Кори курсӣ аз фанни таърихи забоншиносии тоҷик дар мавзӯИ “забоншиносии араб ва мактабҳои он” Муаллими раҳнамо: дотс. С. Хўжакулов вазорати таълими олӣ ва миёнаи


ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНШИНОСИИ АРАБ ДАР ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК



Download 411,81 Kb.
bet5/11
Sana13.07.2022
Hajmi411,81 Kb.
#788728
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
Кори курсӣ Тоғаева Муаттар

1.2. ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНШИНОСИИ АРАБ ДАР ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК
Дар адабиёти илмии забоншиносӣ оид ба системаи забоншиносии араб ду нуқтаи назари асосӣ мавчуд аст. Ҷонибдорони нуқтаи назари аввал таълимоти забоншиносии арабро маҳсули дастоварди илми мустақили худи арабҳо медонанд. Нуқтаи назари дуюм ақидаеро пеш мегузоранд, ки тибқи он таъсири назарияи забоншиносии Юнони қадим ва Ҳинди қадим дар системаи забоншиносии араб дида мешавад.
Ба назари мо, андешаи донишманди асримиёнаи Шарқ Абўнасри Форобӣ, ки наздик ба таърихи ташаккулу инкишофи системаи забоншиносии араб аст ва худи ў дар инкишофи забоншиносии араб ва шаклгирии афкори забоншиносии тоҷик нақши муҳим дорад, хеле ҷолиб мебошад: «Калимоти арабиро дар забони араб ба исм, феъл ва ҳарф тақсим кардаанд ва ин гуфтаи наҳвиёни юнонӣ аст, ки ҷузъҳои гуфтор дар забони юнонӣ иборат аст аз исм, калима ва адот. Ин навъ тақсимбандӣ ганҳо ба забони арабӣ ё юнонӣ махсус нест, балки дар тамоми забонҳо мавчуд будааст. Онро баргузида ва иқтибос карда ва наҳвиёни юнонӣ ба воситаи он ки дар забони юнонӣ вуҷуд доштааст, онро ихтиёр кардаанд».
Воқеан дар тўли чандин асре, ки забоншиносии араб шакл гирифта, ба низоми муайяне даромадааст, донишманде, ки паи таҳия ва ба система даровардани асосҳои грамматикаи забони арабӣ буданд, тамоми натиҷаҳои дастовардҳои илми дигар халқу кишварҳоро омўхта, системаи забоншиносии худро дар асоси расолати забони модарии худашон ва додани хосияту аломатҳои бевоситаи он сохтаанд.
Ба фикри мо, дар ибтидои шаклгирии системаи грамматикии араб (асри VII-VIII) бештар ба асоси маводи китоби муқаддасти Қуръон ва.дигар осори аслии арабӣ донишмандони араб асосҳои қонунҳои сарфию наҳвӣ ва луғавиро мураттаб сохта бошанд, дар зинаи дуввуми инкишофи системаи фонетикӣ аз комёбию дастовардҳои забоншиносии Юнони бостону Ҳинди қадим то андозае истифода ҳам кардаанд.
Баҳрабардорӣ ва иқтибоси истилоҳот дар ҳама давру замонҳо ва дар ҳама навъи илмҳо мушоҳида мешавад. Хусусан ин амал дар равиши ташаккулёбии ин ё он бахши илм ногузир ҳам мебошад. Масалан, ин нуқта равшану бебаҳс аст, ки ҳанўз дар Юнони бостон Арасту ҳиссаҳои нутқро ба се: исм, феъл ва ҳиссача ҷудо карда буд. Аз ин рў ба се ҳисса исм, феъл ва ҳарф тақсимбандӣ шудани калимаҳо дар забоншиносии араб низ хусусияти иқтибосӣ дорад. Ба ҳамии тариқ, дар нимаи аввали асри X афкори забоншиносии араб ба як системаи муназзам ва томи илмӣ даромада, сохтор ва истилоҳоти он шакли комил гирифта, ба сифати бахши мустақили илм зинаи ташаккулёбиаш анҷом мепазирад.
Дар ин давра забоншиносии тоҷик аз фаъолият боз монд ва аҳли уламои забоншиносии форсу тоҷик таълифоти худро бо забони арабӣ ва барои таҳкими системаи грамматикии араб равона сохтанд. Ва дар ин замина баъзе қонунҳои грамматикаи забони тоҷикро ҳам ба системаи грамматика араб ворид сохтанд.
Донишмандони гузаштаи мо дар ҳамаи бахшҳои забоншиносӣ қайдҳои муҳиме доранд. Масалан, аз «Алмўъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ дар мавриди калимасозӣ бисёр маълумоти пурарзиш гирифтан мумкин аст. Шамси Қайси Розӣ вобаста ба илми қофия баъзе қолабҳои калимасозиро бо аффиксҳо нишон додааст. Барои мисол намунаеро аз ин асар меорем: «Ҳарфи фоил. Ва он «коф»-у «алиф»-у «ро» аст (аз нигоҳи илми морфологияи муосир суффикси – гор), ки дар авохири кирдигор ва офаридгор ва омўзгор ва дар авохири асмою (исмҳо) сифот маънии наът (ситоиш) диҳад, чунон ки созгор ва комгор ва омўзгор ва наздик бад-ин маънӣ ёдгор ва рўзгор .
Хеле ҷолиб аст, ки ҳанўз дар асри XIII Шамси Қайси Розӣ хусусияти суффиксоидии калимаи «об»-ро нишон додааст. Чунончи, ў мегўяд: «Ва аз ҷинси бе ҳеҷ ҳарфи зоид, ки ба авохири калимот дарояд: нест, илло калимаи об, ки дар бисёр мавозеъ мутакаррир (такрор) мешавад, чунон ки гулоб ва дўлоб ва кудоб ва селоб ва ғарқоб ва гирдоб ва заҳоб ва сароб ва буноб ва шўроб ва поёб ва тезоб ва кўроб ва зардоб ва хуноб ва симоб ва сапедоб ва хушоб ва дўшоб ва қитъаоб ва кўзоб .
Қайдҳои Шамси Қайси Розӣ дар бахши наҳв низ ҷолибанд. Масалан, ў ба вазифаи муайянкунандаи соҳибӣ ва пуркунандаи бевосита омадани бандакҷонишини «ат»-ро чунин тавзеҳ додааст: «Ва он «то»-ест, ки дар авохири асмо маънии изофат ба ҳозир диҳад, чунон ки аспат ва ғуломат ва дар авохири афъол маънии замири ҳозир диҳад, чунон ки медиҳадат ва мегўядат».
Дар мавриди калимаи аст, ки имрўз бандаки хабарӣ номида мешавад, Шамси Қайси Розӣ чун воситаи робита онро ҳарфи робитаю исбот мегўяд, ки хеле гўшнавоз аст. Ў ин тавр меоварад: «Ва он калимаи аст бошад, ки дар авохири калимот фоидаи (маънии) исботи сифат кунад дар мавсуф (васф карда шуда) ва рабти сифат кунад ба мавсуф, чунон ки «Фалон кас омадааст ва нишастааст». Ва ин аз ихтисосоти луғати порсӣ аст ва сухан дар аксар мавозеъ бе он тамом набошад ва раво бошад, ки дар васли ҳамзаи он ҳазф кунанд ва гўянд: «Фалон кас олим аст ва фалон кас тавонгар аст» .
Бояд иқрор шуд, ки дар ҳеч як грамматикаю дастурҳои забони тоҷикӣ ба ин андоза равшану возеҳ вазифаи ин бандаки хабарӣ қайд нашудааст.
Ҳамин гуна андешаҳои мушаххасу муфид доир ба масъалаҳои забоншиносӣ дар «Донишнома»-и Абўалӣ Сино, «Эҳсо-ъу-лулум»-и Абунасри Форобӣ «Ҷомеъ ул ҳикматайн»-и Носири Хусрав, «Асосулиқтибос»-и Насируддини Тўсӣ, «Нафоисулфунун»-и Муҳаммади Омулӣ, «Шарҳи Мулло»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ «Матлаъ-ул-улум»-и Воҷидалии Муҷмалӣ ва дигарон дида мешавад, ки имрўз омўзишу тадқиқ ва баҳрабардорӣ аз онҳо яке вазифаҳои аввалиндараҷаи донишмандону муҳаққиқони соҳаи забоншиносӣ мебошад.
Масалан, Абўалӣ Сино дар «Донишнома» як тавзеҳи ҷолибе дорад. Ў чанде аз калимаҳоро, ки имрўз ҳам гоҳе ба кадом ҳиссаи нутқ дохил кардани онҳо душворӣ меорад, бо қатъият чун исм (ном) таъйин кардааст: «Агар касе пурсад, ки дӣ ва пор ва порина ном аст ё калима? Ҷавоб он бувад, ки «ном аст». Пас , агар гўянд, ки ин ҳар се далел бувад бар замон калима бувад, ки нахуст бояд, ки далел бувад ба маънӣ ва он гоҳ далел бувад бар замони он маънӣ, чунон ки гўйӣ: «Бизад», далел кунӣ бар «задан» ва он гоҳ бар замони он «задан». Ва гуфтори мо, ки «дӣ» нафси маъниаш замон аст, на чунон ки далел бувад бар маънӣ ва он гоҳ далел бувад бар замонаш» .
Ҳамин гуна қайдҳои муфиду нозук дар боби ҷумлаҳои мураккаб низ дида мешавад. Масалан, Абўалӣ Сино вобаста ба илми мантиқ дар фасли пайдо шудани қисмати қазйия муносибатҳои ҷузъу кулл, хилофу натиҷаро вобаста ба муҳокимаҳои мантиқӣ исботу таҳлил мекунад. Ў чунин мегўяд: «Пас, фарқ миёни муқаддаму толӣ ва миёни мавзўъ ва махмул он аст, ки мавзўъ ва махмул ба ҷойи эшон лафзе муфрад биистад ва ба ҷойи муқаддаму толӣ наистад, зеро ки муқаддаму толӣ ҳар яке ба нафси хеш қазияанд, чунонки гўйӣ: «Агар офтоб барояд, рўз бувад». Гуфтори ту «Офтоб барояд» қазият аст ва гуфтори ту «Рўз бувад» қазият аст. Лекин лафзи шарт муқаддамро аз қазиятӣ бибарад, зеро ки чун гўйӣ: «Агар офтоб барояд» бо андар омадани лафзи агар ин сухан аз қазиятӣ берун бишавад (моҳияти муҳокимагиашро гум мекунад). То на рост асту на дурўғ. Ва лафзи ҷавоб мар толиро аз қазиятӣ бибарад, зеро ки чун гўйӣ: «Он гоҳ рўз бувад» на рост буваду на дурўғ» .
Дар таҳлилу тадқиқи бисёр масъалаҳои грамматика, истилоҳоти забоншиносӣ мо бояд ба асарҳои донишмандони гузаштаи форсу тоҷик мӯроҷиат кунем, зеро онҳо бисёр печидагиҳои ин фанро кушодаанд.
Масалан, яке аз масъалаҳои баҳсноки боби наҳви ҷумлаҳои мураккаб қолаби ифодае аст, ки ҷумлаи пайрав дар байни сарҷумла ҷой мегирад ва наҳвшиносон то ба имрўз хели ин ҷумлаи пайравро саҳеҳ муайян накардаанд. Профессори шодравон Ш. Рустамов сари ин масъала як баҳсеро ҳам пеш гузошта буд, аммо аз муҳаққиқон касе ҷавоб нагуфт. Вале ин нуқта ба таври мушаххас дар асари донишманди тоҷик Воҷидалии Муҷмалӣ «Матлаъ-ул-улум» ҳалли худро ёфта будааст.Таваҷҷўҳ кунед: «Саввум он, ки дар миёни мубтадо ва хабар ҷумла воқеъ шавад ва онро ҷумлаи мўътариза гўянд, чунон ки гўем: «Худованди таъоло, ки парвардигори олам аст, бар ман эҳсонҳо фармуда». Дар ин иборат мубтадо ва хабар аз ҳамин иборат аст: «Худованди таъоло бар ман эҳсонҳо фармуда», «ки парвардигори олам аст», ин ҷумлаи мўътариза аст, ки дар миёни ҷумла ҳамеша бо мубтадо ва хабар воқеъ шудааст.
Ба ҳамин тариқ, агар мо аз назариёту андешаҳои донишмандони пешин баҳра бардорем, асоси илмии навиштаҳоямон қавӣ ва ба кадом масъалаҳо бештар аҳамият доданамон равшан мегардад. Дуюм, агар мо воқеан хоҳем, ки ба асл то андозае баргардем, равиши таълиму дастурнависиамонро бояд дигар бикунем. Ин нуқтаро бисёр таъкид мекунанд, аммо амалан чӣ бояд кард?
Ба фикри мо, он тақсимбандие, ки дар боби бахшҳои забоншиносӣ ҳаст: - фонетика, лексикология, морфология, синтаксис– як навъ таҷдиди назар мехоҳад.
Бояд даставвал баъзе мавзўъоту бахшҳои соддатари наҳвиётро дар зинаи аввали омўзиш хонандагону донишҷўён биомўзанд ва ба асоси он дигар бахшҳои забоншиносиро.
Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» чунин меорад: «Ман рўзе се дарс мехондам, дуи ин дарсҳо аз наҳви забони араб «қофия» буд. Назар ба одати мадрасаҳои Бухоро, «қофия»-ро аз сараш намехонданд, балки аз поёнтараш – аз «ҷойи осонтараш» сар мекарданд ва аввалашро, ки назар ба ақидаи онвақта ҷойи душвортараш буд, аз ҳама охиртар мехонданд»
Ҳарчанд устод Айнӣ ба ин усули таълим бо назари танқидӣ нигоҳ кардааст, аммо чунин равиши омўзиш беҳуда набуд. Дар бахши аввали «қофия» таърифи калима ва таърифи қисмҳои калима оварда мешавад, яъне бештар маводи назарӣ аст, аммо дар қисмате, ки аз он талабагон шурўъ мекарданд, қисмҳои калима шарҳ дода мешавад ва усули таълими анъанавӣ бештар ба таҳлили амалии мавод эътибор медод.
Дар низоми классикии таълими омўзиши грамматикаи араб низ аввал ба омўзиши илми наҳв эътибор дода шудааст. Масалан, дар «Ал-китоб»-и Сабавайҳ нахуст илми наҳв, пас илми сарф ва ниҳоят таҷвид (фонетика) омадааст. Ин китоб аз бахши наҳв шурўъ шуда, сипас таснифи ҳиссаҳои нутқро оварда, баъд мафҳуми эъроб (тағйири садонокҳои дар охири калима: ҳолати «рафъӣ», «насбӣ», «ҷарӣ», «ҷазмӣ») шарҳ дода мешавад. Дар бахши «таҷвид» низ он чизҳоеро аввал шарҳ медиҳад, ки ба наҳв ва илми сарф робита дорад ва дар охир мавзўъоти хоси илми таҷвидро меорад.
Тавре ки мебинем, дар таълими грамматика ва умуман илми забон бештар аз илми наҳв шурўъ мекардаанд, чаро ки қонуниятҳои илми забон дар заминаи матн (ҷумлаю пайвастаҳои наҳвӣ) таҳлилу тадқиқ мешуд. Ҳатто дар «Шарҳи Мулло» («Фавоиди Зиёия») баҳси нахуст дар боби калима буда, дуввум ба калом бахшида шудааст ва баҳси охирин, яъне 53-юм ба илми ҳуруф оид аст. Ин низом наҳв – сарф – ҳарф –(таҷвид) дар аксар дастурҳои ҷомеъи забони форсӣ имрўз низ нигаҳдорӣ шудааст. Масалан, дар як «Дастури забони форсӣ», ки ба тозагӣ нашр шудааст, чунин омада:
1.Ниҳод аз гузора. Ниҳод ҳиссаи мубтадо буда, гузора ҳиссаи хабар. «Ниҳод бахше аз ҷумла аст, ки дар бораи он хабар медиҳем ва гузора ҳамон хабарест, ки дар бораи ниҳод дода мешавад». Пас аз чунин маълумоти мушаххас чунин тамрин оварда шудааст. Барои ниҳодҳои зер гузораҳоимуносиб биёваред.
Фирдавсӣ…
Имрўз кори дабистон…
Китоб…
Баъд аз ин фасл шурўъ мешавад, бахшҳои феъл, исм, замир, сифат, ҳарф, пешванду пасованд, ақсоми ҷумла, таҷзия ва таркиб .
Бесабаб нест, ки Шамси Қайси Розӣ наҳвро мизони каломи мансур дониста, чунин гуфтааст: «Бидон, ки арўз мизони каломи манзум аст, ҳамчунон ки наҳв мизони каломи мансур аст».

Download 411,81 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish