183. Пайдоиши хати финикй.
Қадимтарин ёдгори хати финикй ба асрҳои ХИ-Х п.а.м. тааллуқ дорад. Хати финикй кадимтарин хати овози буда, танҳо ҳамсадоҳоро нишон медод. Он бо як тартиби муайян чой гирифта, ҳар ҳарфаш ба худ ном дошт. Хати харфи-овози аз ибтидои ҳазорсолаи якуми пеш аз милод пахн шудан гирифт, ки он асосан бо ду роҳ ҷараён ёфт: Дар Шарқ аз хати финикй хати ороми пайдо шуд, ки аз он қариб ҳамаи хатҳои харфи-овози қитъаи Осиё сарчашма гирифтанд. Онҳо хама каму беш хусусияти консонантии финикиро нигоҳ доштаанд. Дар Ғарб аз хати финикй хати юнонй ба вуҷуд омад, ки асоси хамаи хатҳои аврупой гардид. Хатҳои ғарб, аз юнонй сар карда, на бо роҳи консонанти, балки бо роҳи вокалй-овозй тараққи карданд. Илова бар ин, аз хати финикй хатҳои пунисй, яҳудии қадим, помирии ҷанубй шакл гирифтаанд. Муҳимтарин хатҳое, ки аз хати финикй-оромй шакл гирифтаанд, инҳо мебошанд:
1. Хати яҳудй ва навъҳои он.
2. Сурёнй ва навъҳои он, ки яке аз онхо хати монавист ва бораи он баьдтар таваққуф хоҳем кард;
3. Хати форсй;
4.Хати арабй ва навъҳои он;
Чунон ки гуфтем, хатҳои финикй, оромй ва дигар хатҳои дар Шарқ аз онҳо ба вуҷуд омада танҳо аз ҳамсадо иборат буданд, садонокҳо навишта намешуданд. Овозҳои садонокро бор юнониҳо бо ҳарфҳои алифбой ишора мекардаги шуданд. Ин боиси он шуд, ки бо воситаи он ҳар як забон аниқу равшад акс карда шавад. Ин воқеа дар асрҳои VIII-VII пеш аз милод ба вуқуъ пайваст. Хати юнонй низ аз хати финикй ба вуҷуд омадааст ва мисли он аввал аз рост ба чап навишта мешуд, аммо баъд баръакс аз чап ба рост менавиштагй шуданд.
184. Маълумот дар бораи хати консонанти.
Хати консонантй-овозй, ки харфҳои он асосан овозҳои ҳамсадоро ифода мекунанд. Аломатҳои консонанти-овози аввалин бор дар хати мисрй ба вуҷуд омад. Вале нахустин хатиовозии софро финикихо ба вуҷуд овардаанд, ки баъдтар асоси ҳамаи хатҳои харфй-овозй гардид. . Муҳимтарин хатҳое, ки аз хати финикй-оромй шакл гирифтаанд, инҳо мебошанд:
1. Хати яҳудй ва навъҳои он.
2. Сурёнй ва навъҳои он, ки яке аз онхо хати монавист ва бораи он баьдтар таваққуф хоҳем кард;
3. Хати форсй;
4.Хати арабй ва навъҳои он;
Чунон ки гуфтем, хатҳои финикй, оромй ва дигар хатҳои дар Шарқ аз онҳо ба вуҷуд омада танҳо аз ҳамсадо иборат буданд, садонокҳо навишта намешуданд. Овозҳои садонокро бор юнониҳо бо ҳарфҳои алифбой ишора мекардаги шуданд. Ин боиси он шуд, ки бо воситаи он ҳар як забон аниқу равшад акс карда шавад. Ин воқеа дар асрҳои VIII-VII пеш аз милод ба вуқуъ пайваст. Хати юнонй низ аз хати финикй ба вуҷуд омадааст ва мисли он аввал аз рост ба чап навишта мешуд, аммо баъд баръакс аз чап ба рост менавиштагй шуданд. Хатҳои консонантй-ҳамсадои аз рост ба чап навишта мешаванд.
Do'stlaringiz bilan baham: |