Ҷадвали 41.
ГурӯҳбандиисабабҳоифавтдарТоҷикистон, боҳисобишумораимутлақванишондиҳандаинисбӣ (фавтба 100000 нафараҳолӣ)
Сабабҳои фавт
|
2012
|
2013
|
2014
|
2015
|
2016
|
2017
|
Ҳамагӣ
фавтидагон
|
32828
|
31706
|
32879
|
33563
|
34134
|
32027
|
аз онҳо:
аз бемориҳои сироятӣва паразитарӣ
|
941
|
645
|
707
|
684
|
755
|
559
|
бемории саратон
|
2561
|
2628
|
2836
|
2658
|
2777
|
2676
|
бемориҳои системаи гардиши хун
|
16577
|
14835
|
16102
|
16084
|
16161
|
15393
|
бемориҳои узвҳои нафаскашӣ
|
2136
|
2738
|
1906
|
1798
|
1811
|
1335
|
бемориҳои узвҳои ҳозима
|
1654
|
1565
|
1314
|
1478
|
1474
|
1416
|
ҳодисаҳоиногаҳонӣ, осебу заҳролудшавӣ
|
1430
|
1442
|
1380
|
1340
|
1351
|
1108
|
Ба 100 000 нафар аҳолӣ
|
Ҳамагӣ
фавтидаанд
|
415,7
|
392,7
|
398,2
|
397,1
|
394,8
|
362,4
|
аз бемориҳои сироятӣва паразитарӣ
|
11,9
|
8,0
|
8,6
|
8,1
|
8,7
|
6,3
|
бемории
саратон
|
32,4
|
32,5
|
34,3
|
31,4
|
32,1
|
30,3
|
бемориҳои системаи
гардиши хун
|
209,9
|
183,7
|
179,7
|
190,3
|
186,9
|
174,2
|
бемориҳои узвҳои нафаскашӣ
|
27,0
|
33,9
|
23,1
|
21,3
|
20,9
|
15,1
|
бемориҳои узвҳои
ҳозима
|
20,9
|
19,4
|
15,9
|
17,5
|
17,0
|
16,0
|
ҳодисаҳои ногаҳонӣ, осебу заҳролудшавӣ
|
18,1
|
17,9
|
16,7
|
15,8
|
15,6
|
12,5
|
Сарчашма: маҷмӯаисолонаиАгентии омори назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон
Динамикаи фавтҳои сабабноки дар боло номбаршуда, дар давлатҳои мухталиф ва давраҳои гуногуни таърихӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Рушди ҷамъият, баланд шудани некӯаҳволии одамон ва дараҷаи маълумотнокиву маданиятнокӣ, дастовардҳои илми тиб, пешрафти ИИТ ва як қатор шароитҳо ба паст шудани дараҷаи фавтнокӣ ва зиёд шудани давомнокии миёнаи умр мусоидат карданд. Чунончи, дар охири давраи неолит (асри санг, тақрибан асрҳои У111- 111 то милод) давомнокии миёнаи умр 20-25 сол, дар давраи биринҷӣ ва оҳан (охири асри 1У саршавии асри 1 то милод) 30 солро дарбар мегирифт. Дар асрҳои ХУ11-ХУ111 Дар Европаи Fарбӣ давомнокии миёнаи умр 33-34 солро дарбар мегирифт, ин нишондиҳанда дар авали асри Х1Х ба 35-36, дар охири аср ба 36-40 баробар шуд. Дар охири асри ХХ давомнокии миёнаи аз ҳама зиёди умр дар Япония дида шуд, ки он ба 80 сол баробар буд. Дар Тоҷикистон дар охири асри ХХ давомнокии миёнаи умр ба 68,4 ва дар аксарияти мамлакатҳои Африкаи Марказӣ ба 43-47 баробар буд.
Ин тағйироти таърихии фавтҳои сабабнокро ҳамчун назарияи гузариши эпидемиологӣ дар мақолаи худ «Назарияи эпидемиологии ҳаракати табиии аҳолӣ» демограф ва эпидемиологи амрикоӣ А. Р. Омри баён карда буд.
Раванди фавти наслҳо аз омилҳои зиёди биологӣ ва иҷтимоӣ (ирсӣ, табиӣ-иқлимӣ, иқтисодӣ, маданӣ, сиёсӣ, миллӣ ва ғайраҳо) вобаста аст. Таҳлилҳои демографии фавтнокӣ, хусусан фавтҳои сабабнок имкон доданд, ки новобаста ба зиёд будани шумораи ин омилҳо, онҳоро ба 2 гурӯҳи калон тақсим кунанд: эндогенӣ (эндо-дохилӣ, яъне хусусиятҳои биологии организм, аз он ҷумла ҷинс, синн ва ирсият, ки ба давомнокии ҳаёт таъсир мерасонад) ва экзогенӣ (экзо-беруна, яъне дараҷаи ҳаётии инсон вобаста ба шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, табиӣ, ки ба давомнокии ҳаёт таъсир мерасонад).
Ба омилҳои эндогенӣ, чи хеле ки дар боло номбар шуд, хусусиятҳои биологӣ чун ҷинс ва синну сол дохил мешавад. Танҳо тааллуқ доштан ба ин ё он ҷинс алакай дараҷаи тобоварии организмро муайян мекунад. Чунки, чи хеле ки қайд шуда буд, тобоварии организми занҳо нисбати мардҳо зиёдтар аст. Эҳтимолияти фавт низ дар синну соли гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳарчанд ин нишондиҳандаҳо асоси биологӣ дошта бошад ҳам, лекин таъсири ҳалкунандаро ба ин унсурҳои биологӣ шароитҳои иҷтимоӣ мерасонанд.
Ба гурӯҳи омилҳои биологӣ инчунин хосияти ирсии инсон, яъне коди генетикии он дохил мешавад. Агар якҷоя бо омилҳои генетикӣ, омилҳои иҷтимоӣ низ мусоидат кунад, он гоҳ организм заминаи зиёд зиндагӣ кардан дорад. Лекин агар шароитҳои иҷтимоӣ ба ин заминаи хуби генетикии организм мусоидат накарда, тобоварии табиии организмро суст кунад, имконияти мусоиди генетикӣ татбиқ намешавад, яъне организм зиёд умр намебинад.
Дар натиҷаи куллан тағир ёфтани мухити хаётгузаронии инсон омилхои нави экзогении таъсири кумулятивӣ (кумулятивӣ-ҷамъшуда, яъне таъсири манфии омилхои мухит чи табиӣ ва чи иҷтимоӣ, ки охиста –охиста дар организм ҷамъ шуда,қобилияти хаётгузаронии организмро суст мекунад ва ба марг оварда мерасонад) дошта, ба вуҷуд омад. Идеяи мазкур, яъне таъсири ҷамъшудаи (кумулятивӣ) омилхои экзогенӣ ба Е.М.Андреев тааллуқ дорад. Ӯ аввалин маротиба ба илм мафхуми фавти квазиэндогениро дохил кард. Фавти квазиэндогенӣ дар натиҷаи таъсири кумулятивии (ҷамъшуда ё ғуншуда) омилхои экологӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.
Масалан яке аз омилхои иҷтимоӣ, ки ба зиёд шудани фавтхои квазиэндогенӣ мусоидат мекунад, ин зиёд шудани фишори психикӣ - асабӣ ва эмотсианалии аҳолиишаҳрӣ аст, ки ба зиёд шудани бемориҳои психосоматикӣ мусоидат кардааст.
Давомникии миёнаи назардошти умр, яке аз нишондиҳандаҳоизаминавӣбароимуайянкарданидараҷаиинкишофииқтисодӣваиҷтимоиидавлатбаҳисобмеравад. Дарҷадвализериндинамикаидавомнокиимиёнаиназардоштиумриаҳолиишаҳрвадеҳоти Тоҷикистоновардашудааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |