М У Қ А Д Д И М А
Дар ҳамаи сарчашмаҳои илмӣ таъкид мешавад, ки арабҳо пас аз пирӯзиашон дар сарзаминҳои ишғолкардаашон таъсири худро дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти илмӣ ва фарҳангии халқҳои дорои маданияти баланди Осиё, Африқо ва Аврупо ба зудӣ расонидаанд. Дар ин давра баъзе ин халқҳо дар ҳоли тарҳрезӣ, қисме дар роҳи такмили илму фарҳанги худ буданд ва ба ҳаёти илмию фарҳангии Юнони бостону ҳинди қадим ошноӣ низ доштанд. Аз ҷумла, мардуми форсу тоҷик ҳам, аз як тараф, дар инкишофу пешрафти илми филологияи араб саҳмгузор бошанд, аз тарафи дигар, дар зинаи минбаъдаи шаклгирии забоншиносии форсу тоҷик аз системаи грамматикии араб баҳри зиёде бардоштаанд.
Забони адабии тоҷик мисли адабиёти ҷаҳоншумули он таърихи бою ғанӣ дорад. Аз он рўзе, ки забони адабии тоҷик шакли хаттӣ-китобӣ гирифт, таҳлилу тадқиқи он ҳам шурўъ шудааст.
Таърихи ташаккулу таҳаввули илми забоншиносии тоҷик низ мисли адабиёту нақди он саҳифаҳои рангину пурҷилое дорад. Ҳарчанд ки аз даврони қабл аз ислом барои равшан сохтани саҳифаҳои ин таърих маводи басанда дастрас нест, аммо ба асоси рисолаю дастурҳои забони арабӣ, ки бинобар шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ, аксаран тадвинкунандагонашон эронитаборон буданд ва маълумотҳои хеле асосноку қавие, ки дар рисолаҳои фалсафӣ, арўз, қофия, мусиқӣ дар аҳди ислом ба забони тоҷикӣ таълиф шудаанд, метавонем итминони комил дошта бошем, ки илми забоншиносии мо решаҳои амиқи таърихӣ доштааст.Таърихи забоншиносии тоҷик ниҳоят бой ва ғанӣ буда, он асарҳои алоҳидаи тадқиқотҳои олимони гузашта ва имрўзаро дарбар мегирад. То солҳои охир дар забоншиносии тоҷик (на танҳо дар забоншиносии тоҷик) ақидаи барғалате ҳукумрон буд, ки гўё омўхтани забони адабии тоҷик ҳамчун фанни алоҳида танҳо баъди Инқилоби Октябр шурўъ шудааст. Вале тадқикотҳое, ки то мо омада расидааст, ин ақидаро тамоман рад мекунад.
Забоншиносии тоҷик аз давраҳои хеле қадим сар шудааст. Аввалин асари алоҳидае, ки ба тадқиқи фонетикаи забони тоҷикӣ бахшида шудааст, «Махориҷ-ул-ҳуруф»-и Ибни Сино (980-1037) мебошад. Дар давраҳои минбаъда бошад ҳамчун як соҳаи махсуси забоншиносӣ-фарҳангнигорӣ инкишоф ёфтааст. Ба фикрам, дар рўи дунё кам миллатҳое мавҷуданд, ки мисли тоҷикон-форсҳо ба фарҳангнигорӣ (лексикография) ба дараҷаи кофӣ эътибори хосса дода бошанд .
Дар вақти Шўравӣ баъзе аз аҳли забоншоносони тоҷик он ақидаеро, ки дар гузашта бахшҳои забоншиносӣ ва умуман илми забоншиносӣ, омўхтаю таҳқиқ намешуд мегуфтанд, ҷонибдорӣ мекарданд. Ин даъво, аз як сў, то ҷое асос дорад, зеро ки илми забоншиносӣ ба он мафҳуме, ки имрўз фаҳмида мешавад, дар системаи улуми гузашта набуд, аз ҷониби дигар, ҳамин равиши нави таҳқиқу фаҳмиши илми забоншиносӣ ба онҳо имкон намедод, ки ба равишҳои таърихи илми лисонӣ амиқ ошно бошанд, зеро мафҳуми илми забоншиносӣ имрўз хеле васеъ гардида, доираи таҳқиқи он мушаххас аст. Масалан, донишманди риштаи забоншиносӣ имрўз як мавзўъро аз ягон бахши забоншиносӣ бо тамоми ҷузъиёташ таҳқиқи амиқи илмӣ намояд, хизмати арзанда ҳисоб мешавад. Муаассифона, гоҳо ҳамон як мавзўъ низ рўякию сатҳӣ, бе бунёди илмӣ таҳлил мешавад.
Акнун меоем ба асли мақсад, ки дар гузашта илми забоншиносӣ омўхтаю таҳқиқ мешуд ё не? Ҷавоби ин суол мусбат аст, зеро чунин манбаъҳое мавҷуданд ва онҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар асрҳои миёна ин илм барои маърифати калом (ҳам манзум ва ҳам мансур) омўхтаю таҳқиқ мешуд. Таълифоти донишмандони асримиёна гувоҳ бар онанд, ки онҳо аз илми забоншиносӣ огоҳии комил доштанд ва худ барои таҳаввулу равнақи он саҳми боарзише гузоштаанд.
Забоншиносии тоҷик низ таърихи хеле қадим дорад. Таълиму тарғиби Авасто ва дигар осори қадим бе асарҳои тасрифию тафсирӣ мумкин набуд. Вале аз он замонҳо то ба мо асаре доир ба забоншиносӣ нарасидааст. Забоншинисони тоҷик аз комёбиҳои забоншиносии Ҳиндустон ва Юнони Қадим хабар доштанд вагарна, дар забоншиносии араб он қадар саҳми калон намегузоштанд (таълифоти забоншиносии Сибавейх., Аҳфати Акбар ва ғайраҳо). Аз садаи X cap карда дар шароити дузабонӣ ва сезабонӣ забоншиносони тоҷику форс бештар ба луғатсозӣ машғул шудаанд. Дар ин давра як дастур луғатҳои арабӣ-тоҷикӣ, тоҷики-туркӣ, луғатҳои тафсиӣ ва тафсирии соҳавӣ ба вуҷуд оиаданд.
Do'stlaringiz bilan baham: |