161.АДАДҲО ва хусусиятхои онхо.
Ададҳо барои сабти микдори предметҳо истифода мешаванд. Истифодаи онҳо назар ба хат махдуд аст, зеро онҳо танҳо дар ҳисоб истифода мешаванд. Ададҳо калимаҳои томро ифода мекунанд ва бо ин хусусияти худ ба хатҳои кадимавй (логограмма) монандй доранд. Ҳоло дар дунё асосан ду системаи ададҳо: арабй ва румй мавриди истифодаи халқҳои ҷаҳон мебошад.
Системаи ададҳои румй қарибиҳои соли 500 пеш аз милод дар байни этрусҳо пайдо шуд, ки баъдтар онро румиҳо (римиҳо) қабул карданд ва бо номи онҳо машҳур гардид. Ин система ҳарф аломат дорад: I, V, X, L(50), С(100), Д (500). Дигар ададҳо ба воситаи комбинасияи ин ададҳо тартиб дода мешавад. Ин кор ба ду роҳ сурат мегирад: агар адади хурд пеш аз адади калон ояд, аз адади калон хурдро кам кардан лозим аст (IV, 5-1=4), агар адади хурд пас аз адади калон ояд, ба адади калон хурдро зам кардан зарур аст (монанди LX, яъне 50+10=60). Шакли ададҳои румй аз усули шумур бо воситаи ангуштони даст бурун омадааст, чунончй, 1 (як ангушт), V (кафи даст бо ҷудо мондани ангушти калон), X (ду даст, ки салибвор рўи ҳам гузошта шудааст). Баромади ададҳои 50 (L) ва 500 (Д) маълум нест. Ададҳои 100 (С) ва 1000 (М) аз ҳарфи аввали номи он ададҳо, масалан С аз сеntum ва М аз mille гирифта шудааст. Системаи румй дар кишварҳои Европаи Ғарбй то асрҳои ХII-ХIII ягона системаи ададй ба шумор мерафт ва пас аз ин охиста-оҳиста системаи ададии мувофиқтар, ки бо номи ададҳои арабӣ шўҳрат дорад, ҷои онро гирифт. Ададҳои ба ном арабй дар асри V дар Ҳиндустон эҷод карда шудаанд. То ин вақт дар Ҳиндустон аз систмаи ададии хароштй ва бараҳманй истифода мешуд. Дар асри V дар асоси такмили системаи бараҳманй системаи нави мукаммал бо истифодаи даҳиҳо ва сифр (0) ба вуҷуд оварда шуд. Асоси ин системаро даҳ аломат, ки сифр ва воҳидҳоро аз як то нўҳ ифода мекарданд (0,1,2,3,4,5,6,7,8,9) ташкил медиҳанд ва рақамҳои дигар бо истифодаи ин аломатҳо сохта мешаванд. Системаи ададии ҳиндй ба арабҳо гузашт (асрҳои У1-У11) ва арабҳо шакли баъзе ададҳои хиндиро тағйир дода истифода бурданд. Ададҳои ҳиндй ба воситаи арабҳо бо номи ададҳои (рақамҳои) арабй ба кишварҳои Европа паҳн шуда ва то ҳадде шакли худро дигаргун сохтанд. Дар Испания ададҳои арабиро аз асри X сар карда истифода бурданд, дар дигар кишварҳои европой аз асри Х11. Дар Россия дар асрҳои Х1У-ХУ аз ин ададҳо истифода бурдалд ва ниҳоят дар асри ХУ111 пурра чои ададҳои словянии кириллиро гирифтанд.
Do'stlaringiz bilan baham: |