Кори курсӣ аз фанни таърихи забоншиносии тоҷик дар мавзӯИ “забоншиносии араб ва мактабҳои он” Муаллими раҳнамо: дотс. С. Хўжакулов вазорати таълими олӣ ва миёнаи


МАКТАБҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ АРАБ ВА АНЪАНОҲОИ ОН



Download 411,81 Kb.
bet4/11
Sana13.07.2022
Hajmi411,81 Kb.
#788728
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
Кори курсӣ Тоғаева Муаттар

1.1. МАКТАБҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ АРАБ ВА АНЪАНОҲОИ ОН
Забоншиносии Араб дар кутоҳтарин вақт ташаккул ёфта, дастовардҳои назаррасеро ноил гашт. Он, махсусан, бо пайдоиши Ислом ва бунёди хилофат иртиботи қавӣ дорад. Дар соли 632, пас аз рењлати Муҳаммади Пайғамбар (с), хилофати Араб таъсис ёфт ва он дар муддати на чандон зиёд сарзаминҳои зиёдеро тасарруф намуд. Бо паҳн гардидани дини мубини Ислом доираи истифодаи забони арабӣ низ хеле васеъ шуда буд. Забони мазкур аз як тараф, ҳамчун забони дин хизмат менамуд ва аз тарафи дигар ҳамчун забони хилофат вазифаҳои умури давлатӣ, маориф ва илмро, мисли он ки дар асрњои миёна забони лотинӣ дар Аврупо адо мекард, иҷро менамуд. Хилофати Араб бо сурати тез инкишоф меёфт ва илмҳои табиию гуманитарӣ низ дар баробари он ташаккул меёфтанд. Омўзиши забони арабӣ мақоми хосаеро касб намуд, ҳатто худи роҳбарони Хилофт низ ба мутолиаи асарҳои забоншиносӣ таваҷҷуҳ менамуданд (аз он ҷумла, дар асарҳои арабӣ ташаббуси таҳияи грамматикаи забони арабӣ ба халифа Алӣ (656-661) нисбат дода мешавад).
Ҳама ба он эътиқод доштанд, ки Қуръон ба Ҳазрати Муҳаммад (с) тариқи вай ба забони арабӣ, ки нисбат ба дигар забонҳо қурбу манзалати воло дошт, нозил шудааст. Аз ин рў, тарҷумаи Қуръон ва ба ҷо овардани анъанаҳои динӣ ба дигар забонҳо мамнўъ буд. Яке аз вазифаҳои асосии давлат назорати риояи тозагии забони арабӣ ба шумор мерафт.
Хатти арабӣ то замони ба вуҷуд омадани дини Ислом ихтироъ шуда буд. Он хусусияти ҳарфии ҳамсадогӣ (консонантӣ) дошта, аз рост ба чап навишта мешавад (мутобиқ ба меъёрҳои асосии хатнигории сомии ғарбӣ). Ҳамчун намуна барои хатти арабӣ хатти набатӣ хизмат намудааст. Ногуфта намонад, ки хатти набатӣ дар асрҳои 4-1 то милодӣ арзи вуҷуд намуда, дар навбати худ ибтидояшро аз хатти оромӣ мегирад ва ба воситаи он ба хатти финиқӣ рафта мерасад. Хати арабиро сокинони арабзабони ҷазираи Синони Аравияи Шимолӣ то асри 6-и милодӣ истифода мебурданд. Хати арабӣ бошад, дар ибтидои асри 6 дар шаҳри Ҳиро – пойтахти Шоҳигарии Арабии Лаҳмиди ба вуҷуд омадааст. Ташаккули минбаъдаи он ба миёнаи асри 7, ба замони нахустин маротиба китобат намудани Қуръон (651) рост меояд. Дар нимаи дуюми асри 7 дар хати арабӣ аломатњои фатҳа, касра ва зама барои фарқ намудани навиштаҷоти якхела, барои ифодаи садонокҳои дароз ва кутоҳ, ташдиди ҳамсадоҳо ва набудани садонокҳо истифода мешавад. Дар асрҳои миёна хати арабиро мусулмонони кишварҳои гуногун (аз он ҷумла барои сабти мантҳо бо забони миллӣ) истифода мебурданд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани хатҳои арабиасос дар кишварҳои гуногун гардид.
Аввалин кушиши таҳияи грамматикаи забони арабӣ, мувофиқи баъзе ривоятҳо, ба яке аз ҳамзамонони халифаи 4-ум Алӣ ибни Абутолиб – Абдуласад Алдуалӣ марбут аст. Ў се ҳиссаи нутқ: исм, феъл ва ҳиссачаро муайян намуда, барои садонокҳои кутоҳ аломатҳои махсус ворид менамояд ва доир ба тасриф маълумот медиҳад. Шогирдони ў Яҳё ибни Умар, Анбоз ибн Алмаъдан ал-Фахрӣ ва машҳуртарини онҳо Абу Амр Исо ибни Умар ас-Сақафӣ буданд. Беҳтарин асарҳои забоншиносӣ, ки дар олами Араб таълиф гардидааст, ба асрҳои 8-13, яъне то истилои муғулҳо, тааллуқ дорад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо забоншиносии араб то аз ҷониби туркҳо истилоъ шудани Константинопол (1453) идома меёбад.
Дар як муддати кутоњ аз ҷониби забоншиносони араб ба роҳ монда шудани низоми мукаммали афкори забоншиносӣ далели он аст, ки арабҳо (мусулмонон – арабҳо ва ғайриарабҳо: М.С.) тавонистанд эҷодкорона илмҳои дар тули асрҳои пеш ғункардашудаи ҳам даврони эллинистӣ ва ҳам Ҳинди қадимро аз худ намуда, онро дар таҳқиқи сохтори забони худ васеъ истифода намоянд.
Илми арабӣ оид ба забон бечуну чаро ба таҳияи грамматика ва луғатҳои забонҳои модарӣ ва назарияи забоншиносии умумӣ дар ҷаҳони мусулмонон таъсир расонида, ба ташаккули анъанаҳои забоншиносии яҳудӣ, ба инкишоф ва рушди забоншиносии Араб дар Аврупо ва билохир, ба пайдоиши туркшиносӣ дар доираи анъанаҳои арабӣ заминаи мустаҳкаме гузошт.
Забоншиносии араб (махсусан, дар симои илми Испанияи мусулмонӣ) миёнрави илми антиқа, ки дастовардҳои он (хусусан, асарҳои Арасту) барои Аврупои асримиёнагӣ то асрҳои 11-12 номаълум буд ва мантиқи схоластикии аврупоӣ буд.
Муҳимтарин мактабҳои забоншиносӣ, ки дар ҳудуди имрўзаи Ироқ пас аз тасарруфи он аз ҷониби арабҳо ба вуҷуд омада буданд, Басра, Куфа ва Бағдод маҳсуб мешуданд. Байни мактабҳои Басра ва Куфа доир ба масъалаи грамматикаи забони арабӣ ҳамеша баҳсу мунозираҳои тезу тунд ба амал меомад. Басриён ҳамчун қиёснигорон (аналогҳо), барандагони анъанаҳои пуристӣ (онҳое, ки мехоҳанд забонро тоза нигоҳ доранд ва муқобили ворид шудани калимаҳои бегона дар забонанд) тарафдорони меъёри классикии забони Қуръон буданд. Куфиён, ки аслан таҳлилгарон (аналитик) буданд, дар бахши синтаксис такя ба нутқи гуфтугўӣ як қатор дигаргуниҳо илова намуданд ва шеваи ҳиҷозро меъёри имлои забони арабӣ мепиндоштанд. Басриён барои калимасозӣ ва шаклсозӣ ба сифати воҳиди ягона воҳиди ҳаракат – масдарро қабул намуданд. Куфиён бошанд замони гузаштаи феълро воњиди асосӣ мешумориданд. Соли 762 маркази Хилофат ба Боғдод мекучад. Дар давраи аввал дар фаъолияти забоншиносони бағдодӣ қоидаҳои куфӣ амал мекарданд, аммо баъдтар меъёрҳои басриро қабул намуданд ва дар натиҷа як самти алоҳидаи ихлотие, ки суботу низом дар ақида ва назарияаашон мавҷуд набуд, ба вуҷуд омад. Фаъолияти омўзгории забоншиносони Бағдод дар кутоҳбаёнӣ ва мантиқи онҳо инъикос меёбад. Аввалин грамматикаи забони арабӣ, ки то замони мо омада расидааст, „Ал-Китоб“-и Сибавайҳи (в.794) – сокини Басра мебошад. Ў хусусиятҳои илмӣ-назариявии падидаҳои гуногуни синтаксисӣ, морфологӣ, калимасозӣ ва фонетикиро бо истифода аз дастовардҳои зиёди гузаштагон ва муосиронаш таҳлил намуд. Ин китоб асоси шарҳу тафсири забоншиносон қарор гирифта буд. Забоншинсони араб грамматикаро ба синтаксис, морфология ва фонетика тақсим намуда, ба масъалаи калимасозӣ низ таваҷҷуҳ менамуданд ва дар баробари он ба масъалаи баромади таърихии калима (этимология) диққат медоданд. Синтаксис ва морфология (сарфу нањв) муҳимтарин қисмати грамматикаи арабро ташкил медоданд, ки онҳо на дар сарчашмаҳои юнонӣ ва на ҳиндӣ мавҷуд буданд, балки ба асоси хусусиятњои забони арабӣ нигаронида шуда буданд. Вазифаи синтаксис аз таҳлили сохторӣ-семантикии ҷумла иборат буда, дар он муносибати мубтадо-хабар байни ду њиссаи нутќ ё ин ки байни исму феъл баён мегардиданд. Ҷумла ба хурд (оддӣ) ва калон, ки ташкилкунандаи дараҷа буданд, инчунин исмӣ, феълӣ ва ҳолӣ вобаста ба он, ки кадом калима дар оғози ҷумла меистад, мувофиқи хелҳои гуногуни мубтадо ва хабар тақсим мешуд. Аъзои пайрави ҷумла (то 5 навъи пуркунанда, хелҳои гуногуни ҳол) гурўҳбандӣ ва тақсим мешуданд. Мавриди гузоштани флексияи формалӣ ва виртуалӣ фарқ мешуд. Дар қисмати морфология ҳиссаҳои нутқ ва хусусияти шаклсозии онҳо дида баромада мешуд ва ин қисмат масъалаҳоеро, монанди ҳиссаҳои нутқ (исм, феъл ва ҳиссача (то 27 намуд)), сохтори реша, исм ва гурўҳбандии бисёрҷанбаи он бо асосҳои гуногун (номҳои аслӣ – исм, сифат, номҳои пўшида – ҷонишинҳои шахсӣ, номҳои умумӣ – ҷонишинҳои ишоратӣ ва нисбӣ ва ғайра), феълҳо (бо таснифоти шаклӣ ва маъноӣ), исмҳои дуҳолата (дупадежа) ва сеҳолата (сепадежа) ва ғайра дар бар мегирифт. Масъалаи масдар мавриди баҳси бепоёне қарор дошт.
Дар бахши фонетика дастовардњои бузурге ба чашм мерасиданд. Асарҳои илмии дар ҷанбаи забоншиносӣ эҷодшудаи Халил ибни Аҳмад, Абўалӣ ибни Сино ва Сибавайҳи шоҳиди он мебошанд. Дар қисматҳои фонетикаи асарҳои грамматикӣ тавлиди овозҳои арабӣ (артикулятсия) ва табдилёбии онҳо шарҳ ёфтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми ҳиндии таснифоти овозҳо, ки бар табдил ва тавлиди овозӣ асос ёфта буд, ба забоншиносии араб таъсири ҷиддӣ расонидааст. Абўалӣ ибни Сино мафҳуми мувофиқатро барои барқарории муносибат байни овозҳо ба миён овард. Ҳолати геминатсия (аз лот. gemino «дучанд мекунам») (ҳамсадоҳои мушаддад, мас.: рассом, муаллим ва ғ.) ва ҳамсадоҳои дуовоза, мас.: корро, дарро ва ғ.) ҳамчун натиҷаи монандшавии овози баъдина ба овози пеш аз худаш омада (ассимилиятсияи прогрессивӣ: қасд – қаст, тасдиқ - тастиқ) ва монандшавии овози пешина ба овози баъдина (ассимилиятсияи регрессивӣ: ибтидо – иптидо, изҳорот - исҳорот) гуруҳбандӣ мешавад. Масъалаи таъсири мутақобилаи садонокҳо ва ҳамсадоҳо, табдилёбии ҳамсадоҳо, ҷойивазшавии овозҳо, ихтисоршавии ҳамза, афтиши садонокҳо, пайдоиши ҳамсадоҳои зиёдатӣ, комишавӣ (талаффузи нарми ҳамсадоҳо) ва ғ. мавриди таҳқиқи забоншиносон қарор гирифта буд.
Забоншиносони араб ба таҳқиқи лексикаи забони адабӣ ва шева мароқи хоса зоҳир менамуданд. Таснифоти чандгонаи калимаҳо аз нигоҳи сохт, маъно, баромади таърихӣ, миқдори калимаҳои решагӣ дар забони арабӣ, калимаҳои куҳнашуда, таърихӣ, иқтибосӣ, инчунин фарқияти калимаҳои якмаъно ва сермаъно, калимаҳои аслӣ ва маҷозӣ ва ғайра аз зумраи таҳқиқоти онҳо маҳсуб меёбад. Ба масъалаи омўзиши синонимҳо ва омонимҳо диққати махсус медоданд.
Дар ҷанбаи луғатнигорӣ низ саҳми забоншиносони араб назаррас аст. Аз он ҷумла, луғатҳои тафсирӣ, синонимӣ, этимологӣ, иқтибосӣ, тарҷумавӣ ва қофиябандӣ таҳия мегардад. Калимаҳо дар луғатҳо ҳам аз нигоҳи ташкили хамсадоҳо ва ҳам аз нигоҳи алифбо бо дар назрдошти ҳамсадои аввал ё охир ҷо ба ҷо карда мешаванд. Нахустини луғати арабӣ „Китоб-ул-айн“ –и Халил ибни Аҳмад мебошад, ки калимаҳо дар он мувофиқи меъёри фонетикӣ - аз ҳалќӣ (фарингалӣ) ба лабӣ (лабиалӣ); аввалан решаҳои дуҳамсадоӣ, баъдан решаҳои сеҳамсадоӣ, сипас решаҳои чорҳамсадоӣ ва ғ. ҷойгир шудаанд. Усулеро, ки Халил ибни Аҳмад истифода кардааст, то се аср баъд аз вай истифода шудааст.
Бо такмил ёфтани луғатнигорӣ бахши фонетика ҳам мукаммалтар мегардад. Ин дастовард дар луғати „Лисон ал-араб“-и Ибни Манзур (ваф. 1311), ки нуқтаи олитарини луғатнигории араб маҳсуб меёбад, бараъло намудор аст.
Маҳмуд ибн-ал-Ҳусайн ибни Муҳаммад (Маҳмуди Қошғарӣ) (асри 11) бо таълифи фарҳанги дузабонаи „Луғати забонҳои туркӣ“ дар олами забоншиносии хилофати Араб мақоми махсусро касб мекунад. Луғати мазкур бо забони арабӣ тафсир ёфта, дар байни солҳои 1072-1083 таълиф шудааст. Луғат лексикаро бо мансубияти қавмӣ дар бар гирифта, доир ба сукунати туркҳо, таърих, урфу анъана ва фолклорашон маълумот медиҳад, инчунин дар бораи таснифоти забонњои туркӣ, фонетика ва грамматикаи таърихии онҳо ва қадимтари харитаи туркӣ ба тариқи муфассал иттилоъ медиҳад. Муаллифи луғат гуногунизом будани забонҳои туркӣ ва арабиро пай бурда таъкид мекунад, ки забони туркӣ ба гурӯҳи забонҳои агглютинативӣ ва забони арабӣ ба гуруҳи забонҳои флективӣ дохил мешавад. Дар луғат доир ба масъалаи иртиботи мутақобил доштани забонҳои туркӣ, арабӣ ва эронӣ низ қайд шудааст. Маҳмуди Қошғарӣ ҳарфро аз овоз фарқ намуда, аффиксҳои калимасозро мавриди таҳлил қарор додааст. Инчунин ў табияти сермаъно будани калимаро дарк намуда, омониҳоро аз калимаҳои сермаъно фарқ мекард. Маҳмуди Қошғарӣ доир ба таърихи баромади калимаҳо (этимология) низ маълумот додааст. Қайд бояд намуд, ки гузаштагони Маҳмуди Қошғарӣ доир ба омузиши забонҳои туркӣ таҳқиқе накардаанд. Ў доир ба баробар ва яксон истифода бурдани забонњои туркӣ ва арабӣ пешниҳод намудааст.
Масъалаи пайдоиши забон дар забоншиносии араб ва умуман диншиносии мусулмонони асрҳои IX-XI мақоми махсус касб намудааст. Тарафдорони пайдоиши азалии забон мабдаъзабон будани забони арабиро эътироф менамуданд. Мувофиқи ақидаи онҳо забонро Худо офаридааст ва онро ба Одам таълим додааст. Сипас ба Муҳамад Пайғамбар(с) ба меърос додааст. Тарафи муқобил бошад таъкид мекарданд, ки забон маҳсули эҷоди донишмандон ва ё маҳсули эҷоди гуруҳ (каликтив) мебошад. Беҳтарин дастоварди афкори забоншиносии араб ин буд, ки онҳо таъкид мекарданд, ки миқдори калима маҳдуд аст, вале миқдори маънояш беинтиҳо аст.
Забоншиносии араб аз асри 8 оғоз меёбад ва дар асрҳои 11-14 ба авҷи камолоти худ мерасад, аммо аз асри 15 оғоз намуда афзалияти (репертуар) назариявии худро аз даст медиҳад.
Забоншиносони барҷастаи араб инҳо буданд: Халил ибни Аҳмад (719-791), шогирдаш Сибавайҳи (ваф.798), Ал-Фарр (ваф. 822), Ибни Сиккит (ваф. 831), Ал-Мубаррад (ваф. 898), Ибни Сарроҷ (ваф. 928), Аззаҷҷоҷӣ (951), Ибни Ҷиннӣ (ваф. 1002), Ибни Форис (ваф. 1005), Ассуютӣ (ваф. 1505) ва дигарон буданд.
Омўзиши забони арабӣ дар Аврупо аз асри 16 оғоз меёбад.



Download 411,81 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish