Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков


Гуфтори чилу нӯҳум Точикистони Шӯравӣ дар солҳои 60-аввалҳои 90-уми асри XX



Download 1,67 Mb.
bet18/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20
Гуфтори чилу нӯҳум Точикистони Шӯравӣ дар солҳои 60-аввалҳои 90-уми асри XX
Нақша:

  1. Тараққиёти саиоат: комёбиҳо ва норасоиҳо.

  2. Пешрафти хоҷагии қишлоқ: муваффақиятҳо ва камбудиҳо.

  3. Ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ. Инкишофи илму адаб ва фарҳанг.

  4. Бозсозӣ ва бурду бохти он.

Аз нимаи дуввуми солҳои 50-ум сар карда, дар ҷаҳони муосир дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд, ки онҳо боиси пешрафти илм ва технкаи ҳозиразамон гардиданд. Ин ба инқилоби илмӣ-техикӣ ибтидо гузошт.
Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон чун узви таркибии собиқ Иттиҳоди Шӯравй саноати худро дар заминаи техникаи нав ва технологияи пешқадам пеш мебурд.
Мувофиқи нақшаи ҳафтсолаи (1959-1965) тараққиёти хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар анҷумани XXI аввалҳои соли 1959 Ҳизби коммунист қабул карда шуда буд, дар ҷумҳурияамон як қатор корхонаҳои ҳозиразамони саноатй: ба монанди комбинатҳои қолинбофӣ, чӯбу тахта, хонасозӣ, нуриҳои азотии Вахш, «Текстильмаш», «Трактородеталь», семент, «Яхдон», истгоҳҳои барқии Шаршар, Сарбанд ва гайра сохта ба кор дароварда шуданд.
Сипас меҳнаткашони Тоҷикистон соли 1966 ба иҷрои нақшаи панҷсолаи ҳаштум солҳои (1966-1970) шурӯъ намуданд.
Саноати ҷумҳурӣ махсусан дар зарфи баъди бист соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне дар нимаи дуввуми солҳои 60-ум ва нимаи солҳои 80-ум ба муваффақиятҳои бузург соҳиб шуд. Хусусияти хоси ин давра дар он аст, ки соҳаҳои саноати вазнин бо суръати хеле баланд тараққӣ карданд. Ба ин восита иқтисодиёти Тоҷикистон қадамҳои калон ва қатъӣ ба пеш гузошт.
Дар он солҳо роҳабрияти Шӯравй ба масъалаи барпо намудани комплексҳои ҳудудию истеҳсолӣ диққати калон медоданд. Ба ин комплекси ҳудудию истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон мисол шуда метавонад. Мувофиқи қарорҳои анҷумани XX1У ҲКИШ сохтмони комплекси ҳудудию истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон огоз меёбад. Дар солҳои панҷсолаи нухум се агрегати истгоҳи барқии Норак, навбати якуми заводи алюминии шаҳри Турсунзода ба кор даромаданд.
Дар солҳои панҷсолаи даҳум (1976-1980) истгоҳи барқии Норак бо тамоми иқтидораш (9 агрегат) қувваи барқ истеҳсол кард. Сехи анодҳои пухтаи заводи алюминии тоҷик ба истифода дода шуд, дар заводи электрохимиявии Ёвон иқтидорҳои нав ба кор даромаданд, сохтмони заводи чинибарории шаҳри Турсунзода анҷом ёфт. Худ аз
192
худ фаҳмост, ки дар мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳ бунёд намудани комплекси ҳудудию истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон ва тарққиёти минбаъдаи он бе ёрии бародаронаи халқҳои собиқ Шӯравӣ ва гамхории Ҳукумати Иттифоқ имконнопазир мебуд. Ягон объекти калон ё хурди комплексро ёфтан душвор буд, ки дар сохтмони он намояндагони ҷумҳуриҳои бародарӣ иштирок накарда бошанд. Истгоҳи барқии Норак дили комплекс буд. Онро тамоми намоядагони собиқ мамлакати Шӯроҳо сохт. Дар сохтмони он ҳазорҳо нафар коргарон ва муҳандисон, олимон ва конструкторони гӯшаю канори ИҶШС иштирок намуданд. Яъне дар бунёди он намояндагони зиёда аз 50 миллату халқиятҳои мамлакат ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки истгоҳи барқии Норак, ки ба заминҷунбии нӯҳбала тоб меораду баландии обанбораш 300 метр - баробари баландии бинои қариб 100 ошёна (иқтидораш 2,7 миллион киловатт соат) мебошад, ҳар сол то 12 миллиард киловатт соат қувваи барқ истеҳсол менамуд. Захираи азими обанбор (11 миллиард метри кубӣ) имкон дод, ки ҳазорҳо гектар заминҳои навкорам аз худ карда шаванд. На чандон дуртар аз Норак сохтмони истгоҳи азимтарини энергетикӣ - истгоҳи барқии Рогун вусъат ёфта буд. Дар ин ҷо мебоист сарбанди бузурге, ки 345 метр баландӣ хоҳад дошт ва обанбори 14 миллиард метрии мукааб бунёд меёфт. Иктидораш 3,6 миллиард киловатт пешбинӣ шуда буд. Вале афсӯс, ки бо сабабҳои объктивй ва субъективӣ ин истгоҳ то имрӯз сохта нашудааст. Умед аст, ки дар солҳои наздик сохта хоҳад шуд.
31 марти соли 1975 дар ҷумҳуриамон нахустин хӯлаи нуқратоби алюминии тоҷик тайёр карда шуда буд. Дар солҳои минбаъда заводи алюминии тоҷик пурра сохта мешавад. Бояд зикр намуд, ки завоДи алюминии шаҳри Турсунзода дар саноати алюминии ҷаҳон яке аз корхонаҳои прогрессивй ва ҳозиразамон ҳисоб меёбад.
Хулласи калом, дар ин солҳо саноати Тоҷикистон хеле пеш рафта, ба пояҳои баланди тараққиёт расида буд. Дар миёнаҳои солҳои 80-ум бештар аз 400 корхонаю иттиҳодияҳои энергетикй, металлургияи ранга, мошинсозй, химиявӣ, маъдани кӯҳӣ, электротехникӣ, саноати сабук ва хӯрокворй, индустрияи бинокорӣ амал менамуданд. Саноат соҳаи пешқадаму муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурй гардида буд. Вай бештар аз 60% маҳсулоти умумии ҷамъиятиро истеҳсол мекард. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба бештар аз 50 мамлакатҳои ҷаҳон мефиристонданд.
Дар пешрафти истеҳсолоти саноатй баробари муваффақиятҳо камбудиҳои ҷиддӣ низ мавҷуд буданд, ки оҳиста-оҳиста нишонаҳои карахтиро гирифтанд. Азбаски саноати Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини мутахассисон маълумоти миёнаи махсус ва олидор ба таври кифоя таъмин набуд, боиси паст гардидани сифати маҳсулот мешуд. Ё ин ки суръати афзоиши ҳосилнокии меҳнат нисбат ба дараҷаи умумииттифоқ
193
хеле паст буд. Дар бобати истифодаи дастовардҳои илмй-техникй ба дараҷаи даркорӣ диққат дода намешуд.
Суръати нокифряи пешрафти саноат. дар баъзе минтақаҳри ҷумҳурӣ (вилоятҳои онвақтаи Кӯлобу Қӯргонтеппа ва вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ) оқибатҳои манфӣ доштанд. Масалан, ҳазорҳо одамон, хусусан ҷавонон ба кор таъмин намешуданд, ҳол он ки ин минтақаҳо аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ, ҳатто дар собиқ Иттиҳодӣ Шӯравӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекарданд. Хулоса, бо кор таъмин кардани ҷавонону ҷавондухтарон дарди дармонталаб буд.
Дар охир ҳаминро ҳам қайд намоям, ки бисёр роҳбарон аз рӯи усули маъмурӣ-фармонфармой ва методҳои бюрократй роҳбарӣ мекарданд.
Дар нақшаи ҳафтсола ба соҳаи асосии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ-пахтакорӣ дққати ҷиддй дода мешуд. Хоҷагии қишлоқи ҷумҳурй дар он солҳо бештар аз 20 ҳазор трактор гирифт. Пахтакорони тоҷик дар тӯли ҳафт сол ба давлат қариб 3,5 миллион тонна пахта, аз он ҷумла 1,5 миллион тонна пахтаи маҳиннах супориданд.
Хусусан, дар солҳои 1965-1985 хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Базаи моддию техникии он пайваста мустаҳкам гардид. Дар тӯли он солҳо маблаггузориҳои давлат ва колхоз ба соҳаи хоҷагии қишлоқ қариб 4 миллиард сӯмро ташкил доданд, ки ин назар ба 20 соли пештара 2,9 баробар зиёд буд.
Дар натиҷа майдони кишт хеле васеъ гардид. Дар давраи аз соли 1966 то соли 1981-ум 187 ҳазор гектар заминҳои нави обёришаванда ба кор андохта шуданд. Ҳаҷми миёнаи солонаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ зиёд гардид. Масалан, дар солҳои 1961-1965 ба ҳисоби миёна дар як сол қариб 523 ҳазор тонна пахта гундошта шуда бошад, пас дар панҷсолаи даҳум (солҳои 1976-1980) 384 ҳазор тонна зиёд «тиллои сафед» ҷамъ оварда шуд.
Дар соли хотимавии панҷсолаи даҳум (соли 1980) миқдори рекордӣ-бештар аз 1 млн. тонна пахта гундошта шуд. Инчунин дар ин давра дар ҷамъоварии мошинии пахта муваффақиятҳои калон ба даст дароварданд. Бисёр ноҳияҳо ва колхозу совхозҳо дараҷаи ҷамъоварии мошинии пахтаро то 70-80 фоиз расониданд. Ҳамчунин истеҳсоли навъҳои асосии озуқаворӣ низ дар ин давра хеле афзуд.
Пленуми маии (с. 1982) КМ ҲКИШ «Барномаи озуқавории ИҶШС»-ро дар давраи то соли 1990 қабул кард. Мувофиқи ин қарор истеҳсоли гӯшт, шир, галла, сабзавот, картошка ва ғайраро хеле зиёд кардан лозим буд. Вале ин «Барнома» бо сабабҳои маълум комилан иҷро нагардид.
Зарурият ба ёдоварист, ки техника дастоварди асосии деҳқони тоҷик буд. Онҳо солҳои 70-ум қариб 3 ҳазор трактор, қариб 2 ҳазор
194
иошини боркаш, садҳо комбайн, ҳазорҳо плуг ва миқдори зиёди техникаи дигари хоҷагии қишлоқ гирифтанд. Кишоварзони тоҷик соли . 1985 ба давлат 935 ҳазор тонна пахта ва 326 ҳазор тонна галла. супориданд.
Дар охир қайд намоем, ки Тоҷикистон супоришҳои панҷсолаҳои ҳаштум, нӯҳум, даҳум ва ёздаҳумро оид ба фурӯши галла, пахта, сабзавот, навъҳои аеосии маҳсулоти чорво иҷро намуда буд.
Баробари ин комёбиҳо, камбудиҳо низ кам набуданд: солҳои сол ҳосилнокии пахта аз 30 сентнерй аз ҳар гектар зиёд нашуд; аз бисёр ҷиҳат принсипи ҳавасмандгардонй ба инобат гирифта намешуд; дар комплексҳои агросаноатӣ вазни қиёсии меҳнати дастй хеле баланд буд; кафомонии илм аз талаботи кишоварзӣ; ба якказироатӣ табдилёбии пахта; кам аҳамият додан ба инкишофи богу токпарварй ва сабзавоту полизкорӣ; талафоти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар мавриди гункунӣ, кашондан, нигаҳдорй, эътибор надодан ба масъалаҳои экологии инкишофи хоҷагии қишлоқ ва гайра ба чашм мерасид.
Баъди қабули Конститутсияи соли 1936 дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ дар собиқ мамлакати Шӯроҳо, аз ҷумла дар ҷумҳуриамон тагйиротҳои калон ба амал меоянд, ки онҳо мебоист дар Конститутсияи нав сабт мегардиданд. 7 октябри соли 1977 Шӯрои Олии мамлакат Конститутсияи нави ИҶШС -ро кабул кард.
Дар асоси Конститутсияи ИҶШС лоиҳаи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон таҳия гардид, ки онро 14 апрели соли 1978 Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ тасдиқ кард. Дар Конститутсия роҳи тай кардаи халқи тоҷик дар тӯли солҳои Ҳокимияти Шӯравй ҷамъбаст карда шуд.
Моҳи октябри соли 1984 ба ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон 60 сол пур шуд, ки онро тоҷикистониҳо тантанавор ҷашн гирифтанд.
Дигар вақеаи муҳими ҳаёти ҷамъиятй-сиёсии он солҳо Интихоботи депутатҳои халқии ИҶШС буд, ки дар моҳи марти соли 1989 баргузор гардида буд. Меҳнаткашони Тоҷикистон ҳам дар интихобот фаъолона иштирок карданд ва ба Органи Олии қонунбари мамлакат - Шӯроҳо 40 нафар вакилони худро интихоб намуданд. Баъди интихоби вакилони халқ Анҷумани якуми депутатҳои халқи ИҶШС аз 25 май то 9 июни соли 1989 дар Москав шуда гузашт, ки воқеаи фараҳбахш буд.
Дар моҳи декабри соли 1989 Анҷумани дуюми депутатҳои халқи ИҶШС баргузор гардид. Хулоса, қарору қонунҳои қабул кардаи парламент - Шӯрои Олии ИҶШС ва Анҷуманҳои депутатҳои халқ дар бозсозии инқилобӣ нақши калон бозида, ба беҳтаршавии ҳаёти мрдуми Шӯравӣ мусоидат намуданд.
Солҳои 70-80-ум маорифи халқ низ ба як қатор комёбиҳо ноил гашт. Ба мустаҳкам кардани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои маорифи халқ аҳамияти калон дода мешуд. Шумораи талабагони синфҳои болоӣ афзуд, такроран дар як синф ду сол хондан кам шуд. Ба
195
кори бо муаллимони баландихтисос таъмин кардани мактабҳо гамхорӣ карда мешуд. Чунончӣ, агар дар соли хониши 1970-1971 аз 40 ҳазор омӯзгорон фақдт нисфашон маълумоти олӣ дошта бошанд, .пас дар соли хониши 1985-1986 аз 71,5 ҳазор омӯзгорон 80 фоизашон маълумоти олӣ доштанд. Вале дар фаъолияти мактабу маориф камбудиҳо ҳам кам набуданд. Дар ин солҳо илм ҳам ба муваффақиятҳои беназир ноил гашт. Дастовардҳои илм ҳарчӣ бештар дар истеҳсолот ҷорӣ карда мешуданд.
Мисли пештара маркази асосии илмии Тоҷикистон Академияи илмҳо буд, ки олимонаш дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ном бароварда буданд. Умуман, Тоҷикистон бо номҳои Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров, Алоуддин Баҳоваддинов, Мӯсо Диноршоев, Муҳаммадҷон Осимӣ, Юсуфҷон Носиров, Пӯлод Бобоҷонов, Мӯҳсин Мансуров ва дигарон фахр мекард.
Адабиёту сангъати тоҷик бой ва ганй гардид. Дар солҳои 70-ум Мӯъмин Қаноат барои достони «Сӯруши Сталинград» ба мукофоти давлатии СССР, адиби ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ барои романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», Юсуф Акобиров барои романи «Норак» ва шоири маҳбуби халқи тоҷик Лоиқ Шералӣ барои маҷмӯаи шеърҳояш ба мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сазовор гардиданд.
Театрҳои Тоҷикистон дар равнақи санъат ва тарбияи эстетикии мардум саҳми шоиста гузоштанд. Дар ин солҳо зиёда аз 150 спектаклҳои драмматургони тоҷик ба рӯи саҳна омаданд («Дӯсти ман -душмани ман»-и Аъзам Сидқй, «Интихоби домод»- Ҳоҷӣ Содиқ, «Имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ, «Лолаҳои сафед»-и Мавҷуда Ҳакимова ва ғайра).
Дар он солҳо санъати касбии тоҷик ривоҷу равнақ ёфт. Устодони санъат Муҳаммадҷон Қосимов, София Тӯйбоева, Тӯҳфа Фозилова, Акбар Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Лутфи Зоҳидова, Ғаффор Валаматзода, Шамсй Қиёмов ва дигарон дар шоҳроҳи санъат саҳми босазо гузоштанд.
Солҳои 60-70-ум як зумра ҷавонони боистеъдод Маҳмудҷон Воҳидов, Марям Исоева, Малика Собирова, Ҳошим Гадоев, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов ва бисёр дигарон ба майдон омаданд ва дар байни мардум маҳбубият пайдо карданд.
Кйноматографистони тоҷик филмҳои «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Қисмати шоир», «Коваи оҳангар», «Рустам ва Сӯҳроб», «Марги судхӯр», «Достони Сиёвуш» ва чандин филмҳои дигари олиҷаноб офариданд. Филми «Қисмати шоир» дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё ва АфриқО дар шаҳри Қоҳира (с. 1960) ҷои аввал ва ҷоизаи «Уқоби тиллой» гардид. Филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» зиёда дар 60 мамлакатҳои ҷаҳон намоиш дода шуда, дар кинофестивали
196
мамлакатҳои Осиё ва Африқо ба ҷоизаи «Гуддони галои» сазовор гардид.
Жанрҳои асарҳои мусиқӣ ҳам васеъ гардид. Аз мохи апрели соли 1985 дар таърихи мамлакати мо давраи нав сар мешавал, ки бозсозӣ ном дорад. Пленуми апрелии (соли 1985) КМ ХКИШ роҳи бозсозй, яъне ба таври куллӣ дигаргун сохтани тамоми соҳахои хаёти чамъияти шӯравиро пеш гирифт.
Аслан, мафҳуми бозсозӣ тамоми ҳаҷми он дигаргуннхоеро, ки ба амал омадаанд, ифода карда наметавонист. Худн меъморонн бозсозӣ тасаввур карда наметавонистанд, ки иқдоми ба максади начот додани системаи маъмурӣ - фармонфармоӣ ва «давлатдорнн тоталнтарӣ» сар карда, аз таҳти назорати онҳо, аз он ҳудуде, ки дар назар доштанд берун намебарояд. Ва он бештар на ба бозсозӣ, балки ба азнавсозии инкилобии халқҳои собиқ империяи коммунистӣ ба охнр мерасад.
Дар таърихи башар таркишҳои иҷтимой воқеаи нодир нест. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани онҳо сари вақт сарфаҳм нарафтан ва ё форигболӣ намудан дар ҳалли масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаро сахт ба ташвиш меандозад.
Дарки саривақтии равандҳои инкишофи ҷомеа мунтазам такмилу нслоҳи ҳамаи масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву маънавиро ба миён мегузорад.
Маҳз сиесати ислоҳотхоҳии нерӯҳои пешқадами як қатор мамлакатҳои ҷаҳон буд, ки зиддиятҳои иҷтимоии дохилӣ сари вақт ҳалли худро ёфтанд. Чунончи, ислоҳотҳои иҷтимоӣ капитализмро, ки аксари инқилобчиёни коммунистӣ дар ибтидои асри XX таркиши онро пешгӯи мекарданд, ба роҳи тараққиёти мӯътадил даровард.
Иттифоқи Шӯравӣ, ки ба чоҳи чуқури сохтори маъмурӣ -фармондеҳӣ афтида буд, аз ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ сарфи назар мекард. Ҳол он ки вай ҳамчун дигар ҷомеаҳои иҷтимоӣ барои гузаронидани ислоҳотҳои радикалй эҳтиёҷ дошт. Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум ҷомеаи Шӯравӣ ба таркиши иҷтимоӣ наздик мешуд. Зимнан бояд гуфт, ки чунин таркишҳои иҷтимоӣ дар аксарияти мамлакатҳои системаи сотсиалистӣ тайёр мешуданд. Халқҳои ин мамлакатҳо дар таърихи нимасраи худ хеле хуб дарк намуданд, ки модели сиёсӣ ва иқтисодии Шӯравй қобили ҳаёт нест. Инро таҷрибаи Олмони демократй ва Олмони федеративӣ, ки яке аз рӯи модели Шӯравӣ ва дигаре аз рӯи модели классикӣ бараъло собит намуд.
Дар Иттиҳоди Шӯравй монеаи асосии роҳи бозсозии ҲКИҶШ буд, жв дар давоми зиёда аз 70 сол бидуни ягон қонун ва назорати ■вхрвандон роҳбари ягонаи сохтори сиёсии шӯравӣ буд, ҳаргиз муросо кардан намехост, ки ҳукмронии худро аз даст диҳад.
Сиёсати бозсозӣ боиси ҷунбишҳои истиқлолхоҳй дар аксари ^умхурнҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравй гардид. Дар Осиёи Марказӣ
197
Тоҷикистон аввалин ҷумҳурие буд, ки дар он ҳаракати эҳёи анъанаву фарҳангии миллӣ ва истиклолхоҳй ба вуҷуд омад. Равшанфикрони тоҷик кӯшиш намуданд то ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ диҳанд. 22 июли соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ- гирифта, забони расмии коргузории Тоҷикистон эълон карда шуд. Ин аввалин дастовард дар роҳи истиқлол буд.
Дар охирҳои еолҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90 дар Тоҷикистон сохтори бисёрҳизбӣ арзи ҳастӣ намуд. Дар ҳамин давра созмонҳои «Ваҳдат», «Ошкоро», «Растохез», «Пайванд», «Носири Хисрав», «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон» ба вуҷуд омаданд.
Ибтидои солҳои 90-ум рӯхияи истикдолхоҳии мардуми тоҷик хеле баланд шуд ва ниҳоят 9 сентябри соли 1991 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ қабул карда шуд ва Тоҷикистон расман давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буд.
198
Гуфтори панҷоҳум «Иҷлосияи қисмат» ва аҳамияти таърихии он
Нақша:

  1. Вазъи сиёсии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-ум.

  2. Зарурияти даъватн Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  3. Қарорҳои Иҷлосия ва аҳамияти таърихии онҳо

Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии тоҷикон-шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд. Ҳар чӣ қадар солҳо гузаранд, аҳамияти бузурги ин Иҷлосияи такдирсоз, ҳамон қадар аёнтар ва боҳашамату бошукӯҳтар ҷилвагар мешавад.
Тавре ки ба ҳамагон мусаллам аст, баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ ҷумҳуриҳои бародар, аз ҷумла Тоҷикистон соҳибистиқлолу озод гардиданд.
Воқеан ҳам Истиқлолият ва озодй барои ҳар як миллат бузургтарин падидаи маънавӣ ва сиёсист. Аз ин лиҳоз, миллату халқиятҳои ба ору номус, худшиносу худтақцирсоз метавонанд аз ин падидаи худодод барои рушду нумӯи хеш ва дар арсаи ҷахоюш тамаддуну тараққиёт пеш рафтан истифода намоянд. Таърих ҳазорҳо мисолро медонад, ки халқҳои ҷаҳон чй тавр барои ба даст овардани Истиқлолият ва пойдории он ҷонбозиҳо намудаанд. Миллатҳое, ки аз шахди мубориза комрон нашудаанд, ноаён аз саҳифаҳои таърих гайб заданд.
Хушбахтона лаҳзае фаро расид, ки Тоҷикистон ҳам аз ин тӯҳфаи илоҳӣ комёб гардад ва ҳамин тавр, дар таърихи тоҷикон саҳифаи наве боз шуд, ки он тӯҳфаи илоҳй «Истиқлол» буд.
Инак, саволе ба миён меояд, ки мо ва дигар халқҳои собиқ шӯравӣ Истиқлолро чӣ тавр кабул кардем?
Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиходи Шӯравӣ, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расиданд, шукри Истиқлол намуда, бо рӯҳу илҳоми нав ба ободу хуррам сохтани ватани аҷдодии хеш камар бастанд.
Тоҷикистони мо чӣ? Сад афсӯс, ки дар Тоҷикистон ин тавр нашуд. Ҷоҳталабону қудратталабон бо пуштибонии қувваҳои хориҷй якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд, ки окибат сабабгори ҷанги хамватанӣ шуданд.
Тавре ки маълум аст, ҳанӯз то Иҷлосияи сарнавиштсози XVI ШО дар ҷумҳуриамон ҳодисаву вокеаҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ин лиҳоз, мехостем ба таври умумӣ ҳам бошад, баъзеи онҳоро ёдовар шавем.
199
Баъди ба даст даровардани Истиқлолият дере нагузашта интихоби Раиси ҷумҳур баргузор гардвд, ки дар он қувваҳои гуногуни сиёсӣ иштирок намуданд. Раҳмон Набиев Раиси ҷумҳур интихоб гардид (24 ноябрисоли 1991).
Вале афсӯс, ки интихоби Президент ба вахдати миллии тоҷикон боис нашуд, баръакс ибтидои нохушиҳо дар кишвар гардид.
Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон ба саҳву хатогиҳо роҳ дод. Президент мебоист зина ба зина сохтори давлатиро аз нав месохт, ки ба давлати соҳибистиқлол хос бошад, вазъияти ба амал омадаро хуб дарк мекард ва қарору хулосаҳои оқилона қабул менамуд. Ё ин ки аз ҳама муҳимаш артиши миллии худро ҳамчун гарави соҳибихтиёрӣ созмон медод; пули миллие, ки яке аз рукнҳои истиқлолияти миллй аст, ҷорӣ мекард, вале ин корҳоро накард. (Дигар ҷумҳуриҳо бошанд, фавран артиши миллии хешро созмон доданд ва пули миллии худро бароварданд).
Ҳатто Ҳукумат моҳияти иқтисоди бозоргониро дарк карда натавонист. Иқтисоди замони Шӯравӣ побарҷо (пойдор) буд.
Умуман, давраи ҳукмронии Раҳмон Набиев (аз 23 сентябри соли 1991 то 7 сентябри соли 1992 ) оппозитсияи пурзӯр ва оштинопазирро ба миён овард.
Аз ин ҷост, ки дере нагузашту тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо ва ба ҷабҳаҳои мухолифи ҳамдигар тақсим шудани қувваҳои сиёсӣ огоз гардиданд. Муқовимати сиёсӣ бошиддат авҷ гирифта, оқибат ба задухӯрди мусаллаҳона гирифта овард.
Вазъияти сиёсй чунон печида ва бӯҳронӣ гардида буд, ки ҳатто Ҳукумати бо ном муросои миллӣ (10 май таъсис ёфта буд) аз ӯхдаи роҳбарӣ кардани давлату ҷомеа баромада натавонист. Натавонист, ки вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварад.
Ин ҷо зарурият ба ёдоварист, ки ин ҳукумат ягон тадбири судманд наандешид, баръакс ба фишору зӯроварӣ такя кард, тарафдорони худ ва шахсони гумроҳшударо ба силоҳ гирифтан даъват намуд, онҳоро ба ҷанги хонумонсӯз барангехт, ба сари бародар тег кашидани бародарро раво донист ва дар натиҷа ҷумҳурии соҳибистиқлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Оқибат дар кишвар беқонунӣ, бенизомӣ ва анархияи сиёсй ҳукмрон гардид.
Ҳамин тарик, дар он рӯзҳо хатари ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистон ба воқеият табдил меёфт. Барои пеши роҳи ин селоби фалокатборро гирифтан ва наҷот додани миллат аз парокандагй, афроди солимфикр ва фарзандони ватандӯст муттаҳид шуданд, зеро вазъият андешидани чораҳои қатъй, фаврй ва таъхирнопазирро тақозо мекард.
Аз ин хотир, дар шароите, ки Тоҷикистони азизро ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш, фалаҷ шудани дастгоҳи давлатӣ ва бӯҳрони
200
шадиди иҷтимоиву иқтисодй фаро гирифта буд, Иҷлосияи ХУ1 Шурои Олӣ даъват карда шуд, ки ин ягона икдоми оқилона буд.
Инак, Иҷлосияи таърихии фавқулодаи ХУ1 Шуро Олй дар қасри маданияти хеле бошукӯҳу боҳашамат, колхози (ҳоло хоҷагии) овозадори ба номи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, деҳқони номвар Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви назди шаҳри Хуҷанди бостонй баргузор гардид ва он аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 давом кард. Дар кори Иҷлосия бидуни вакилони халқ боз намояндагони ҳукуматҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қиргизистон, Россия, меҳмони фахрии Иҷлосия намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон ширкат варзиданд.
Сабаби гайриодцӣ тӯл кашидани кори Иҷлосия ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаҳои муҳимтарини рӯз, яъне гирифтани пеши роҳи ҷанги оташ гирифта ва ба роҳи сулҳу салоҳ, созандагиву бунёдкорӣ ворид намудани Тоҷикистон буд.
Дар Иҷлосия масъалаи асосӣ - масъалаи рақами 1, масъалаи ҳокимият буд ва он ҳаллу фасл гардид. Иҷлосия ҳукумати нави Тоҷикистонро созмон дод ва Раёсати нави Шӯрои Олии Ҷумҳуриро интихоб намуд, яъне Низоми Конститутсиониро барқарор намуд. Дар қатори дигар масъалаҳо, Иҷлосия масъалаи истеъфои Ҳукумати Мусолиҳаи миллиро баррасӣ кард ва қабул намуд. Инчунин аризаи нави Раҳмон Набиев оиди ба истеъфо рафтани ӯ низ маъкул дониста шуд.
Дар Иҷлосияи ХУ1, вакилони халқ баъди муҳокимаи тӯлонӣ ба хулоса омаданд, ки ҷомеаи мо ба тарзи идоракунии президентӣ тайёр нест. Ба ин хотир, аз ин шакли идоракунӣ даст кашида, барқарор кардани парламенти коллегиалиро (бо маслиҳат кор карданро) ба мақсад мувофиқ донистанд. Минбаъд раиси Шӯрои Олй сарвари давлат ҳисоб мешуд. Ҳамин тавр, Ичлосияи ХУ1 Шурои Олӣ ба ташкили давлату Ҳукумати нави қонунии Тоҷикистон асос гузошт.
Инчунин, дар Иҷлосияи мазкур ба хотири зудтар қатъ гардонидани хунрезии байни бародарон ва истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, як силсила қарору қонунҳои муҳими тақцирсоз қабул карда шуданд. Сазовор ба ёдоварист, ки дар ҳамин Иҷлосияи таърихй чунин муқаддасотҳо, ба монанди Парчам (байрақ) ва Нишон (герб)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
19 ноябри ҳамон сол воқеаи фаромӯшнопазир рух дод. Иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз мансаби раиси ШОҶТ озод намуд ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба ин мартабаи баланд ва масъулиятнок раиси Комиҷроияи ҳамонвактаи вилояти Кӯлоб Э.Ш. Раҳмоновро интихоб намуд. Аз 197 депутатҳои халқӣ 186 нафарашон ба Э. Рахмонов овоз доданд.
201
Ҳамин тавр, Э. Раҳмонов сарвари органи Олии қонунбарори Ҷумҳурй, яъне сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид ва аввалин сухани ӯ ин тавр буд: «Ба гузашта салавот!»
Интихоби Э. Раҳмонов ба ин вазифаи аз ҳама баланди давлатӣ, қонунӣ ва дуруст буд. Зеро, ки депутатхо фарди интихоб кардаи худро хуб медонистанд. Медонистанд, ки ӯ ташкилотчии боистеъдод, шахси адолатпеша ва меҳанпараст, боҷасорат ва қавиирода мебошад. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмонов, ки аз байни халқи одцӣ баромада буд, (аз кӯдакӣ бо падари деҳқонаш паҳлу ба паҳлу истода дар замин кор мекард) зиндагии мардуми заҳматкашро хуб медонист, ба қадри одаму одамгарӣ мерасид ва аз орзуву омоли ӯ бохабар буд.
Дар ҳамон рӯзи 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмонов бо сухани кӯтоҳ, вале пурмӯҳтавои барномавӣ баромад карда, чунин изҳор намуд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чй аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам».
Хулоса, «Е ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам».
Сарвари нави Тоҷикистон дар назди вакилони халқ савганд ёд кард ва иброз дошт, ки ҳимояи ҳавасу манфиати мардуми заҳматкаш ва муқаддасоти Конститутсияи Ҷумҳуриро вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини хеш меҳисобам.
Яке аз қадамҳои аввалини Э. Раҳмонов ҳамчун раиси Шурои Олӣ баҳри ба эътидол овардани иқлими сиёсии Ҷумхурӣ, ин буд муроҷиати ӯ ба роҳбарони гурӯҳҳои яроқбадаст оиди сулҳ.
Дар муроҷиати Раҳмонов омадааст: «Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст даровардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмй, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед».
Кор омад карду қумондонҳои ба Иҷлосия даъват шуда, бо сарваронашон Сангак Сафаров (фронти халқӣ) ва Буйдоқов (мухолифин) 25 ноябр дар ҷаласа ҳозир шуданд ва дар назди депутатҳо баромад ҳам карданд.
Раиси Шӯрои Олӣ боз суханронй намуда, вазъи ҷумҳуриро ҳалокатовар маънидод кард ва қумондонҳоро даъват намуд, ки ба ҷанги бемаънии хунрез хотима бахшида, Ватан аз вартаи ҳалокат наҷот дода шавад.
Эмомалӣ Шарифович бори дигар хотирнишон намуд, ки омили асосии ба эътидол овардани авзои сиёсии Тоҷикистон ва осоиштагии мардуми он сулҳи устувор ва оштишавии тоҷикон аст.
202
Сипас қумондонҳо дар назди байрақи ҷумхурй рост истода, қасам ёд карданд, ки ба ҷанг хотима мебахшанд.
Инак, Иҷлосияи фаромӯшнащавандаи ХУ1 ШОҶТ ба солномаи халқи тоҷик абадӣ дохил шуд ва он дарҳақиқат Иҷлосияи таърихй буд, чунки дар ҳамин Иҷлосия тақдири халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал мешуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия бахри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ва гирифтани пеши роҳи хӯнрезиҳо чораву тадбирҳои ҷиддӣ ва судманд андешида мешаванд. Ин Иҷлосия дарҳақиқат дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи наверо боз намуд, зеро ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия пайёми ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод.
Зикр бояд намуд, ки Э. Раҳмонов ва ҳукумати ҷадид баъди ба сари кор омадан, аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш сиёсати сулҳу салоҳ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва сарчамъ намудани куллй сокинони кишварамонро пеш гирифтанд.
Бояд гуфт, ки агар 1100 сол муқаддам дар ташаккул ва таҳаввули аввалин давлати миллии тоҷикони муосир Исмоили Сомонӣ нақши бузург бозида бошад, пас дар даврони мо дар бунёди давлати навини тоҷикон, фарзанди фарзонаю барӯманди диёр, абармарди миллат ва шуҷоъу далер Эмомалӣ Раҳмонов нақши нотакрор ва бузургу беҳамто бозидааст, ки инро набояд фаромӯш кард.
Ин Иҷлосия - «Иҷлосияи қисмат - Иҷлосияи қисмати тоҷикон» самара медиҳад. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар охири қарни XX ва аввалҳои қарни XXI ба даст омаданд, натиҷаи ҳамин Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз мебошанд.
«Иҷлосияи қисмат» ва сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат Э.Рахмонов барои ташаккули минбаъдаи давлати тоҷикон заминаи боэътимод гузоштанд.
Тавре ки маълум аст, ҷанги ҳамватанӣ бо ташаббусу ҷонбозиҳои фарзанди хирадманди диёр Эмомалй Шарифович Раҳмонов хотима ёфт, фазои оромиву осудагӣ фароҳам омад. Фазое фароҳам омад, ки мардуми Тоҷикистон бо ақлу нерӯи тоза сӯи созандагию бунёдкорй қадам заданд.
Сиёсати пешгирифтаи Президент дар соҳаи илму фарҳанг ифтихори ватандории мардумро мустаҳкам намуд. Таҷлили ҷашни 1100 - солагш давлати Сомониён, 675 - солагии Хоҷа Камоли Хуҷандй, 680 - солагии мутафаккири бузурги Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 90 - солагии академнк Бобоҷон Ғафуров, 90 - солагии шоири сулҳпарвару тавоно Мирзо Турсунзода, 16 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 2700 - солагии Кӯлоби бостонй, 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхй ва ҷашнҳои дигар гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
203
Дар ин солҳо ваҳдату ҳамгироии иқтисодии ҷомеа ба вуҷуд омад. Шоҳроҳҳо, корхонаҳои саноатй, марказу фарогатгоҳҳо ва иншоотҳои муҳими иҷтимоию стратегӣ сохта шуданд ва сохта шуда истодаанд.
Солест чанд, тибқи фармони сарвари давлат кишоварзони кишвар аз 75 ҳазор гектар замин истифода мебаранд.
Эмомалии Рахмон аз рӯзҳои аввали ба сари кор омаданаш сиёсати
сулҳофаринишро пеш гирифт: ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун
аз он. ,
Аз ин ҷост, ки дар солҳои баъдин Иҷлосияи ХУ1 Тоҷикистон дар роҳи барқарор кардан ва таҳкими сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ ҷаҳду талош варзида, дар миёни кишварҳои ҷаҳон мавқеи шоиста пайдо намуд.
Хуллас, Иҷлосияи ХУ1 таърихии ШОҶТ, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои кулли тоҷикону тоҷикистониён Иҷлосияи таърихӣ ва такдирсоз буд.
Ин Иҷлосия, ки ҳоло берун аз кишвар машҳур аст, бидуни шубҳа ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Иҷлосияи мазкур фардеро ба сари кор, яъне ба сари давлат овард, ки мисли Исмоили Сомонӣ пас аз ҳазор сол низ ёдаш мекунанд.
Умуман хаминро ҳам таъкид созем, ки ҳамаи он орзуву умедҳое, ки тоҷикистониҳо аз даъвати Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд доштанд, амалӣ гардиданд ва гардида истодаанд.
204
МУНДАРИҶА
Суруди миллии Ҷумхурии Тоҷикистон .3
Таърих гувоҳаег .....4
Муқаддима 5
Силабус 7
Матнҳои гуфторҳо 8
Гуфтори аввал
Ҷамоаи ибтидоӣ дар марзи Тоҷикистони имрӯза 17
Гуфтори дуввум
Хоразм, Бохтар ва Сугд - кадимтарин давлатҳои ғуломдорӣ
дар Осиёи Миёна 20
Гуфтори сеюм
Осиёи Миёна дар ҳайати шоҳаншохии Ҳахоманишиён 22
Гуфтори чаҳорум
Лашкаркашиҳои Искандари Македонй ба Шарқ 25
Гуфтори панҷум
Амалиётҳои ҷангии Искандари Македонӣ дар
Осиёи Миёна ва оқибатҳои он 28
Гуфтори шашум
Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Селевкиён 31
Гуфтори ҳафтум
Давлатҳои Юнону Бохтар ва Порт 34
Гуфтори ҳаштум
Давлати Кӯшониёни Бузург 37
Гуфтори нуҳум
Шоҳаншоҳии Сосониён 41
Гуфтори даҳум
Ҳайтолиён - аввалин давлати феодалӣ дар Осиёи Миёна. 44
Гуфтори ёздаҳум
Ҳоконии Турк ва афзудани нуфузи он дар
ОсиёиМиёна(асрҳоиУ1-УП) 48
205

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   12   13   14   15   16   17   18   19   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish