Пайнавишт:
1. Аракин В.Д. Сравнительная типология английского и русского языков. –
М.: Просвещение, 1989, саҳ-27
2. Муртазо Размoро, Муқоисаи форсии тоҷикӣ ва форсии Эрон; Адабиѐти
татбиқӣ. Теҳрон.1396
3. Пейсиков, Л.С. Лексикология современного персидского языка / Л.С.
Пейсиков. – М., 1975. – 206 с.
4.
ثای ح
؛یرماع
ه ژاوماو
یاه
ی برع
رد
،ی سرا ف
ی سر ب
ث لاوح ت
ی ی یاوآ
و
؛ی ی ی ن عن م
ود
طماعمی ن ف
ثای ن تاعم
-
یق ی ب ع ت
ی سرا ف
ی برع
لاس
1
،شماره
2
،
سی یا ب
و
تس مزنا
1335
ЗИКРИ ТЕРМИЗИЁН ДАР “ТАЗКИРАТ УЛ-АВЛИЁ” – И ФАРИДУДДИНИ
АТТОР
Тоҳирова Маҳина Қосимовна донишҷӯи соли чорум
роҳнамои илмӣ: Ҷ.Ҷумақулов
Тазкират-ул-авлиѐ китоби ирфонӣ буда ба қалами Фаридуддини Аттори
Нишопурӣ мансуб аст. Асар бо насри содда навишта шуда оиди машоих ва
суфиѐни зиѐде маълумот медиҳад, ки дар таърихи адабиѐти тасавуфии то асри ХIII
аҳамияти беқиѐс дорад. Аз ҷумла, мо оиди намояндагони аҳли тасаввуфи
Тирмизро низ аз ҳамин асар пайдо мекунем.
Яке аз онҳо Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан (ѐ Ҳусейн) ибни
Бишр (ѐ Башир) ибни Ҳорун мебошад, ки ҳамчун ориф, муҳаддис, муфассир ва
мутакаллими маъруфи асри худ шинохта шуда лақаби “Ҳаким”-ро сазовор
гаштааст. Ҳаким Тирмизӣ аз ҷумлаи донишмандон ва орифони машҳури асри III-
и ҳиҷрӣ (IХ-и мелодӣ) мебошад, ки шахсият, кору пайкор ва осори гаронқадри ӯ
то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Ҳаким Тирмизӣ дорои мақоми баланди илмию
адабӣ ва ахлоқиву ирфонӣ буд. Муаллиф дар бораи ӯ менависад: “Он салими
сунан, он азими миллат, он муҷтаҳиди авлиѐҳо, он мутафарриди авлиѐҳо, он
маҳрами ҳарами эзиди шайх Муҳаммад Алӣ ат-Тирмизӣ Худо раҳматаш кунад аз
мӯҳташамони шайхон буд ва мӯҳтарамони аҳли вилоят ва ҳама ситоишгарон ва
таърифгарон буд ва гурӯҳи Тирмизиѐн бояд ӯро пайравӣ кунанд” [1.515].
Ҳаким Тирмизӣ дорои зеҳни қавию истеъдоди хуб буда, аз хурдсолӣ ба
шунидан ва дарѐфти илму маърифат шавқу рағбат доштааст. Шайх Аттор дар
“Тазкират-ул-авлиѐ” гуфтааст, ки чун модари Ҳаким Тирмизӣ танҳову бе дастѐр
буд, ӯро аз рафтан барои таҳсил ба ғурбату дуриҳо боз медорад ва ин амр, яъне
итоат аз модар ва дарѐфти ризои модар боис мегардад, ки робитаи Тирмизӣ бо
~ 168 ~
Хизр барқарор гардад ва аз ў илм биомўзад: “Дар ибтидо бо ду толиби илм рост
шуд, ки ба талаби илм раванд. Чун азм дуруст шуд, модараш ғамгин шуд ва гуфт:
Эй ҷони модар! Ман заифам ва бекас ва ту мутаваллии кори ман. Маро ба кӣ
мегузорӣ? Ва ман танҳову оҷиз. Аз он сухан дарде ба дили ў фурў омад. Тарки
сафар кард ва он ду рафиқи ў ба талаби илм шуданд. Чун чанд гоҳ баромад. Рӯзе
дар гӯристон нишаста буд ва зор мегирист ки: ман ин ҷо муҳмал ва ҷоҳил мондам
ва ѐрони ман боз оянд ба камоли илм расида. Ногоҳ пири нуронӣ биѐмад ва гуфт:
Эй писар чаро гирѐнӣ? Гуфт: (Ҳол) Боз гуфтам. Пир гуфт: Хоҳи то туро ҳар рӯзе
сабақе гуям, то ба зудӣ аз эшон даргузарӣ? Гуфтам: Хоҳам. Пас ҳар рӯз сабақам
мегуфт, то се сол баромад. Баъд аз он маро маълум шуд, ки ў Хизр будааст. Ва ин
давлат ба ризои волида (модар) ѐфтам. Абубакри Варроқ гуфт: Ҳар якшанбе Хизр
(а) ба наздики ў омадӣ ва воқеаҳо аз якдигар пурсидандӣ...”[1, 516].
Дар атрофи Ҳаким Тирмизӣ мухлисону муридони зиѐд пайдо мешаванд, аз
афкор ва панду андарзҳои ў огоҳ гашта, баъзе суханонашро ба дигарон интишор
медиҳанд :“Дар Тирмиз касе набуд, ки сухани ӯро фаҳмад ва ӯ аз аҳли шаҳр
маҳҷур буд” [1,516]. Мутаассифона, касоне низ пайдо мегарданд, ки бархе ақоид
ва андешаҳои ўро нодуруст фаҳмида, бо онҳо муқобил мебароянд. Хусусан, дар
мавзўи “вилоят” (дӯсти худо), ки гўѐ Ҳаким Тирмизӣ онро аз “нубувват” бартару
беҳтар медониста бошад. Ў нахустин касест, ки дар таърихи исломи ирфонӣ
масъалаи вилоят ва хатми вилоятро дар китоби “Хатм-ул-авлиѐ” ѐ “Сират-ул-
авлиѐ” ба сурати назарияи комил матраҳ кард ва бештарин шуҳрати ў ба ҳамин
сабаб аст.
Аз ҷумлаи дигари онҳо зикри олими тасаввуф Абу Бакр Варроқ Тирмизӣ
мебошад. Абу Бакр Варроқ тахминан дар асри III -и ҳиҷрӣ (IХ -и мелодӣ) дар Балх
зиндагӣ намудааст. Абу Бакр Варроқ аз ҷиҳати баромад Тирмизӣ буда дар деҳаи
Аѐзи шаҳри Балх зиндагӣ кардааст. Яке аз бандагони маҳбуби Худо буда, шабу
рӯз бо ибодат машғул буд. Яке аз шаҳидон буд ва дар парҳезгорӣ ва некӣ комил
буд. Ӯ дар Балх зиндагӣ мекард, ва мегуфт, ки калиди тамоми баракатҳо сабр аст.
Ӯ шогирди Ҳаким Тирмизӣ буда роҳи ӯро давом додааст. Ҳикояҳои бисѐре дар
бораи Ҳаким Термизӣ нақл кардааст.
Аттори Нишопурӣ дар тазкираи худ нақли аҷиберо аз Абубакри Варроқ
чунин зикр кардааст: “Рӯзе Муҳаммад ибни Алии Ҳаким маро гуфт: имрўз туро
ҷойе барам? Гуфтам: Шайх донад. Бо вай бирафтам. Дере барнаѐмад, ки биѐбоне
дидам сахт саъб ва тахте заррин дар миѐни биѐбон ниҳода дар зери дарахте
сабз ва чашмаи об ва яке бар он тахт либоси зебо пӯшида чун шайх наздики ў шуд
бархост ва шайхро дар тахт нишонд. Чун соате баромад аз ҳар тарафе гурӯҳе
меомаданд, то чил тан ҷамъ шуданд ва ишорате карданд бар осмон. Таоме зоҳир
шуд, бихӯрданд. Шайх мепурсид аз он мард ва ў посух мегуфт, чунон ки ман як
калима аз он фаҳм накардам. Чун соате баромад дастуре хост ва бозгашт ва маро
гуфт: Рав, ки саид гаштӣ. Пас чун замоне баромад ба Тирмиз бозомадам. Гуфтам:
Эй Шайх он чӣ буд ва чӣ ҷой буд ва он мард кӣ буд? Гуфт: Тиҳи Бани Исроил буд
ва он мард Қутб-ул-мадор буд. Гуфтам: Дар ин соат чӣ гуна рафтем ва боз омадем?
Гуфт: Ё Абубакр! Чун баранда ў бувад тавон расидан. Туро бо чигунагӣ чӣ кор?
Туро бо расидан кор на бо пурсидан.” [3,516].
~ 169 ~
Хулоса, зимни маълумотҳои Тазкират-ул авлиѐ медонем, ки дар Тирмиз аз
қадимулайѐм муҳаддисон, олимон, машоихон, фозилон зиндагӣ ва эҷод
намудаанд, ки бо мероси илмии пурарзишашон дар дунѐ машҳур ва шинохта
шудаанд.
Do'stlaringiz bilan baham: |