Ба баҳри тақоруб тақарраб намой
Бад ин вазн мизони табъ озмой.
Фаўлун, фаўлун, фаўлун, фаўл
Чу гуфтӣ, бигў, маҳи дилрабой.
Илоҳ асту Оллоҳу Раҳмон-Худой
Далил асту ҳодӣ, ту гў раҳнамой.
Само-осмон, арзу ғабро – замин
Ғанӣ – молдор асту мискин – гадой… .
Сабаби ба назм тавзеҳ додани луғати арабиро муаллиф дар он медонад, ки ҳифзи шеър осону шавқовар буда, хонанда низ онро зудтару беҳтар аз худ мекунад. Аз ин ҷост, ки «Нисоб-ус-сибён» аз асри XIII то ибтидои асри XX барои таълими забони арабӣ ва баъзе аз баҳрҳои арўз ба хурдсолон ба сифати китоби дарсӣ истифода мешуд ва дар пайравии он чандин луғатҳои манзуми арабӣ-форсӣ, форсӣ-туркӣ, форсӣ-ҳиндӣ таълиф шудаанд.
Ё гирем, маълумоти дар боби тасрифи феъл овардаи муаллифи «Матаъулулум» ва Маҷмаъ-ул-фунун Воҷидалии Муҷмалиро, ки аз нигоҳи бахши морфологияи муосир хеле ҷолиб аст:
Тасрифи исботи феъли мозӣ аз масдари «рафтан»
Рафтӣ
|
Рафтам
|
Рафт
|
сиғаи воҳиди ҳозир
|
сиғаи воҳиди мутакаллим
|
сиғаи воҳиди ғойиб
|
Рафтед
|
Рафтем
|
Рафтед
|
сиғаи ҷамъи ҳозир
|
сиғаи ҷамъи мутакаллим
|
сиғаи ҷамъи ғоиб
|
Бинобар шаҳодати устод Айнӣ, то инқилоби Октябр барномаи таълим дар мадрасаҳои Бухоро чунин будааст. Талаба вақте ки мактаби ибтидоиро тамом мекард, китобҳои зеринро мехонд:
1. «Бидон». Дар ин китоб сарфу наҳви араб бо мисолҳои арабӣ ба забони тоҷикӣ баён ёфтааст. «Бидон» чунин шурўъ мешавад: «Бидон асъадакаллоҳу фидорайнӣ, ки калимоти араб бар се қисм аст: исм аст, феъл аст, ҳарф. Исм ҳамчун раҷул, феъл ҳамчун зарраба, ҳарф ҳамчун мин ва ъан.
2. «Аввали илм». Дар ин китоб заруриёти динӣ ба тарзи саволу ҷавоб оварда мешавад. Ин китоб ба ин тариқ шурўъ мешавад: «Агар шахсе гўяд, ки аввали илм кадом аст? Ҷавоб мегўем, ки аввали илм шинохтани Оллоҳ таъоло ва охири илм гузоштани ҳамаи амрҳост ба сўйи Оллоҳ таъоло… »
3. «Муизӣ». Ин китоб оид ба тасрифи феълҳои забони арабӣ, тағйири калимот баҳс мекунад. Дар ибтидои китоб омадааст: «…Илъам аннатасрифа фи луғати аттағйир…».
5. «Авомил». Дар ин китоб дар бораи ъомилҳое баҳс меравад, ки онҳо аз ду бахш иборатанд: яке лафзӣ, дигаре маънавӣ. Ин омилҳо дар маҷмўъ 100 – тоанд. Ин китоб ҳам дар наҳви арабӣ аст.
6.«Кофия» (сарфу наҳви арабӣ).
7. «Шарҳи Мулло». Ин китоб шарҳи «Қофия» буда, онро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ навиштааст. Номи дигари он «Фавоиди Зиёия» мебошад. Дар ин асар доир ба 53 мавзўи сарфу наҳви арабӣ баҳс меравад.
8. «Шамсия» доир ба илми мантиқ аст.
9. «Ҳошияи Қутбӣ» Ин китоб дар шарҳи «Шамсия» аст.
10. «Ақоиди Насафӣ». Он ба илми калом бахшида шудааст., ки таълифи Алломаи Тафтазонӣ мебошад.
11. «Тазҳиб». Ин асар доир ба илми мантиқ ва калом аст.
12. «Ҳикмат-ул-ъайн». Асарест доир ба ҳикмати табиӣ ва илоҳӣ.
13. «Мулло Ҷалол». Ин асар аз илми калом баҳс мекунад.
Чунон ки мебинем, қариб нисфи таҳсили мадрасагӣ ба омўхтани сарфу наҳв мегузаштааст. Дар ҳаҷми чанд соате тамоми қоидаҳои сарфу наҳви забони тоҷикиро сарсарӣ меомўзонанд, ки дар натиҷа дониши қавию комиле ба даст намеояд. Мо бояд дар таълими тамоми бахшҳои забоншиносӣ аввалан, ба манбаъҳои классикӣи забоншиносӣ муроҷиат кунем, ки чӣ дорем, пас аз он ба дастовардҳои ҳамзабононамон, хусусан дастуру рисолаҳои донишмандони риштаи забоншиносии Эрон. Дар бахши илми луғат маълумотҳое, ки муаллифи «Асос-ул-иқтибос» Насруддини Тўсӣ меорад, ҷолиби таваҷҷўҳ мебошад.
Do'stlaringiz bilan baham: |