Фойдаланилган адабиётлар рўйхати:
1.
Батюто А.И. Тургенев и Гончаров //Батюто А.И. Тургенев-романист. Л.:
Наука, 1972 г.
-
28 б.
2.
Иван Тургенев. Ася. Часть сборника отцы и дети. Изд: Астрель-Аст москва.
1858.- 48 стр.
3.
Иван Тургенев. Ася. Часть сборника отцы и дети. Изд: Астрель-Аст москва.
1858.- 38 стр.
4.
И.С.Тургенев . Полное собрание сочинений и писем в тридцати томах. Т.6. М.:
Наука, 1981. -86 стр.
ТОЖИК ТИЛИ ВА АДАБИЁТИ ДОЛЗАРБ МУАММОЛАРИ
ШЎЪБАСИ
БАРРАСИИ ДИГАРГУНИҲОИ МАЪНОИИ ИҚТИБОСҲОИ АРАБӢ ДАР
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА МУҚОИСАИ ОН БО ЗАБОНИ ФОРСӢ
Каримов Абдулатиф Абдуғафорович донишҷӯи соли чорум
еmail: lutfi.lftif95@gmail.com
роҳнамои илмӣ: н.ф.ф, дот. Р.Абдуллоев
Муҳимии мавзӯи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки оиди вожаҳои иқтибосӣ
ва муқоисаи забонҳои форсӣ (форсии Эрон) ва тоҷикӣ (форсии Тоҷикистон) дар
забоншиносӣ бисѐр асару мақолаҳо нашр гардидаанд, аммо маҳз муқоисаи
иқтибосҳои арабии ин ду забон то ҳол мавриди тадқиқот қарор нагирифтааст.
забоншиносон Қурбонбеков А, Л.С.Пейсиков, Т. Бердиева, Муҳаммад Тақии
Баҳор дар мавриди иқтибосҳои арабии забонни форсӣ ва тоҷикӣ, Феруза Амонова,
Носири Эронӣ, Алӣ Равоқӣ ва дигарон дар мавриди муқоисаи ин ду забони бо ҳам
хеш таҳқиқотҳо бурдаанд. Забони муосири форсии Тоҷикистон дар муқоиса бо
забони форсии Эрон тафовутҳои фонетикӣ, лексикӣ ва ҳатто дастурӣ дорад,
имрӯза расман бар пояи як барномарезии забони мутафовит бо барномарезии
забони форсӣ дар Эрон омӯзиш дода мешавад. [2.114] Забоншиноси маъруф В.Д.
Аракин дар ин маврид чунин меҳисобад, ки “ҳатто забонҳои ба ҳам наздик дар
сохтори худ хусусиятҳои фарқкунандаи ба хеш хос доранд”. [1.27]Ончӣ, ки беш
аз ҳама таваҷҷӯҳи моро ба худ ҷамъ кард, тафовутҳои маъноии вожагоне аст, ки
тақрибан дар ҳар ду забон яксон талаффуз мешаванд ва дар забоншиносии имрӯза
false-friends номида мешаванд, “дӯстони ғалатандоз” тарҷума намудем. Дар
қатори “дӯстони ғалатандоз” ҳам калимаҳои аслӣ ва ҳам калимаҳои иқтибосӣ
мавҷуданд, ки иқтибосҳои арабӣ ҳам шомили онҳоянд.
Дар ин таҳқиқот ба баррасии тағйирот ва дигаргуниҳое пардохтаем, ки дар
вомвожаҳои арабӣ пас аз вуруд ба забони форсӣ ва тоҷикӣ рӯй додааст ва сипас
таъсироте, ки дар низоми маъноӣ ва корбурдии забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ дар
натиҷаи қарзгириҳои вожагон падид омадааст, кашф кунем. Дар баробари ин
~ 166 ~
баррасии тафовутҳои маъноии вомвожаҳои арабӣ дар забонҳои бо ҳам хеш форсӣ
ва тоҷикиро мадди назар қарор додаем.
Вомвожаҳои арабӣ дар арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) як мафҳумро ифода
менамоянд, ки шояд дохил шуданашон дар форсӣ (тоҷикӣ) ба далили вуҷуд
надоштани он мафҳум дар забони форсӣ (тоҷикӣ) бошад, вале дар бархе маворид
ҳатто вуҷуди муодили форсӣ (тоҷикӣ) монеи иқтибосшавиашон нашудааст. Барои
мисол мавҷуд будани калимаи “дил” монеи дохилшавии калимаи “қалб”
нашудааст. Вомвожаҳои арабӣ дар бисѐр маворид дучори дигаргуниҳои маъноии
куллӣ ѐ ҷузъӣ шудааст, ки метавон онҳоро ба навъҳои зер дастабандӣ намуд:
Ихтилофи маъноӣ. Дар ин ҳолат вомвожаҳои арабӣ дар маънои комилан
дигар истифода мешавад. Масалан вожаи “ҳарис” дар забони форсӣ ва тоҷикӣ
маънои манфӣ дорад ва муодил ва муродифи тамаъ қарор мегирад, аммо дар
забони арабии ҷадид, маънои мусбат дорад ва иштиѐқ ба чизе ѐ касеро нишон
медиҳад. Ин гуна тағйирот мутарҷимони камтаҷрибаро ба иштибоҳ меандозад.
Маҳдудшавии маъноӣ. Каламоте, ки бахше аз мафҳуми худро дар гузашта
(забони қарздиҳанда) аз даст медиҳад ва дар идома (дар забони қарзгиранда) ба
сатҳи маҳдудтар ва хостаре далолат дорад, истилоҳан дучори маҳдудшавии
маъноӣ шуда аст. Масалан, калимаи “қорӣ” дар забони арабӣ ба маънои хонанда
ва қироаткунанда аст, ҳол онки дар забони форсӣ (тоҷикӣ) танҳо ба маънои
“қироаткунандаи Қурон” ба кор меравад. ]4.98[
Васеъшавии маъноӣ. Вомвожаҳои тавсеаѐфта чизе аз маънои пешини худ
накоста балки бар он мафҳуми ҷадидтар афзуда аст. Масалан, калимаи “маймун”
дар арабӣ маънои “хуҷаста”-ро дорад, дар форсию тоҷикӣ мафҳуми номи ҳайвон
бар он зам шудааст.
Иртиқои маъно. дар ин маврид маънои дар забони қарздиҳанда будаи калима
аз маънои дар забони қарзгиранда дида мусбаттар мешавад дар забони
қарзгиранда маънои манфӣ касб менамояд. 4], 100[
Таназзули маъноӣ. Дар таназзули маъноӣ маънои калима манфӣ мешавад. дар
ин фароянд гоҳ мафҳуми калимаҳо ба далили барҷастатар шудан бархе аз
вижагиҳояш, пасттар ва номатлубтар аз гузашта мешавад.]4. 101[
Натиҷаҳои пажӯҳиш нишон дод, ки аз назари маъноӣ бештари вомвожаҳои
арабӣ дар форсӣ дучори таҳавулоти маъноии гуногун аст. Омӯхтани ин
дигаргуниҳои маъноӣ барои он лозим аст, ки ҳангоми тарҷимаҳои арабӣ – тоҷикӣ,
арабӣ- форсӣ ва ѐ баракс барои мутарҷими тозакор нофаҳмиҳоро пеш оварда,
боиси вайроншавии тарҷимаҳо шавад, зеро калимоти муштараки форсизабонон бо
арабҳо чӣ тавре, ки дар боло дидем аз ҷиҳати маъно фарқ доранд. Бояд тазаккур
дод, ки 77 вомвожаҳои арабе, ки мо дар боло таҳқиқ кардем 12 тоаш “дӯстонии
ғалатандоз” буда дар забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ маъноҳои фарқкунандае доранд.
Далили гуфтаамонро дар мисоли кадимаи “идора” мебинем, ки дар форсӣ маънои
идораи давлатиро медиҳад, дар тоҷикӣ маънои оффес, вале дар арабии муосир
агар дар канори номи давлат ояд, ба маънои “давлат”, “ҳукумат” аст; монанди:
ة رادالإ
تی ک یر مالأ
– давлати Амрико. Дар навбати худ ин калимаҳо дар бАйнӣ
гӯяндаҳои ин забонҳо нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меорад. Аз ин сабаб низ ҳангоми
иртибот бо эрониѐн ва ѐ дар баргардонидани матнҳои форсии Эрон ба тоҷикӣ аз
~ 167 ~
мутарҷим талаб карда мешавад, ки ин “дӯстони ғалатандоз”-ро бо маънои дуруст
баргардонад. Дар охири пажӯҳиш ҳаминро бояд эътироф намуд, ки мавзӯи мазкур
яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои забоншиносии муқоисавӣ буда ҳанӯз ниѐз ба
таҳқиқоти бештар дорад.
Do'stlaringiz bilan baham: |