155. Хати шикастаи настаълиқ ва хусусиятхои он.
Пайдоиши онро ба аввали асри ХУ11 ва ихтирои онро ба шоири он аср Шафео нисбат додаанд. Вале сарчашмаҳо гувоҳй медиҳанд, ки Шафео (ваф. 1671) худ хати шикастаро аз Муртазоқулихони Шомлу омўхтааст. Ба ҳар ҳол Муҳаммад Шафеи Ҳиравй (Шафео) аз нахустин касонест, ки шикастаи настаълиқро ба сурати зебо даровардааст. То асри ХУ11 фармонҳову номаҳо асосан бо шикастаи таълиқ навишта мешуданд. Азбаски шикастаи настаълиқ ҳам дар зуднависй ва ҳам дар зебои аз шикастаи таълиқ бартарй дошт, оҳиста-оҳиста комилан љои шикастаи таълиқро гирифт. Шикастаи настаълиқ дар китобат намудани асарҳо низ ба кор бурда мешуд. Баъзе котибону муншиён (иншонависон) нуқтаи ҳарфҳоро намегузоштанд. Кор ба дараҷае расид, ки хатто дар баъзе матнҳо қариб ягон нуқта дучор намешуд. Хондани чунин матнҳо заҳмати бисёрро талаб мекард. Дар гузашта аз осори адибони тоҷик девони Мирзо Бедилро бо хати шикастаи настаълиқ навиштан расм шуда буд. Ин кор фаҳмидани шеъри Бедилро, ки бо сабки душворписанди хос эҷод шуда буд, боз ҳам душвор мегардонд, зеро хондани матн аз фаҳмидани он камтар вақт талаб намекард.
156. Хусусиятхои ба худ хоси Хати гурчй.
Хати гурчй дар Гурчистон истифода мешавад. Ин хат дар хати оромии паҳлавй бо истифода аз хати юнонии византиягй ба вуҷуд омадааст. Хати гурчй ду навъ буд, ки хутсури (хати кадисой) ва мхедрули (хати низомй) мегуфтанд. Хутсурй дар навбати худ ду навь дошт: ҳарфҳои калон (асо-мт аврули) ва ҳарфҳои хурд (нусха). Нахуст асо-мт аврулй ба вуҷуд омад, ки 37 ҳарф дошт. Аз асо-м т аврули навъи нусха-хутсурй пайдо шуд. Нусха-хутсурй аз 38 ҳарф иборат аст. Аз нусха навъи мхедрулй эҷод гардид, ки дар ибтидо 38 ҳарф дошт. Дар асри ХУШ аз 40 ҳарф иборат буд. Алифбои ҳозираи гурчй, ки аз 33 ҳарф иборат аст, бештар ба навъи мхедрулй монанд аст. Қадимтарин ёдгориҳои хати гурчй ба асри У (баъд аз милод) тааллуқ доранд. Вале донишмандон ақида доранд, ки қадимтарин намунаи хати гурчй дар асрҳои У-1У пеш аз милод ихтиро шудааст, аммо мхедрулй, ки нисбаттан дертар ба вуҷуд омадааст, қарибиҳои соли 300 (баъд аз милод) дар замони нахустин подшоҳи гурчй Парнаваз эҷод гардидааст. Шакли ҳарфҳои алифбои гурчй низ ба дигаргунии қобили мулоҳиза дучор гардида, торафт суфтатару зеботар мешуд. Баъзе ҳарфҳои шакли худро то ба дараҷае шинохтанашаванда тағйир додаанд, ки ба шакли аввалаи худ ҳеч монандй надоранд. Масалан, садаи X дар асри У ба шакли ﺡ (монанди ҳо-и арабй) навишта мешуд, дар асри X1 дар асри шакли хати мичморакро гирифт ва ҳоло чунин навишта мешавад:
Do'stlaringiz bilan baham: |