Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков



Download 1,67 Mb.
bet17/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20
Ци-
Яке аз бузургтарин муҳорибаҳои ҷанги дуюми ҷаҳон тобистони соли 1943 дар ҳалқаи Курск рух дод. Гитлерчиён, ки қусури маглубияти назди Сталинградро бароварданӣ буданд, шармандавор шикаст хӯрда, бештар аз ним миллион сарбозу афсарон ва микдори зиёди техникаи ҷангиро талаф доданд.
Дар ҷангҳои назди Курск тоҷикписарон Исмоил Ҳамзалиев ва Ҳодӣ Кенҷаев корнамоиҳои беназир нишон доданд. Ба ҳар дуи онҳо, хамчун аввалин ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (моҳи сентябри соли 1943) унвони олии Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ дода пгуд.
Тавре, ки маълум аст, баъди муҳорибаи Курск ҷангҳо барои Днепр огоз гардид. Убури Днепр ба таърихи ҳарбй ҳамчун намунаи барҷастаи диловарию қаҳрамонӣ дохил гардидааст. Ҷанговарони тоҷикистонй дар ин ҷо ҳам мӯъҷизаҳо ва диловарию қаҳрамонӣ нишон доданд. 20 нафар баҳодурони тоҷикистонӣ ба гирифтани унвони олии Ватан -Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушараф гардидаанд. Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов, Урунбек Ёқубов ва дигарон аз ҷумлаи онҳо буданд. Дуруст аст, ки фарзандони халқи тоҷик дар тамоми фронтҳои ҷанги Ватанй мардонавор меҷангиданд ва корнамоиҳо нишон медоданд. Аммо корнамоии колхозчй аз ноҳияи Ашт аскари қаторӣ Т. Эрйигитов ҳақиқатан ҳам ҷовидонист. 5 окябри соли 1943 ӯ корномаи А. Матросовро такрор намуд (сӯрохии ҷои оташфишонии ДЗОТ - и душманро бо тани худ маҳкам кард). Ба ин фарзанди ҷасур Тӯйчи Эрйигитов низ мисли Александр Матросов номи қаҳрамони Иттифоқи Советй дода шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар як задухӯрд бо душман ҳамдиёрони мо мисли дигар халқияту миллатҳои мамлакат далерию мардонагӣ зоҳир мекарданд. Бисёре аз онҳо ҷони худро барои озодии Ватан нисор намуданд. Масалан, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Исмат Шарифов дар озод кардани қаламравии Украина ҳалок гардид. Баъди озод кардани Белоруссия дар Полша Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Фатҳулло Аҳмадов ба шаҳодат расид. Дар сарзамини Наздибалтика Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев ва Чӯтак Урозов ба хок супорида шуданд.
Задухӯрди миқёсан калон ва охирин, ки дар фронти Шӯравию Олмон рух дод, ин муҳориба барои Берлин ба ҳисоб мерафт, ки аз даст рафтани он такдири минбаъдаи фашизмро муайян кард. Дар маҳв кардани охирин лонаи фашистон тоҷикистониҳо М. Тошмуҳаммадов, И. Бурҳонов, Н. Юсупов, Н. Ҳасанов, А. Собиров, Н. Очилов, А. Пӯлотов ва дигарон корнамоиҳо нишон дода, ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
185
Ду нафар гоҷгасписар - Эргаш Шарифов ва Амиралӣ Саидбеков дар озод кардани Чехословакия корнамоӣ нишон дода, ба гирифтани номи олии Кахрамони Иггифоқи Шӯравй мушарраф гаштанд.
Ҳамин тавр, халки шарифи тоҷик вазифаи пуршарафи хешро дар назди Ватан ырбаландона иҷро намуда, дар таъмини галабаи мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурш Ватанӣ сахмн арзандаи худро гузоштааст.
186
Гуфтори чилу ҳаштум Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1946 - 1960
Нақша:

  1. Сухане чанд оиди вазъи умумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъдм Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

  2. Азнавбарқароркунӣ ва пешрафти минбаъдаи он (пеш аз ҳама саноат ва хоҷагии қишлоқ).

  3. Ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурӣ.

Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1939-1945) ва қисми таркибии он -Ҷангй Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) даҳшатноктарин, вазнинтарин ва сахттарин ҷанг дар таърихи инсоният буд.
Дуруст аст, ки ҷанг бо галабаи дурахшони Иттиҳоди Шӯравӣ ва иттифоқчиёнаш ба охир расид. Вале ҷанг боиси харобиҳои зёд ва қурбониҳои бешумори одамӣ гардид. Қариб нисфи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ харобу валангор шуда буд. 1700 шаҳру шаҳракҳо, 32000 корхонаҳои саноатй, ҳазорҳо қишлоқҷойҳо ва гайра ба хок яксон шуда буданд. Ба замми он зиёда аз 30 миллион шаҳрвандони мамлакати Шӯроҳо ҳалок ва гумном гардиданд. Зарари бевоситаи хоҷагии халқи мамлакат 700 миллиард сӯмро ташкил намуд.12
Ҳамаи гуфтаҳои боло барои собиқ ИҶШС (СССР) як ҷароҳати вазнину пурдарде буд, ки онро тез сиҳат кардан лозим буд. Инак, собиқ мардуми Шӯравӣ ба барҳам додани оқибатҳои ҷанг, ба муолиҷаи ҷароҳати он шурӯъ менамояд.
Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатти фронт хеле дур бошад ҳам, вале ҷанг ба хоҷагии халқи кишвари мо ҳам хеле зиён овард. Дар деҳаву қишлоқҷойҳо миқдори мошину тракторҳо, асп ва дигар воситаҳои техникй кам шуд. Аз сабаби набудани поруҳои минералй ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ паст шуд, қувваи корӣ намерасид ва ғайра.
Мардуми тоҷик чун тамоми халқи Шӯравӣ дар кори аз нав барқароркунии баъдиҷангии хоҷагии халқ фаъолона иштирок намуд. Ҳалли вазифаҳои хеле душвору мураккаб дар пеш буданд. Ин вазифаҳо дар нақшаи панҷсолаи баъди ҷангӣ (яъне солҳои 1946-1950) инъикоси худро ёфта буданд. Тибқи нақшаи панҷсола маҳсулоти саноат ва кишоварзӣ (хусусан истеҳсоли пахта) ба дараҷаи пеш аз ҷанги, яъне соли 1940 расонида мешуд.
Ба душвориҳои айёми баъдиҷангй нигоҳ накарда, синфи коргари тоҷик фидокорона меҳнат карда, нақшаҳои истеҳсолиро пеш аз мӯҳлат ва барзиёд иҷро мекарданд. Дар натиҷа нақшаи азнавбарқароркунии
;2 Хайдаров Г.Х. История таджикского народа. XX век. Худжанд, 2001, саҳ. 241

187

саноати ҷумҳурй дар чор солу се моҳ иҷро гардид. Ба замми он 14 корхонаҳои нави саноатй, ба монанди заводи механикии рехтагарӣ дар Конибодом, дар Такоб.комбинати маъдантозақунӣ, дар Шӯроб кони нави ангишт, дар Душанбе фабрикаҳои дӯзандагӣ ва трикотаж, истгоҳи барқии Варзоби Поён (1949) ва ғайра сохта шуданд.
Бояд қайд намуд, ки солҳои минбаъда сохтмони корхонаҳои саноатӣ хеле суръат гирифт. Дар охири солҳои 50-уми асри XX Тоҷиикстон ба Ҷумҳурии индустриалӣ табдил ёфт. Дар ин бора чунин факт щаҳодат медиҳад. Соли 1958 ҳаҷми қиёсии маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ 50,5 фоизи ҳамаи маҳсулоти хоҷагии халқро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, ба шарофати меҳнати ҳалоли синфи коргари тоҷик,
гамхории Ҳукумати Шӯравӣ, мададу дастгирии ҳаматарафаи халқҳои
собиқ ИҶШС дар Тоҷикистон саноати бисёрсоҳаи ҳозиразамон барпо
гардид. , д,.
Тавре ки дар боло зикр намудем, ҷанг ба вазъи хоҷагии қишлоқ таъсири хеле бад расонд. Фашистони немис 70000 қишлоқ, даҳҳо ҳазор колхозу совхозҳо ва МТС (СМТ)-ҳоро ба хок яксон намуда буданд. Барқароркунй ва тараққй додани онҳо кори осон набуд, душвор буд.
Вазифаи аввалиндараҷаи азнавбарқароркунии хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ аз нав барқарор намудани соҳаи асосии он - пахтакорӣ ба шумор мерафт, ки дар солҳои ҷанг хеле зарар дида буд. Барои минбаъд тараққӣ додани пахтакорӣ Ҳукумати Иттифоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миқдори зиёд мошинаҳои хоҷагии қишлоқ, нуриҳои минералӣ ва гайра ҷудо кард.
Ин тадбирҳо ба тезӣ натиҷа бахшиданд ва дар соли якуми баъдиҷангӣ ҷамъоварии умумии пахта дар ҷумҳурӣ назар ба соли
1945-ум 66 фоиз зиёд шуд. Тоҷикистон дар соли 1947 ҳам нақшаи ба давлат супоридани пахтаро барзиёд иҷро кард.
Дар соли 1948, яъне дар соли сеюми панҷсолаи чаҳорум пахтакорй дар ҷумҳурй на фақат ба дараҷаи тараққиёти пеш аз ҷанг (1940) расид, балки аз он дараҷа ҳам пеш гузашт. Аз ҷиҳати ҷамъоварии умумии пахта ҳам ба дараҷаи дар охири панҷсола пешбинӣ шуда расида гирифт. Ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Шӯравй аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ҷои якум ва аз ҷиҳати ҳосили умумӣ ҷои дуюмро ишгол намуд.
Ҳамин тариқ, дар солҳои панҷсолаи чаҳорум хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор карда шуда, аз дараҷаи пеш аз ҷангй гузашт.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1950 сар карда монанди тамоми Иттиҳоди Шӯравй колхозҳои хурд муттаҳид шудан гирифтанд, ки дар натиҷаи ин техникаи хоҷагии қишлоқ сермаҳсултар истифода карда шуда, ташкили меҳнат беҳтар ва аппарати идоракунии колхозҳо ихтисор гардид. Ин тадбир барои тараққиёти иқтисодӣ ва маданияти деҳоти колхозӣ шароити мусоид фароҳам овард.

188

Дар Тоҷикистон бисёр колхозҳои бою калонҳудуд ба вуҷуд омаданд. Ба ҷои 3093 хоҷагии хурд 1314 хоҷагии калонҳудуд пайдо шуд.. Соли якуми панҷсолаи шашум соли муваффақияти калони пахтакорони тоҷик гардид. Агар дар соли 1950 Тоҷикистон ба давлат 288 ҳазор тонна пахта супорида бошад, пас соли 1956 ҷамъоварии он ба 415, 4 ҳазор тонна расид. Барои ин муваффақиятҳояш Тоҷикистон бо ордени Ленин мукофотонида шуд.13
30 ҳазор коркунони хоҷагии қишлоқ бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд; 51 нафар пешқадамони хоҷагии қишлоқ (соҳаи пахтакорӣ) сазовори унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гардиданд. Деҳқонони номвар, раиси колхози «Москва»-и иоҳияи ленинобод (ҳозира Бобоҷон Ғафуров), С. Урунхоҷаев ва раиси колхози «Москва»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод К. Исмоилов (ҳозира Ваҳдат) маротибаи дуюм ба ин номи олӣ қадр шуданд.
Дар солҳои панҷсолаи шашум ҳам деҳқонони тоҷик аз сидқи дил меҳнат карданд. Соли 1958 пахтакорони тоҷик ба давлат 421, 2 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин назар ба соли 1950-ум 132, 5 ҳазор тонна зиёд буд.14
Азбаски дар солҳои ҷанг демократияи сотсиалистй маҳдуд шуда буд, бинобар ин зарурияти такмил ва инкишофи он ба миён омад, яъне дар фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ - сиёсӣ - Шӯроҳо, ҳизб, иттифоқҳои касаба, комсомол, занон шакл ва усулҳои навини кор, ки ба замони осоишта мувофиқат кунад, истифода бурда мешуд.
Интихоботи Шӯрои Олии ИҶШС, ки 10-уми феврали соли 1946 шуда гузашт, воқеаи муҳими сиёсӣ буд. Моҳи феврали соли 1947 интихоби Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва январи соли 1948 интихоботи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои меҳнаткашон гузаронида шуд, ки дар онҳо иштироки омма дар ҳалли масъалаҳои хоҷагӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангй афзуд.
Моҳи декабри соли 1948 анҷумани УП ҳизби коммунистии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он бо маърӯзаи ҳисоботи котиби якуми КМ Бобоҷон Ғафуров баромад кард ва вазифаҳои навбатии ҳизбро муайян намуд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ васеъ гардид. Онҳо ба корҳои иҷтимоӣ, маданӣ ва маишӣ бевосита машгул шуда, ҳимоякунандаи ҳуқуқҳои меҳнаткашон буданд. Соли 1948 Шӯрои иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт.
Дар солҳои баъдиҷангӣ роҳбарияти онвақтаи шӯравӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум як қатор тадбирҳо андешид.
13 Набиева Р., Зикриеев Ф. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе, 2001, саҳ. 183
14 Энсиклопедияи хоҷагии кишлок- Ҷилди 1. Душанбе, 1989, саҳ. 431
189
Соли 1947 системаи карточка ба озуқаворй ва молҳои саноатӣ бекор карда шуд ва ислоҳоти пул гузаронида шуд.
Вазъи моддии халқи тоҷик тадриҷан беҳтар мегардид. Соли 1957 дар Тоҷикистон ҳам, чун дар тамоми мамлакат музди меҳнати коргарону хизматчиён зиёд карда шуд, онҳо ба ҳафтаи кории панҷрӯза ва истироҳати дурӯза гузаштанд. Сохтмони манзилгоҳ, ободонии шаҳру шаҳракҳо авҷ гирифт. Масъалаи ҳифзи сиҳатии мардуми шӯравӣ, беҳтар кардани хизмати тиббӣ ба аҳолӣ дар ҳақиқат дар маркази диққати роҳбарияти он вақтаи давлати Шӯравй буд.
Барои истироҳати бофароғати меҳнаткашон тамоми тадбирҳо андешида мешуданд. Ҳар сол одамони зиёде дар даҳҳо мавзеъҳои истироҳатй, мактаббачагон бошанд дар лагерҳои пионерӣ дам мегирифтанд.
Маорифи халқ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои асосии сохтмони маданй ба шумор мерафт, ки онро ба тезӣ аз нав барқарор кардан ва боз ҳам инкишоф додан лозим буд.
Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз дар солҳои аввали панҷсолаи якуми баъдиҷангӣ дар ҷумҳурй бесаводии аҳолии калонсол, асосан барҳам дода шуда буд.
Дар системаи маорифи халқ таълими мактабӣ ҷои марказиро ишғол менамояд. Маорифи халқ дар ҷумҳурӣ дар солҳои баъд аз ҷанг хеле тез тараққӣ менамуд.
Ҳанӯз дар солҳои 1949 - 1950 дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ таълими умумии ҳафтсола, дар шаҳри Душанбе бошад, таълими умумии миёна ҷорй карда шуда буд. Дар назди мактабҳо интернатҳои ҳисоби давлатӣ ба кор сар мекунанд.
Дар солҳои баъд аз ҷанг маълумоти олӣ ва миёнаи махсус боз ҳам инкишоф ёфт. Дар солҳои 1947 дар шаҳри Саммарқанд Донишкадаи муаллимии тоҷик кушода шуд. Дар солҳои 1948 дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта, Донишкадаи муаллимии Кӯлоб ба Донишкадаи омӯзгорӣ табдил дода шуд. Дар соли 1956 дар Душанбе мактаби нави олй Донишкадаи политехникӣ кушода шуд, ки он факултаҳои энергетикӣ, технологӣ ва бинокорӣ дошт. Тоҷикистон аз ҷиҳати пешрафти умуман маорифи халқ, аз ҷумла маълумоти олӣ на фақат аз мамлакатҳои ҳамҳудуди Шарқ пеш гузашт, балки аз баъзе мамлакатҳои Ғарб ҳам пешқадамтар шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам монанди тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои баъд аз ҷанг илм ҳам хеле тараққӣ кард.
14 апрели соли 1951 кушода шудани Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон, ки 17 муассисаи илмии тадқиқотиро дар бар мегирифт, дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ воқеаи муҳим ва фаромӯшнопазир буд.
Дар пешрафти илми тоҷик президентони АФ ҶШС Садриддин Айнӣ (президенти аввалин), С. У. Умаров, М.С.Осимй, академикҳо
190

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish