дар соли 1920 мувофиқи нақшаи империалистони хориҷӣ ва аксулинқилобчиёни дохилӣ ба муқобили Ҳукумати Шӯравӣ ҳуҷуми калон ташкил карданӣ буд.
Дар Бухоро вазъияти ҳарбй эълон карда мешавад. Дар моҳи августи соли 1920 шумораи қувваҳои мусаллаҳи амири Бухоро якҷоя бо қувваҳои эҳтиётӣ ба 60-70 ҳазор кас расид. Қувваҳои мусаллаҳи амир инчунин азҳисоби тӯдаҳои босмачиёне, ки аз Фаргона омада буданд, зиёд мешуд. Армияи амирро империалистони англис мусаллаҳ мекарданд, онро афсарони англис ва гвардиячиёни сафеди рус, ки ба Бухоро гурехта омада буданд, таълим медоданд. Ҳатто амир полковники анлис Штеннелро, ки моҳи майи соли 1920 ба Бухоро омада буд, сардори штаби армияи Бухоро таъин намуд. «Аморати Бухоро, - гуфта буд, В.В.Куйбишев, - корвонсарое буд барои аксулинқилобчиён, гвардиячиёни сафед ва империализми ҷаҳонй» («Коммунист Таджикистана», 18.Х.1935).
Ҳамин тавр, амир ва аксулинқилобчиёни Бухоро якҷоя бо қуввваҳои зиддишӯравй амал карда, ба ҳуҷуми мусаллаҳонаи муқобили мамлакати Шӯроҳо тайёрӣ медиданд. Бояд зикр намуд, ки хароҷоти зиёде, ки барои нигоҳ доштани армияии сершумор лозим буд ва ба ҳамин муносибат ниҳоят афзудани ҳаҷми андозҳо дар аморат мамлакатро боз ҳам харобтар карданд. Нархи молҳои саноатӣ ва озуқаворӣ аз соли 1919 то соли 1920 ба ҳисоби миёна 14 баробар зиёд шуд.
Ниҳоят бад шудани аҳволи моддии меҳнаткашони Бухоро яке аз сабабҳои афзоиши фаъолияти онҳо дар мубориза барои ҳуқуқҳои худ ба муқобили сиёсати зиддихалқии амир гардид. Деҳқонон аз адо кардани андозҳои ниҳоят калон саркашӣ мекарданд. Ба сафи армияии амир рафтан намехостанд ва ғаййра. Хурӯҷҳои мардум дар аморати Бухоро сарфи назар аз ҷазоҳои сахти ҳукумат қатъ нашуданд. Масалан, 2-юми июли соли 1919 ҳунармандон ва деҳқонони шаҳри Бухорои Кӯҳна ба муқобили сиёсати зиддихалқӣ ва зиддишӯравии Ҳукумати амир эътироз баён карданд. Ин шояд баъди Инқилоби Октябр хурӯҷи аз ҳама калонтарин дар аморат бошад, ки дар он қариб 15000 кас иштирок намуд. Ҳукумдти амир аз Инқилоб тарсида дар
151
сиёсати худ дудила мешуд. Вай дигар бо усулқои кӯҳна, яъне бо усулҳои зӯроварӣ давлаатро вдора карда натавониста аз вақти галабаи Инқилоби феврали Руссия ду маротиба ваъда дод, ки дар идоракунии давлат баъзе ислоҳот мегузаронад, аммо ваъдаҳои худро ичро накарда сиёсати террори ваҳшиёнаро пеш мегирад. Садриддин Айнй ёдоварӣ мекунад, ки ҳукумати амир аз рӯи қоидаи «Ба дор каш», «пахш кун», «Сар бур» амал мекард. Масалан, аз 5 то 15 майи соли 1920 дар натиҷаи таъқиботи одамон 300 кас ярадор ва 3 кас кушта шуд. Дар моҳи шони соли 1920 дар Чорҷӯи Кӯҳна чор касро ба газетахонӣ айбдор карда, зинда ба зинда гӯр карданд.
Таъқиботи амир ба ҷавонбухориҳо ҳам дахл кард, гарчанде қисми знёди онҳо пештара барин тарафдори ислоҳот «аз боло» будаанд. Хукумат акнун ҳар гуна суханони оид ба ислоҳотро дур партофта, муқобилияти омма ва апазитсияи либералҳои буржуазиро бо қувва шикаст доданй буд ва умед дошт, ки бо ҳамин роҳ ҳокимиятро дар дасташ нигоҳ дорад.
Хулоса, тезу тунд шудани зиддиятҳои байни идораҳои феодалию рӯҳониёни аморати Бухоро аз як тараф ва идеологҳои буржуазияи либералии маҳаллӣ ҷавонбухориён аз тарафи дигар ва дудилагиҳои ҳукумат яке аз нишондиҳандаҳои дар Бухоро зӯр шудани вазъияти инқилобй мебошад, ки ин ба бӯҳрон дучор шудани «табақаҳои болой»-ро ифода мекард. Дигар аломатҳои характерноки вазъияти инқилобӣ аз ҳад зиёд тезу тунд шудан, эҳтиёҷмандӣ ва қашшоқии синфҳои мазлум низ айён буданд, ки бинобар ҳамин сабабҳо дараҷаи фаъолияти инқилобии омма баланд мешуд.
Ба андешаи бисёре аз муҳаққиқон ҳеҷ як тадбири ҳукумати амир -на ваъдаҳои ислоҳот, на террор - инқилобро дар Бухоро пешгирӣ карда натавонистанд. Вазъияти инқилобӣ ба Инқилоб - ба баромади мусалллаҳонаи оммаи халқ ба муқобили амир ва ба сарнагун кардани вай оварда расонд.
Аз 16 то 18 августи соли 1920 дар Чорҷӯй анҷумани 1У ҳизби Коммунистии Бухоро шуда гузашт. Анҷуман масъалаи фаро расидани инқилобро муҳокима карда қайд намуд, ки шӯриши мусаллаҳ ҳамчун воситаи асосии сарнагун кардани ҳокимияти амир дониста шавад.
Ниҳоят, шӯриши мусаллаҳ ба муқобили ҳукумати амир сар шуд. Кумитаи Муваққатии Инқилобӣ, ки дар рафти шӯриш барпо карда шуда буд, аз номи «меҳнаткашон»-и Бухоро ба ҳукумати Россияи шӯравй муроҷиат карда, аз вай илтимос кард, ки ба меҳнаткашони Бухоро ёрии яроқнок расонад ва ин илтимос қонеъ гардонида мешавад. 23 август қӯшунҳои фронти Туркистон бо сардории М.В.Фрунзе ба «ёрии» халқи бухоро меоянд.
Қӯшунҳои амир ба шӯришгарон ва қисмҳои Армияи Сурх махсусан дар пойтахти аморат-дар шаҳри Бухорои Кӯҳна муқобилиАи сахт
152
нишон доданд. Бояд гуфт, ки қисмҳои Армияи Сурх ҳуҷумро барои забти Бухорои кӯҳна саҳарии 29 август сар карданд. Ба муқобили шаҳр аз тарафи аскарони сурх тамоми техникаи муайян шуда, аз он ҷумла ёздаҳ адад аэропланҳои бомбаандоз, тӯпҳои вазнини дурзан, поездҳои зиреҳпӯш ва гайра истифода гардиданд.
Умуман, чуноне ки ҳуҷҷатҳо шаҳодат медиҳанд, аз 29 август то 2-юми сентябр ёздаҳ адад аэропланҳо барои забти Бухорои Кӯҳна 59 маротиба, ё худ 79 соат парвоз намуда, 170 бомбаи вазни умумиаш 123 пуд ва 3 пуд варақаҳои ташвиқотӣ партофтаанд (Намоз Ҳотамов, «Таърихи халқи тоҷик», (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924), Душанбе, 2001, саҳ. 256).
2 сентябр, соати 10-и пагоҳӣ Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Хазинаи амир, ки дар тагхонаҳо буданд (яъне тиллою нуқраҳои зиёд) ба ихтиёри аскарони сурх гузашт.
Ҳамин тавр, муҳосираи панҷрӯзаи (29 август - 2 сентябр) Бухорои Кӯҳна бо забти он аз тарафи аскарони сурх ба охир расид. Худи ҳамон рӯз сарвари фронти Туркистон М.В.Фрунзе аз Самарқанд ба Москва бо мазмуни зерин телеграмма фиристонд: «Қалъаи Бухорои Кӯҳна бо ҷидду ҷахди якҷояи қисмҳои сурхи Бухоро ва қисмҳои мо имрӯз бо штурм гирифта шуд». Вале амалан дар ин амалиёт «ҷидцу ҷаҳди» қисмҳои сурхи Бухоро дида нашуд, яъне амалиёт, асосан аз тарафи аскарони сурх иҷро гардид (ба қавли Намоз Ҳотамов).
Шаҳри Бухорои Кӯҳна баъди забтшавӣ ба назар хеле воҳимаангез менамуд. Ин шаҳр аз замони забткории мугулҳо чунин сӯхтану вайронӣ ва рехтани хуни одамиро надида буд. Бояд гуфт, ки тамоми боигарии хазинаи амир ва дигар сарватҳои ҳангоми забти маркази бекигариҳои ба даст оварда шуда (масалан, аскарони сурх ҳангоми забти танҳо Шаҳрисабз 150 сандуқи пур аз тиллою нуқра ва дигар намуди боигариҳоро ба даст дароварданд), минбаъд ба манфиати Ҳукумати Шӯравӣ истифода бурданд.
Зарурият ва ёдоварист, ки аксари он боигариҳо бо роҳи истисмори мардуми аморат ба даст даромада буданд. Инак, ниҳоят он ҳама на ин ки насиби ҳукуматдорони амиру худи амир, балки насиби Давлати Шӯравӣ гардид.
Ҳамин тавр, то охири сентябри соли 1920 дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ ва Ғарбӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри Кумитаҳои Инқилобй гузашт.
Баробари аз тарафи аскарони сурх забт намудани шаҳри Бухорои Кӯҳна ба ин ҷо аз Бухорои Нав (Когон) ҳукумати ҳанӯз пештар ташкил дода шудаи Бухоро бо сарварии Ф.Хӯҷаев кӯчида омад. У дар ҳамин лаҳза на танҳо вазифаи раиси Шӯрои Нозирони Халқии Бухороро иҷро мекард, балки вазифаи раиси Кумитаи Марказии Инқилобӣ ё худ Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ ба ӯҳца дошт.
153
6 октябр анҷумани якуми Умумибухороии намояндагони халқ кушода шуд, ки вай дар бораи Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ эълон карда шудани Бухоро (ҶХШБ) қарори таърихӣ қобул кард.
Хулоса, тартиботи амирӣ сарнагун карда шуд, ҳукумати нави халқӣ арзи ҳастӣ намуд. вале ҳукумати нав бо сабаби дар Бухорои Шарқӣ ҳанӯз пойдор будани тартиботи амирӣ худро ором ҳис карда наметавонист.
154

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish