1. Наҳв.
2. Сарф. (таълимот дар бораи тағйири калима).
3. Таҷвид ( таълимот дар бораи талаффузи ҳарфҳо (овозҳо).
Аз рўйи ин система дар бахши наҳв, пеш аз ҳама, тарзҳои созмондиҳии ҷумла, хели ҷумлаҳо ва тақтеи онҳо; дуюум, тағйирот ҳангоми талаффузи калимаҳо, алоқамандона ба ивазшавии вазифаи наҳвиашон; сеюум, категорияҳои шумора, ҷинсият, шахс, яъне ҳамаи тағйироти ҳамон як калима вобаста ба ҳолатҳои гуногуни он омўхта мешавад. Дар бахши сарф – тағйироти сохтори калима, ки сабабгори пайдоиши калимаи аз ҷиҳати маъно нав мегардад, тағйироте, ки калимаро аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи дигар мебарад. Дар бахши таҷвид (ҳарф) қоидаҳои асосии орфоэпия, таснифи овозҳои нутқ, тарзи дурусти тасвири хаттии овозҳо ва ритмикаи онҳоро меомўзанд.
Чунон ки мебинем, ҳадаф, пеш аз ҳама, таҳлили фаҳмиши нутқи амалӣ аз нигоҳи сарфию наҳвии забон будааст.
Асосу бунёди омўхтани қонуниятҳои забон ва дурустнависӣ машқу азбаркунии мавод аст, на омўхтани қоида. Аз ин рў, касе забонро дуруст меомўзад, ки бисёр сухан бигўяд, бисёр бихонад ва бисёр бинависад. Ана ба ҳамин асос донишмандони пешин бештар қоидаҳои сарфу наҳв ва иштиқоқу савтиётро амалан ҳангоми баррасии матн тавзеҳ медоданд.
Ба гунаи мисол таваҷҷўҳ кунед, ки Шамси Қайси Розӣ (донишманди асри XIII форсу тоҷик) дар «Алмўъҷам» чӣ мегўяд: «Ва ҳамчунин калимаи авлотар, ки ҷамоъате пиндоранд, ки чун дар калимаи авло маънӣ тафсилу тарҷиҳ (равшан) аст, лафзи тар ба он зам кардан хато бошад, на чунон аст, ки ғояти мо фӣ албоб он бошад,ки муболиғате бувад бар муболиғат ва чун дар порсӣ мегўянд беҳ ва беҳтар ва калимаи беҳ улувият (соҳибият) аст, чунон ки гўянд: «Ин беҳ аз он аст ва беҳтар аз он аст». Чаро нашояд ки гўянд: «Чунон авлотар аст», илло (ғайри) ки насқи (тартиби) каломи тозӣ бошад. Чунон ки гўянд: «Тариқи авло ин аст». Чи дар ин мавзеъ нагўянд, ки «Тариқи авлотар ин аст». Ва чун калимаи «авло» ба охир афтад, ҳаройина (албатта) онро робитае бояд, то сухан тамом шавад, чунон ки гўянд: «Авло ин аст» ё «Ин авло аст» ё «Ин авло бошад» ва монанди он. Ва агар гўянд: «Чунон авло» ва сухан қатъ кунанд, сухани порсӣ тамом набошад, чунон ки дар тозӣ гўянд: «Фалону олим» ва «Фалону ғанӣ». Агар дар порсӣ гўянд: «Фалонӣ олим» ва «фалонӣ тавонгар» сухан тамом набошад, илло ки гўянд: «Фалонӣ олим аст» ва «Фалонӣ тавонгар аст». Ва чун дар порсӣ гўянд: «Ин авлотар», ба калимаи робита эҳтиёҷ набошад, ки лафзи тар дар ин мавзеъ нуҷаввази (ҷоизи) сукути (афтидани ҳарфи рабт аст). Агар касе дар назму наср гўяд: «Чунон авлотар» хатои маҳз набошад» (86, 15 ).
Чунон ки аз ин тавзеҳи Шамси Қайси Розӣ мушоҳида мешавад, муҳаққиқ дар мисоли як калима аксари қоидаҳои сарфию наҳвӣ ва услубии онро ёдовар шудааст. Ана ҳамин равиши таҳлилу тадқиқ дар таълиму баррасии масъалаҳои забоншиносии классикӣи форсу тоҷик роиҷ буд.
Ин равиши таҳлилу тадқиқ ба анъанаҳои мактабҳои забоншиносии араб марбут аст. Ва ин нуқта низ равшан аст, ки муҳимтарин китобҳоро доир ба забоншиносии араб донишмандони эронинажод навиштаанд. Донишмандони эронӣ ба мисли Себўя, Абўалии Форсӣ аввалин тадвинкунандаю тавзеҳдиҳандаҳои сарфу наҳви арабӣ буданд. Азбаски забони модарии онҳо форсӣ буд, табиист, ки аксаран дар тавзеҳи қоидаҳои сарфу наҳв қоидаҳои забони хешро татбиқ кардаанд. Хусусан, дар зинаи аввали таҳияи китобҳои сарфу наҳв ин таъсир бештар аст. Гузашта аз ин, бисёр нависандагону таърихнигорон, олимону донишмандони эронинажод бевосита ба забони арабӣ асар навиштаанд ва дар натиҷа бисёр қоидаҳои сарфу наҳви форсӣ ва калимаю истилоҳи он ба забони арабӣ гузаштаанд.
Дар забоншиносии давраи нави тоҷикӣ ҳам дар назария ва ҳам дар амалия аз анъанаҳои забоншиносии асримиёнаи форсу тоҷик, аз усули таълими тоинқилобии мадорису мактабҳои гузашта кам баҳра бардоштаем.
Дар гузашта дар боби таълими бахшҳои гуногуни илми забон донишмандони форсу тоҷик роҳу равиши гуногуни судбахшеро корбаст кардаанд, ки баҳрабардорӣ аз онҳо имрўз ҳам аз фоида холӣ нест. Ба гунаи мисол асари таълимии Абўнасри Фароҳиро меорем, ки соли 1220 таълиф шудааст. Ин асар аз 15 фасл иборат буда, 220 байт аст. Фароҳӣ асари худро «Нисобуссибён» ном ниҳодааст, ки он луғати манзуми арабӣ ба форсист. Муаллиф дар вазнҳои гуногун ба калимаҳои арабӣ маънои форсии онҳоро меорад. Пеш аз шурўъи ҳар фасле муаллиф номи баҳреро, ки он фасл бо вай иншо шудааст, зикр мекунад.
Мисол: Қитъатул аввалӣ фи баҳри тақоруб
Do'stlaringiz bilan baham: |