192. Дар бораи хати сулс шарху маънидод дихед.
Сулс. Чунон ки гуфтем, дар замони Аббосиён хати арабй ба таҳаввулу тағйироти зиёде дучор омад. Дар ин давр беш аз 35 қалам хат вуҷуд дошт, ки ҳар кадом барои китобҳои динй, баъзе барои корҳои идорй, баъзе барои осори бадей, баъзе барои фармонҳои халифа ва ғайра истифода бурда мешуд. Хати сулсро чунин шарҳ додаанд: сулс - сеяк, яъне таносуби давр ва сатҳи он бояд ба як бар се баробар бошад. Хусусиятҳои фарқкунандаи сулс аз муҳаққақ ва райҳон дар он аст, ки сулс бештар ба доира ва давр моил аст. Дар ҳарфҳои танҳои алиф, ҷим, итқй, коф ва лом сарак (нуқтае дар сари ҳарф) мегузоранд. Ҳарфҳои бо, то, со ва монанди инҳо, ки дар аввали калима меоянд, бояд дандонаи баланд дошта бошанд. Дар инкишофу таҳаввули сулс хидмати Ибни Муқл Ибни Боввоб, Юсуф ва Иброҳими Сигзй ва Ёқути Мустаъсимй ниҳоят калон аст.
193. Хаттоти машхури хати насхиро номбар кунед.
Насх. Агарчи то кунун эҷодкори ин навъ хат ба таври илмй собит нашудааст, вале аксари муаллифони гузашта онро ба Ибни Муқла (888-940) нисбат додаанд ва зикр кардаанд, ки Ибни Муқла онро аз сулс берун овардааст. Баъзе муҳаққиқони муосир ақида доранд, ки нахс пеш аз Бини Муқла низ вуҷуд дошт ва он на аз сулс, балки аз муҳаққақ сарчашма гирифтааст. Ба ҳар ҳол то замони Ибни Муқла ин хатро ба тартиб ва қоидаю канори муайян даровардааст, ки дар ин кор ба ў бародараш - Абдуллоҳ ёрмандй кардааст. Азбаски Ибни Муқлаъ дар Бағдод дар мансаби вазирии халифаҳои Аббосиро бар ўҳда дошт, хати эҷодкардаи ў интишор ёфт ва чои дигар хатҳоро гирифт. Сабаби дигари интишори нахс осонхонии ўст: Дар нахс ҳамаи ҳарфҳо пурра ва бо таносуби муайян навишта мешаванд. Инчунин бояд риоят шавад, ки ҳарфҳои монанд, мисли, чим, ҳо, хо ҳама чо як хел биёянд. Ҳамин пуррагии ҳарфҳо соддагии насхро таъмин кардааст. Умуман насх дар байни тамоми навъҳои хати арабй аз рўи осонхонй дар чои аввал меистад. Чун ин хаг зуд интишор ёфт ва чои дигар хатхоро гирифт, ба он насх, яъне бекор (ботил)- кунандаи хатҳои дигар ном ниҳоданд. Насх дар чоп низ васеъ истифода мешавад. Харфҳои чопй дар асоси насх тайёр шудаанд. Насх беш аз ҳазор сол боз маълум аст, бинобар ин хаттоту хушнависони зиёде дар ин соҳа ба вуҷуд омадаанд, ки танҳо зикри номи онҳо даҳҳо саҳифаро банд мекунад. Алалхусус, дар ин чаб.ҳа ғайр аз се устоди бузурги ин хат - Ибни Муқла, Ибни Баввоб ва Ёқути Мустаъсимй боз Қобус бинни Вушмгир, Абўюсуфи Гулпойгонй, Аҳмади Туркистонй, Абулмўъмини Исфаҳонй, Ҳамдултоҳи Бухорй ва писараш Мустафо, Мирзо Аҳмади Найрезй ва чандин дигарро, ки ҳар кадом сабки хоси хаттотии худро доштаанд, метавон ном бурд.
Do'stlaringiz bilan baham: |