Ҳар чӣ доданд одамон бар ман, Ҳар ду қисмат кунем, Доғистон. Ҷумла медолу ордени худро, Мекунам дар ситеғат овезон!



Download 73,62 Kb.
bet1/3
Sana25.06.2022
Hajmi73,62 Kb.
#704169
  1   2   3






Расул Ғамзатов 8 сентябри соли 1923 дар авули Сада, дар хонаводаи Ҳамзат Сада ки дар доираи адабии Доғистон шоири маъруф ба шумор мерафт, чашм ба олам кушод. Падари шоир ориф буду аз саводи кӯҳна бархурдор. Мегӯянд, то охири умр ӯ алифбои нави сохтори навро аз бар карда натавонист. Шоири хубе буд Ҳамзат Сада, аммо Расул аз падари худ дар маҳорати шоириву шӯҳрат фарсахҳо пеш рафт. Падару писар - ҳар ду унвони Шоири халқии Доғистонро сазовор гаштанд, аммо ҷоизаву овозае, ки ба фарзанд насиб гардид, дар ёду хаёли падар намегунҷид.


Ҳар чӣ доданд одамон бар ман,
Ҳар ду қисмат кунем, Доғистон.
Ҷумла медолу ордени худро,
Мекунам дар ситеғат овезон!

Аз адибони Иттиҳоди Шӯравӣ то ба Расул Ҳамзатов, ки худ яке аз нозпарвардаи сохтор ба шумор мерафт, касе бо чунин ҷуръати ошиқонаву фарзандона диёри кӯчаки худ, балки гаҳвораи худро дар рӯбарӯи Ватани бузургу ягона нагузошта буд.


Воқеан, «Доғистони ман»-ро метавон нахуст асари десидентӣ дар адабиёти якранги шӯравӣ шинохт. Шоири доғистонӣ, ин намояндаи яке аз халқиятҳои камшумори қавқозӣ, - аварҳост, он гоҳ худ бехабар барои деседентҳои дигар дари мавзӯи меҳани воқеии ватани дигареро боз кард, ки онро баъдан ҳар соҳибватани миллӣ ҳамчун ватани миллии худ шинохт.
То кунун боиси ҳайрату суол аст, ки чӣ гуна сензураи қавии сохтор, хоса КДБ- и фӯлодин он гоҳ ба чопи ин асари норинҷакдори шикофкунандаи бунёди сохтори абарқудрати шӯравӣ иҷозат доданд.
Ин асар пас аз бо забони русӣ дар Маскав нашр гардидан ҳамоно ба қатори нодиртарин асарҳои хонданӣ ворид гардид. Гузашта аз он дар як муддати кӯтоҳ ба кулли забонҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ тарҷумаву нашр шуда, ба яке аз асарҳои нави миллигароӣ табдил ёфт. Дар Тоҷикистон ин асар ҳаводорони зиёде пайдо кард ва бо гузашти беш аз сӣ сол ҳанӯз ҳам хонандагони зиёде дорад.
Ҳар адиби пайрави ӯ аз байни миллати худ Абӯтолибе пайдо кард, бо суолу ҳайрату андарзи хоса. Аммо сухани Абӯтолиби доғистонӣ дигар буд: «Агар ту ба гузашта аз тапонча тир андозӣ, оянда ба ту аз тӯп тир хоҳад паронд». Андарзҳои Абӯтолиб андарзи ҳамагон шуд.
Сазовори ҷоизаи Ленинӣ, ки ҷоизаи Нобели шӯравӣ ба шумор мерафт, гардидани ин асар низ ҳайратзост, зеро дар изҳори ишқи соддаву шоиронаи Расул Ҳамзатов ба ёру диёр он қадар ҳузни нокомӣ, он қадар нолаи ниҳони шунавову айбдоркунанда дошт, ки амсолаш кампайдо буд. Шоир аз кӣ ба кӣ арза мебурд, вақте ки шоирона менолид?!

Download 73,62 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish