ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ:
1. Аттори Нишопурӣ. Тазкират-ул-авлиѐ. –Теҳрон, 1376 ш. 812с.
2. Аҳмад Абдуллоҳи Вазеҳ. Ал-Ҳаким-ат-Тирмизӣ ва иттиҷоҳот-уз-завқият.
“Дор-ул-маърифат”. –Искандария, 1989. м484 с.
3. Муҳаммад Калободӣ. Ат-таъриф ли-мазҳаби аҳли-т-тасаввуф. –Байрут:
Мактаба, 2005
ИФОДАИ ФИДОКОРИИ АҲЛИ МЕҲНАТ ВА ТАНҚИДИ
АМАЛПАРАСТИИ ПАС АЗ ҶАНГӢ ДАР “ДУРОҲАИ БӮРОНӢ” -И
ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ
Абдумаҷидова Рӯзафзун Диловаровна донишҷӯи соли аввал
Роҳнамои илмӣ:
С. Самиева
Вақте ки романи Чингиз Айтматов- «Дуроҳаи Бӯҳронӣ» -ро варақ мезанед,
онро баргашта ба ҷояш намегузоред. Гӯѐ шумо бо он ҳодиса ва воқеаҳо
ҳамқадамед. Чунон ғарқ мешавед, ки ба он якҷоя то охир сафар мекунед. Ба қавли
адиб «ва аз қарн ҳам тӯлонитар буд ин рӯз». Андешаҳое, ки қаҳрамони асосии асар
Едигей Ҷонгелдин ѐ Едигейи Бӯронӣ дар он рӯзи дафни коргари кӯҳансоли роҳи
оҳани Дуроҳаи Бӯҳронӣ, яъне Бӯронӣ аз сар мегузаронид, андешаҳое буд, ки
аҳволи халқи заҳматкашро дар як қарн намоѐн месохт. Ӯ дар бораи қабилаҳое
фикр мекард, ки дар гузашта низ ҷабру ҷафоҳоеро аз сар сипарӣ намудаанд.
Коргари кӯҳансол Қозонқоп метавонист дар ҷои дигар, ки шароити мусоидтар
дорад, кор кунад. Лекин ӯ дар ин ҷой лозим будани худро ҳис намуда, ба ҷои дигар
нарафт. Барои халқаш куҷое лозим бошад кор мекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз кор ва
масъулият дур нахоҳад шуд. Нависанда дар симои қаҳрамони худ Қозонқоп
суботкорӣ меҳнатқаринию одамдӯстӣ, пурдонию сӯҳбатороии аҳли меҳнатро
тасвир намудааст. Одамдӯстӣ ва меҳрубонии ӯ буд, ки Едигей ӯро онқадар дӯст
медошт ва ҳурмат менамуд. Едигей қаҳрамони асосии асар буда, марди тануманд
ва ҳамавақт қатъӣ буд. Едигей яке аз симоҳои мураккаби адабиѐти даври худ
мебошад ва ҳар гуна ҳолатҳои рӯҳиро паси сар намудааст. Едигей ҳама гуна
меҳнатро шараф медонад. Дили пок ва бекинае дорад. Ӯ корашро ба касе
намегузорад ва ба ҳама бо чашми эҳтиром нигоҳ мекунад. Имонаш қавӣ ва иродаи
мустаҳкамаш ӯро аз дигарон фарқ мекард. Ӯ пеш-пеши тобути дӯсташ, савори
Қаранор ҳаѐти гузаштаи худро бо дӯсташ Қозонқоп пеши назар меовард. Едигей
бо захмҳои гарон аз ҷанг баргашт. Ногирон набошад ҳам, аз таъсири захмҳо хеле
беқуввату бадаҳвол буд. Дар Сари Озек, ки дашти бепоѐне буд, ба қавли
раҳгузарон «сагро бандед, канда карда мерафт». Дар ин касабаи роҳи оҳан фақат
Қозонқоп ва Едигей тоқат карда буданд. Едигей ҷиддӣ намояд ҳам нисбати оила
ва кӯдакон хеле ғамхору меҳрубон буд. Нисбати одамони нолоиқу бадкина бошад,
~ 170 ~
хеле сахтгиру ҳозирҷавоб буд. Дар қатори қиссаҳое, ки Қозонқоп ба ӯ нақл мекард,
қиссаи қабристони Она-байт ҳам буд. Жуан-жуанҳо ба сари мардуми ин ҷой низ
бадбахтиҳои гӯшношунид оварда будаанд. Қисса аз фоҷиаи модаре, ки аз
дасти писари манқурташ кушта шуда буд, боиси таваҷҷӯҳ аст. Модар гӯѐ дар
ҳамин қабристон мадфун аст. Оқмоя низ уштури зотие, будааст, ки дар ин ҷойҳо
мезист ва Қоранори Едигей гӯѐ аз он авлод аст. Найман-Она гӯѐ соҳибаи он
будааст.
Едигей бо ҳамсояҳо, ҳамкорон хуллас аҳли ҳамон касабаи хурди коргарони
роҳи оҳан муносибати самимию инсондӯстона дошт. Дар ҳолати мадҳушӣ асир
афтода, бо машаққате аз лагер гурехта, бо партизанҳои Югославия ҷанги шадидро
идома дода, қаҳрамониҳо нишон додааст ва соҳиби нишонҳои ҷангӣ гашта буд,
исбот мекард. Абӯтолибро ҷосуси Англия муқобили давлат нишон дода, бесабаб
ҳабс мекунад. Абӯтолиб ба зарбаи сахти хоин гирифтор шуда, қурбони
беадолатии давр шуда буд. Зану шавҳар намояндаи зиѐӣ бошанд ҳам, дар ҷое
онҳоро ба кор қабул намекарданд. Ба Сари Озек омада, ба меҳнати вазнини кори
роҳи оҳан тан дода буданд. Аммо муфаттиши хирасар Тансиқбоев Абӯтолибро,
ки дар назди тиреза нишаста хотираҳои ҷангиашро барои кӯдаконаш менавишт,
мебинад ва аз он шубҳа мекунад. Аз ин Зарифа огоҳ шуда, зуд аз ин ҷо меравад ва
Едигей ба ҳолатҳои вазнини рӯҳӣ гирифтор мешавад. Бо насиҳатҳои ана ҳамин
Қозонқопи оқил боз худро ба даст мегираду Уқубала ва кӯдаконашро ҳамчунон
дӯст медорад. Едигей коре, ки ният мекард, ба иҷрояш мекӯшид. Ӯ дар дил аҳд
карда буд, ки Абӯтолиби бегуноҳ пас аз марг бошад ҳам, сафед хоҳад кард. Инро
ҳамроҳи олими номдори заминшунос Елизаров амалӣ мегардонаду нафаси сабук
мекашад. Нобакори сиѐҳдил Тансиқбоев бошад, ҷазои сахт мегирад. Рӯзи дафн
ҳам якбора чандин киштиҳо пайи ҳам ба ҳаво сар дода мешуданд. Аз таркиши
сахт, ки гӯѐ аз осмон оташ меборад, дар дашт Едигей бо ҳарос роҳи гурезро пеш
гирифт. Сагу уштур низ дар ҳолати тарсу ҳарос мегурехтанд. Ин ҳароси чандсоата
буд. Едигей аз қавлаш нагашт. Ба почта рафта аризаашро партофт. Дар ин роман
симои писари Қозонқопи заҳматкашу оқил, ки бо ривояту нақлҳои худ як қарнро
фаро мегираду ба ҳамкоронаш падарвор маслиҳатҳои хуб медиҳад, аз писари
ягонаи худ хеле ҷабр дидааст. Қозонқоп ӯро ба Интернат дода буд, ки хонаду одам
шавад. Тамоми моли мулки падарро хӯрду сарфи нафси хеш кард. Дар ҳама ҷо
хонда бошад ҳам, чизе аз ҳаѐт наомӯхт ва дар пирӣ падарро хор кард. Собитҷон
бо сафсатаҳои худ, мардумро тарсондан мехост.
Ба зиндагии ин меҳнаткашон бо назари паст нигоҳ мекард. Хизмати
Қозонқопро, ки чилу чор соли умрашро бо меҳнати суботкорона дар роҳи оҳан
гузаронида буд, ҳатто дар рӯзи маргаш ба ҷо наоварда, ба хоҳари худ носазоии
зиѐде гуфта, худро беобрӯй кард. Қозонқоп тамаллуқкорӣ, лаганбардорӣ ва
бехирадии ӯро медонисту бо алам, танҳо дар хонаи худ ҷой дода буд. Майнаи
Собитҷон аз фикрҳои ботил пур буд. Дар рӯзи марги падар май нӯшида, худро
доно нишон дода, дар назди мардум боиси масхараю ҳаҷв мешуд.
Дар хусуси ин тоифаи одамони мунаққид Акбар Турсунов дар мақолаи худ
«Назаре ба афлоки бадеии Чингиз Айтматов» чунин овардааст: «Аз ҷониби дигар
дар ҷамъияти номуташаккили одамӣ ашхосу нерӯҳое ҳастанд, ки кӯраи арзро аз
коинот, банни одамиро аз бародарони кайҳониаш халқҳоро аз таърихаш, афроди
~ 171 ~
башарро аз ѐду хотирашон ҷудо созанд. Ин амр низ аз ҷумлаи хатарҳои
фалокатбору ҳалокатоваре мебошад, ки бояд мавриди тааммул қарор гиранд.»
Ман ҳамчун шахси мухлис ва китобхон андешаҳоямро ба ҳамсолони худ
гуфтаниам, ки аз симоҳои асосии ин романи машҳури адиби ҷаҳонӣ Чингиз
Айтматов бояд ибрат гирифта, ба таҷрибаҳои зиндагӣ бештар эътибор кунем. Аз
зиндагии қаҳрамонҳо беҳтарин ибрат бардорем, хислатҳои хуби инсониро
омӯзем. Ба ҳар гуна меҳнат бо назари эҳтиром нигарем, ки ин барои вусъати
иттифоқу иттиҳод, гуворотар гаштани хушиҳои зиндагӣ мадад мерасонад.
Do'stlaringiz bilan baham: |