Амнияти озуќаворї ин вазъи иќтисодии давлат мебошад, ки аз њисоби истењсолоти дохилї бехатарии озуќавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воќеї, ки барои хаёти солиму фаъол ва рушди демографии њамаи ањолї зарур аст, кафолат дода мешавад.
Дар Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ масъалаи бениҳоят рӯзмарра мебошад. Бинобар ин дар сиёсати давлатии кишвар муаммои таъмини бехатарӣчун якс аз самтҳои бартаридошта арзёбӣ гаштааст.
Амнияти озуқаворӣ муаммои бисёрҷабҳа буда, аз чунин унсурҳо ташаккул меёбад: ба микдори кофӣ вуҷуд доштан ва ба таври воқеӣ дастрас будани озуқавории бехавф, мувофиқати он бо ратсиони меъёрӣ ва дастрас будани маводи хӯрокае, ки дар таркибаш намаки йоддор дораду барои саломатии одамон зараровар нест. Проблемаҳои хатари озуқаворӣ дар ҳолати ҳал нагардидани онҳо метавонанд характери доимиро ба худ гирифта, боиси оқибатҳои ногувор, ба мисли таҳдиди бавуҷудоии гуруснагӣ, эпидемия, кӯтоҳ гардидани давомнокии умр, деградатсияи (нобудшавии) насли наврас ва ғайра гарданд.
Муаммои амнияти озуқаворӣ таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣқарор дорад. Ба хотири аз ҷиҳати илмӣ арзёбӣ намудани ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ, истеҳсолию технологӣ ва экологии ин муаммо дар ҷумҳурӣ соли 2005 бо ташаббуси Барномаи озуқавории умумиҷаҳоии СММ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки доираи васеи муаммоҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш ва муҳокимаи илмӣқарор дод.
Ба хотири таъмини низоми огоҳонӣ ва иттилоот, таҳлили вазъияти ҷорӣ аз соли 2005 сар карда дар ҷумҳурӣ дар ҳар як семоҳа «Бюллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқаворӣвакамбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва нашр мешавад.
Бехатарии озуқаворӣ дастрас будани озуқавориро ба мардуми ҷомеа барои пеш бурдани ҳаёти солим ва фаъолонаи онҳо мефаҳмонад. Таҳти мафҳуми бехатарии озуқаворӣ мавҷудияти маводи хӯрока ба миқдори кофӣ, дастрасии он ба хонаводаҳо, новобаста аз он ки аз бозор мехаранд ё аз дигар манбаъ, имконияти харидорӣ намудан он, инчунин ба миқдори зарурӣ истеъмол кардани хӯрокворӣдар назар дошта мешавад.
Ҳолат, истеъмол, дастрасӣ ва мавҷудияти озуқа бояд дар ҳамаи зинаҳои ҷамъиятӣ - зинаи хонавода ва шаҳрвандони алоҳида (зинаи микро), зинаи ҷамоатӣ (шаҳрак, ноҳия, вилоят), ки зинаи мезономида мешавад ва зинаи миллӣ ё глобалӣ, ки зинаи макрономида мешавад, кофӣ бошад.
Сифати маводи озуқамаҷмӯи хосиятҳое мебошад, ки дараҷаи барои истеъмол мувофиқ будани маҳсулотро муайян намуда, бо якчанд нишондиҳандаҳомуайян карда мешавад. Аз ҷумла:
нишондиҳандаи пурарзишии маводи хӯрока - хосияти истеъмолӣ (намудҳои таом, лаззат, ранг, бӯй, намуди зоҳирӣ, ҷиҳати ҳазмшавӣ, тезпазию тезҳазмшавӣ);
нишондиҳандаҳои биологӣ (ҳайати органикии хӯрок, ҳайати витаминҳо, минералҳо, моддаҳои фаъоли ғизодеҳ);
нишондиҳандаҳои аз ҷиҳати санитарию эпидемӣбенуқсон ва беиллат будани хӯрока;
- безарарӣ барои саломатӣ (аз бактерия, вирусҳо, моддаҳои заҳрнок, аз ҳашароти зараррасон озод будани маводи хӯрока).
Бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат аз сатҳи истеҳсоли ватании намудҳои асосии озуқа вобаста аст. Маълумотҳое, ки дар адабиёт оварда мешаванд, нишон медиҳанд, маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда талаботи аҳолиро пурра қонеъ накарда, зарурати аз хориҷ ворид намудани онро дар миқдори зиёд ба миён меорад. Дар Тоҷикистон дар тавозуни савдои хориҷии озуқаворӣтаносуби воридоти озуқаворӣ аз ҳаҷми содирот беш аз 3 маротиба зиёд мебошад.
Do'stlaringiz bilan baham: |