Давлати Сомониён



Download 269,68 Kb.
bet5/8
Sana23.02.2022
Hajmi269,68 Kb.
#151420
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
Давлати Сомониён

Ҳунармандӣ
Дар Давлати Сомониён ҳунармандӣ низ инкишоф ёфт, ки он дар Мовароуннаҳру Хуросон ҷойи намоёнро ишғол мекард. Пеш аз ҳама бофандагӣ ривоҷ ёфт. Деҳаҳои Зандона (наздикии Бухоро), Водар (наздикии Самарқанд) ва Дарзангӣ (дар водии д. Сурхон) ба марказҳои бофандагӣ табдил ёфтанд. Дар онҳо намудҳои беҳтарини матоъҳои пахтагӣ мебофтанд. Мувофиқи маълумоти Муҳаммади Наршахӣ, матои зандонагиро ба Эрон, Форс ва Ҳиндустон мебурданд. Мувофиқи ахбори географҳои асри X Ибни Ҳавқал ва Муқаддасӣ матои нафиси водарӣ дар мамлакатҳои Шарқ шуҳрати калон дошт. Дар Самарқанд, Дабусия, Бухоро, Искоҷат, Насаф, Кеш, Банокат, матоъҳои нафис ва дурушт мебофтанд. Дар Самарқанд коғаз ва шиша истеҳсол мекарданд, ки онҳо дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик шуҳрати калон пайдо карда буданд. Дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини Фарғона, Истаравшан, Хуҷанд яроқ ва олоти кишоварзӣ, зарфҳои фулузӣ, дар Бухоро ва атрофи он қолин, ҷойнамоз, зин, равған, дар Самарқанд рикоб, лаҷом, тасма, деги мисин, дар Чоч зин, тирдон, хайма, тиру камон, сӯзан, миқроз, зарфҳои сафолӣ, дар шаҳрҳои Хуросон - дар Нишопур калоба, матоъ, либоси пашмин, рӯйҷо, корд, дар Марв парча, сӯзанӣ, рӯйҷои абрешимӣ ва пахтагӣ, абрешим, дар Тӯс зарфҳои сангӣ, бурё, дар Балх пӯст, собун дар Гарчошара қолин, намад ва ғ. истеҳсол мекарданд. Онҳо аз ривоҷёбии ҳаматарафаи ҳунармандӣ шаҳодат медиҳанд.
Тиҷорат
Инкишофи кишоварзӣ, кӯҳкорӣ, ҳунармандӣ ва тараққиёти шаҳрҳо ба ривоҷёбии мубодилаи мол байни шаҳру деҳот аз як тараф, аз тарафи дигар байни аҳолии муқимӣ ва бодиянишин оварда расонд. Дар натиҷаи инкишофи савдои дохилӣ ва берунӣ шаҳрҳо ва деҳаҳои Осиёи Миёна дар соҳаи истеҳсоли ин ё он навъи мол махсус гардида буданд. Мувофиқи маълумоти Муқаддасӣ ба бозорҳои берунӣ аз Бухоро порчаҳои нафис, қолин, ҷойнамоз, фонуси мисин, пушттаранги асп, равған, пӯсти гӯсфанд, гӯшт ва харбуза, аз Кармина сачоқ, аз Дабусия ва Водар газворҳои водарӣ, аз Арбинҷон ҷомаи пашмин, ҷойнамоз, пӯст, зарфҳои фулузӣ, аз Самарқанд парча, матои симгун, газворҳои сурх (мумарҷол), газвори синизӣ, абрешим, шоҳӣ, хайма, коғаз, шиша, деги мис, чормағз, аз Ҷиззах пашм, газвори сафед, яроқ, оҳан, аз Чоч пахта, ҷома, хайма, камон, аз Тирмиз собун, аз Балх пӯст, собун, кунҷит, биринҷ, чормағз, мавиз, бодом, асал, зок, сулфур, сурб, рӯйҷои занона, аз Марв парча, ҷома, рӯйҷои пахтагӣ ва абрешимӣ, равғани кунҷит, панир, мис, аз Нишопур калоба, газвор, либосҳои пахтагӣ ва пашмин, оҳан, пӯст, аз Нисо ва Обивард либоси пахтагӣ ва абрешимӣ, абрешим, равғани кунҷит, пӯсти рӯбоҳ, аз Ҳирот ба миқдори зиёд мавиз, писта, асал ва ғ. мебурданд. Дар асрҳои IX—X савдо бо мамлакатҳои ҷанубу шарқии Европа, Муғулистон, Хитой, Эрон, Кавказ, давлатҳои Осиёи Пеш аҳамияти калон пайдо кард. Аз Мовароуннаҳр ва Хуросон роҳҳои калони тиҷоратии Шарқ мегузаштанд. Роҳи тиҷоратие, ки аз Осиёи Миёна ба ҷанубу шарқии Европа мегузашт, аҳамияти калон дошт. Муншии сафорати хилофати араб Ибни Фадлон, ки с. 922 ҳамроҳи корвони тоҷирон ба Булғория, Волгаю Кама мерафт, ин роҳро тавсиф кардааст. Ба воситаи Итил ва Булғор Д. С. бо князиҳои Рус савдо мекард. Ба Итил ва Булғор биринҷ, хушкмева, газворҳои пахтагӣ, абрешимӣ ва пашмин, дирамҳои нуқрагин бурда, аз Рус, Булғор ва Хазар ба Осиёи Миёна мӯина, асал, пӯст, чорво ва ғайра меоварданд. Дар шаҳрҳои гуногуни Рус — Москва, Новгород ва ғ. ба миқдори зиёд ёфт шудани тангаҳои Давлати Сомониён аз алоқаҳои мустаҳками тиҷоратии байни Осиёи Миёна ва Руси қадим шаҳодат медиҳад. Дар сари роҳҳои тиҷоратӣ корвонсаройҳо, хонаҳои истиқоматӣ сохта, чоҳҳо мекофтанд. Савдо бо Европаи Ғарбӣ асосан бо роҳи иваз намудани молҳои арзишашон якхела ба амал бароварда мешуд. Дар асри X чекҳо низ дар муомилот истифода мешуданд. Дар Давлати Сомониён. анвои молҳои фурӯш тағйир ёфт. Агар тоҷирон пештар маснуоти заргарӣ, яроқи қиматбаҳо, зарфҳои биринҷӣ ва нуқрагӣ, шиша, газворро ба фурӯш баранд, акнун бештар хӯрокворӣ, моли хоми ҳунармандӣ ва маҳсулоти ҳунармандиро мефурӯхтанд. Тараққиёти кишоварзӣ, кӯҳкорӣ, ҳунармандӣ ва савдо дар Хуросону Мовароуннаҳр ба инкишофи маданияти маънавии халқи тоҷик заминаи муҳим гузошт. Дар асрҳои IX—X дар Осиёи Миёна муносибатҳои феодалӣ пурра ғалаба карданд.
Давлати Сомониён давлати феодалӣ буд, ки он манфиати феодалон ва савдогаронро ҳимоя мекард. Қисмати асосии замин дар дасти намояндагони сулолаи Сомониён, заминдорони калон, мансабдорони давлатӣ ва рӯҳониён буд. Оммаи васеи деҳқонон камзамин буд, ё ҳеҷ замин надошт. Андозҳои вазнин, истисмори феодалӣ боиси сар задани як қатор шӯришу ошӯбҳои зиддифеодалӣ гардиданд. Муборизаи синфӣ аксаран дар зери ниқоби дин мегузашт. Масалан, яке аз ҳаракатҳои калони динӣ дар Давлати Сомониён ҳаракати қарматия буд.

Download 269,68 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish