Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков



Download 1,67 Mb.
bet15/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20
Гуфтори Чилу шашум
Тоҷикистон дар давраи бунёди ҷамъияти сотсиалистӣ
(солҳои 1929 -1941)
Нақша:

  1. Конститутсияи ХШС Тоҷикистон.

  2. Ибтидои сохтмони сотсиализм.

  3. Вазъияти байналхалқӣ дар солҳои 20-30-юм.

Баъди ғалабаи Инқилоби октябр роҳбарони давлати Шӯравӣ бо сарварии В.И.Ленин нақшаи бунёди ҷамъияти сотсиалистиро таҳия менамоянд, ки дар таърих бо номи "нақшаи ленинии сохтмони сотсиализм" маълум аст. Тибқи ин нақша, мебоист дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон индустриякунонии мамлакат, коллективонии хоҷагиҳои яккадасти деҳқонй ва инқилоби маданӣ ба амал бароварда мешуданд.
Дар шароити Тоҷикистон, индустриякунонӣ дар бартараф кардани нобаробарии воқеии халқи тоҷик, ки мероси замони гузашта буд, нақши ҳалкунанда мебозид.
Зарурият ба ёдоварист, ки дар рафти татбиқи барномаи индустриякунонӣ душвориҳои зиёде ба пеш меоянд. Зеро ки корхонаҳои саноатй дар ин ҷо "дар ҷои холй" бунёд карда мешуданд, чунки дар қисмати асосии ҷумҳурй - Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ то давраи Шӯравӣ саноат умуман вуҷуд надошт. Ба таври бояду шояд омӯхта нашудани захираҳои табиӣ, бероҳй, мавҷуд набудани кадрҳои баланд ихтисоси коргарию техники ва дигар мутахассисон, харобии буҷет ва гайра рафти индустриякунониро душвор мегардониданд.
Ҳаракатҳои зиддишӯравии кашолёфта (босмачигарӣ), ки пешрафти азнавбарқароркунии хоҷагии халқи Тоҷикистонро боз дошта буд, вақту соати иҷрои тадбирҳои васеи индустрикунонии ҷумҳуриро ба таъхир андохт. Дар амал индустриякунонии Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи якум (1929 - 1932) ва махсусан аз соли 1930 сар карда вусъат ёфт.
Бояд гуфт, ки дар шароити Тоҷикистон индустриякунонӣ хусусиятҳои ба худ хоси худро дошт. Аввалан индустриякунонии Тоҷикистон, ки ба тараққиёти хоҷагии халқи тамоми мамлакати шӯроҳо зиҷ вобаста буд, дар асоси ба назар гирифтани дуруст чойгиркунонии қуввахои истехсолкунанда. дар асоси бештар мувофиқ будани тараққиёти ин ё он соҳаи саноат на фақат аз нуқтаи назари манфиатҳои ҷумҳурӣ, балки аз назари манфиатҳои тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронида мешуд. Бинобар ин индустрикунонии ҷумҳурӣ тараққӣ додани на ҳамаи соҳаҳои саноатро якбора, балки тараққӣ додани он соҳаҳоеро талаб мекард, ки тараққиёти ин соҳаҳо дар
177
шароити Тоҷикистон ба мақсад мувофиқтар буд . Дар натиҷа дар Точикистон дар навбати аввал саноати коркардабарории ашъёи хоми хоҷагии қишлоқ ва хусусан пахта инкишоф меёфт. Талаботи ҷумҳурй бошад, ба дигар хелҳои молҳои саноатӣ аз ҳисоби истеҳсолоти умумииттифоқӣ таъмин карда мешуд. Суръати афзоиши саноати Тоҷикистон аз дараҷаи умумииттифоқ баланд буд, ки ин ҳам яке аз хусусиятҳои ба худ хоси индустрикунонӣ дар ҷумҳурии мо буд.
Бояд иқрор шуд, ки индустрикунонй дар шароити вусъатёбии ташаббусҳои меҳнатӣ, ки онро меҳнати зарбдоронаи синфи коргар ба вуҷуд оварда буд, мегузашт. Техникаю механизми сохтмон қариб набуд. Ҳама корҳо дастй иҷро мешуданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, сохтмонҳо чун қоида қабл аз мӯҳлати муқарраршуда ба истифода дода мешуданд.
Дар давоми панҷсолаи якум (1929 - 1932) 17 корхонаи барои он замон азим - комбинати шоҳибофии Хуҷанд ва навбати якуми фабрикаи абрешимчигии Душанбе, заводҳои хишти Душанбе ва Пролетар (ҳозира ноҳияи Ҷаббор Расулов), Комбинати кансервбарории Конибодом, заводҳои пахтатозакунию равганкаши Душанбею Кӯлоб, Қӯргонтеппаю Шаҳртуз, заводҳои винои Хуҷанд, Уротеппа, Панҷакент ва гайра сохта шуданд. Дар як вақт аз нав таҷҳизонидани корхонаҳои амалкунандаи саноати сӯзишворй -шахтаҳои Шӯроб, конҳои нафти "КИМ" ва гайра сар шуданд. Охирҳои соли 1932 дар Қаромазор якчанд конҳою фабрикаҳои маъдантозакунӣ ба кор даромаданд.
Дар солҳои минбаъда ҳам дар бунёди корхонаҳои саноатии ҳозиразамон муваффақиятҳои калон ба даст дароварда шуданд, ки дар натиҷа саноати ҷумҳурй серсоҳа гардид. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 273 корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекарданд. Хуллас, индустрикунони симои ҷумҳуриро ба куллӣ тағйир дод.
Дар баробари тараққиёти саноат синфи коргар ва коркунони муҳандис - техникӣ ба камол мерасиданд. Синфи коргар, ба маънои пуррааш, дар Тоҷикистон асосан баъди ба кор андохта шудани корхонаҳои саноатие, ки солҳои 30 -юм сохта шуда буданд, ба вуҷуд омад. Агар соли 1926 шумораи коргарони саноатӣ аз 400 нафар андаке зиёдтар бошанд, дар охирҳои соли 1940 шумораи умумии коргарону коркунони инженер - техникӣ ва хизматчиён бештар аз 141 ҳазор нафарро ташкил медод. Ҷараёни ташкилёбии синфи коргари сермиллати ҷумҳурӣ умуман ба анҷом мерасад, ки ин галабаи назарраси сохти нав - сотсиализм буд.
Баробари индустрикунонй нақлиёти Тоҷикистон ҳам таракқн мекард. Сохтмони роҳҳои автомобилгард бо суръат давом мекарданд. Дар охири соли 1932 сохтмони роҳхои Душанбе - Янги Бозор - Оби Гарм - Ғарм ва роҳи Душанбе - Кӯктош - Даҳанакиик - Қнзил Қальа
178
асосан ба охир расид. Соли 1934 ҳаракати мошинҳо дар роҳи ОШ -Хоруг Сар шуд, баъди як сол бошад, роҳй мошингарди Душанбе -Уротеппа ба истифода дода шуд.
Анҷумани XV ВКП (б) (декабри соли 1927) сиёсати коллективонии хочагиҳои яккадастро пеш гирифт. Дар Тоҷикистон, чун дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мубориза баҳри дар ҳаёт тадбиқ намудани харорҳои анҷумани партия авҶ гирифт. Аввалин колхозҳо ташкил ёфтанд. Лекин ташкили колхозҳо дар Тоҷикистон асосан аз баҳори соли 1930 огоз мегардад.
Кори нави доманадор, албатта, бидуни камбудӣ намешавад, аз ин рӯ, дар кори ташкили колхозҳо низ душворию хатоҳо ва каҷравиҳои роҳи нишондодаи ҳизб дида мешуданд: нодуруст тезонидани суръати голлективонй, аз артели хоҷагии қишлоқ ба коммуна гузаштан ва ба ҷои тоз-ҳо артелҳои хоҷагии қишлоқ ташкил кардан ва гайра ба чараёни коллективонй таъсири манфӣ мерасониданд. Дар натиҷа роҳбарони ҳизбӣ ва шӯравӣ деҳқононро маҷбур мекарданд, ки ба колхозҳо дароянд ва ҷамъиятй намудани чорвояшонро талаб мекарданд ва чунин фактро ба инобат намегирифтанд, ки дар ТОЗ - ҳо чорво ҷамъиятӣ гардонида намешавад. Бойҳою рӯҳониён бошанд барои бадном кардани худи гояи коллективонй дар пеши назари деҳқонони камбағалу миёнаҳол аз ин хатогиҳо ва камбудиҳо истифода мебурданд. Бойҳо овоза паҳн мекарданд, ки дар колхозҳо зану фарзандон умумӣ мешаванд. Онҳо бар зидди коркунони фаъоли ҳизбӣ, шӯравӣ ва комсомолӣ сӯиқасдҳо ташкил мекарданд. Чунончй, дар Конибодом раиси колхози "Қизил Аскар" Р. Ҳамробоев ва дар Регар X. Хоҷаев аз тарафи душманон кушта шуданд. Бойҳо ҳайвонҳои колхозиро заҳр дода мекуштанд, анборҳои колхозиро оташ мезаданд ва ғайра. Дар баъзе ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ хуруҷҳои зиддиколхозии дехқононро ташкил карданд.
Ҳатто аз хориҷи кишвар низ ба ҳаракати колхозй халал расониданӣ шуданд: моҳи Марти соли 1931 аз Афғонистон дастаи калони босмачиён бо сардории Иброҳимбек ба ҳудуди Тоҷикистон ҳамла оварданд.
Дар қарори КМ ВКП (б) аз 14 марти соли 1930 "Дар бораи муборизаи зидди вайрон кардани роҳи партия дар ҳаракати колхозӣ" ва дар "Саргарангӣ аз муваффақиятҳо ва " ҷавоб ба рафиқони колхозчӣ" ном мақолаҳои И.В. Сталин хатоҳое, ки дар сохтмони колхозҳо содир шуда буданд, ошкор карда шуда, роҳҳои қатъиян ислоҳ кардани ин хатоҳо нишон дода шуданд.
Дар рафти ислоҳи хатоҳое, ки дар ташкили колхозҳо содир шуда буданд, барои инкишофи нави ҳаракати колхозӣ таҳкурсӣ барпо карда мешуд, гарчанде вақтҳои аввал як қисми хоҷагиҳо аз колхоз мебаромаданд, дар баъзе ҷойҳо бошад, колхозҳо барҳам мехӯрданд.
179
Агар вақтҳои аввал ба колхозҳо асосан батракҳою комбагалон дохил мешуда бошанд, аммо баътар аҳвол тагйир ёфт: деҳқонони миёнаҳол ҳам ба колхозҳо дохил шудан гирифтанд.
Сарфи назар аз камбудиҳо то охири соли 1940 коллективонии хоҷагии қишлоқ асосан ба анҷом расида буд, яъне сохти колхози галаба кард. Дар ҷумҳури қариб 4 ҳазор хоҷагиҳои коллективӣ ташкил ёфтанд, ки онҳо 89,9 фоизи хоҷагиҳои деҳқононро гирд оварда буданд.
Ҳамин тавр, ба шарофати галабаи сохти колхозй деҳоти ҷумҳурӣ симои худро тағйир дод, дараҷаи некуаҳволи сокинонаш баланд гардид, талаботи саноат бо ашъёи хом ва маводи хӯрокворӣ қонеъ гардонида шуд.
Ҷомеаи сотсиалистй ҳамон вақт мустаҳкам мегардид, ки агар инқилоби маданӣ ба амал бароварда мешуд. Вазифаҳои инқилоби маданӣ дар асарҳои В,И,Ленин ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба тариқи мушаххас муайян гардида буданд. Дар натиҷаи саноатикунонии ҷумҳурӣ ва коллективонии хоҷагии қишлоқ ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ беҳтар гардид ва барои амалӣ гардонидани нақшаҳои инқилоби маданӣ имконият фароҳам оварда шуд.
КИМ ва ШКХ Иттиҳоди Шӯравӣ аз 14 августи соли 1930 "Дар бораи таълими ҳатмии ибтидой" қарор қабул кард. Халқи тоҷик ин қарорро дар ҳайёт тадбиқ карда, дар боби раванди маорифи халқ ба комёбиҳои муайян ноил гардид. Охирҳои солҳои 30 - юм мубориза баҳри маълумоти миёнаи умумй дар шаҳр ва маълумоти ҳафтсола дар деҳот огоз гардид. Гузориш ба ҳуруфоти русӣ, ки соли 1940 сурат гирифт, чорабинии муҳиме буд, ки боиси пешрафти минбаъдаи илму маданият гардид.
Дар солҳои 30 - ум ба инкишофи илм дар ҷумҳурӣ низ диққати калон дода мешуд. Соли 1932 базаи тоҷикистонии АФ ИҶШС ташкил шуд, ки он олами набототу ҳайвонот ва боигарии зеризаминии ҷумҳуриро меомӯхт. Соли 1941 базаи тоҷикистонии АФ Иттиҳоди Шӯравӣ ба филиали АФ ИҶШС табдил дода шуд, ки сардораш академик Е.Н. Павловский буд.
Муваффақиятҳои ҳалкунандаи инқилоби маданй, ки заминааш дар панҷсолаи якум гузошта шуда буд, дар давоми солҳои минбаъда ба даст оварда шуда буданд. Маорифи халқ мисли пештара дар тарақиёти маданият воситаи асосии пешравӣ буд. Маҳви бесаводӣ ва чаласаводии аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ галабаи калонтарини халқи тоҷик дар соҳаи маданият ба ҳисоб мерафт. Умуман дар кули Ҷумҳуриамон мувофиқи маълумотҳои барӯйхатгирии соли 1939 - ум 71,7 фоизи аҳолй саводнок шуда буд.
Дар солҳои 30 - юм адабиёти нави тоҷик боз ҳам ривоҷу равнақ ёфт. Дар ин давра саромади адабиёти тоҷик С. Айни роману повестҳои худ: "Дохунда", "Ғуломон", "Марги Судхур", "Мактаби кӯҳна" - ро ба
180
табъ расонд, ки онҳо на танҳо дар ИҶШС, балки дар тамоми ҷаҳон ҳам шӯҳрат пайдо карданд. Намояндаи хеле машҳури назми шӯравии тоҷик.А. Лохутӣ "Тоҷ ва байрақ", "Пули Вахш". барин асарҳои барҷаста эҷод кард, ки ба фидоиёни солҳои 30 - юм бахшида шудаанд.
Асарҳои аввалини навқаламони ҷавон М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, М. Аминзода, Ҳ. Карим, С. Улугзода, М. Миршакар, А. Деҳотй, Ҳ. Юсуфӣ ва дигарон аз чоп баромаданд. Санъати халқи тоҷик, хусусан санъати театрӣ ба комёбиҳои калон ноил гардида буд. Аввалин театри тоҷик - театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳанӯз соли 1929 ба фаъолият сар карда, ҳар чӣ бештар ба дили мардум роҳ меёфт. Соли 1932 театри академии давлатии драммавӣ дар шаҳри Хуҷанд кушода шуд. Дар соли 1937 дар Душанбе театри опера ва балет ба кор сар кард. Дар соли 1936 дар Кӯлобу Хоруг ва Ғарм театрҳои мусиқӣ - драммавӣ ташкил ёфтанд. Соли 1938 филармонияи давлатии Тоҷикистон ташкил шуд.
Дар моҳи апрели соли 1941 дар Москва даҳаи санъати тоҷик гузаронида шуд. Роҳбарияти он вақтаи ИҶШС ба меҳнати эҷодии устодони санъати тоҷик баҳои баланд доданд. Ба ҳунарпешаи боистеъдоди тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов номи Артисти Халқии ИҶШС дода шуд.
Бояд ёдрас намоем, ки муваффақиятҳои соҳаи маданият ба осонӣ ба даст наомадаанд. Солҳои 30-юм зери пардаи муборизаи зидди «тарафдорони маданияти буржуазию феодалӣ», чандин ҳазор намояндагони зиёиёни то инқилобии тоҷик гирифтори таъқибот гардидаанд. Онҳоро барои он "душмани халқ" эълон карда таъқиб менамуданд, ки замоне дар мадрасае таҳсил карда ва ё рӯҳонӣ буда, •Қуръон»-ро аз ёд медонистанд.
Аз дасти ифлоси «Маданиятшиносони сталинӣ» дурдонаҳои зиёди меъморй осеб дида, сарчашмаҳои бебаҳои хаттӣ ба тамом набуд гаштанд, зеро шиори муборизаи зидди "паҳнкунандагони" идеологияи феодалӣ - динӣ бар зидди ҳамаи онҳое, ки китобҳои арабиасос мутолиа жардаанд, ва ё соҳиби чунин китобҳо буданд. Муборизаи синфӣ эълон жарда шуда буд. Чунин таъқибот ҳазорҳо китобу дастнависҳои юлнмаро аз байн рабуд.
181

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish