Мавзўи Предмети омӯзиш ва вазифаҳои фан. Мавќеи геополитикї ва таќсимоти маъмурию сиёсии Љумњурии Тољикистон Наќша


Ҷадвали 6 Сохтори ҷинсииаҳолииТоҷикистон



Download 1,42 Mb.
bet17/70
Sana25.06.2022
Hajmi1,42 Mb.
#704195
1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   70
Bog'liq
ктм (1)

Ҷадвали 6
Сохтори ҷинсииаҳолииТоҷикистон



Солњо



Шумораи ањолї, њазор нафар



аз он љумла:

Занон ба 100 нафар мардон



мардњо



занњо



бо њисоби фоиз ба тамоми ањолї

Мардҳо

занҳо

























Љумњурии Тољикистон

1979х

3801,4

1878,1

1923,3

49,4

50,6

102,4

1989х

5092,6

2530,3

2562,3

49,7

50,3

101,3

1990

5243,9

2607,3

2636,6

49,7

50,3

101,1

1991

5360,9

2668,5

2692,4

49,8

50,2

100,9

1992

5505,6

2744,2

2761,4

49,8

50,2

100,6

1993

5567,2

2778,8

2788,4

49,9

50,1

100,3

1994

5579,6

2784,2

2795,4

49,9

50,1

100,4

1995

5633,8

2814,5

2819,3

50,0

50,0

100,2

1996

5701,4

2849,1

2852,3

50,0

50,0

100,1

1997

5769,1

2886,2

2882,9

50,0

50,0

99,9

1998

5875,8

2940,8

2935,0

50,0

50,0

99,8

1999

6001,3

3004,7

2996,6

50,1

49,9

99,7

2000

6128,5

3069,9

3058,6

50,1

49,9

99,6

2000х

6127,5

3069,1

3058,4

50,1

49,9

99,6

2001

6264,6

3140,7

3123,9

50,1

49,9

99,5

2002

6371,2

3197,9

3173,3

50,2

49,8

99,2

2003

6487,1

3258,2

3228,9

50,2

49,8

99,1

2004

6598,8

3315,6

3283,2

50,2

49,8

99,0

2005

6718,9

3379,1

3339,8

50,3

49,7

98,8

2006

6842,2

3443,9

3398,3

50,3

49,7

98,7

2007

6965,5

3508,0

3457,6

50,4

49,6

98,6

2008

7096,9

3576,6

3520,3

50,4

49,6

98,4

2009

7250,8

3656,4

3594,4

50,4

49,6

98,3

2010

7417,4

3742,9

3674,5

50,5

49,5

98,2

2010х

7565,0

3813,0

3752,0

50,4

49,6

98,4

2011
2012

7621,2
7807,2

3846,1
3941,5

3775,1
3865,7

50,5
50,5

49,5
49,5

98,2
98,1

2013

7987,4

4033,5

3953,9

50,5

49,5

98,0

2014

8161,1

4124,2

4036,9

50,5

49,5

97,9

2015

8352,0

4224,3

4127,7

50,6

49,4

97,7

2016

8551,2

4329,2

4222,0

50,6

49,4

97,5

2017

8742,8

4429,5

4313,3

50,7

49,3

97,2

Чи хеле ки аз таҳлилиҷадвалбармеояд, сохториҷинсииаҳолӣдарсолҳоигуногуназҳамдигарфарқмекунад, кииназомилҳои зиёде вобаста аст. Ҳоло мо бо се омили асосие, ки ба сохтори ҷинсииаҳолӣтаъсирмерасонад, шиносмешавем.


Сохтори ҷинсии аҳолӣ аз таъсири муттақобилаи 3 омил шакл мегирад:
1. Таносуби дуюмини ҷинсӣ, яъне таносуби писарча ва духтарчаҳои навзод, ки ҳамеша ба 100 навзоди духтарча 105 – 106 навзоди писарча рост меояд. Ин нишондиҳандадоимӣбуда, константибиологӣменоманд. Яънетабиатантаваллудиписарчаҳозиёдтараст.
2. Дифиренсиатсияи (тафриқаи фавт) фавт, яъне гуногунии фавт байни мардон ва занон дар синну солҳои гуногун, ки аз хусусиятҳоифизиологииорганизмимардвазанвобастабуда, толерантнокииорганизмизан, нисбатиорганизмимардзиёдтараст.
3. Муҳоҷирати бошиддати (интенсивии) ҷинсӣ (гендерӣ). Масалан, солҳои охир вобаста ба шароити иқтисодӣ- иҷтимоӣ асосан шумораи зиёди мардон барои ҷустуҷӯи кор ба кишварҳои хориҷии дуру наздик муҳоҷират мекунанд.
Омили якум (таносуби дуюмини ҷинсӣ) кам тағйир меёбад ва дар ҳамаи аҳолӣ якхела аст. Ва роли асосиро дар сохтори ҷинсии аҳолӣ омилҳои дуюм ва сеюм мебозанд, ки таносуби сеюмини ҷинсӣ низ меноманд. Таносуби сеюмини ҷинсӣ ин диффиренсиатсияи (тафриқаи) фавт ва муҳоҷирати интенсивии ҷинсӣ ба шумор мераванд. Таносуби сеюмини ҷинсӣ ба омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ алоқаманд буда, саҳми асосиро дар тағйирёбии сохтори ҷинсии аҳолӣ мебозад. Дар тағйирёбии сохтори ҷинсииаҳолииТоҷикистоннақшиасосироомилисеюм, яънемуҳоҷиратимеҳнатииаҳолӣмегирад, чункидарбайнимуҳоҷиронсаҳмимардонзиёдбуда, наздик 90% муҳоҷиронротшкилмедиҳад.
Таносуби дуюмини ҷинсӣ константи (тағирнаёбанда) фундаменталии биологӣ буда, ҳамеша тақрибан ба 105-106 писарчаи навзод 100 таваллуди духтарча ва ё ба ҳар 1000 навзод ҳамеша тақрибан 512 писарча ва 488 духтарча рост меояд. Ба ин таносуби ҷинсӣ, ки тақрибан ҳамеша якхела аст, олимон кайҳо диққат додаанд, вале ҳоло баёни илмии ин ҳодиса аниқ нест. Олимон демографон ҶонГраунт, Лапласс ва ғайраҳо ин таносубро ба иродаи худо нисбат медоданд. Пас аз мушоҳидаиинҳодисаиаҷоибИ.П. Зюсмилх китоби машҳурихуд“Тартибиилоҳӣдаридомадоданиавлодиинсон”–ронавишт.
Ҳарчанд таносуби дуюмини ҷинсӣ доимӣ аст, лекин солҳои охир ба ин таносуб баъзе омилҳо таъсир мерасонанд. Чунончӣ, тавлиди писарчаҳо дар байни дар никоҳ тавлидшудагон зиёд аст, нисбат ба таваллуди ғайриникоҳӣ, ҳиссаи таваллуди писарчаҳо вобаста ба зиёд шудани синни модар кам мешавад. Масалан дар байни модарони сини то 20 сола ба ҳар 100 навзоди духтарча 130 навзоди писарча рост меояд, дар байни модарони сини 38-42 бошад, ҳамагӣ 90 то рост меояд.
Яке аз ҳодисаҳои аҷоиб ин кам шудани таваллуди писарчаҳо дар вақти ҷанг ва зиёд шудани он баъди ба итмом расидани ҷанг мебошад, яъне дар давраи ҷанг таносуби дуюмини ҷинсӣ, ки константи биологӣ аст, вайрон мешавад. Минбаъд олимон муайян карданд, ки сабаби асосии вайрон шудани таносуби дуюмини ҷинсӣ дар давраҳои ҷангӣ, дар тағйирёбии шароити ҳаётӣ мебошад. Барои шарҳи ин ҳодиса ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷиҳати биологӣ ва физиологӣ толерантнокии (тобоварии) организми мардҳо нисбати занҳо камтар аст. Ва на танҳо организми мард, ҳатто эмбриони мардҳо низ нозук аст. Бинобар ин дар давраи ҷанг вобаста ба бад будани шароити ҳаётӣ, фавти дохилираҳмии писарчаҳо зиёд мешавад, ки ин ба вайрон шудани таносуби дуюмини ҷинсӣ оварда мерасонад.
Диққати сотсиологҳо ва демографҳоро бисёртар таъсири омилҳои рафторӣ дар тағйирёбии таносуби дуюмини ҷинсӣ ба худ ҷалб мекунад, ки ба раванди таваллуднокӣ бо мақсади танзими ҷинси кӯдаки оянда таъсир мерасонад.
Барои ин ба динамикаи таносуби дуюмини ҷинсӣ дар Хитой шинос мешавем, ки дар ин ҷо таносуби писарчаҳо торафт зиёд шуда истодааст. Соли 1980 ин нишондиҳанда ба 111, соли 1986 ба 114-116 ва ҳоло наздик ба 140-146 баробар аст. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ дар Хитой ва бисёр мамлакатҳои Осиё таносуби умумӣ вайрон шудааст. Ба ин пеш аз ҳама таъсири урфу одат, анъана, сиёсати демографӣ ва техникаву технологияи муосир таъир мерасонад. Урфу одати шарқиёна чунин аст, ки фарзанди онҳо пеш аз ҳама бояд писар бошад ва дар оянда нигоҳбони падару модари пираш гардад. Дуввум ин сиёсати демогафии Хитой аст, ки яккафарзандиро талаб мекунад. Сеюм техника ва технологияи муосир аст, ки ҷинси фарзанди ояндаро муайян мекунад. Дар сурати духтарча будани фарзанд онҳо духтарчаро ҳанӯз дар давраи ҷанинӣ мекушанд. Ҳоло инро ба назар гирифта ҳукумати бисёр давлатҳое, ки сиёсати яккафарзандиро пеш гирифтаанд, қонун оиди манъ кардани диагностикаи ҷинс ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани шахсони ба ин кор дастзада баровардааст. Лекин бо роҳҳои гуногун диагностикаи ҷинс давом дорад ва шумораи мардон дар Хитой торафт зиёд мешавад. Истифодабарии диагностикаи муайян кардани ҷинси ҷанин, ки ба зиёд шудани исқотҳои ҳамли сунъӣ оварда мерасонад, аз тарафи олимон ва фаъолони ҷамъиятиву давлатӣ маҳкум карда мешавад. Инчунин ин ҳодиса дар барномаи конфоронси Байналхалқии «Аҳолӣ ва инкишоф», ки дар Қоҳира шуда гузашт, мавриди тадқиққарор гирифта, оқибатҳои манфии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқии он баррасӣ шуд.
Амалияи бисёрсолаи қатъи сунъии ҳамл вобаста ба ҷинс дар Хитой масъалаҳои зиёди демографӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоиро ба вуҷуд оварданд. Ҳоло дар ин мамлакат номутаносибӣ на танҳо дар таносуби дуюмини ҷинсӣ, балки дар синну соли никоҳӣ низ ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷа ҷавонони зиёди хитоӣ эҳтимолияти як умр муҷаррад монданро доранд.
Таносуби сеюмини ҷинсӣ ин таносуби духтарон ва писарони ба балоғат расида ва наврасон мебошанд. Таносуби сеюмини ҷинсӣ нисбат ба таносуби дуюмини ҷинсӣҳамешагӣ набуда, вобаста ба шароитҳои иқтисодӣ- иҷтимоӣ, сиёсӣ, фавти диффиренсиалӣ ва мигратсия ҳамеша тағйир меёбад. Аз таносуби сеюмини ҷинсӣ хосияти таҷдиди аҳолӣ ва равандҳои алоҳидаи демографӣ вобаста буда, онҳо ба дараҷаи минбаъдаи никоҳнокӣ, тавлиднокӣ ва фавтнокӣ таъсир мерасонанд. Сохтори ҷинсииаҳолииТоҷикистонбаробарастмутаносибаст.
Синну сол характеристикаи асосии демографӣ ба шумор меравад. Сохтори синну солии аҳолӣ ин тақсим кардани аҳолӣ ба гурӯҳҳои синну солӣ мебошад.Давраҳои ҳаётӣ ва синну соли инсон дар ҷадвали зерин гурӯҳбандӣ карда шудааст.
Ахборот оиди синну сол барои ҳалли проблемаҳои зиёди иқтисодӣ иҷтимоӣ ва демографӣ зарур аст. Барои сохтани сохтори синну солӣ фосилаи (интервали) 1сола (1-2;4-5;49-50 ва ғ.); 5сола (0-4;5-9;10-14 ва ғ.) ва 10 соларо (0-10;11-20 ва ғ.) истифода мебаранд. Ба ғайр аз гурӯҳҳои синну солӣ контингентҳои синну солиро фарқ мекунанд. Контингенти синну солӣ ин гурӯҳҳои одамоне мебошад, ки ба ғайр аз синну соли якхела боз аломатҳои дигари ба ҳам монанди иҷтимоӣ доранд. Масалан контингенти кӯдакони боғчагӣ (0-2), томактабӣ (кӯдакони 3-6 сола), мактабӣ (кӯдакон ва наврасони 7-15 сола), меҳнатӣ (мардони аз 15 то 62 сола ва занони аз 15 то 57сола), репродуктивӣ ( марҳилаи таваллуди кӯдак-занони аз 15 то 49 сола), мардони синни хизматӣ (аз 18 то 50 сола) ва ғайраҳоро фарқ мекунанд. Бояд қайд кард, ки нишондиҳандаи синни меҳнатӣ дар давлатҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунад.
Дар практикаи ҷаҳонӣ чунин хосиятҳои асосии синну солӣ ва контингентҳои синну солиро истифода мебаранд: 1) таносуби байни мардон ва занон дар гурӯҳҳои синну солӣ, 2) саҳми занони синни репродуктивӣ (яъне, синни қобилияти тавлидкунӣ дошта, 15-49 сола), 3) саҳми кӯдакон ва ҷавонон (0-15 сола) дар шумораи умумии аҳолӣ, 4) саҳми калонсолон (аз 60 сола боло) дар шумораи умумии аҳолӣ.
Дар Тоҷикистон асосан чунин контингентҳои синну солиро истифода мебаранд, ки вобаста ба қобилияти меҳнатӣ гурӯҳбандӣ шудааст: 1) 0-14 сола-аҳолии аз синни меҳнатӣҷавон, 2) аҳолии қобили меҳнат-мардони 15-62 сола ва занони15-57 сола, 3) аҳолии синни нафақавӣ (аз синни меҳнатӣ боло) - мардони синни 63 сола ва аз он калон ва занони синни 58 сола ва аз он калон. Масалан, мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳолати 1 январи соли 2008, аҳолии доимии Тоҷикистон 7373800 нафар буд, ки аз он аҳолии то қобили меҳнат (аз синни меҳнатӣ хурд) 35,6%, аҳолии қобили меҳнат 59,3% ва аҳолии аз қобили меҳнат калон 5,1%-ро ташкил карданд.
Сохтори синну солии аҳолӣ мунтазам тағйир меёбад. Чунончи, ҳангоми паст шудани тавлиднокӣ ва баланд шудани давомнокии миёнаи назардошти умр саҳми калонсолон дар шумораи умумии аҳолӣ зиёд мешавад, ки инро пиршавии демографии аҳолӣ меноманд. Ду намуди пиршавии аҳолиро фарқ мекунанд, ки вобаста аз шакли аҳромисиннусолӣваҷинсӣгирифта шуда, онро пиршавӣ аз боло ва пиршавӣ аз поён меноманд. Пиршавӣ аз поён ин натиҷаи паст шудани дараҷаи тавлиднокӣ мебошад, яъне кам шудани тавлиднокӣ боиси кам шудани саҳми кӯдакону ҷавонон дар шумораи умумии аҳолӣ мегардад, ки дар асоси (қисмати поёнии аҳром)оварда мешавад ва мутаносибан саҳми калонсолон дар шумораи умуми аҳолӣ меафзояд.
Пиршавӣ аз боло натиҷаи зиёд шудани давомнокии миёнаи назардошти умр, кам шудани фавтнокӣ дар байни синну соли калонсолон мебошад, ки ба қуллаи (болои) аҳромростмеоядва дар шароити дараҷаи пасти тавлиднокӣ ба вуҷуд меояд. Калимаи аз боло ва аз поён вобаста ба намуди махсуси пирамидаи (аҳроми) синну солӣ истифода шудааст, ки дар поён оиди ин масъала маълумот дода шудааст. Кам шудани дараҷаи тавлиднокӣ ба танг шудани асоси пирамида, кам шудани дараҷаи фавтнокӣ дар синну соли калонсолон ба васеъ шудани қуллаи пирамида оварда мерасонад.
Тибқи меъёрҳои байналхалқӣ аҳолӣ дар он вақт пир шуморида мешавад, ки агар саҳми аҳолии синни аз 65-сола боло дар ҳамаи аҳолӣ аз 7% зиёд бошад. Чунончӣ, дар Россия саҳми калонсолон 13%, дар Шветсия ва Олмон 20%-ро ташкил мекунад, ҳол он ки дар мамлакатҳои Африка ва Ҷанубу Fарбии Осиё саҳми калонсолон 2-3%-ро ташкил мекунаду халос. Барои мисол бо шкалаи пиршавии демографии Ж. Боже-Гране-Э. Россет шинос мешавем:

Download 1,42 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   70




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish