Кори курсӣ аз фанни таърихи забоншиносии тоҷик дар мавзӯИ “забоншиносии араб ва мактабҳои он” Муаллими раҳнамо: дотс. С. Хўжакулов вазорати таълими олӣ ва миёнаи


БОБИ II. ТАЪСИРИ ЗАБОНИ АРАБӢ ДАР АФКОРИ ГРАММАТИКИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ



Download 411,81 Kb.
bet6/11
Sana13.07.2022
Hajmi411,81 Kb.
#788728
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
Кори курсӣ Тоғаева Муаттар

БОБИ II. ТАЪСИРИ ЗАБОНИ АРАБӢ ДАР АФКОРИ ГРАММАТИКИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Омӯзишу таҳлили маводи дастрасшуда нишон дод, ки ҳанӯз хеле қабл аз истилои арабҳо афкори забоншиносии тоҷик дар ҳоли шакл гирифтан буд. Ин даврае буд, ки афкори забоншиносии мардуми эронинажод низ мисли дигар халқҳо аз комёбиҳои илми забоншиносии Юнони қадиму Рум баҳра мегирифтанд.
Воқеан, бисёр донишмандони асримиёнаи тоҷик бо забони Арабй рисолаю асарҳои илмии худро таълиф намуда, дар инкишофи забони навини арабӣ, системаи грамматикӣ ва қоидаҳои дастурии он саҳм гузоштаанд. Мутаассифона, онҳо ягон китоби алоҳидае дар бораи асосҳои грамматикаи забони форсӣ ё тоҷикӣ нанавиштаанд. Донишманди эронӣ Муҳаммад Ҷаводи Машкур ин амалро иллати нобахшиданӣ номида, аз он афсўс мехўрад, ки ин иллат боиси он гардидааст, ки имрўз пас аз ҳазор соли собиқаи адабии дурахшон забони порсӣ ҳанўз тасбият нашуда ва ҳарчу марчи аҷибе дар ба кор бурдани қавоиди 6н ҳукмфарост.
Аз ин ҷост, ки инкишофи афкори забоншиносии тоҷикро дар асрҳои миёна танҳо дар алоқа бо системаи грамматикии араб дуруст фаҳмидан мумкин аст.
Забоншиносии араб, ки дар ибтидо ҳамчун илми мустақил иборат аз таълимот дар бораи калима буд, баъдтар бахши илме гардид, ки ба омўзишу тадқиқи грамматика ва луғат иртибот гирифт.
Маълум аст, ки тадқиқи сохти грамматикии ҳар як забон аз шарҳу маънидоди осори хаттии ҳамон забон шурўъ мешавад. Илми забоншиносии араб низ дар ибтидо аз шарҳи грамматикии китоби муқаддасти Қуръон сар шудааст. Ин даврае буд, ки ҳамаи қавму қабилаҳои араб дар як давлати мутамарказ мугтаҳид гардида, барои қироати дурусту беғалати ин китоб ва нигоҳ доштани покии он мубориза мсбурданд. Ин буд, ки пажўҳиши баъзе ҷиҳатҳои забони адабии арабӣ низ огоз гардид ва оҳиста-аҳиста таълимоти грамматикии араб шакл гирифта, дар шаҳри Басра мактаби забоншиносии басрагӣ пайдо шуд. Аз нимаи дуюми асри V11 ва авв&аи асри V111 забоншиносони басрагӣ ба шарҳу эзоҳи ҳодисаҳои ҷудогонаи грамматикии забони арабӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Баъдтар масъалаҳои назариявии забоншиносии араб асосан дар мактабҳои забоншиносии Басра, Куфа ва Бағдод ҳал мешуданд.
Мувофиқи ахбори сарчатмахои таърихй шарҳи грамматикии китоби муқаддаси мусулмонон Қуръонро гӯе ҳазрати Алӣ (р) (656-661) нахустин бор асос гузошта ҳиссаҳои нутқ (гуфтор)-ро ба се: ном, феъи, ҳиссача тақсим намуда, ба донишманди басрагӣ Абу ал-Асвод мефармояд, ки онҳоро шарҳ диҳад. Чуночи, муаллифи «Китоб алфиҳрис-и Муҳаммад ибни Исҳоқи Надим дар фасли аввали мақолаи дуввуми асараш мегӯяд: «Бисёр аз уламо ақида доранд, ки наҳв аз Абў Асвод ДуАлӣ фаро гирифта шуда ва Абў Асвод низ аз Амиралмўъминин Алӣ (р) онро фаро гирифтааст». Абу ал-Асвод баъзе ҳодисаҳои грамматикии забони арабиро тавзеҳ дода, дар хати арабӣ ишора кардани овозҳои "Садонокро пешниҳод менамояд. Дар нимаи аввали асри У111 бошад, донишмандони соҳаи филологияи араб асосҳои мсъёри забони арабиро тадқиқ намуда, аз нимаи дуюми асри У111 сар карда назарияи забоншиносии арабро ҳамчун як системаи алоҳидаи улуми филологӣ пешниҳод менамоянд. Муҳаққиқони соҳаи филологияи араб аввалин забоншиноси араб Сибавайҳро медонанд, ҳарчанд ки то ў донишмандони дигаре оид ба сарфу наҳви арабӣ қайду тавзеҳоти зиёде кардаанд. Аз.рўи анъанаи забоншиносии араб асосҳои грамматикаи забони арабиро чунин таъин кардаанд:
наҳв - таълимот дар бораи тағйири ҳолатҳои калима;
сарф - таълимот дар бораи калимасозй, таркиби калима;
таҷвид - таълимот дар бораи тағйири овозҳо ҳангоми созмондиҳии воҳидҳои нутқ.
Ин усули тамими асосҳои дастурӣ дар забоншиносии тоҷик то солҳои 40-50-уми асри XX идома ёфтаасг. Масаоан, дар яке аз дастурҳои амалие, қи оид ба асосҳои таълими забони тоҷикӣ соли 1927 Вадуд Маҳмуд бо номи «Дастури амалӣ» навиштааст, ҳамон равиши системаи арабӣ: ҷумла-калима-ҳиҷо-ҳарф-овоз риоя шудааст.

Download 411,81 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish