Вазорати олӣ ва таълими миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон донишгоҳи давлатии фарғона факултаи филологӣ



Download 38,74 Kb.
bet8/10
Sana23.02.2022
Hajmi38,74 Kb.
#147868
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10
Bog'liq
морфология

Ихтисораҳо баъзан дар ифодаи мафҳум калимаҳое кор фармуда мешаванд, ки таркибанд тафсил ёфтаанд. Масъалан, барои ифодаи маскане, ки омўзгорон ихтисоси худро такмил медиҳанд, калимаи институти такмили ихтисоси муаллимон истифода мешавад. Ин гуна калимаҳоро одатан дар шакли ихтисоршуда истифода мебаранд (ИТИМ). Дар забони тоҷикӣ калимаҳои таркибан тафсилёфта аз таркибу ибораҳои изофӣ иборатанд, ки онҳо серистеъмоланд. Барои осон кардани истифодаи онҳо шакли ихтисоршудаашонро кор мефармоянд.
Шакли ихтисоршудаи таркибу ибораҳо ихтисора номида мешаванд. Усули ихтисораи калимаҳо ё худ аббревиатсия31 дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳодисаи нав буда, бо таъсири забони русӣ пайдо шудааст. Заминаи асосии ихтисораҳо дар забони тоҷикӣ таркибу ибораҳои устувори изофӣ ва истилоҳоти гуногуни забони тоҷикӣ мебошад.
Дар забони тоҷикӣ ихтисораҳо ба тариҳи зайл сурат гирифтаанд:
1. Ҳарфҳои аввали ҳар як ибора гирифта мешавад: АИ- Академияи илмҳо, ДДСТ- Донишгоҳи давлати Самарҳанд.
2. Ҳиҷои авали ҳар як калима гирифта мешавад: Нашрдавтўз- нашриёти давлатии Ўзбекистон…
3. Баъзе ихтисораҳо аз ҳиҷову калимаи пурра иборатанд: комиҷроия- комитети иҷроия.
Ихтисораҳое, ки аз сарҳарфи калимаҳо пайдо шудаанд, бо ҳарфҳои калон навишта мешаванд ва ҳангоми хондан номи ҳарфҳо талаффуз мегардад: СММ (семеме) –Созмони Милали Муттаҳид, РДГ (редеге)- республикаи Демократии Германия ва монанди инҳо.
2. Принсипҳои ба ҳиссаҳои нутқ ҷудо кардани калимаҳо
Гурӯҳбандии ҳиссаҳои нутқ
Ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ
Ҳиссаҳои номии нутқ
Ҳиссаҳои ғайриномии нутқ
Ҳиссаҳои номустақили нутқ
Нидо гуруҳи махсуси ҳиссаҳои нутқ
Калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ.
Мубодилаи афкори аъзоёни ҷамъият бо воситаи ҷумлаҳо сурат мегирад, вале то калимаҳо бо тартиби муайян паси ҳам омада бо якдигар алоҳаманд нагарданд, ҷумла ба вуҷуд намеояд. Нутҳи мо аз калимаҳо иборат асту ҳангоми забон гуфтан калимаҳо тасаввур карда мешавад.
Калима овози ҷудогона ё маҷмўи овозҳои ба ҳамдигар алоҳамандест, ки дорои маънӣ, шакл ва мундариҷаи ягона мебошад.Бояд гуфт, ки ҳама гуна овозҳои ҷудогона ё маҷмўи овозҳо дар шумори калима буда наметавонанд, зеро ки ҳамон гуна маҷмўи овозҳо калима аст, ки дар онҳо овозҳо барои ифодаи ягон маънӣ алоҳаманд шудаанд, яъне ин маҷмўи овозҳо дорои маънои луғавӣ мебошанд. Аз ин рў, маҷмўи овозҳои ч+а+к+у+р+а+б- чакураб калима нест, чунки аз ин маҷмўъ маъние падид намеояд. Вале, маҷмўи овозҳои ч+а+к+р+а- чакра калима аст, зеро ки «чакра» дорои маънои луғавӣ буда, ҳатраро ифода мекунад:
Ҳафт дарё андар ў як ҳатрае,
Ҷумла ҳастиҳо зи мавҷаш чакрае.
Румӣ
Монанди ҳамин ҳама гуна овозҳои ҷудогона дар ҳукми калима буда наметавонад, зеро ки ҳамон овози ҷудогона дар шумори калима аст, ки дорои маънои луғавӣ бошад. Масалан, овозҳои а, б, в, г дар алоҳидагӣ ягон маънои луғавиро ифода намекунанд, бинобар ин онҳо калима нестанд. Вале овози «ў», ки ҷонишини шахси сеюми шумораи танҳоро ифода мекунад, калима мебошад:
Гар ҷумла савоб аст, ки ў хостааст,
Пас ҷумла хатост, он чӣ ман хостам.
Хайём
Мусаллам аст, ки таркиби луғавӣ ҳамаи калимаҳои забонро дар бар мегирад. Дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ калимаҳои зиёде мавҷуданд. Дар бахши сарф ҳамаи калимаҳо дар асоси умумияти маънои луғавӣ, категорияҳои сарфӣ, бо дарназардошти вандҳои калимасозу шаклсоз ва вазифаи наҳвиашон ба гурўҳҳои луғавию дастурӣ, яъне ҳиссаҳои нутҳ ҷудо карда мешаванд. Бунёди ҳар як ҳиссаи нутҳро калимаҳое ташкил медиҳанд, ки маънои умумии луғавӣ дорад. Масалан, ҳисми асосии исмҳо предметҳо (дарахт, санг, об, хок, оташ), сифатҳо аломати предмет (сурх, баланд, сахт, ширин, ҳанд) , феълҳо амал (рафтан, сохтан, давидан,навиштан, ҷаҳидан), зарфҳо аломати амалро (зуд, саросема, ҳасдан, оромона, пиёда) ифода мекунанд.
Ҳиссаҳои нутҳ гурўҳҳои асосии луғавию дастурии забон буда, дар асоси хусусиятҳои зерин гурўҳбанди мешаванд:

    1. Хусусияти маъноӣ, (маънои умумии предметҳо, амалу ҳолатҳо, аломату хусусият ва монанди инҳо) яъне маънои умумии категориявӣ.

    2. Хусусияти сарфӣ (категорияҳо ва хусусияти сарфии калимаҳо)

    3. Воситаҳои хоссаи калимасозу шаклсоз (пасвандҳои –гар, -бон,-зор ва пешванди ҳам- хоси исм буда, пасванди-ид ва пешвандҳои фур-, боз- ба феъл мансубанд…)

    4. Хусусияти наҳвӣ (вазифаи наҳвӣ ва тарзи алоҳаи калимаҳо)

Бояд гуфт, ки ҳеҷ кадоме аз ин хусусиятҳо дар алоҳидагӣ ба ҳиссаҳои нутҳ ҷудо кардани калимаҳоро ба ўҳда гирифта наметавонанд. Масалан, калимаи «аспакӣ» вобаста ба калимасозӣ ва вазифаи наҳвиаш ба се ҳиссаи нутҳ- исм ( Аспакӣ ба деҳа наздик шуд), сифат (Ҳамин марди аспакӣ савори саманди бодпой бад) ва зарф (Собир ба деҳаи ҳамсоя аспакӣ рафта буд) мансубият пайдо мекунад.
Ҳамин тавр, ҳангоми таснифи калимаҳо ба ҳиссаҳои нутҳ ҳам маънои луғавӣ, ҳам калимасозӣ, ҳам хусусияти сарфӣ ва ҳам вазифаи наҳвии онҳо бояд ба эътибор гирифта шавад. Таснифи луғавию дастурии ҳиссаҳои нутҳ имкон медиҳад, ки хусусиятҳои луғавӣ, сарфӣ ва наҳвии ҳар як гурўҳи калимаҳо равшан ошкор гардад.
Ҳангоми таснифи ҳиссаҳои нутҳ пеш аз ҳама маънои луғавии калима ба ҳисоб гирифта мешавад. Азбаски забони тоҷикӣ хусусияти аналитикӣ дорад ва дар он флексияи номӣ дида намешавад, дар таснифоти ҳиссаҳои нутҳ мавҳеи маънои калима калон аст. Масалан, исм предметро, сифат аломати предметро, шумора миҳдори предметро, феъл амалу ҳолатро, зарф аломати амал ва аломати аломатро ифода мекунад: об, барф, хок; сурх, сахт, паст; ду, се, ҳазор; гуфтан, шарм доштан, хестан; зуд, дирўз, пиёда…
Азбаски калима таҷассуми ягонагии шаклу маъно мебошад, дар таснифи ҳиссаҳои нутҳ аҳамияти хусусияти дастурии калимаҳо низ кам нест. Маълум аст, ки хусусиятҳои сарфии ҳиссаҳои нутҳ дар шакли категорияҳои сарфӣ ва воситаҳои калимасозӣ зоҳир мегардад. Ин буд, ки ҳар як ҳиссаи нутҳ дорои категорияҳои хоссаи сарфӣ ва ҳолиби муайяни калимасозӣ мебошад. Масалан, исм бо дорои маънои луғавӣ (предметро ифода мекунад) , категорияҳои дастурӣ(шумора ва муайяниву номуайянӣ) инчунин усулу воситаҳои махсуси калимасозӣ буданаш аз дигар ҳиссаҳои нутҳ фарҳ мекунад. Масалан, маънои луғавии «об» моеи шаффофи берангро ифода кардани ин калима буда, исми содда ва муайян будани он ифодаи категорияҳои шумора ва муайяниву номуайянии исм мебошад. Аз калимаи «об» бо воситаи пасванди –гар калимаи «обгар» сохта мешавад, ки –гар пасванди хоссаи исмсоз аст:
Биболид кўҳ, обҳо бардамид,
Сари рустанӣ сўи боло кашид.
Фирдавсӣ
Дар забони тоҷикӣ ҳангоми таснифи ҳиссаҳои нутҳ хусусияти наҳвии калимаҳониз ба эътибор гирифта мешавад. Дар забонҳое, ки хусусиятҳои флективӣ барҷаста намоён нест, ҳангоми муайян намудани гурўҳҳои сарфии калимаҳо вазифаи наҳвии калима, алоқаю муносибати он дар ибора ва ҷумла аҳамияти хосса дорад. Аз як ҳиссаи нутҳ ба ҳиссаи нутқи дигари гузаштани калимаҳо низ дар заминаи вазифаи наҳвии онҳо ба вуҷуд меояд. Чунончи, калимаи «даромад»берун аз ибораву ҷумла пеш аз ҳама ҳам феъли «даромадан» аст, вале вай дар мавриди муайян хусусияти исм шудан ҳам дорад. Аз ин рў, ба исм ё феъл тааллуҳ доштани калимаи «даромад» дар ибора ва ҷумла равшан мегардад. Масалан, калимаи «даромад» дар ҷумлаи «Имсол даромади соҳибкор нисбати ба соли гузашта хеле зиёд буд» исм буда дар байти зерин феъл аст:
Дигар кинахоҳе дорамад ба ҷанг,
Фалак ҳам даровард пояш ба санг.
Миҳдори ҳиссаҳои нутҳ дар ҳамаи назомӣ забонҳо як хел нест. Дар забони тоҷикӣ аз рўи маънои луғавӣ ва хусусиятҳои дастуриашон ба даҳ гурўҳи луғавию дастурӣ, яъне ба даҳ ҳиссаи нутҳи ҷудо кардаанд: исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл, зарф, пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо ва нидо. Ҳар як ҳиссаи нутҳ дар забони адабии ҳозираи тоҷик маънои луғавӣ, дастурии хос, категорияҳои муайяни сарфӣ ва воситаҳои махсуси калимасозӣ дошта, вазифаи маълуми наҳвиро иҷро мекунад.
Ҳиссаҳои нутҳ дар асоси маъно ва вазифаашон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: 1.Ҳиссаҳои мустаҳили нутҳ, 2. Ҳиссаҳои ёвари нутҳ.
Ҳиссаҳои мустаҳили нутҳ калимаҳоеро дар бар мегиранд, ки онҳо дорои маънои мустаҳили луғавӣ, хусусиятҳои хоссаи калимасозӣ, сарфӣ ва наҳвӣ мебошанд. Ба ибораи дигар гўем, ҳар як ҳиссаи мустаҳили нутҳ маънои луғавии хосе, категорияҳои муайяни сарфӣ ва аоситаҳои махсуси калимасозӣ дошта, дар ҷумла вазифаи маълуми наҳвиро иҷро мекунад. Ба гурўҳи ҳиссаҳои мустаҳили нутҳ исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл ва зарф дохил мешаванд. Масалан, исм предметро ифода мекунад, бинобар ин тамоми калимаҳое, ки аз ҷиҳати луғавӣ, калимасозӣ ва сарфӣ гуногуни мафҳуми умумии предметӣ дошта ба он муттаҳид мешавад: об, оҳангар, бобо, говҳо, хониш, сўзишворӣ ва монанди инҳо. Ин гурўҳи калимаҳо дорои категорияҳои шумора (моҳиён, талабагон, гусфандон, говҳо), муайяниву номуайянӣ (гул-гуле, шаҳр- як шаҳр, кор- ягон кор) буда, дар ҷумла ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла омада метавонад: Мардум рост ба боғ даромаданд. Дарвозаи ҳавлӣ ранги кабуд дошт. Онҳо ба аспҳо коҳу беда тайёр мекарданд. Падарам омўзгор аст.

Download 38,74 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish