Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков


Гуфтори чилу ҳафгум Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 -1945)



Download 1,67 Mb.
bet16/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20
Гуфтори чилу ҳафгум Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 -1945)
Нақша:

  1. Саршавии Ҷанги Ватанӣ ва ба шароити ҷанг мувофиқ кардани хоҷагйи халқи ҷумҳурӣ.

  2. Меҳнати фидокоронаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ақибгоҳ.

  3. Корнамоии ҷангии тоҷикистониён дар фронтҳо.

22 июни соли 1941 ҳуҷуми мусаллаҳонаи Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш ба Иттиҳоди Шӯравй сар шуд, ки он боиси огози Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардид. Аз рӯзҳои аввали ин ҷанги хонумонсӯз сар карда тамоми миллату халқиятҳои собиқ мамлакати Шӯроҳо аз як гиребон сар бароварда, барои ҳифзи Ватан бо тамоми қувваю ғайрат ва ҳисси бепоёни нангу номус бархостанд.
Дар митингу маҷлисҳое, ки дар тамоми мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон аз соату рӯзҳои аввали огози ҷанг сар карда мегузаштанд, одамони шӯравй барои ҳимояи Ватан пурра тайёр будани худро изҳор менамуданд. С. Айнй дар он рӯзҳо чунин изҳори ақида намуда буд... "ҳар як ватандӯсти шӯравӣ дар ҷои кори хеш бояд вазифаи сарбозро адо карда, тамоми қуввату гайраташро барои маҳв намудани душман равона намояд".
Аз рӯзҳои аввали ҷанг сар карда, дар зери шиорҳои "Ҳама чиз барои фронт", "Ҳама чиз барои ғалаба" иқтисодиёти мамлакат ба талаботи замони ҷанг мутобиқ гардонида мешавад. В.И.Ленин ақибгоҳро яке аз омилҳои асосии галаба дар ҷанг меҳисобид. "Барои бурдани ҷанг, мегуфт ӯ, дар ҳақиқат ақибгоҳи мустаҳкам ва муташаккил шарт ва зарур аст".
Халқи тоҷик, пеш аз ҳама синфи коргари Тоҷикистон барои ба фронт ёри амалӣ расонидан тамоми имконият ва воситаҳоро истифода мебурд. Дар натиҷаи ба сафҳои лашкари амалкунанда сафарбар кардани коргарон ва коркунони инженер - техникӣ дар заводу фабрикаҳо кадрҳои баландихтисос намерасиданд. Ба истеҳсолот асосан ҷавонону занҳо сафарбар карда шуда буданд. Масалан, дар баъзе корхонаҳо 70 - 80 фоизи коргаронро ҷавонон ташкил мекарданд. Занҳою ҷавононе, ки ба истеҳсолот ҷалб карда шуда буданд, ихтисосҳои навро азбар мекарданд. Дар ин бора фактҳои зерин шаҳодат медиҳанд: фақат дар моҳҳои июл - августи соли 1941 даҳҳо нафар занони хонашин ба Шӯроб омада, касбҳои душвори шахтиёриро пеша карданд, ё ин ки дар кони нафти "КИМ" (ноҳияи Конибодом) 50 нафар занон касбҳои аператори истеҳсоли нафт ҳарротию челонгарӣ ва ғайраҳоро меомӯхтанд. Тирамоҳи соли 1941 беш аз нисфи коргарони ҷумҳуриро занон ташкил медоданд.
182
Дар солҳои ҶБВ меҳнаткашони деҳот душворихои гушношунидаеро бартараф намуда, зарбдорона меҳнаг карданд. Колхозчиёни зиёде роҳи фронтро пеш гирифта буданд, қувваи корӣ ва техникаи хоҷагии кишлоқ намерасид ва гайра.
Дар он солҳо бори вазнини хоҷагии кишоварзӣ ба дӯши занону ҷавонон афтода буд. Аз ҳисоби онҳо кадрҳои колхозӣ ташаккул меёбанд. Занон дар вазифаҳои раиси колхоз, ҷонишннонп раион колхоз, мудирони ферма, бригадирону звено шуда кор мекарданд.
Бояд гуфт, ки ба ҳамаи душвориҳби сангин нигоҳ накарда деҳқонони Тоҷикисгон аз ӯхдаи армия ва аҳолиро бо озуқа ва саноатро бо ашёи хом таъмин кардан баромада тавонистанд. Ин маьнои қаҳрамонӣ дар фронтҳои ҷангро дошт.
Дар тирамоҳи соли 1942 дар Тоҷикистон ба роҳи ҳарбӣ аз нав сохтани хоҷагии халқ ба охир мерасад. Маҳз аз ҳамин вақт корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ маҳсулоти худро пурра барои эҳтиёҷоти фронт мебароварданд. Мардум хобу хӯроки дурусте надошт, вале ҳама бс як умед - бо умеди ғалабаи комил умр ба сар мебурданд. На синну сол ва на душвориҳои рӯзгор садди роҳ шуда наметавонист. Пиру барно машгули кори самарбахш буданд. Мактаббачагону донишҷуён баробари хониши хубу аъло дар шифохонаҳои ҳарбӣ захмиёнро нигоҳубин мекарданд, шанбегиҳо ташкил менамуданд, оҳанпора ҷамь карда, дар тахту ҳамвор кардани роҳҳо, сохтмони биноҳо иштирок мекарданд, дар ҷамъоварии пахта ширкат меварзиданд ва гайра. Он айём касе аз боби танқисию душвориҳо шикоят намекард - ҳамаро ҳисси баланди ватандӯстии шӯравӣ фаро гирифта буд. Ҳама мехост, ки ба Ватани зери хатар монда алоқадри ҳол кӯмак расонад.
Ходимони илму адаб ва фарҳанги Тоҷикистон ҳам бо асарҳои худ барои мустаҳкам намудани руҳи ҷанговарона, меҳру муҳаббат ба Ваган ва нафрат ба душман тарбия кардани одамони Шӯравӣ мусоидат намуданд.
Тавре, ки зикр намудем, Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи Собиқ ИҶШС тамоми мушкилиҳои замони ҷангро аз сар гузаронида, сахми хешро дар таъмини ғалаба бар фашизми Олмон ва пмпералистони Ҷопон гузаштааст.
Ҳамдиёрони мо мисли дигар мардуми Шӯравӣ дар фронтҳои мухталифи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мубориза ба муқобили душмани ыддор ҷонбозӣ ва қаҳрамониҳо нишон доданд. Зиёда аз 260 ҳазор нафар фарзандони диловари Тоҷикистон алайҳи аҷнабиёни фашистй мардонавор ҷангиданд, ки бештар аз 40 ҳазор нафарашон ҷавонон буданд. Истшюгарони немис ва иттифоқчиёнаш, ки дар оғози ҷанг афзалият доштанду дастболо буданд, ҳудуди беканор - қисмати гарбии мамтакат (аз баҳри Сиёҳ то баҳри Балтик) - ро муваққатан ишгол карданд.
183
Сарбозони артиши шӯравӣ дар шароити басо вазнин ҳар як ваҷаб хоки ватанро қаҳрамонона ҳифз намуда, мӯъҷизаҳои ҷангӣ ва матонату устуворӣ нишон медоданд.
Корнамоиҳои абадзиндаи муҳофизони қалъаи афсонавии Брест, ки дар зарфи 40 рӯз ҳамлаҳои девонавори як дивизияи томи душманро зада гардониданд, аз ҷангҳои пуршиддати мудофиавии ҷанговарони Шӯравӣ шаҳодат медиҳад.
Фарзандони тоҷиктабор И. Бобоҷонов, А. Хоҷибоев, А. Қаландаров, Ғ. Шарифов, Д. Мирзоев, Г. Нуров, Ш. Назаров ва дигарон дар ҷангҳои тобистонии соли 1941 ба ин озмоишҳои шадид тоб оварда тавонистанд. Дар байни ҷанговарони тоҷик аввалин шуда Муҳаммад Иброҳимов барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ бо ордени Ленин мукофонида шуд.
Дар давраи авали ҷанг ба муқобилияти сахт ва далериву қаҳрамонии ҷанговарони шӯравӣ нигоҳ накарда, ба душмани пурзӯри маккор муяссар гардид, ки то остонаҳои Москва омада расад.
Дар он лаҳзаҳои барои давлати Шӯравӣ вазнину хатарнок аз Тоҷикистон ба остонаҳои Москва Дивизияи 20 -уми ордени Ленин ва Байрақи Сурхдори савораи кӯҳгард раҳсипар гардид. Дар задухӯрди шадиди назди Москва сарбозон ва афсарони ин дивизия Корнамоӣ ва қаҳрамонй нишон дода, 150 нафари онҳо ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба гайр аз он, дар рӯзҳои тақдирсоз дар ҷангҳои назди Москва ҳазорҳо ҳамдиёрони мо, аз ҷумла Б. Дӯстов, Р. Абдураҳмонов, Б. Искандаров, Р. Ҷалилов, А. Муҳаббатов, шоир ва драматурги ҷавон Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва дигарон ба озмоишҳои шадидтарин тоб оварда, Тоҷикистонро Шӯхратманд гардониданд. Тавре, ки маълум аст, 5-6 декабри соли 1941 нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ, ба ҳуҷуми ҷавоби гузашта, қувваҳои яккачини қушуни фашистонро торумор карда афсонаро дар бораи маглубнопазирии гитлерчиён барбод доданд, нақшаи "ҷанги барқвор" ач байн рафт.
Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ каҳрамонии бузургтарин ва барҷастатаринро дар задухӯрдҳо барои Сталинград нишон доданд. Ин ҳарбу зарб, ки таърих мислашро надида буд зиёда аз шаш моҳ, яъне аз миёнаҳои моҳи июли соли 1942 то 2 феврали соли 1943 давом кард. Дар корзори назди Сталинград низ фиристодагони Тоҷикистон кам набуданд. Аз байни онҳо махсусан Р. Анваров, А. Сулаймонов, А. Қаландаров, М. Нарзибеков ва чанде дигарон мардонагию ҷасорат зоҳир намуданд. Задухурди соҳпди Волга бо ғалабаи дурахшони Артиши Сурх ба анҷом расид. Ин гаязбаи бузург на танҳо дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки Ҷанги дуючи ҷаҳон низ дигаргуниҳои қатъиро ба амал овард.

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish