Савол ва супориш:
1. Сохтори демографии аҳолӣчист?
2. Сохтори ҷинсииаҳолӣазкадомомилҳовобастааст? ДарТоҷикистонбасохториҷинсииаҳолӣкадомомилҳобештартаъсирмерасонанд?
3. Сохтори синну солии аҳолӣчист? БароичӣаҳолииТоҷикистонроҷавонменоманд?
4. Дар омори Тоҷикистонкадомконтингентҳоисиннусолироистифодамебаранд?
5. Таъсири сохтори демографии аҳолиробазахираҳоимеҳнатӣмуайянкарда, хулосаатонрогӯед.
1. Захираҳоимеҳнатӣчист?
2. Вобаста ба фаъолияти меҳнатӣаҳолиробакадомконтингентҳотақсиммекунанд?
3. СарҳадипоёниисиннимеҳнатӣвасиннинафақадарТоҷикистоназчандсолагӣқабулшудааст?
4. Дар муайян кардани сарҳадипоёниисиннимеҳнатӣвасинни нафақакадомомилҳобаинобатгирифтамешавад?
5. Оё пешрафти илму техника ва тадбиқиондарсоҳаҳоиситеҳсолӣвағайриистеҳсолӣдармуайянкуниисиннипоёниимеҳнатӣтаъсирмерасонад?
6. Мафҳумҳоиањолии ќобили мењнат, ањолии фаъоли иќтисодї, ањолии ѓайрифаъоли иќтисодиро шарҳдиҳед.
7. Бо ҷадвалидинамикаизахираҳоимеҳнатииаҳолииТоҷикистоншиносшаведватаъсириомилҳоидемографиро дар зиёдшавии захираҳоимеҳнатӣмуайянкунед.
Мавзўи 6. Таљдиди ањолї ва афзоиши табиии ањолии Тољикистон. Нишондихандањои тавлиднокї ва фавтнокї
Наќша:
Мафњуми таљдиди ањолї
Нишондињандањои тавлиднокї
Нишондињандањои фавтнокї
Динамикаи фавтњои сабабнок
Хусусияти асосии аҳолӣ дар он аст, ки новобаста ба тағйиротҳои шумора ва сохтораш вай ҳамчун аҳолӣ боқӣ мемонад. Ин раванди худнигоҳдорандаи аҳолӣ дар рафти тағйироти доимии он таҷдиди аҳолӣ мебошад, ки предмети омӯзиши демографияро ҳамчун илм муайян мекунад. Таҷдиди аҳолӣ ин азнавшавии доимии шумора ва сохтори аҳолӣ дар раванди ивазшавии насли одамӣ бо воситаи таваллуд ва фавт мебошад. Ҳамаи нишондиҳандаҳое, ки ин равандро муайян мекунанд, реҷаи таҷдиди аҳолӣ меноманд. Ба ин нишондиҳандаҳо дохил мешаванд, шумора ва сохтори аҳолӣҳамчун хосиятҳои ҳолати аҳолӣ ва инчунин таваллуд ва фавт, ҳамчун ҳодисаҳое, ки тағйироти онҳоро (шумора ва сохтори аҳолӣ) дар давоми вақт муайян мекунад. Дигар хел карда гӯем нишондиҳандаҳое, ки таҷдиди аҳолиро муайян мекунанд, таваллуд ва фавт бо нишондиҳандаҳои (ё ченакҳои) худ мебошанд.
Таваллуд ин ҷиҳати мусбии таҷдиди аҳолӣ мебошад, ки дар ҷамъият аъзои нав ба вуҷуд меорад. Баръакси фаҳмиши фавт, ки ҷиҳати манфии таҷдиди аҳолӣ буда, аъзоёни онро кам мекунад.
Дар демография ба ғайр аз фаҳмиши таваллуд боз фаҳмиши наслнокӣҳаст. Мафҳуми наслнокӣ имконият медиҳад, ки раванди иҷтимоӣ будани тавлиднокӣ муайян карда шавад. Наслнокӣ ин потенсиали (иқтидори) биологӣ ва физиологии популятсияи инсон (Homo sapiens) нисбат ба таваллуди фарзанд мебошад. Таваллуд бошад -ин реализатсияи (амаликунии) наслнокӣ ё худ реализатсияи потенсиали биологии таваллуднокии популятсияи одам мебошад, ки аз тарафи одамони алоҳида ва маҷмӯи меъёрҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ идора карда мешавад.
Қобилияти табиии инсон нисбат ба таваллуд хело калон аст ва инсон қобилият дорад дар давоми давраи репродуктивӣ (давраи афзоиш, наслдиҳӣ) ба ҳисоби миёна то 15 - 16 нафар фарзанд ба дунё орад. Баъзе одамон тамоман бенасл (безурёт) буда, баръакс баъзе одамон бениҳоят сернасл мебошад ва қобилияти таваллуди то 35 кӯдаки яктухмаро доранд.
Нишондиҳандаҳои таваллуд. Барои ҳисоб кардани таваллуд аз системаҳои гуногуни ҳисоб истифода мебаранд, ки дараҷаи умумии таваллуд, динамикаи он интенсивнокӣ (шиддатнокӣ) ва ғайраҳоро ҳисоб мекунад. Нишондиҳандаи таваллуд дар як давраи муайян таваллуд шудани кӯдак нисбати аҳолии он ҷо мебошад. Ҳоло шаш намуди нишондиҳандаҳои таваллуд мавҷуд аст:
1.Коэфитсенти умумии таваллуд (CӢҚ)
2.Коэфитсенти махсуси таваллуд (GӢҚ)
3.Коэфитсенти синну солии таваллуд (ASFҚ)
4.Коэфитсенти маҷмӯии таваллуд (TFҚ)
5.Коэфитсенти таваллуд бо тартиби таваллуд
6.Коэфитсенти синну солии таваллуди никоҳӣ
Нишондиҳандаи мутлақи таваллуд муайян мекунад, ки дар ин ё он територияи аҳолинишин дар давраи муайян чӣқадар кӯдак ба дунё омадааст. Нишондиҳандаи мутлақи таваллуднокӣ тасаввуроти аввалин оиди таваллуднокӣ буда, имконият медиҳад, ки ин нишондиҳандаро бо даварҳои гуногуни ҳамин територия муқоиса кунем ва динамикаи онро муайян кунем. Лекин ин нишондиҳанда барои муқоиса кардани нишондиҳандаҳои територияҳои гуногун кор намеояд, чунки вай дараҷаи онро нишон намедиҳад. Чунки нишондиҳандаи мутлақ аз шумораи мутлақи аҳолӣ ва сохтори демографии он сахт вобаста аст.
Барои бартараф кардани ин камбудӣ аз нишондиҳандаҳои нисбии таваллуднокӣ истифода мебаранд, ки коэфитсентҳои таваллуднокӣ меноманд. Коэфитсенти умумии таваллуд таносуби шумораи мутлақи таваллудро нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ мефаҳмонад ва бо формулаи зерин ҳисоб карда шуда, бо промил (%о ) чен карда мешавад.
ки дар ин ҷо:
CӢҚ –коэфитсенти умумии таваллуд,
В- шумораи мутлақи таваллуд,
Р-шумораи умумии аҳолӣ,
Т- давомнокии давра.
Коэфитсенти мазкур имконият медиҳад, ки дараҷаи тавлиднокӣ муайян карда шавад ва ин нишондиҳанда бо нишондиҳандаҳои территорияҳои гуногун муқоиса карда шавад. Масалан, соли 2005 дар вилояти Суғд шумораи мутлақи таваллуд 44420 нафар буд. Шумораи миёнаи солонаи аҳолӣ 2060900 нафар буд, аз ин ҷо коэфитсенти умумии таваллуд ба
CӢҚ= %о баробар буд.
Дар ҳамон сол коэфитсенти умумии таваллуд дар ҷумҳурӣ ба 26,4%о, дар вилояти Хатлон ба 31,4 ва дар НТҶ ба 26,5%о баробар буд.
Коэфитсенти мазкур ҳарчанд дараҷаи тавлиднокиро нишон диҳад ҳам, камбудии худро дорад, чунки ба ин коэфитсент сохтори демографӣ таъсир мерасонад. Яъне дар ин коэфитсент шумораи мутлақи таваллуд ба шумораи умумии аҳолӣ нисбат дода шудааст. Аз ин рӯҳар қадар сохтори синну солии аҳолӣҷавон ва таносуби сеюмини ҷинсӣ баробар бошад, нишондиҳандаи ин коэфитсент баланд ва ҳар қадар сохтори синну солии аҳолӣ пир ва таносуби сеюмини ҷинсӣ вайрон бошад, ҳамон қадар нишондиҳандаи ин коэфитсент паст мешавад. Бинобар ин коэфитсенти мазкурро коэфитсенти дағал низ меноманд.
Барои бартараф кардани ин камбудӣ ва барҳам додани таъсири сохтори демографӣ ба дараҷаи тавлиднокӣ аз коэфитсенти махсуси таваллуд, коэфитсентҳои синну солии таваллуд ва коэфитсенти маҷмӯии таваллуд истифода мебаранд.
Коэфитсенти махсуси таваллуд, махсус бо он қисми аҳолӣ гузаронида мешавад, ки бевосита таваллуд ба онҳо вобаста аст, яъне ба фарқияти занони синну соли репродуктивӣ (15-49 сола, дар баъзе мамлакатҳо 15-44 сола). Коэфитсенти махсуси таваллуд ба таносуби шумораи умумии таваллуд дар 1 сол нисбат ба шумораи миёнаи солонаи занони синни репродуктивӣ, ки ба 1000 зарб карда шудааст, баробар аст ва бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ки дар ин ҷо:
GӢҚ- коэффисенти махсуси таваллуд,
В- шумораи мутлақи таваллуд,
F15-49 –шумораи миёнаи солонаи занони синни репродуктивӣ.
Дар байни коэфитсентҳои нисбии таваллуднокӣҷои асосиро коэфитсенти синну солии таваллуднокӣ мегирад, ки интенсивнокии таваллуднокиро дар гурӯҳҳои алоҳидаи синну солӣҳисоб мекунад. Коэфитсенти синну солии таваллуднокиро бо фосилаи яксола, панҷсола ва даҳсола ҳисоб мекунанд. Дар охир онҳоро ҷамъбаст карда, ҳисоби миёнаашро муайян мекунанд. Коэфитсенти синну солии таваллуднокӣ ин таносуби шумораи мутлақи таваллуд дар занони синни муайян, нисбат ба шумораи миёнаи солонаи занони синни додашуда мебошад ва бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ки дар ин ҷо:
ASFҚ- коэфитсенти синну солии таваллуд,
nӢҷ –шумораи таваллудшудагон дар занони синни ҷ+n,
nFҷ –шумораи умумии занони синни репродуктивӣ дар фосилаи додашуда.
Ҳисоб кардани коэфитсентҳои синну солии тавлиднокӣ маълумотҳои зиёдеро талаб мекунад, аз қабили шумораи мутлақи таваллуд дар синни муайяни занони синни репродуктивӣ, шумораи занони синни репрдуктивӣ дар синну солҳои гуногун (вобаста бо интервали 1сола, 5 ва ё 10 сола). Яъне барои ҳисоб кардани коэфитсентҳои синну солӣқайди боэътимод ва дақиқ дар сохторҳои оморӣ зарур аст.
Коэфитсенти синну солии таваллуд имконият медиҳад, ки дараҷа ва шиддатнокии тавлиднокиро дар синну солҳои гуногуни занони синни репродуктивӣ, ки аз таъсири сохтори демографии аҳолӣ озод аст, таҳлил намоем ва ин афзалияти коэфитсенти мазкур аз дигар коэфитсентҳо аст. Лекин дар як вақт камбудии ин коэфитсент дар он аст, ки шумораи онҳо зиёд аст. Чунончӣ, агар бо интервали (фосилаи) 1 сола ҳисоб кунем, шумораи ин коэфитсент ба 35 то ва агар бо интервали 5 сола ҳисоб кунем, шумораи он 7 то мешавад. Ин шароит таҳлил ва муқоисаи онро мушкил мекунад. Барои ин мушкилиро бартараф кардан ва имконияти таҳлил кардани дараҷаи тавлиднокиро бо ёрии як нишондиҳанда ба роҳ мондан, аз коэфитсенти маҷмӯии таваллуд истифода мебаранд.
Коэфитсенти маҷмӯии таваллуд ин суммаи коэфитсентҳои синну солии тавлиднокӣ аз синни 15 то 49 мебошад ва бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
TFҚ=
Азбаски коэфитсенти синну солии тавлиднокӣ бо интервали 5 сола ҳисоб карда мешавад, дар амалия аз формулаи зерин истифода мебаранд:
TFҚ=
Коэфисенти маҷмӯии таваллуд шумораи миёнаи фарзандонро, ки як зан таваллуд кардааст ва ё вобаста ба шароити муайяни иҷтимоӣ таваллуд карданаш мумкин аст, нишон медиҳад, ки бо ин нишондиҳандаазҷадвализериншиносшудаметавонаед:
Do'stlaringiz bilan baham: |