Сабабҳои асосии таъсисёбии давлати Сомониён :
Оғози давраи пирӯзии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна.
Авҷ гирифтани ҷараёни мазҳабии шуубия — ҷараёни оппозитсионӣ нисбат ба ҳукмронии арабҳо.
Шӯришҳои пай дар паи халқои Осиёи Миёна ба муқобили хилофати Араб.
Бо қувваи аслиҳа дар сари итоат нигоҳ дошта натавонистани халқҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо.
Ба умури давлат ҷалб шудани аъёну ашрофи маҳаллӣ (Бармакиён , афшинҳои Истаравшан , Тоҳириён ).
Ба мухторият соҳиб шудани вилоятҳои шарқии хилофат, аз он ҷумла мулкҳои Хуросон -у Мовароуннаҳр
Мавқеи мустаҳкам пайдо намудани забони тоҷикӣ дар Хуросон -у Мовароуннаҳр .
Муттаҳидшавии қавму қабилаҳои эронзабони Осиёи Миёна, суръат пайдо намудани раванди ташаккули халқи тоҷик.
Ба миён омадани умумияти ҳудуди этникӣ, забонӣ ва фарқангии аҷдоди тоҷикон.
Мавҷудияти анъанаҳои бои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии форсу тоҷик.
Давраҳои таърихии сулолаи Сомониён
Замони ба сари қудрат омадани ва фано шудани сулолаи Сомониёнро ба се давра тақсим кардан мумкин аст.
Давраи якум аз соли 817 оғоз шуда, соли 874 анҷом меёбад. Ин муддат ибтидои муборизаи халқи тоҷик барои истиқлол ва ташаккули давлати мутамарказонидашуда мебошад.
Давраи дувуми ҳукмронии хонадони Сомониён аз соли 875 оғоз ёфта дар ибтидои солҳои 60 — уми асри X ба охир мерасад. Аниқтар, ин давра солҳои 875—960 — ро дар бар мегирад.
Давраи севуми ҳаёти хонадони Сомониён ба солҳои 961—999 рост меояд. Ин замоне буд, ки амирони Сомонӣ ба саргармӣ дода шуда, бо ду дасти адаб лашкар ва идоракунии давлатро ба ихтиёри ғуломони турк супориданд.
Таърих
Давлати Сомониён, давлати аввалини тоҷикон, ки асри IX дар Мовароуннаҳру Хуросон ба вуҷуд омада буд (875—999). Ба он намояндаи сулолаи Сомониён Аҳмад ибни Асад асос гузошт. Замони мавҷудияти Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи хилофати Аббосиён ба шумор меравад. Дар натиҷаи меҳнати деҳқонон ва ҳунармандон дар мамлакат қувваҳои истеҳсолкунанда ба дараҷаи баланд тараққӣ карданд. Дар ин давра муносибатҳои ҷамъиятии феодалӣ ғалаба карда, раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид, давлати он ба вуҷуд омад ва маданияти моддию маънавии халқ инкишоф ёфт. Ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадимии шарқ — Бухоро, Самарқанд, Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Шумон ва ғ. буд. Ибтидои асри IX дар натиҷаи пурзӯр шудани ҳаракати зидди хилофат Аббосиён маҷбур шуданд, ки ба баъзе вилоятҳо ҳуқуқи худидоракунӣ диҳанд. Дар Мовароуннаҳр намояндагони сулолаи Сомониён пурқувват гардиданд. Давлати Сомониён дар аҳди ҳокимони Мовароуннаҳр Аҳмад ибни Асад ва писари ӯ Наср комилан ташаккул ёфт. Дар давраи Исмоил ибни Аҳмад Давлати Сомониён ба давлати мустақили мутамарказ табдил ёфт. Сомониён охири асри IX ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимони маҳаллиро барҳам дода, тамоми Осиёи Миёнаро ба даст дароварданд. Ҳудуди Давлати Сомониён дар Шимол то дарёи Талас тӯл кашида, дар Ғарб. вилоятҳои Эрони Шимолӣ ва Шарқиро дарбар мегирифт. Мамлакат дар давраи Наср ибни Аҳад (Насри 11) (914—943) ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Махсусан баъди сулҳи байни Абӯалии Чағонӣ ва бо Нуҳ ибни Наср (январи с.949) Давлати Сомониён ҳамчун давлати мутамарказ ташаккул ёфт.
Do'stlaringiz bilan baham: |