Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков



Download 1,67 Mb.
bet13/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   20
Отряди эъзомияи ҳарбии Ҳисор 17 декабри соли 1920 амалиёти ҷангии худро бо сардории Марсов сар кард. Он дар аввал ба сӯи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарқӣ ҳисоб мешуд, ҳарақат кард. Дар рӯзҳои аввали моҳи январи соли 1921 Бойсун ва гирду атрофи он аз дастаҳои ҳарбии амир комилан озод карда шуд. Дар Бойсун Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор гардид. 15 феврал дар Деҳнав, ки қисмҳои ба амир содиқ буда дар он ҷо ҷойгир буданд, ҷанги сахт бо аскарони сурх анҷом доданд. Пас аз галаба артиши сурх ба Водии Ҳисор ҳаракат намуд. 16 феврал отряд ба осонӣ Юрчй ва Сариосиёро ишғол кард. Баъди он аскарони отряд ба Деҳнав баргаштанд, зеро ки қӯшунҳои амир дар Ҳисору Қаротог мавқеъ ишгол карда буданд. Амир Олимхон бо мақсади гирифтани пеши роҳи аскарони сурх ба ин самт қувваҳои иловагӣ, аз ҷумла отряди аксулинқилобчиёни Фарғонаро бо сарварии Кӯри Шермат ва отряди ду ҳазор нафараи лақайҳо бо сардории Иброҳимбекро фиристонд. Дар байни ин қӯшунҳо қӯшуни беки Ҳисор низ буд. 19 феврали соли 1921 аскарони сурх баъди омодагии серӯза аз Деҳнав баромада ба сӯи Регар ҳаракат карданд ва дар қисми аввали ҳамон рӯз ин мулкҳоро ба даст дароварданд. Қисмҳои амирӣ, ки дар Регар буданд, чандон муқобилият нишон надода ба ҳар тараф пароканда шуданд. 20 феврали соли 1921 дар наздикии Ҳисор ҷанги сесоатаи сахттарин байни аскарони сурх ва амирӣ ба амал омад. Ин ҷанг ҳам ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Талафоти аскарони амирӣ хеле зиёд буд. Ҳамон рӯз аскарони сурх Ҳисор ва Қаротоғро ба даст дароварданд.
Амир Олимхон 20 феврали соли 1921 баробари шунидани хабари маглубияти назди Ҳисор, бо наздикони худ ва сесад шуутури пурбор ба сӯи Кӯлоб, гӯё «барои зиёрати мақбараи Мир Алии Ҳамадонй» гурехт. У ҳангоми гурехтан аз содиқони худ Иброҳимбек ва Давлатмандбиро вазифадор намуд, ки пеши роҳи аскарони сурхро гиранд. Вале гурехтани амир аскарони дар Душанбе гузоштаашро хотирпарешон намуд. онҳо, аз муқобилияти минбаъда сар кашида ба ҳар сӯ гурехтанд. Ин имконият дод, ки бригадаи якуми савора бо сардории Мелкумов 21 феврал соати 10-и пагоҳӣ Душанберо бемуқобилият ба даст даровард.
Дар тамоми маҳалҳое, ки аз тарафи аскарони сурх аз душман озод карда буданд, аз ҷумла дар Регар, Ҳисор, Қаротог ва Душанбе кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд ва ҳокимият ба ихтиёри онҳо гузашт.
Муқобилияти аскарони амирӣ баъди аз даст рафтани Душанбе ҳам идома дошт. Вале онҳо ба муҳорибаҳои калони ҷиддй ҷуръат накарда, ба маҳалҳои гуногуни Бухорои Шарқӣ пароканда шуда, муборизаро идома доданд.
Аскарони сурх баъди ишголи Душанбе ба ду самт: яке ба самть водии Вахш ва дигаре ба самти Кӯлоб ҳаракат карданд. Қисмҳое, ш ба
157
самти води Вахш ҳаракат мекарданд, 24 феврал Қӯргонтеппа, 6 феврал Қабодиён ва 9 март Сарой Камарро аз аксулинқилобчиён озод намуданд. Дар ин самт қисмҳои аскарони амирӣ ба асқарони сурх муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар муддати кӯтоҳ, яъне аз 24 феврал то 9 март дар тамоми водии Вахш тартиботи шӯравӣ барпо карда шуд ва ҳокимият дар ин мулкҳо низ ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Минбаъд аскарони сурх амалиёти худро ба сӯи Кӯлоб давом дода Фархор, Чубекро озод карда ба Кӯлоб расиданд.
Қисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кӯлоб ҳаракат мекарданд, аниқтараш барои дастгир намудани амири гуреза мешитофтанд, 23 феврал Кофарниҳон ва 24 феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин маҳалҳо дар навбати худ барои ҳаракат кардан ба сӯи Кӯлоб ва Қаротегин нуқтаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафтанд. Амир ҳам ҳангоми гурехтан аз болои ҳамин маҳалҳо гузашта ба воситаи кӯпруки пули сангин( ҳозира ҷои истгоҳи барқии Норак ) дарёи Вахшро убур намуда, ба сӯи Кӯлоб гурехт;
Амир Олимхон ҳангоми гурехтан, аз қафои худ тамоми кӯпрукҳо, аз он ҷумла кӯпруки Пули Сангинро вайрон кард. Чунин ҳолат ҳаракати қисмҳои аскарони сурхро душвор гардонид. Барои аз нав баркарор намудани Пули Сангин 9 март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барқарор намудани кӯпрук дар ҳолати мураккаби ҷангӣ идомаи тирпаронии тарафайн мегузашт.
Аз Файзобод қисмҳои аскарони сурх боз ба ду самт: самти Қаротегин ва самти Кӯлоб тақсим пгуданд.
Қисмҳое, ки ба самти Қаротегин ҳаракат мекарданд 13 март ба роҳ баромаданд ва 16 март Оби Гармро ба даст дароварданд. Сипас ба сӯи Ғарм ҳаракат карданд. Дар наздикии Ғарм муҳорибаи сахттарин ба вуқӯъ пайваст, ки дар он ҷо ба муқобили қисмҳои аскарони сурх отряди Кӯри шермат ва қӯшунҳои Фузайл Махсум меҷангиданд. Ин муҳориба низ ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Кӯри Шермат бо дастаҳои боқимондаи худ боз ба Фаргона гурехт. Аскарони сурх 23 март бе муқобилияти ҷиддӣ дохили Ғарм шуданд. Дар Ғарм ҳам кумитаи инқилобй ташкил гардид. охири моҳи март маркази бекигарии Дарвоз-Қалъаи Хумб ҳам ба дасти аскарони сурх гузашт. Дар ин ҷо ҳам кумитаи инқилобй ташкил ёфт. То 9 апрели ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх бо сардории Мелкумов тамоми сарзамини бекигарии Қаротегин ва Дарвозро ба даст дароварданд.
14 марти соли 1921 баробари аз нав барқарор намудани кӯпруки Пули Сангин қисмҳои аскарони сурх амалиётро ба сӯи Кӯлоб давом доданд. Вақти аз дарёи Вахш гузаштани онҳо аскарони амирӣ, ки дар он тарафи дарё буданд, аз ҷангҳои ҷиддии минбаъда даст кашида ба ҳар сӯ пароканда шуда рафтанд. Ин имконият дод, ки аскарони сурх,
158
аллакай дар рӯзи дигар, яъне 15 март соати 14-30 дақиқа Кӯлобро бе ҷанг ба даст дароранд. Вале амир Олимхон аллакай дар Кӯлоб набуд. Вай ҳанӯз 4 марти соли 1921 аз гузаргоҳи назди Чубеки дарёи Панҷ гузашта, ба хоки Афғонистон дохил шуд.
16 март дар Кӯлоб гирдиҳамоии серодам ба вуҷуд омад. Дар он ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузаштани ҳокимият эълон карда шуд. Чунин Кумитаҳо дар Мӯъминобод (бо сардории Саидҷон Назаров), Ховалинг (бо сардории Мирҷон Акобиров), Сари Хосор ва дигар ҷойҳо ташкил ёфт. Вале ташкил намудани кумитаи инқилобӣ дар Балҷувон нисбатан кашол ёфт. Зеро беки Балҷувон Давлатмандбий аз мавқеи кӯҳии мулки худ истифода бурда, ба муқобили аскарони суря муборизаро давом дод. аммо вай ҳам дурудароз истодагарӣ карда натавонист. 20 март қисмҳои аскарони сурх Балҷувонро ба даст дароварда, дар он ҷо ҳам Кумитаи инқилобиро ташкил карданд.
Ҳамин тавр, моҳҳои феврал-апрели соли 1921 дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии аскарони сурхи отряди эъзомияи Ҳисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри Кумитаҳои инқилобӣ гузашт, яъне Ҳокимияти Шӯравӣ дар ин кишвари дурдасти собиқ аморати Бухоро ҳам барқарор гардид.
159

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish