1. Мукаддима маълумот дар бораи фан



Download 0,85 Mb.
bet48/52
Sana21.02.2022
Hajmi0,85 Mb.
#35167
1   ...   44   45   46   47   48   49   50   51   52
Bog'liq
Забоншиноси ва фанхои табии

187. Дар бораи ёдгорихои хати суғдй маълумот дихед.
Хати суғдй. Суғдиён қадимтарин мардумони Осиёи Миёна буда, асосан дар Бухоро, Самарқанд, Панљакент ва умуман водии Зарафшон иқомат доштанд ва бо яке аз шохаҳои забони форсии миёна гуфтугў мекарданд. Чй ном доштани забони ин мардум маълум нест, вале олимон забони онҳоро мувофиқи номи кишварашон забони суғдй гуфтанд. Ёдгорихои хаттии сугдй низ мисли дигар хатҳои бостонй форсй то асрҳои охир маълум набуданд. Нахустин ёдгориҳои ин хат дар оғози асри XX аз Хутан ёфта шуданд, ки ба асри 1V тааллуқ доранд. Дар ёфтан, хондан ва ошкор сохтани асрори хати суғдй олимони рус хизмати шоиста ва бузурге кардаанд. Дар ин роҳ маҷмўаи мактубу ҳуччатҳои ҳокими Суғд дар асри VI - Деваштич, ки соли 1947 аз кўҳи Муғи ноҳияи Айнй ба даст омадааст, аҳамияти калони илмй дорад. Хати суғдй аз хати форсии оромй ба вуҷуд омадааст. Аммо баъзе олимон пайдоиши онро ба асрҳои V111-1Х мелодй нисбат медиҳанд. Ин ақида хатои маҳз аст. Олимони дигар навиштаанд, ки хати суғдй аз хати монэей пайдо шудааст. Ин ҳам ба ҳақиқат рост намеояд. Чунон ки баъдтар хоҳем дид, худи хати монавй дар асри II мелодй ихтиро шудааст. Пас хати суғдй, ки 300-400 сол пеш вуҷуд дошт, аз он сарчашма гирифта наметавонист. Инчунин, аз хати суғдй дар асри III мелодй хати хоразмй ибтидо гирифтааст, ки то асри VIII ривоҷ дошт.


188. Алифбои суғдй аз чанд аломат иборат аст.
Алифбои суғдй аз 23 аломат иборат буд, ки 18-19 адади он дар амал истифода мешуд. Баъзе калимаҳо ба воситаи идеограмма ифода мегардиданд, яъне дар хати суғдй хусусияти идеограммии хат тамоман барҳам нахўрда буд.
Хати суғдй дар вилоятҳои гуногуни Осиёи Миёна бо каме фарқ истифода мегардид. Чунончи, академик Б.Ғафуров дар асари худ - «Тоҷикон» навиштааст, хати суғдии самарқандй ва бухорой яке аз дигар фарқ мекард. Суғдиён барои таълими хат машқҳои махсус доштанд, ки ҳар толиби омўзиш мебоист онҳоро иҷро намояд. Дар асри VIII мувофиқи навишти Б.Ғафуров дар Суғд дабистонҳо (мактабҳо) вуҷуд доштанд, ки он чо талабагон хатҳои арабй, паҳлавй ва суғдиро меомўхтанд. Хати суғдй дар асри мазкур дар арсаи байналхалқй ҳанўз аҳамияти муҳими худро аз даст надода буд.

189. Пайдоиши хати араби.
Хати арабй бевосита аз хати оромй пайдо нашудааст, балки пеш аз он бо номи набатй хате вуҷуд дошт, ки аз оромй ба вуҷуд омадааст. Набатиҳо мисли арабҳо мардуми сомй буда, дар асри V пеш аз ми.лод аз Арабистон ба Фаластин кўчидаанд ва дар асри II пеш аз милод давлати калоне ташкил додаанд, ки чанубу шарқии Сурия, нимчазираи Сино ва ғарбии Арабистонро дар бар мегирифт, Набатиҳо оҳиста-оҳиста забони оромиро қабул карданд. Дар ибтидои асри II милодй Набатияро римиҳо забт карданд ва ин давлат аз байн рафт. Арабҳо то асри VII милодй сохти ғуломдориро аз сар мегузарониданд. Танҳо дар ибтидои асри VII ҳазрати Муҳаммад (571-632) онҳоро дар зери шиори дини ислом муттаҳид ва бисёр кишварҳои атрофро забт намуда, доираи нуфузи дини исломро хеле вусъат дод. Баробари вусъати дини ислом хати арабй низ интишор ёфт. Ислом дини ягона ва хату забони арабй хату забони ягонаи расмии тамоми қаламрави хилофати араб қарор гирифт. Ин тааҷҷубовар нест, зеро дар замонҳои қадим ва дар асрҳои миёна ин ё он хат баробари вусъату нуфузи ин ё он дин ривоҷ ёфта паҳн шудааст. Хати арабй пеш аз ислом, дар асри VI аз хати набатй шакл гирифта буд. Алифбои қадими арабй аз 22 ҳарфи ҳамсадои бенуқта иборат буд ва садонокҳо навишта намешуданд. Баъдтар навишти баъзе ҳарфҳоро соддатар карда, тағйир доданд, чандин ҳарф ба якдигар монанд ва аз ҳарфҳои монанд панчтаашро аз алифбо хориҷ карданд. Дар натиҷа 17 ҳарф монд. Ин миқдор барои ифода ва сабти пурраи овозҳои забони арабй намерасид. Хати арабй яке аз хатҳои маъмултарини ҷаҳон ба шумор меравад. Вай дар зиёда 20 кишвар истифода мешавад ва кариб 10 фоизи мардуми кураи замин бо он менависанду мехонанд (Миср, Ирок, Марокаш, Арабистони Саудй, Эрон, Афғонистон, Лубнон ва ғайра). Хати арабй навъҳои зиёд дорад, ки баъзеҳо номгўи онро то ба 50-60 расонидаанд. Вале бояд таъкид кард, ки аксари куллии ин навъҳо аз якдигар фақат бо хурд ё калон борик ё паҳн навишта шуданашон фарқ мекунанд ва дар вақти муайян кардани навъи хати арабй монанди сунбул, зулф, мушаччар фақат чун воситаи ороиш ва зебу зиннат истифода мешуданд, ки барои умум дастрасу хоно набуданд. Баъзе навъҳои хати арабй, чун кўфй, таьлиқ, насл настаълиқ, нигориши хоссае доранд. Гарчи дар асоси онҳо ҳамон 28 ҳарфи арабй карор гирифтааст, вале усули нигориши онҳо ба андозае фарқ мекунад, ки ҳатто чашми ноошно бисёр фарқҳоро бо осонй пай мебарад.

Download 0,85 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   44   45   46   47   48   49   50   51   52




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish