Маънои луғави ва дастурии калима. Ҳар як калимаи мустаҳилмаъно дорои маънои луғавӣ ва дастурӣ мебошад. Маънои дастурии калима ба маънои луғавии он алоҳаи зич дорад. Муносибати байни маҷмўи овоз, предмет ё ҳодиса, ки тафаккури мо онро ба ин восита муҳаррар месозад, мафҳуми калимаро ташкил менамояд, ки вайро маънои луғавии калима меноманд. Маънои луғавии калима маънои аслии калима мебошад. Маънои луғавии калима аз маънои оддӣ14 ва маънои муштаҳ15 ба вуҷуд меояд. Ифодакунандаи маънои моддӣ решаи калима буда, бо мафҳуми ҷудогонаи предмет, ҳодиса ва муносибати воҳеият марбут мебошад. Чунончи, дар калимаҳои «доно, доноӣ, нодон, нодонӣ, дониш, донишманд, донишмандӣ» маънои моддиро ҷузъи «дон»- решаи калима, ки бо мафҳуми донистан (дон- феъли фармоиш) мувофиҳат мекунад. Маънои муштаҳи (калимасозӣ) калима бо воситаи вандҳо16 падид меояд. Масалан, «наъалгар» пасванди гар- номи шахсро тавассути касбу пеша ифода кардааст ва ё дар калимаи «хонача» тобиши маъноии хурдӣ ба воситаи пасванди шаклсози-ча падид омадааст. Дар як калима ҳам маънои моддӣ ва ҳам маънои муштаҳ муттаҳид карда мешавад. Чунончи, маънои «тешаи хурд» дар калимаи «тешача» аз маънои моддӣ, ки дар решаи калимаи (теша) ҳаст ва аз маънои муштаҳ, ки бо пасванди ча ифода ёфтааст, ба вуҷуд меояд. Дар калимаҳое, ки ба ҳиссаҳо – созаҳо17 ҷудо намешавад, маънои луғавию моддӣ бо ҳам мувофиҳ мекунад. Масалан, дар калимаи «булбул» маънои моддию луғавии калима- мурғаки хушовоз- андалеб, азордастон бевандҳо – бо воситаи калимаи решагӣ ифода гаштааст.
Маънои дастурии калима чунин маънои муҷаррадест,18 ки дар асоси муносибати парадигмӣ ва алоҳаи синтагматикии19 (дар ибора ва ҷумла ) калима зоҳир мегардад. Маъноие, ки ба маънои луғавии калима илова шуда, муносибатҳои гуногун- муносибати ба калимаҳои дигар, ба шахси фоил, муносибати гўянда ба фикри гуфташуда ва монанди инҳоро ифода мекунад, маънои дастурӣ мебошад. Калима одатан дорои якчанд маънои дастурӣ мебошад. Чунончи, калимаи «рафтӣ» ҳамчун феъл дорои маънои дастурии шахсу шумора, замон, сиға ва шахсу шумора мебошад. Маънои дастурии калима ба маънои луғавии калимаи мушаххас20 ба матн вобастагӣ надорад, вале мустаҳили мутлаҳ21 ҳам нест.
Ҳамин тавр, калимаҳои мустаҳилмаъно дорои маънои луғавию дастурӣ мебошанд. Маънои луғавии калима дар ҷараёни дарккунӣ ба амал меояд, зеро ки алоҳаи калима бо предмету ҳодисаҳое , ки номбар мекунад, таърихан дар ҷараёни инкишофи забон муҳарар мегардад. Алоҳаву муносибати байни маҷмўаи овозҳо (калима) ва предмету ҳодисаҳое, ки бо воситаи овозҳо ифода мегарданд, маънои луғавии калима ном дорад. Вале маъное, ки ба маънои луғавии калима илова шуда, муносибатҳои гуногунро ифода мекунад, маънои дастурии калима мебошад, яъне маънои дастурӣ тавассути хосияти сарфию наҳвии калимаҳо дода мешавад. Масъалан, маънои калима «гурба» ҷонвари хонагии ширхори аз гурўҳи паланг, шер ва дигарҳоро ифода кардани он буда, маънои дастуриаш исм, исми ҷинс, ҷондор, шахс, мушаххас, зот22 , муайян, шаклан танҳо, аз ҷиҳати сохт содда ва дар ҷумла ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла омада тавонистани ин калима мебошад.
Калима яке аз воҳидҳои асосии забон буда, мафҳуми предмет, ҷараён, ҳодиса ва муносибатҳои байни онҳоро ифода мекунад. Ин хусусияти асосии калима дар муттаҳидшавии аломатҳои овозӣ (маҷмўи овозҳо), луғавӣ (маъноӣ) ва дастурӣ (сохти сарфӣ ва ҷузъи таркиби ибораву ҷумла) зоҳир мегардад. Ин буд, ки калима дар луғатшиносӣ ва сарф воҳиди асосӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, ҳар як калима воҳиди мураккаби луғавию дастурӣ мебошад Дар луғатшиносӣ ҳама гуна маноҳои луғавии калима, аммо дар дастури забон тамоми шакл ва маъноҳои дастурии он мавриди омўзиш ҳарор мегирад. Масалан, калимаи «хондан» аз ҷиҳати луғавӣ амали мушаххас- ҳироат кардан, мутоила намуданро ифода менамояд, дар нутҳ ва навишт пеш аз ҳама ба объекте равона мешавад, вале аз бобати дастури забон дар доираи сиға ҳариб 150 шакл дорад (хонам, мехонам, хоҳам хонд, хонда будам ва ғайра) . Зиёда аз ин, баробари шахсу шумора дорои тобишҳои зиёди маънои замонӣ мебошад.
Ҳамаи калимаҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: а) калимае, ки шаклан тағйир меёбад, яъне дорои парадигма мебошад ва б) калимаҳое, ки шаклан тағйир намеёбанд , яъне парадигма надоранд. Шакле, ки дар луғат оварда шудааст, шакли асосии калима буда, яке аз шаклҳои тағйирёбанда ва шакли ягонаи калимаи тағйирнаёбанда буда метавонад.
Шакли дастурии калима ба маънои дастурӣ алоҳаи ногусастанӣ дорад. Воситаҳои забоне, ки барои ифодаи ягон маънои дастурӣ мавриди истифода ҳарор мегиранд, шакли дастурии калимаро ташкил медиҳанд. Чунончи, дар калимаи «ҳастем» бандаки «ем» шахси якум ва шумораи ҷамъро нишон медиҳад.
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик тағйири шакли калима асосан бо роҳи зерин сурат мегирад:
1.Тавассути вандҳои шаклсоз: боғ-боғҳо; боғот; чашм- чашмон, чашмҳо, бобо-бобоҳо, бобоён; талаба- талабаҳо, талабагон; абрў- абрўвон, абрўҳо; духтар- духтарак, рафт- бирафт, бин- бубин ва монанди инҳо.
2. Ба воситаи бандакҳои гуногун: а) бо бандакҳои феълӣ: равам, равӣ, равад, равем, равед, раванд; рафтам, рафтӣ, рафтем, рафтед, рафтанд; б) бо бандаки хабарӣ: рафтаам, рафтаӣ, рафтааст, рафтаем, рафтаед, рафтаанд; в) бо бандакҷонишинҳо: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобашон.
3. Бо бадалшавии овозҳо. Як ҳисми феълҳои забони тоҷикӣ дар замони гузашта ва ҳозира дорои шаклҳои гуногунанд, ки онҳо дар натиҷаи табдили овозҳо дар асосҳои феъл падид омадаанд: меравам-мерафтам, мерўбам-мерўфтам, месупорам-месупурдам, мекунам-мекардам, мешуморам-мешумурдам, мерезам-мерехтам…
Шаклҳои аналитикии23 калимаҳо низ дорои шаклҳои гуногун мебошанд: хоҳам рафт, рафта истодам, рафта истода будам, рафтан гирифт, рафтан мегирифтам, рафтан мегирам, рафтагист ва монанди инҳо.
Ин ҷо гуфтан лозим аст, ки дар ин гуна шаклҳои аналитикии феълҳо маънои луғавӣ бо феълҳои асосӣ, вале маънои дастурӣ бо феълҳои ёридиҳанда дода мешаванд. Масалан, дар шакли аналатикии «Хонда истодаам» маънои луғавӣ-мутолиа кардан бо феъли асосӣ (хонда), вале маънои дастурӣ шахси якум, шумораи танҳо ва давомнокии амал тавассути феъли ёвари «истодан»-истодаам дода шудааст. Аз ин рў, ин гуна шаклҳои аналитикии феълҳо дар ҳукми як калима (калимаи таркибӣ) мебошад.
Истисно: гоҳо бо оварда шудани бандаки феълӣ низ маънои дастурӣ ифода мегардад. Масалан, ҳангоми тасрифи феълҳо бо бандакҳои феълии замони гузашта (-ам, -ӣ, -ед,-анд) ифодаи шахси сеюми шумораи танҳо бе бандак сурат мегирад: хўрдам, хўрӣ, хўрд, хўрдем, хўрдед, хўрданд.
Зиёда аз ин, дар забони адабии ҳозираи тоҷик супклевитии24 калимаҳо низ ифода гаштани маънои дастурии калимаҳо ба назар мерасад: ман- мо; ту- шумо; бин- дид ва монанди инҳо.
Ифодаи маънои дастурӣ (тарзи ифодаи дастурии он) ба худи маъноҳои ифодашаванда алоҳаи ногусастанӣ дорад. Шакли дастурӣ дар дохили парадигма вобаста ба вазъият якчанд тобиши маъноӣ дошта мешаванд. Дар сурати мавҷуд будани ин гуна тобишҳои маъноӣ шакли калима имконияти тиранскозитсия25 пайдо мекунад, яъне дар матн як шакли калима аз як доираи маънои дастурӣ ба доираи дигари он мегузарад. Масъалан, ба маънои замони ҳозира кор фармуда щудани замони гузаштаи феъл (мо бо ин матлаб ба навиштани маҳолаи мазкур азм кардем).
Шакли калима дар алоҳидагӣ шакли дастурии онро ташкил медиҳад. Шакли дастурии калима синтетикӣ (хондам) ва аналитикӣ (хонда будам) мешавад. Калима дар забон ҳамчун системаи шакл арзи ҳастӣ менамояд. Шакли калима бо ёрии вандҳо (ҳам-кор, кор-гар, мард-он) флексияи26 дохилӣ (хоб-он-дан), зада (ха^рид-хари^д), тарзи аналитикӣ (равам- хоҳам рафт) ифода меёбад. Ин гуна ҷузъҳои иловашаванда дар айни замон ба сифати воситаҳои ифодаи маънои дастурӣ мавриди истифода ҳарор мегирад. Шакли калима зотан тағйири сохти дастурии воҳидҳои луғавии забон мебошад. Чи тавре ки ишора рафт, шакли ҷудогонаи ҳар як калима шакли дастурии он ба шумор меравад.
Маҷмўи шаклҳои категориявӣ, ки дар онҳо калимае ҳамчун мансуби ягон ҳиссаи нутҳ намоён шуда, бо системаи муайяни категорияи дастурӣ тасвир мешавад, тағйири калима ном дорад. Маънои дастурӣ дар забон тарзи махсуси ифода дошта, пеш аз ҳама филексия, вандҳо, ин -чунин феълҳои ёридиҳандаи шаклсоз ба сифати нишондиҳандаи маънои дастурӣ истифода мешаванд.
Do'stlaringiz bilan baham: |