Давраи Шуравӣ. Солҳои Ҳокимияти Шуравӣ дар инкишофииқтисодии Тоҷикистон табадуллоти бузурге ба амал омад.
Тӯли ин солҳо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илмва фарҳанг ба комёбиҳои бузург ноил гашт. Солҳои ҲокимиятиШуравӣҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар Тоҷикистон 140 маротиба,аз ҷумла саноатӣ сабук 97, саноатӣхурокворӣ 77 маротиба афзуд. Аз ҷиҳати суръати афзоиши баъзе соҳаҳои хоҷагии ҳалқ Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои умумии мамлакат пеш буд.
Саноати Тоҷикистон зиёда аз 90 соҳа ва 400 қорхонаи калони саноатиро дарбар мегирифт. Бисёр соҳаҳои асосии саноат, аз ҷумла саноати вазнин (бахусус электроэнергетика, мошинсозӣ, химия, металлургияи ранга), сабук, хурокворӣ босуръат тараққӣ меқард.
Комёбиҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ назаррас буданд. Дар заминаи кооператсияи байнихоҷагӣ, интегратсияи агросаноатӣ ва фаровон истифода бурдани дастовардҳои илм ва техника кишоварзии Тоҷикистон серсоҳа, интенсивӣ, махсусгардида ва мутамарказ гашт.
Дар соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, адабиёт, фарҳанг низ комёбиҳои назаррас ба даст омаданд.
Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат дар байни дигар чумҳуриҳои собиқ Шӯравӣҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати аҳолӣҷойи нуҳумро мегирифт, вале солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷиҳати истеҳсоли пахта дар ҷойи сеюм, сурма дар ҷойи дуюм, абрешими хом дар ҷойи чорум, анҷибар дар ҷойи якум, равғани растанӣ дар ҷойи панҷум меистод.
Дар чумҳурӣ 11 фоизи пахтаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, 3,3, фоизи шоҳӣ, 3,1 фоизи равғани растанӣ, 1,1 фоизи консерви меваю сабзавот, 1,3 фоизи газворҳои пахтагин истеҳсол карда мешуд. Минбаъд ба афзоиши электроэнергетика, ҳимия, мошинсозӣ, металлургияи ранга, соҳаҳои комплеқси агросаноатӣ диққати зиёд дода мешуд.
Давраи гузариш. Ҳамин тавр то пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ иқтисодиёти Тоҷикистон комплекси ягонаи хоҷагиро бо истеҳсолу коркарди муҳимтарин намудҳои маҳсулот дарбар мегирифт. Дар заминаи давлати пошхурдаи Шуравӣ мамлакатҳои нави соҳибихтиёр, аз он ҷумлаҶумҳурии Тоҷикистон барпо шуданд. Дар ин маврид бисёр риштаҳои иқтисодие, ки байни шаҳру корхонаҳои мамлакати Шӯравӣ солҳои тулонӣ вуҷуд доштанд, якбора канда шуданд ва бӯҳрони иқтисодӣкулли давлатҳои собиқ Шӯравиро фаро гирифт. Ин ҳолат дар Тоҷикистон низ ба пастшавии суръати афзоиши иқтисодиёт, нарасидани маҳсулоти ниёзи мардум, баланд шудани нарху наво оварда расонид. Ба замми ин ҷанги шаҳрвандӣ боиси хароб гардидани садҳо қорхонаҳои саноатӣ, соҳаи қишоварзӣ ва нақлиёт гардида, садҳо ҳазор одамон кишварро тарк намуданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба андозаи 7 млрд доллари америкоӣ баҳо дода мешавад.
Дар давраи аз соли 1991 то 1996 ҳаҷми маҳсулоти дохилиимамлакат то 58,1 фоиз кам гардид. Соли 2006 бошад, ҳаҷмиумумии маҳсулот ҳамагӣ 65 фоизи давраи соли 1991-ро ташкилнамуд. Шартномаи сулҳи тоҷикон (июли соли 1997) яке аз роҳҳоимуҳими минбаъд ба низом овардани пешрафти иқтисодӣ гардид. Махсусан, дар ин давра ба Ватан баргаштани муҳоҷирон ва барқароркунии хоҷагии халқ асоси минбаъд таъмин намудани тараққиёти иқтисодиётро ба амал овард. Аз соли 1997 афзоиши суръати миёнаи солонаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар мамлакат 8,5 фоиз, истеҳсолоти саноатӣ - 10,1 фоиз ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 8,8 фоизро ташкил намуд.
Ислоҳоти иқтисодӣ барои беҳтар гардидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣкумаки ҷиддӣ расонид. Дар ин давра қариб 70 фоизи корхонаҳои хурду миёна хусусӣ гардонида шуда, бо фармони Президенти мамлақат 75 ҳазор гегтар замин ба деҳқонон тақсим карда шуд. Айни замон 80 фоизи корхонаҳои хусусигардонида ба кор шурӯъ намуданд ва онҳо бештар аз 150 ҳазор коргаронро бо ҷойи кор таъмин карданд.
Пешрафти иқтисодиёти мамлақат солҳои охир ба дараҷаи зисту зиндагонии аҳолӣ таъсири мусбат расонид. Сатҳи қамбизоатииаҳолӣ соли 1999 81 фоиз, соли 200662 фоиз ва солҳоиохирто 30% пастфаромад.
Ислоҳоти иқтисодӣ ба масъалаи ҷалб намудани соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ диққати асосӣ медиҳад, зеро 75 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ меқунад. Таҷрибаи соҳибкорӣ дар бисёр хоҷагиҳои мамлакат натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.
Дар солҳои давраи гузариш илму маориф ва соҳаи тандурустӣ низ хеле коҳиш ёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ба низом овардани ин соҳаҳои муҳим ва баланд бардоштани дараҷаи дониши хонандагону донишҷуён корҳои муҳим меандешад.
Таҷрибаи бисёр давлатҳои нави индустриявӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, қи танҳо дар сурати ба роҳ мондани пешрафти иқтисодӣ имконияти ба низом овардани на ин ки соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва нақлиёт, балки илму маориф ва тандурустӣ низ ба амал хоҳад омад.
Яке аз музафариятҳои муҳими замони истиқлолият ин сохтмони шоҳроҳи автомобилгарди Кулоб -Қалъаи Хумб – Хоруғ - Мургоб - Кулма, нақбҳои Шаршар, Чормағзак, Истиқлол, Шаҳристон, неругоҳҳои барқии Сангтӯда-1 ваСангтӯда – 2 мебошанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ ва меҳнатӣ мебошад. Дар сурати ба кор даровардани корхонаҳои нави соҳаи коркарди маъдани куҳӣ, анҷом додани неругоҳи барқии Роғун ва сохтмони нерӯгоҳҳои дигари бузурги барқӣ дар дарёҳоиВахшуПанҷуЗарафшон, сохтмони роҳҳои нави оҳан, киТоҷикистонробабандарҳоиҷаҳонӣмебарорадваазбунбасти коммуникатсионӣраҳоӣмедиҳад, иқтисодиёти Тоҷикистон имконияти ба дараҷаи баланд тараққӣкарданро пайдо мекунад.
Do'stlaringiz bilan baham: |