Давлати Сомониён



Download 269,68 Kb.
bet6/8
Sana23.02.2022
Hajmi269,68 Kb.
#151420
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
Давлати Сомониён

Ташаккули халқи тоҷик
Дар асрҳои IX—X дар Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар водии Зарафшон, Қашқадарё ва Истаравшан — суғдҳо, ҳавзаи дарёи Аму ва шохобҳои он бохтариён (тахориён), дар ҳавзаи поёноби д. Аму — хоразмиён, водии Фарғона — фарғониён, дар ҷанубу ғарбии воҳаҳои Осиёи Миёна сакоиҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо қаробати этникӣ дошта, ба забонҳо ва шеваҳои гурӯҳи забонҳои эронӣ гуфтугӯ мекарданд. Дар баъзе маҳалҳои Тахористон, Чоч, Фарғона ва, хусусан, дар шимолу шарқии Осиёи Миёна гурӯҳҳои этникии туркнажод низ буданд. Дар асрҳои IX—X дар ҳудуди Давлати Сомониён раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид. Мувофиқи маълумотҳо, таркиби этникии тоҷиконро суғдҳо, бохтариён ва тахориён, фарғониён, хуросониён ва қабилаи сакоиҳо ташкил медоданд. Ба онҳо дар давраҳои гуногун хионитҳо, ҳайтолиён, туркҳо ва гурӯҳҳои дигари этникӣ ҳамроҳ шуданд. Забони умумии тоҷикон дарӣ (форсии дарӣ) буд. Забони дарӣ (тоҷикӣ) аввалҳо дар заминаи яке аз шеваҳои байни Тахористон ва Хуросон ба вуҷуд омада, дертар ба вилоятҳои дигар паҳн шуд ва забони суғдиро аз гуфтугӯ танг карда баровард. Дар кори ташаккули забони тоҷикӣ лаҳҷаҳои Эрони Шарқӣ нақши калон бозиданд. Дар асрҳои IX—X адабиёти илмӣ ва назм инкишоф ёфтанд. Сомониён барои дар байни аҳолии маҳаллӣ пайдо намудани такягоҳ забони модариро ҳаматарафа истифода бурданд. Ташаккули территорияи умумии халқи тоҷик аз раванди ниҳоят мураккаб ва пурихтилофи ҷудошавию муттаҳидшавии иттиҳодияҳои давлатие, ки дар сарзамини тоҷикон вуҷуд доштанд, сар шуда, бо барпо гардидани давлати мутамаркази Сомониён ба охир расид. Ба ин раванд муборизаи халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили истилои араб баҳри истиқлол мусоидат кард. Мубориза табақаҳои гуногуни ҷамъиятро аз оммаи меҳнаткаш то синфи ҳукмрон фаро гирифт. Маркази ин иттиҳодия Мовароуннаҳр ва Хуросон буданд. Давлати Сомониён давлати осиёимиёнагӣ, сулолаи Сомониён сулолаи тоҷикон буд. Маркази мамлакатро марзе, ки дар он аз қадим аҷдоди халқи тоҷик маскан гирифта буд, ташкил мекард. Раванди ташаккули фарҳанги умумии халқи тоҷик хеле мураккаб ва номунтазам буд. Маводҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз дар а.7-8 дар ҳудуди Суғд, Тахористон, Фарғона ва Хуросон баробари хусусиятҳои махсуси ин ё он вилоят ба дараҷаи муайян умумияти фарҳанги моддӣ ва маънавӣ вуҷуд дошт. Умумияти маданияти моддӣ бештар дар меъморӣ, шакл ва техникаи тайёр намудани сафоли сирдор намудор мегардад. Дар давраи ташаккули фарҳанги умумии халқи тоҷик водии Зарафшон (бо марказҳои калони иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиаш — Бухоро ва Самарқанд) вилояти асосии аз ҷиҳати маданӣ мутараққӣ ба шумор мерафт.
Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули халқи тоҷик айни муддао буд. Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892—907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907—914) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни АҳмадиСомонӣ, яъне Насри II (914—943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.
Бинобар ҳамин худи Рӯдакӣ мегӯяд:





Download 269,68 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish