Давлати Сомониён


Бухоро маркази давлати Сомониён



Download 269,68 Kb.
bet4/8
Sana23.02.2022
Hajmi269,68 Kb.
#151420
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
Давлати Сомониён

Бухоро маркази давлати Сомониён
Бухоро пойтахти давлати Сомониён ба ҳисоб мерафт. Бухоро дар замони ҳукмронии арабҳо мисли дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр -у Хуросон борҳо хароб гардида буд. Аммо дар аҳди Сомониён вазъият тағир ёфт. Ба туфайли робитаҳои тиҷоратӣ ва аз ҳар ҷиҳат тараққӣ ёфтани давлат ҳаёти нисбатан ором пойдор гардид. Бухоро чун дигар шаҳрҳои қадими тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба се қисм тақсим мешуд: 1. Арк- ҷои зисти шоҳ; 2. Шаҳристон — ҷои зисти табақаҳои гуногуни мардуми шаҳр; 3. Рабаз — маҳалли тиҷорату ҳунармандӣ. Шаҳри Бухоро дар асри IX ёздаҳ дарвоза дошт. Дар байни мамлакатҳои Осиёи Пеш яке аз шаҳрҳое буд, ки бори нахуст мактаби олии мусулмонӣ — мадраса бино ёфта будааст. Ҳамин тариқ дар аҳди Сомониён муносибатҳои феодалӣ устувор мегардад. Давлати Сомониён ҳамаҷиҳата тараққӣ мекунад.
Иқтисодиёт
Кишоварзӣ, кӯҳкорӣ, ҳунармандӣ ва савдо боз ҳам тараққӣ карданд. Мовароуннаҳр ва Хуросон мамлакатҳои аграрӣ буданд. Заминҳо асосан аз обҳои дарёчаҳо, сойҳо, чашмаҳо, каналҳо ва корезҳо объёрӣ карда мешуданд. Дар Осиёи Миёна, хусусан, дар водиҳои Зарафшон, Фарғона ва ноҳияҳои дигар системаи зиёди обёрӣ вуҷуд дошт. Масалан, дар воҳаи Бухоро (каналҳои Санҷон ва Шоҳруд), Бунҷикат ва шаҳрҳою вилоятҳои дигар каналҳо мавҷуд буданд. Дар асрҳои IX—X як қатор каналҳои нав ва иншооти обёрӣ сохта шуданд. Масалан, дар яке аз дараҳои силсилакӯҳи Пастоғ (қаторкӯҳи Нурато) дарғоти калони сангин (ҳоло Хонбандӣ) ва обанбор бунёд гардид. Ғайр аз заминҳои обӣ заминҳои лалмиро низ васеъ истифода мебурданд. Дар заминҳои обии Суғд, Фарғона, Чоч, Истаравшан, Чағониён, Хуросон ва ғ. деҳқонон гандум, ҷав, биринҷ, арзан, лӯбиё, нахӯд ва зайтун кишт менамуданд. Пахта дар хоҷагии кишоварзии баъзе ноҳияҳо (водии Зарафшон, Фарғона, воҳаи Марв ва ғайра) ҷойи асосиро ишғол мекард. Боғдорӣ (зардолу, шафтолу, себ, нок, биҳӣ, олуча, олу, анор, анҷир, чормағз, бодом), токдорӣ (махсусан ангури навъи ҳиротӣ), обчакорӣ ва зироати полезӣ низ ривоҷ ёфтанд. Номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ. хусусияти махсуси заминдориро нишон медиҳад, ки он ба обёрии сунъӣ асос ёфта буд. Географҳои асрҳои IX—X ҳосилхезии заминҳои корами Осиёи Миёнаро борҳо таъкид намудаанд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва даштҳои Осиёи Миёна чорводорӣ, хусусан, гӯсфанду асппарварӣ ривоҷ ёфт. Дар ин давра дар Давлати Сомониён саноати кӯҳӣ тараққӣ кард. Манбаъҳои хаттӣ ва маводҳои археологӣ аз зиёдии сарватҳои зеризаминии ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд. Дар Бадахшон, Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон конҳои ёқут, санги лоҷвард ва нуқра кор карда мешуданд. Дар саргаҳи Зарафшон оҳан, тило, нуқра, зок, дар Истаравшан оҳан, дар Асбара (Исфара) ангиштсанг, дар Фарғона оҳан, қалъагӣ, нуқра, симоб, мис, сурб, муми кӯҳӣ (қир), асбест, фирӯза, навшодир, нефт истеҳсол менамуданд. Илоқ (водии Оҳангарон) маркази коркарди маъдани нуқра ва сурб ба шумор мерафт. Аз конҳои Хуросон фирӯза, мармар, сангҳои резакорӣ, тило, оҳан, мис, зок, сулфур, маргимуш, шаба, гили кулолӣ ва ғ. мегирифтанд. Дар Осиёи Миёна конҳои зиёди асримиёнагӣ, ба монанди Кони Мансур, Кӯҳи Сим, Конҷӯл, Консой, Тариқэккан, Кони Гут ва ғ. ёфт ва омӯхта шуданд. Маъданро бо роҳи кандани чоҳҳои амудӣ ва нишеб ё аз конҳои кушод мегирифтанд. Дар саноати кӯҳӣ меҳнати одамони озод ва ғуломонро хуб истифода мебурданд.

Download 269,68 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish